Шарҳи Маснавӣ (289)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (32)

* * *

Ҳақиру бехасм дидани дидаҳои ҳис Солеҳ ва ноқаи Солеҳро. Чун хоҳад, ки Ҳақ лашкареро ҳалок кунад, дар назари эшон ҳақир намояд хасмонро ва андак, агарчи ғолиб бошад он хасм. Ва «Юқалликум фӣ аъюуниҳим лияқзиаллоҳу амран кона мафъулан» (2)

* * *

Руҳи Солеҳ қобили офот нест,

Захм бар ноқа бувад, бар зот нест.

Руҳи Солеҳ (а) ҳаргиз дар маърази газанду осеб қарор намегирад, захму осеб бар ноқа ворид мешавад, на бар зоту ҷавҳари ӯ.

Нукта: Ҳеч офате аз офатҳои моддӣ ва ҷисмонӣ наметавонад бар руҳи муҷаррад газанде расонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.753)

Кас наёбад бар дили эшон зафар,

Бар садаф омад зарар, не бар гуҳар.

Ҳеч кас наметавонад бар дилу ҷони авлиёуллоҳ ғолиб шавад. Зеро агар газанде бар садаф ворид шавад, гавҳари даруни он аз ин садма масун аст. Ҳамин тавр, агар бар ҷисм осеб ворид ояд, бар руҳ зараре ворид намеояд.

Нукта: Дар яке аз сурудаҳои ирфонии ҳиндӣ омадааст: «Ин ҷон, ки дар ҳамаи қолабҳост, ба ҳеч ваҷҳ кушта намегардад, бинобар ин, дар банди ғами ҳеч ҷоне мабош!» (Бҳагавад Гито, с.11)

Дар Инҷил ҳам омадааст: «Ва аз қотилони ҷисм, ки қодир бар куштани руҳ наянд, бим макунед!» (Инҷили Матто, боби даҳум, шумораи 28)

Руҳи Солеҳ қобили озор нест,

Нури Яздон суғбаи куффор нест.

Руҳи Солеҳ (а) ҳаргиз қобилияти озору газанд надорад, зеро нури Худо ҳеч вақт ба дасти кофирон хору забун намешавад.

Суғба: фирефта ва мафтун ва мағлуб.

Нукта: Мисроъи дуввум ишора аст ба ояти 8 сураи Сафф:

يُرِيدُونَ لِيُطْفِؤُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

«Хоҳанд кофирон равшании Худоро бо даҳони худ хомӯш созанд, ва ҳол он, ки Худо комилкунандаи равшании хеш аст, агарчи кофиронро хуш наояд

Ҷисми хокиро бад-ӯ пайваст ҷон,

То биёзоранду бинанд имтиҳон.

Худованд ҷисми хокиро бад-ин ҷиҳат бо руҳ пайваста кард, то мункирон онро озор диҳанд ва ба миҳнату озмоиш гирифтор шаванд.

Бехабар, к-озори ин озори ӯст,

Оби ин хум муттасил бо оби ҷӯст.

Ғофилон ва бехабарон намедонанд, ки озоре, ки бар ҷисми авлиё ворид мешавад, дар воқеъ озурдани Ҳақ аст, зеро оби ин хум ба он ҷӯй иттисол дорад.

Нукта: Авлиёуллоҳ нури худро аз манбаи анвори илоҳӣ мегиранд ва мазҳари ӯ ҳастанд. Ин байт ишора дорад ба ин ҳадис:

إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى قَالَ : مَنْ عَادَى لِي وَلِيًّا فَقَدْ آذَنْتُهُ بِالْحَرْبِ

«Худои Таъоло фармуд: ҳар ки яке аз авлиёи маро душман дорад, ман бад-ӯ эълони ҷанг мекунам.» (Ривояти Бухорӣ)

З-он таъаллуқ кард бо ҷисме Илоҳ,

То ки гардад ҷумла оламро паноҳ.

Овезиши ҷисми авлиё ба Ҳақ Таъоло барои ин аст, ки аҷсоми онон паноҳгоҳи ҳамаи ҷаҳон бошад.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: «Пас таъаллуқи Ҳақ бо ҷисми анбиё барои ду фоида аст: яке ба ҷиҳати додани мукофоти аъмол ва изои (озори) куффор, ва дуввум ба ҷиҳати он ки ҷумлаи оламро аз шарри золимон дар паноҳи худ доранд.» (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.183)

Ноқаи ҷисми валиро банда бош,

То шавӣ бо руҳи Солеҳ хоҷатош.

Бандаи ноқаи ҷисми валӣ бош ва аз ҷону дил ба хидматаш дарой, то бо руҳи Солеҳи паёмбар (а) қарину ҳамроҳ шавӣ.

Нукта: Солеҳ (а) ва ҳар паёмбаре, назди сӯфиён маънии куллӣ ва навъӣ аст ва маҷмӯи авсофе аст, ки дар ҳар кас мутаҳаққиқ шавад, ӯ дорои ҳамон мартибат ва дар хӯри ҳамон гуна таъзим аст. Ва бинобар ин, ҳоҷат нест, ки Солеҳро ба маънии васфӣ ва сифати руҳ фарз кунем, чунонки баъзе аз шореҳони Маснавӣ, ин байт ва абёти пешинро бад-ин сурат тавҷеҳ кардаанд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1078)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: