Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (288)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (31)

* * *

Ҳақиру бехасм дидани дидаҳои ҳис Солеҳ ва ноқаи Солеҳро. Чун хоҳад, ки Ҳақ лашкареро ҳалок кунад, дар назари эшон ҳақир намояд хасмонро ва андак, агарчи ғолиб бошад он хасм. Ва «Юқаллилукум фӣ аъюуниҳим лияқзиаллоҳу амран кона мафъулан» (1)

* * *

Ноқаи Солеҳ ба сурат буд шутур,

Пай буридандаш зи ҷаҳл он қавми мур.

Ноқаи ҳазрати Солеҳи паёмбар (а) шутур буд, вале он қавми зоҳирбин аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ он ноқаро пай карданд.

Нукта: Ҳазрати Солеҳ паёмбаре буд, ки бар қавми Самуд фиристода шуд. Дар Қуръони Карим ҳашт бор номи ҳазрати Солеҳ (а) зикр шудааст. Сураи Аъроф, оятҳои 71 ва 75, сураи Ҳуд, оятҳои 64, 65, 69 ва 91, сураи Шуъаро, ояти 142 ва сураи Намл, ояти 46.

Сӯфия Солеҳро мазҳари исми Фаттоҳ (гушоянда) донистаанд, зеро «футуҳ» иборат аст аз ҳусули чизе, ки таваққӯи он наравад. Ва ин бад-он сабаб аст, ки ноқаи Солеҳ аз кӯҳ баромад, дар ҳоле, ки таваққӯи чунин амре набуд. Аз ин рӯ, Муҳйиддини Арабӣ фасси 11-ум аз «Фусусул-ҳикам«-ро, ки аз ҳикмати футуҳӣ ҳарф зада, ба номи ӯ ихтисос додааст. (Шарҳи Фусусул-ҳикам, ҷ.1, с.405)

Аз барои об чун хасмаш шуданд,

Нонкӯру обкӯр эшон буданд.

Қавми Самуд чун ба хотири тақсими об душмани ӯ шуданд, роҳи носипосӣ пеша карданд ва аз ҳамаи неъматҳо маҳрум шуданд, ё сахт озмандӣ ва бухл нишон доданд.

Нонкӯру обкӯр: носипос, киноя аз он ки аз неъматҳо бенасибу бебаҳра аст, бахил.

Нукта: Ноқаи Солеҳ шутуре буд, ки ба мӯъҷизаи ӯ аз кӯҳ берун омада буд. Қавми Самуд бутпараст буданд. Солеҳ онҳоро ба Худои ягона даъват кард. Аз вай мӯъҷиза хостанд ва тақозо карданд, ки аз кӯҳ шутуре мода ва даҳмоҳаи обистан берун оварад. Солеҳ (а) чунин кард ва он ноқа дар ҳол зоид, баччаи ӯ қавӣ ва калон буд. Солеҳ бо он қавм қарор гузошт, ки оби қаря як рӯз аз они шутур ва баччааш ва рӯзи дигар аз они онҳо бошад, ва он рӯз, ки ноқа об мехӯрад, қавми Самуд аз шири ноқа биёшоманд. Эшон охируламр ин қарорро ба ҳам заданд, ноқаро пай заданд ва мустақиққи азоб шуданд ва барафтоданд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1074)

Ноқатуллоҳ об хӯрд аз ҷӯю меғ,

Оби Ҳақро доштанд аз ҳақ дареғ.

Ноқаи Худо аз он обе мехӯрд, ки абр фурӯ мерехт ва аз чашмае ҷорӣ мешуд, вале он бадкорон оби Худоро аз он ноқаи худоӣ дареғ доштанд.

Меғ: абр.

Ноқаи Солеҳ чу ҷисми солеҳон,

Шуд камине дар ҳалоки толеҳон.

Ноқаи Солеҳ монанди вуҷуди ашхоси нексиришт, камингоҳе аст барои ҳалокати табаҳкорон.

Толеҳ: табаҳкор, бадкор, зидди солеҳ (некӯкор).

То бар он уммат зи ҳукми маргу дард,

«Ноқаталлоҳи ва суқёҳо» чӣ кард.

Бибин, ки ноқаи худоӣ ва масъалаи сероб шудани ӯ аз об, чӣ дарду марге бар он қавм ворид кард.

Нукта: «Ноқатуллоҳи ва суқёҳо» ишора аст ба ояти 13 сураи Шамс:

فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ نَاقَةَ اللَّهِ وَسُقْيَاهَا

«Пас он фиристодаи Худо бад-эшон ҳамегуфт: зинҳор, ки ноқаи Худоро пос доред ва аз обаш бозмадоред

Шиҳнаи қаҳри Худо з-эшон биҷуст,

Хунбаҳои уштуре шаҳре дуруст.

Доруғаи қаҳру азоби худовандӣ хунбаҳои он ноқаро вайронӣ ва измиҳлоли як шаҳр қарор дод. Яъне ба қисоси куштани ноқаи Солеҳ қавми Самуд нобуд шуданд.

Шиҳна: касе, ки аз ҷониби подшоҳ ва дастгоҳи ҳукумат барои забти умур ва сиёсати мардуми шаҳре мансуб мешуд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1075)

Руҳи ӯ чун Солеҳу тан ноқа аст,

Руҳ андар васлу тан дар фоқа аст.

Руҳи авлиёуллоҳ монанди Солеҳ ва танашон монанди ноқа аст, руҳи авлиёуллоҳ дар висоли илоҳӣ хушу мутанаъим аст ва тани хокӣ дар эҳтиёҷу бечизӣ қарор дорад.

Фоқа: тангдастӣ ва надорӣ.

Нукта: Дар ин ҷо ҷисму колбади одамӣ ба шутур ва ё ноқа ташбеҳ шудааст, аз он рӯ, ки колбади ҷисмонӣ майл ба маводди моддии табиат дорад, вале руҳ ғизои худро дар олами боло аз висоли илоҳӣ ба даст меоварад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.753)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: