Перейти к содержимому

Инсони комил (14)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Иҷмоли назариёти макотиби мухталиф дар бораи инсони комил (1)

هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ

(Сураи Ҷумъа, ояти 2)

Ҳар соҳибмактабе, ки мактабе барои башарият овардааст, назарияе дар бораи камоли инсон ва ё инсони комил дорад. Дар он чизе, ки ба номи “ахлоқ” номида мешавад, (1) гуфта мешавад агар инсон дорои он хислатҳо бошад, ба мақоми олии инсоният ноил шудааст. Ва ин худ таъбири дигаре аз инсони воло, инсони бартар ё инсони комил аст.

* * *

Мактаби ақл

Ба таври куллӣ, назариёти соҳибони макотиби мухталиф дар бораи инсони комил, дар чанд назарияи асосӣ хулоса мешавад. Як назар, назари ақлгароён ё асҳоби ақл аст, яъне назари касоне, ки ба инсон бештар аз зовияи ақл менигаристаанд ва гавҳари инсонро ҳамон ақли ӯ медонистаанд ва на чизи дигар. Ақл ҳам яъне қувваи тафаккур ва қувваи андешидан. Фалосифаи қадим ва аз он ҷумла бархе фалосифаи қадими худамон назири Бӯалӣ Сино, ин тавр фикр мекардаанд. Онҳо муддаӣ будаанд, ки инсони комил яъне инсони ҳаким, ва камоли инсон дар ҳикмати инсон аст.

Мақсуди онҳо аз ҳикмат чист? Оё ҳамон чизе аст, ки мо имрӯз “илм” мегӯем? На. Мақсудашон аз ҳикмат — албатта ҳикмати назарӣ, на амалӣ — дарёфти куллии саҳеҳ аз маҷмӯи ҳастӣ аст, ки ғайр аз илм аст, зеро илм дарёфтест аз бахше аз ҳастӣ. Барои ин ки фарқи фалсафа ва илм равшан шавад, ин матлабро тавзеҳ медиҳам.

Масалан, агар шумо мехоҳед дар бораи шаҳри Теҳрон иттилоъ пайдо кунед, ба ду гуна метавонед ин иттилоъро касб кунед: яке, иттилои куллӣ ва умумӣ, аммо мубҳам, ва дигаре иттилои ҷузъӣ, вале мушаххас. Гоҳе иттилои шумо дар бораи Теҳрон монанди иттилои як муҳандиси шаҳрдорӣ аст, ки агар ба ӯ бигӯянд нақшаи куллии шаҳри Теҳронро бикаш, метавонад чунин нақшаеро бикашад ва дар он хиёбонҳо ва майдонҳо ва поркҳоро ба таври куллӣ рӯи сафҳаи коғаз ба шумо нишон диҳад; масалан, ин ҷо Ниёварон ва он ҷо Таҷриш ва он тараф Шоҳабдулазим аст. Иттилое аз умум ва аз саропои Теҳрон ба шумо медиҳад, аммо ҳамааш мубҳам аст. Ӯ аз ҳамаи Теҳрон ба шумо иттилооте додааст, андоми Теҳронро барои шумо кашидааст. Вале агар шумо бихоҳед хонаи худро дар он нақша пайдо кунед, наметавонед, худи он муҳандис ҳам аз он иттилое надорад.

Вале як нафар мумкин аст асосан надонад тӯлу арзи Теҳрон чӣ қадр аст, чанд то майдону хиёбон дорад, нуқоти мушаххаси Теҳрон чист, чанд теппа дар васати ин шаҳр қарор дорад. Аммо агар дар бораи як маҳаллаи муайян ва хосс аз ӯ бипурсед, тамоми ҷузъиёти онро медонад, ки ин маҳалла чанд кӯча дорад ва ин кӯчаҳо ба чӣ шакл ба якдигар роҳ доранд ва дар ҳар кӯча чанд хона вуҷуд дорад, ва ҳатто ранги дари хонаҳои ин маҳалларо медонад.

Агар аз он касе, ки иттилоаш мухтасс ба маҷмӯи шаҳр аст, роҷеъ ба ин кӯча бипурсед, кучактарин иттилое надорад. Ва агар аз касе, ки иттилоаш роҷеъ ба ин кӯча ва маҳалла аст, роҷеъ ба андоми шаҳри Теҳрон бипурсед, иттилое надорад.

Файласуф ба он касе мегӯянд, ки андоми ҳастиро дар маҷмӯъ мутолеа мекунад; мехоҳад раъси ҳастиро пайдо кунад, аввалу охири ҳастиро биёбад ва маротиби ҳастӣ ва қавонини куллии онро дарёбад. Аммо ҳамин файласуф дар бораи фалон гиёҳ ё ҳайвон ё санг ва ё замин ва хуршед ҳеч иттилое надорад. Ҳикмат аз назари файласуф яъне иттилои куллӣ аз саросари ҳастӣ ва аз маҷмӯи андоми олам, ба тавре, ки дар ойинаи зеҳни ҳаким саросари ҳастӣ ва андоми олам мунъакис шавад, яъне ҳамаи ҳастӣ — вале ба сурати мубҳам — дар ақли ҳаким мушаххас шуда бошад. Мегуфтанд, камоли нафси инсон ба ин аст, ки маҷмӯи андоми олам — на як ҷузъи бахусус ва беиттилоъ аз ҷои дигар — дар зеҳни ӯ мунъакис шавад. Инро ба ин таъбир мегуфтанд:

صيرورة الانسان عالما عقليا مضاهيا للعالم العيني

«Гардидан ва шудани инсон ҷаҳоне ақлонӣ мушобеҳ бо ҷаҳони айнӣ«, яъне инсон худаш як ҷаҳон дар баробари он ҷаҳон бишавад, вале он ҷаҳон, ҷаҳони айнӣ аст ва ин ҷаҳон, ҷаҳони ақлонӣ ва фикрӣ.

Ҳар он кас зи дониш барад тӯшае,

Ҷаҳонест биншаста дар гӯшае.

Ин байт, ҳамин матлабро мегӯяд.

Инсони комил ба ақидаи фалосифа, инсоне аст, ки ақлаш ба камол расидааст; ба ин маъно, ки нақши андоми ҳастӣ дар зеҳнаш пайдо шудааст. Вале бо чӣ ба ин ҷо расидааст? Бо қадами фикр, бо қадами истидлолу бурҳон ва бо қадами мантиқ ҳаракат карда то ба ин ҷо расидааст.

Вале фалосифа танҳо ба ин қаноат намекарданд, мегуфтанд, ду ҳикмат вуҷуд дорад: ҳикмати назарӣ (яъне шинохти олам ба ин сурате, ки арз кардам) ва ҳикмати амалӣ. Ҳикмати амалӣ чист? (2) Тасаллути комили ақли инсон бар ҳамаи ғароиз ва ҳамаи қувваҳо ва нерӯҳои вуҷуди худ. (3) Он вақт мегӯянд: агар шумо дар ҳикмати назарӣ оламро бо фикру истидлол — он тавр, ки гуфтем — дарк кунед ва дар ҳикмати амалӣ ақли худатонро бар нафсатон мусаллат кунед ба тавре, ки нафс ва қувваҳои нафсонӣ тобеъи ақл бошанд, шумо як инсони комил ҳастед. Ин мактаб, мактаби ақл ва мактаби ҳикмат аст. Дар ҷаласоти баъд ба тафсил назари исломро дар бораи ҳар як аз ин назариёт хоҳам гуфт. Аҷолатан мактабҳоро тавзеҳ диҳам, то баъд ба назари ислом бирасам.

* * *

Мактаби ишқ

Мактаби дигар дар боби инсони комил, (4) мактаби ишқ аст. Мактаби ишқ, ки ҳамон мактаби ирфон аст, камоли инсонро дар ишқ — ки мақсуд, ишқ ба зоти Ҳақ аст — ва дар он чи ки ишқ инсонро ба он мерасонад, медонад. Бар хилофи мактаби ақл, ки мактаби ҳаракат нест ва мактаби фикр аст, (5) ин мактаб мактаби ҳаракат аст, аммо ҳаракати суъудӣ ва амудӣ, на ҳаракати уфуқӣ. (6) Дар ибтидо, ки инсон мехоҳад ба камол бирасад, ҳаракаташ бояд суъудӣ ва амудӣ бошад, яъне ҳаракат ба сӯи Худо, парвоз ба сӯи Худо.

Инҳо мӯътақиданд, ки сухан, сухани фикру ақлу истидлол нест, сухани руҳи инсон аст. Ба ақидаи инҳо, руҳи инсон воқеан ба ҳаракати маънавӣ ҳаракат мекунад, то он ҷо, ки ба Худо мерасад. Ҳамин ҷост, ки ҷанҷол бапо шудааст, ки “инсон ба Худо мерасад” яъне чӣ? Вале онҳо ҳарфи худашонро дар ҷои худ хуб гуфтаанд. Мактаби ишқ асосан мактаби ақлро таҳқир мекунад.

Яке аз фусул ва бахшҳои бисёр олии адабиёти мо бахши “мунозираи ақлу ишқ” аст. (7) Чун касоне, ки вориди ин баҳс шудаанд, ағлаб худашон аҳли ирфон будаанд, ҳамеша ишқро бар ақл пирӯз кардаанд.

Мактаби ишқ барои расидани инсон ба камол, ақлро кофӣ намедонад, мегӯяд: ақл, ҷузъе аз вуҷуди инсон аст, на ин ки тамоми зоти инсон ақли ӯ бошад. (8) Ақл мисли чашм як абзор аст. Зоту ҷавҳари инсон, ки ақл нест. Зоту ҷавҳари инсон, руҳ аст ва руҳ аз олами ишқ аст ва ҷавҳарест, ки дар он ҷуз ҳаракат ба сӯи Ҳақ чизи дигаре нест. Ин аст, ки ақл дар ин мактаб таҳқир мешавад. Ҳофиз гоҳе ин матлабро бо таъбироти аҷибе мегӯяд:

Баҳои бодаи чун лаъл чист? Ҷавҳари ақл!

Биё, ки суд касе бурд, к-ин тиҷорат кард.

Урафо ҳамеша мастиро — ба он маъно, ки худ мегӯянд — бар ақл тарҷеҳ медиҳанд. Онҳо ҳарфҳои хоссе доранд. Тавҳид назди онҳо маънии дигаре дорад. Тавҳиди онҳо ваҳдати вуҷуд аст, тавҳиде аст, ки агар инсон ба он ҷо бирасад, ҳама чиз шакли ҳарфӣ ва ғайри асил пайдо мекунад. Дар ин мактаб, инсони комил дар охир айни Худо мешавад. Аслан инсони комили ҳақиқӣ худи Худост ва ҳар инсоне, ки инсони комил мешавад, аз худаш фонӣ мешавад ва ба Худо мерасад. Роҷеъ ба ин мактаб ҳам дар ҷои худ сӯҳбат мекунем.

* * *

Мактаби қудрат

Мактаби дигаре дар боби инсони комил вуҷуд дорад, ки на бар ақл такя дорад ва на бар ишқ, фақат бар қудрат такя дорад. Инсони комил яъне инсони муқтадир, ва камол яъне қудрат (ба ҳар маънӣ, ки қудратро дар назар бигиред), яъне иқтидор, зӯр.

Дар Юнони қадим гурӯҳе буданд, ки инҳоро “суфастоиён” мегӯянд. Инҳо дар камоли сароҳат ин матлабро баён кардаанд, ки аслан ҳақ яъне зӯр; ҳар ҷо, ки зӯру қудрат ҳаст, ҳақ ҳам ҳаст. Ҳақ ҳамон қудрат аст ва заъф мусовӣ аст бо беҳаққӣ ва ноҳаққӣ. Барои онҳо асосан адолату зулм маънӣ ва мафҳум надорад ва аз ин рӯ мегӯянд: ҳаққи зӯр, яъне ҳаққи ношӣ аз зӯр, ба ин маъно, ки ҳар ҳаққе ношӣ аз зӯр аст. Инҳо мӯътақиданд, ки инсон тамоми талошаш бояд барои касби зӯру қуввату қудрат бошаду бас, ва инсон ҳеч қайду ҳадде ҳам набояд барои қудрати худ қоил шавад.

Ин мактабро дар яке ду қарни ахир Ниче, файласуфи маъруфи олмонӣ, эҳё ва дунбол кард ва дар камоли сароҳат ин мактабро баён кард. Аз назари инҳо, ин ки мегӯянд: ростӣ хуб аст, дурустӣ хуб аст, амонатдорӣ хуб аст, эҳсон хуб аст, некӣ хуб аст, ҳама ҳарфҳои муфту чаранд аст. Ин ки “ҳар ки заъиф буд, зери бозуяшро бигир” яъне чӣ? Як лагад ҳам ба ӯ бизан. Ӯ гуноҳе аз ин болотар надорад, ки заъиф аст. Ҳол, ки заъиф аст, ту ҳам санге рӯи сараш биандоз. Ниче — ки худаш як одами зидди Худо ва зидди дин аст — мӯътақид аст, ки динро заъифон ихтироъ кардаанд. Ва дуруст баръакси назарияи Корл Маркс, ки мегӯяд: динро ақвиё ихтироъ кардаанд барои ин ки заъифонро асири худашон нигаҳ доранд. Ниче мегӯяд: динро заъифон ихтироъ кардаанд барои ин ки қудрати ақвиёро маҳдуд кунанд, ва хиёнате, ки — ба ақидаи ӯ — дин ба башар кардааст ин аст, ки мафоҳиме ҳамчун бахшиш, ҷуд, раҳм, мурувват, инсоният, хубӣ, адолат ва амсоли инҳоро байни мардум пахш карда ва баъд ақвиё гӯл хӯрдаанд ва ба хотири адолату ҷуду муруввату инсоният маҷбур шудаанд каме аз қудрати худ бикоҳанд.

Ниче мегӯяд: адён гуфтаанд “муҷоҳидаи бо нафс”, чаро муҷоҳидаи бо нафс? Бигӯед, парваридани нафс, нафспарварӣ. Адён гуфтаанд “мусовот”, мегӯяд: мусовот чаранд аст, мусовот яъне чӣ? Ҳамеша бояд як идда забардаст (ба маънои муқтадир ва соҳиби қудрат) бошанд, ва як идда зердаст. Зердастҳо ҷонашон дарбиёяд ва барои забардастҳо кор кунанд, то онҳо рушд кунанд ва гунда шаванд ва марди бартар аз миёни онҳо пайдо шавад. Адён гуфтаанд “тасовии ҳуқуқи зану мард”, мегӯяд: ин ҳам ҳарфи музахрафе аст. Мард ҷинси бартар ва қавитар аст ва зан барои хидмат ба мард халқ шуда ва ҳеч ҳадафи дигаре дар кор нест; тасовии ҳуқуқи зану мард ҳам ғалат аст.

Ин мактаб асосан инсони бартар ва воло ва инсони комилро мусовӣ бо инсони муқтадир ва инсони зӯрманд медонад ва камолро мусовӣ бо қуввату қудрат.

Аз ҳамин қабил ҳарфҳо каму беш дар байни мо — надониста ва ба таври нохудогоҳ — ривоҷ пайдо кардааст, масалан мегӯем: зиндагӣ танозуи бақост. На. Зиндагӣ танозуи бақо нест. Танозуи бақо ба маънии дифоъ аз худ, ҳақ аст.

Ҳатто баъзе аз уламои исломӣ мисли Фарид Ваҷдӣ гуфтаанд, ки ҷанг дар миёни башар як зарурат аст ва то башар ҳаст, ҷанг бояд бошад. Ҷанг, номусе дар зиндагии башар аст. Ва мӯътақид шудаанд, ки Қуръон ҳам ин матлабро таъйид кардааст он ҷо, ки мефармояд:

وَلَوْلَا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُم بِبَعْضٍ لَّهُدِّمَتْ صَوَامِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَوَاتٌ وَمَسَاجِدُ يُذْكَرُ فِيهَا اسْمُ اللَّهِ كَثِيرًا

«Ва агар Худо баъзе аз мардумро бо баъзеи дигар дафъ намекард, савмаъаҳо ва калисоҳо ва канисаҳо ва масоҷиде, ки номи Худо дар онҳо бисёр бурда мешавад, сахт вайрон мешуд…» (Сураи Ҳаҷ, ояти 40)

Ё дар ҷои дигар мефармояд:

وَلَوْلاَ دَفْعُ اللّهِ النَّاسَ بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لَّفَسَدَتِ الأَرْضُ

«Ва агар Худованд бархе аз мардумро ба василаи бархе дигар дафъ намекард, қатъан замин табоҳ мегардид…» (Сураи Бақара, ояти 251)

Гуфтаанд, Қуръон дар ин ҷо сареҳан ҷангро як амри машрӯъ баён мекунад, мегӯяд: агар набуд, ки Худо ба василаи баъзе аз инсонҳо ҷилави баъзе аз инсонҳои дигарро мегирад, замин табоҳ шуда буд. Агар набуд, ки Худо ба василаи инсонҳое ҷилави фасоди инсонҳои дигарро мегирад, маъбаду савмаъаву канисае набуд, масҷиде набуд.

Вале инҳо ин ояти Қуръонро иштибоҳ фаҳмидаанд. Ин оят дар Қуръон масъалаи дифоъро тарҳ мекунад ва дар муқобили масеҳият ҳарф мезанад. Қуръон дар ҷавоби он поп ё кашиши масеҳӣ, ки мегӯяд ҷанг мутлақан маҳкум аст ва мо “сулҳи кулл” ҳастем, мегӯяд, ҷанг маҳкум аст, аммо ҷанге, ки таҷовуз бошад, на ҷанге, ки дифоъ аз ҳаққу ҳақиқат аст. Оқои кашиш! Агар ҷанги дифоъӣ набуд, ҷаноби олӣ ҳам наметавонистӣ ба калисо биравӣ ва ибодат кунӣ, он мӯъмини масҷидӣ ҳам наметавонист дар масҷид ибодат кунад. Ибодати он мӯъмини масҷидӣ, ки дар масҷид ибодат мекунад, марҳуни далерии он сарбозе аст, ки дорад аз ҳаққу ҳақиқат дифоъ мекунад. Оқои масеҳӣ! Ту ҳам, ки дар калисо ба хаёли худат ибодат мекунӣ, бояд мамнуни он сарбоз бошӣ.

Бинобар ин, монеъе надорад, ки инсон ба марҳилае аз камолу тарбият бирасад, ки асосан мутаҷовизе вуҷуд надошта бошад, ҷанги машрӯъе ҳам вуҷуд надошта бошад, (9) бинобар ин, ин ки мегӯянд зиндагӣ танозуи бақост ба ин маъно, ки лозимаи зиндагӣ ҷангу танозуъ аст, ҳарфи дурусте нест.

Матлабе мехоҳам бигӯям (ки шояд барои бархе нороҳаткунанда бошад, чун) баъзе аз ҷавонон аз шунидани чизе, ки бар хилофи майлашон бошад, нороҳат мешаванд.

Ҷумлае ба Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) мансуб шудааст, ки на маънояш дуруст аст ва на дар ҳеч китобе гуфта шуда, ки ин ҷумла аз Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) аст ва 40-50 сол ҳам бештар нест, ки дар даҳонҳо афтодааст. Мегӯянд, Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) фармудааст:

ان الحياة عقيدة وجهاد

«Ҳаёт, яъне доштани як ақида ва дар роҳи он ақида ҷиҳод кардан.» На. Ин, бо фикри фарангиҳо ҷур дармеояд, ки мегӯянд инсон бояд як ақидае дошта бошад ва дар роҳи он ақида биҷангад. Қуръон аз “ҳақ” сухан ба миён меоварад. Ҳаёт аз назари Қуръон яъне ҳақпарастӣ ва ҷиҳод дар роҳи ҳақ, на ақида ва ҷиҳод дар роҳи ақида. Ақида мумкин аст ҳақ бошад ва мумкин аст ботил бошад. “Ақида” инъиқод аст. Ҳазорон инъиқод дар зеҳни инсон пайдо мешавад. Ин, мактаби дигаре (ғайр аз ислом) аст, ки мегӯяд, инсон бояд билохира як ақида ва ормон ва идеяе дошта бошад ва бояд дар роҳи он ормон ҳам ҷиҳоду кӯшиш кунад. Ҳол, он ақида чист? Мегӯянд, ҳар чи мехоҳад бошад.

Қуръон ҳарфҳояш хеле ҳисобшуда аст; ҳамеша мегӯяд, ҳаққ ва ҷиҳод дар роҳи Ҳаққ, намегӯяд, ақида ва ҷиҳод дар роҳ ақида. Мегӯяд, аввал ақидаатро бояд ислоҳ кунӣ. Басо ҳаст, ки аввалин ҷиҳоди ту, ҷиҳод бо худи ақидаат аст. Аввал бояд бо ақидаат ҷиҳод кунӣ ва ақидаи дурусту саҳеҳ ва ҳаққро ба даст биёварӣ. Баъд, ки ҳаққро кашф кардӣ, бояд дар роҳи ҳақ ҷиҳод кунӣ.

Ба ҳар ҳол, ин ҳарфҳо, ки асосан инсони комил мусовӣ аст бо инсони қудратманд ва зӯрманд, пояаш рӯи ҳамон асли танозуи бақост, ки дар фалсафаи Дорвин рӯи он такя карда ва гуфтаанд, ки ҳаёт танозуи бақост ва ҳайвонот ҳамеша дар ҳоли танозуи бақо ҳастанд.

Мегӯем, агар ҳайвонот ва ғайри инсон ҳам инчунин ҳастанд, мо наметавонем инсонро дар ин ҷиҳат ҳамрадифи ҳайвонот бидонем ва бигӯем ҳаёти инсон ҳам ҷуз ҷанге барои бақо нест. Охир, маънии ин ҳарф ин аст, ки таъовуни бақо чизе нест. Пас, ин самимиятҳо, ваҳдатҳо, таъовунҳо, ҳамкориҳо ва муҳаббатҳо дар миёни афроди башар чист? Мегӯянд: иштибоҳ кардӣ! Таъовунро танозуъ таҳмил кардааст; дар пушти ҳамин таъовунҳо, самимиятҳо ва дӯстиҳо танозуъ аст. Мегӯем: чӣ тавр? Мегӯянд: асл дар зиндагии инсон ҷанг аст, вале вақте инсонҳо дар муқобили душмани бузургтар қарор мегиранд, он душмани бузургтар дӯстиро ба инҳо таҳмил мекунад. Ин дӯстиҳо дар воқеъ дӯстӣ нест, самимият нест, ҳақиқат нест ва наметавонад ҳақиқат дошта бошад. Инҳо ҳамкорӣ аст барои муқобила бо душмани бузургтар. Барои муқобила бо душмани бузургтар аст, ки таъовунҳо ва самимиятҳо пайдо мешавад. Ҳамин душманро бардор, мебинӣ ҷамъе, ки ҳама бо якдигар дӯст буданд, фавран душиққа мешаванд ва иншиъоб пайдо мекунанд ва табдил ба ду душман мешаванд. Агар боз як даста аз байн бираванд ва дастаи дигар боқӣ бимонанд, ҳаминҳо дубора таҷзия мешаванд ва он қадр таҷзия мешаванд, ки фақат ду нафар боқӣ бимонанд. Вақте ин ду боқӣ монданд ва севвуме дар муқобилашон набуд, ҳамин дуто бо якдигар меҷанганд. Аз назари инҳо, тамоми дӯстиҳо, сулҳҳо, сафоҳо, самимиятҳо, инсониятҳо, ягонагиҳо ва иттиҳодҳоро душманиҳо ба башар таҳмил мекунад. Пас, дар назари инҳо, асл танозуъ аст, ва таъовун мавлуди танозуъ аст, баччаи танозуъ аст, фаръ бар танозуъ аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Мегӯянд “ахлоқ” фанн аст, на илм; яъне марбут аст ба он чи “бояд”, на ба он чи “ҳаст”, яъне маҷмӯи он хислатҳо, ки инсон бояд ва беҳтар аст ончунон бошад.

(2) Ҳикмати амалӣ ҳам, марбут ба ақл аст.

(3) Агар китобҳои ахлоқи моро мутолеа карда бошед, медонед, ки ағлаб бар ин асос қазоват мекунанд; яъне ахлоқи мо бештар ахлоқи суқротӣ аст ва дар ахлоқи суқротӣ ҳамеша такя рӯи ақл аст, ки оё ақли ту бар шаҳватат ҳоким аст, ё шаҳватат бар ақлат? Оё ақлат бар ғазабат ҳоким аст, ё ғазабат бар ақлат? Оё ақлат бар воҳимаат ҳоким аст, ё воҳимаат бар ақлат?

(4) Қаблан арз кардам, ки аслан калимаи “инсони комил”-ро урафо барои аввалин бор дар олам тарҳ кардаанд.

(5) Ҳаким сухан аз ҳаракат надорад. Ба ақидаи ӯ, ҳамаи ҳаракатҳо ҳаракати зеҳн аст.

(6) Албатта мунтаҳӣ ба ҳаракати уфуқӣ мешавад, ки тавзеҳи он меояд.

(7) Мутаассифона инҳо ҳеч дар адабиёти мо шинохта намешавад. Ҳатто дар донишкадаи адабиёт ва амсоли он ин ҳарфҳоро дарк намекунанд, балки инҳоро масх мекунанд.

(8) Бергсун (Henri Bergson) дар асри ахир хеле рӯи ин матлаб такя кардааст.

(9) Ахиран, ки дар бораи он чи дар ислом “ҷомеаи идеол” муаррифӣ мешавад (яъне давлати ҳазрати Маҳдӣ (а)) мутолеа мекардам, дидам чӣ достони аҷибе аст ва чӣ тавр як роҳи бузурге барои шинохтани ҷомеаи идеоли ислом аст! Мегӯяд, дар он замон «ясталиҳу сибоъун баҳоима» ҳатто дарандагон бо якдигар сулҳу оштӣ мекунанд ва ҷанг барои ҳамеша аз байн меравад, яъне мардум ба ҳадде аз камол мерасанд, ки дигар мутаҷовизе вуҷуд надорад, то ҷанге вуҷуд дошта бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: