Кабирӣ: «Барои Раҳмон дар ояндаи Тоҷикистон ҷойе нест»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо баёни ин ки Эмомалӣ Раҳмон ба унвони як шиканандаи сулҳ ва мудири номуваффақ, маҳбубияти худро дар кишвар аз даст дода ва алъон бо истифода аз қудрат худро ҳифз мекунад», гуфт: «Аз нигоҳи мо, феълан барои оқои Раҳмон дар ояндаи Тоҷикистон ҷойе нест.» Вай афзуд: «Фикр накунам мардум ҳам розӣ бошанд мо бо касе, ки як бор сулҳ ва ормонҳои миллиро зери по гузошт, бо ҳамон шароити қаблӣ дубора пойи мизи музокира биншинем.»

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар даврони ҳиҷрат ба сар мебарад. Баъд аз эъломи мамнӯъияти фаъолият ва дастгирии бисёре аз раҳбарон, аъзо ва тарафдорони ин ҳизб тавассути давлати Тоҷикистон дар соли 2015, ҳамакнун боқимондаи аъзо ва фаъолони ин ҳизб дар Урупо ва умдатан дар кишварҳое чун Лаҳистон (Полша) ва Олмон ба сар мебаранд. Тайи ин муддат, давлати Тоҷикистон талошҳои зиёде барои теруристӣ эълом кардани ин ҳизби исломгаро ва истирдоди боқимондаи аъзои он дошт, аммо бо афзоиши эътирозот ба ин иқдомот ва пас аз он ки ҳеч кишвар ва созмони байналмилалӣ ҳозир нашуд ин иттиҳомоти давлати Тоҷикистонро бипазирад, номи раҳбарон ва фаъолони ин ҳизб аз листи таҳти таъқиби Интерпол ҳазф шуданд ва Созмони Милал низ озодӣ ва ҷуброни хасоратҳои муовини раҳбари ин ҳизбро, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда, хостор шуд, нишонаҳое аз бозёбии ин ҳизб мушоҳида шудааст.

Дар ҳамин росто, дар канори ин таҳаввулот, ба муносибати наздик шудан ба солрӯзи имзои Паймонномаи сулҳи Тоҷикистон, гуфтугӯе бо оқои Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб перомуни сарнавишти сулҳи Тоҷикистон ва вазъияти феълӣ ва ояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ тартиб додаем, ки дар идома мехонед:

Тасним: Имрӯз дар остонаи 22-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ миёни гурӯҳи муттаҳиди мухолифин ва давлати Тоҷикистон қарор дорем, ки Ҳизби наҳзати исломӣ низ бахше аз ин созишномаи сулҳ буд, аммо мебинем, ки баъд аз ду даҳа, як тараф аз ин паймоннома (гурӯҳҳои мухолифин, аз ҷумла наҳзат) ба куллӣ аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф шудааст. Таҳлили шумо аз иллатҳо ва решаҳои ин мавзӯъ чист?

Кабирӣ: Пеш аз посух ба суоли шумо, иҷоза бидиҳед каме дар бораи бозигарони ин раванд сӯҳбат кунем. Дар сулҳи Тоҷикистон чанд бозигари калидӣ ҳузур доштанд, ки албатта ду бозигари калидӣ худи ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюн (ИНОТ) бо раҳбарии Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (шомили аҳзоб ва ҷараёнҳои миллӣ, секулор ва исломгаро) буданд. Аммо бозигарони дигаре низ ҳамчун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва кишварҳои зомин монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд. Дар тамоми ин кишварҳо, тамоми дастандаркорони сулҳи Тоҷикистон ба ҳар далеле аз қудрат канор рафтаанд. Умдатан дар натиҷаи интихоботи дохилӣ ва фарояндҳои дигар, аммо танҳо тарафе, ки боқӣ монд аз ин раванд, худи оқои Эмомалӣ Раҳмон ва тимаш аст. Ҳатто дар Иттиҳоди опозисиюн ҳам Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба шаҳодат расиданд. Дигар касе аз ин чеҳраҳо вуҷуд надошт, ки дар хотир дошта бошад, ки дар ин равандҳо чӣ гузашт ва танҳо оқои Раҳмон дар ин қазия боқӣ монд.

Масъалаи дигар ин аст, ки замоне, ки дар Тоҷикистон сулҳ барқарор шуд ва тарафҳо (ба вежа Эрон ва Русия) мушоҳида карданд, ки дигар раванди сулҳ дар ҳоли тақвият аст ва воқеан мо (тарафи опозисиюн) ҳам розӣ будем аз ин раванд, мавзӯи сулҳи Тоҷикистон кам-кам ба фаромӯшӣ супурда шуд. Ба вежа замоне, ки ҳаракати Толибон дар Афғонистон тақвият шуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин мавзӯъ ва аз байн бурдани он тамаркуз кард ва таваҷҷӯҳот ба самти Толибон рафт.

Дар ин замон давлати Тоҷикистон аз ин фурсат хеле хуб ва зиракона истифода кард ва худро як шарики муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард ва шарти онро таваққуфи пайгирии равандҳои дохилии Тоҷикистон (аз ҷумла сулҳ) унвон кард. Ин мавзӯъ низ таъсири худашро дошт.

Тасним: Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки солҳои баъд аз сулҳ равобити хубе бо Тоҷикистон дошт ва ҳамчунон пайгир буд ва ба назар мерасид аз вазъияти пешомада ризоят дошта бошад.

Кабирӣ: Бале, яке аз дастовардҳои хеле муҳимми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи байналмилалӣ, сулҳи Тоҷикистон буд. Ба вежа аз он ҷое, ки мутаассифона ва хеле ҳам ноодилона ба Эрон иттиҳомоте дар хусуси даст доштан дар танишҳо ва бӯҳронҳои минтақаи Ховари Миёна ва дигар манотиқро мезананд. Аммо парвандаи Тоҷикистон як парвандаи бисёр сангинвазне барои Эрон буд, ки дар он ҷо амалиёти сулҳофаринӣ карда буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон набояд ба осонӣ аз ин дастоварди муҳимми байналмилалӣ ва диплумотики худ чашмпӯшӣ мекард. Аммо мутаассифона давлатҳои баъд аз марҳум Ҳошимии Рафсанҷонӣ чандон таваҷҷӯҳе ба ин қазия накарданд ва оқои Раҳмон ҳам ин қазияро дарк кард. Ман назарам ин аст, ки хеле зуд ин парванда аз сӯи кишварҳои замонатдиҳанда баста шуд ва алъон ҳам агар талоше мешавад, бо таъхир аст ва натиҷаи мушаххасе ҳам надорад.

Тасним: Ин чашмпӯшӣ, ки мефармоед, ба чӣ тарзе сурат гирифт? Чӣ интизороте аз Ҷумҳурии Исломӣ барои даврони баъд аз сулҳ вуҷуд дорад?

Кабирӣ: Бибинед, Ҷумҳурии Исломӣ дар он солҳои муқовимат ва пуштибонӣ аз сулҳ, воқеан заҳмат кашид. Дар он замон ҳама медонистанд, ки Русия аз давлат пуштибонӣ мекунад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нерӯҳои муттаҳиди опозисиюн. Тарафҳои сулҳ интизор доштанд ин нақш барои тадовуми раванди сулҳ то ба интиҳо аз сӯи кишварҳои зомин бояд идома меёфт. Аммо бо далоиле, аз ин масоил ғафлат шуд. Ҳатто ёдам аст дар соли 2015, дақиқан чанд моҳ қабл аз он ки давлати Тоҷикистон наҳзатро мамнӯъ эълом кунад ва фишорҳо ба авҷи худ расида буд, мо дигар итминон ёфта будем, ки оқои Раҳмон нияти барҳам задани созишномаи сулҳ ва ҳазфи боқимондаи иттиҳоди мухолифинро дорад. Ман номае навиштам ба кишварҳои кафили сулҳ, Созмони Милал ва ин вазъиятро тавзеҳ додам.

Тасним: Дархости шумо дар ин нома чӣ буд? Посухҳо чӣ буд?

Кабирӣ: Мо дар он нома аз кишварҳои кафили сулҳ даъват карда будем, ки вазифаи худро анҷом дода ва иҷоза надиҳанд, ки оқои Раҳмон созишномаро зери по бигузорад. Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо гуфтанд, ки дар ҳоли пайгирии қазоё ҳастанд ва нигаронии худро ба тарафи давлат хоҳанд расонд, аммо суръати таҳаввулот сареътар аз вокунишҳо буд ва моҳи август мо номаи вазорати адлияро дарёфт кардем, ки бояд фаъолияти худро мутаваққиф кунем.

Он замон кишварҳои гурӯҳи тамос амалан наметавонистанд коре анҷом диҳанд. Акнун вақти он расида, ки яке аз кишварҳои зомин иқдом кунад, то масъала зери назари Созмони Милал бо ширкати ҳамаи кишварҳои гурӯҳи тамос баррасӣ шавад. Тарафайн аснод ва далоили худро ба гурӯҳи тамос ва Созмони Милал пешниҳод кунанд, то мушаххас шавад чӣ тарафе созишномаи сулҳро хароб кардааст. Интизоре, ки аз кишварҳои зомини сулҳ, ба хусус Русия ва Эрон аст, ин мебошад.

Тасним: Мавориде, ки мефармоед, марбут ба охирин моҳҳои поёнии ин иттифоқ аст. Аммо медонем, ки ин иттифоқ тайи як фароянди тадриҷӣ сурат гирифтааст. Наҳзат дар ин солҳо иқдоме барои ин ки вазъият ба ин нуқта нарасад сурат надода буд?

Кабирӣ: Бале, наҳзат иқдомоте кард, мунтаҳо бо каме таъхир, ки дигар кор аз кор гузашта буд. Мо аз имзои созишнома то соли 2005 ҳеч мушкиле дар раванди иҷрои он надоштем. Албатта медонед, ки тибқи созишнома бояд интихобот шаффоф анҷом мешуд ва раисиҷумҳуре, ки дар он замон оқои Раҳмон буд, танҳо як давраи баъдии 7-сола ҳаққи риёсати ҷумҳурӣ пайдо мекард. Ин ҳам дар қонуни асосии кишвар буд ва ҳам дар матни созишнома.

Аммо баъдан худи оқои Раҳмон барои такмили пружаҳое, ки дар даст дошт, ройзаниҳое кард ва бо раҳбарияти опозисиюн ва ҳатто наҳзат вориди гуфтугӯ шуд ва ба шакле ризояти тарафи дигарро ҳам гирифт, ки ин давра тамдид шавад. Аммо тарафи опозисиюн ҳаргиз чунин интизореро надошт, ки дар паси ин ҳарфҳои зебо, ки барои миллат аст, як хиёнат ба созишнома пинҳон аст, ки боз ду бори дигар қонуни асосиро барои тамдиди риёсаташ тағйир медиҳад.

Баъд аз он ки нерӯҳои сиёсӣ огоҳ шуданд, ки давлат дигар ҳозир нест созишнома ва қонуни асосиро риоят кунад, мо шурӯъ кардем ба изҳори нигаронӣ ва ройзанӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ. Аммо гӯё талошҳои мо дар он мақтаъи замонӣ дигар натиҷае надод.

Тасним: Пас нахустин марҳилаи ин масъала бо мувофиқати наҳзат ва ризояти мухолифин сурат гирифт, аммо дигар тадовум наёфт. Воқеан наҳзат фикрашро намекард чунин иттифоқе биафтад?

Кабирӣ: Барои наҳзат чӣ дар солҳои музокирот ва чӣ марҳилаи баъд аз сулҳ, ҳамеша авлавият ҳифзи сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ буд. Бисёр гузаштҳое ҳам, ки кардем, ба хотири он буд, ки Худой накарда ҷанги дигаре нашавад ва агар тарафи муқобил зиёдаравӣ мекунад, ҳаддиақал тарафи мо каме гузашти бештаре нишон медод, то ин сулҳ ҳифз шавад. Чун мебинем дар кишварҳое, ки тарафҳои даргир наметавонанд забони муштараке пайдо кунанд, даргири бӯҳрон мешаванд ва зарбаро миллат мехӯрад ва ниҳоятан иттиҳоми аслӣ бармегардад ба ҷунбишҳои исломгаро.

Бо дар назар гирифтани ин мавзӯъ, наҳзат талош карда то ҳамеша аз худ тарафи омода ба гузашт нишон бидиҳад. Яке аз интиқодоти шадиде, ки ба наҳзат (ҳатто аз сӯи тарафдоронаш) ворид шуда, ин аст, ки мо ба хотири сулҳу ваҳдат ва барои ин ки нагӯянд нерӯҳои исломгаро тундрав ва ифротгаро ҳастанд, каме зиёдаравӣ кардем ва ин боиси ҳиҷрат аз дохили Тоҷикистон шуд.

Тасним: Оё умеде барои бозгашт ба сулҳ вуҷуд дорад?

Кабирӣ: Бо таваҷҷӯҳ ба ин шароит ва ин ки созишнома ба сурати яктарафа тахриб шуд, фикр намекунам, ки алъон дигар заминае барои музокирот ва бозгаштан ба он шароити гуфтушунид муҳайё бошад. Тарафи давлат худро дар ин ҷанги 20-сола пирӯз ба ҳисоб меоварад, чаро ки дар он замон натавонист бо нерӯи низомӣ ва дар майдони ҷанг мухолифонро ҳазф кунад, бо музокирот ҳам натавонист, аммо алъон бо ин фурсатталабӣ ва бадаҳдӣ худро пирӯз медонад. Албатта аз тарафи мо ин тавр нест ва онро шикасти вай медонем. Дар ояндаи наздик онро эҳсос хоҳад кард.

Тасним: Пас ояндаи сиёсии Тоҷикистонро бо ин шароит чӣ гуна мебинед? Оё фазое барои музокираи муҷаддади сулҳ вуҷуд надорад?

Кабирӣ: Ба назарам, дар оянда бояд масоилро ба шакле дигар матраҳ кунем. Аз нигоҳи мо, феълан барои оқои Раҳмон дар ояндаи Тоҷикистон ҷое нест. Чун эшон ба унвони як шиканандаи сулҳ ва мудири номуваффақ маҳбубияти худро дар кишвар аз даст дода ва алъон бо истифода аз қудрат худро ҳифз мекунад. Фикр накунам мардум ҳам розӣ бошанд мо бо касе, ки як бор сулҳ ва ормонҳои миллиро зери по гузошт, бо ҳамон шароити қаблӣ дубора пойи мизи музокира биншинем.

Фикр мекунам, ки барои музокира бояд замина муҳайё бошад. Музокираи мавриди назари мо низ бо нухбагони сиёсӣ ва ақшори гуногуни сиёсии ҷомеа аст; ҳатто онҳое, ки имрӯз дар қудрат ҳастанд, вале манофеи миллӣ барояшон муҳим аст. Мо дар давлати имрӯза ҳам дорем бисёре аз нафаротеро, ки воқеан чеҳраҳои миллӣ ҳастанд ва дасташон ба ин хиёнатҳо олуда нест. Тамоми гурӯҳҳои мухолиф омодаанд, то тарҳи як Тоҷикистони баъд аз Раҳмонро бо ҳам бирезем ва муштаракан дар хидмати миллат бошем. Аммо фикр накунам дар ояндаи Тоҷикистон барои Раҳмон ва хонаводааш, ки ба назар мерасад мехоҳад қудратро баъд аз худ ба яке аз фарзандонаш бидиҳад, ҷое бошад.

Тасним: Аммо баъд аз ислоҳи қонуни асосӣ ва таҳаввулоти пас аз он, ба назар мерасад ҷонишинии Раҳмон тавассути яке аз фарзандонаш мӯҳтамал ба назар мерасад. Шумо ин тавр фикр намекунед?

Кабирӣ: Албатта он сенориюеро, ки оқои Раҳмон дорад барои худаш ва хонаводааш тарсим мекунад, на мо ва на миллат қабул нахоҳад кард, магар онҳое, ки манфиате аз ин манзар дошта бошанд. Аммо на опозисиюн на нухбагон ва на ҳатто доираҳои бонуфузе, ки дар дохили давлати имрӯз ҳастанд яқинан ба ин тарҳ розӣ нестанд. Албатта алъон ҷасорати мухолифат бо он тарҳро надоранд, аммо замоне, ки эҳсос карданд, ки нерӯҳои миллӣ воқеан хунсо кардани ин тарҳро шурӯъ кардаанд, онҳо низ ҳатман ба мо хоҳанд пайваст.

Барномаи мо ин аст, ки бо ин гурӯҳҳо вориди гуфтугӯ шавем. Қарор нест, ки намояндаи наҳзат ё ҳатто яке аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи имрӯзи Тоҷикистон баъд аз хунсо кардани ин барнома сари қудрат биёянд. Мо ҳатто бар ин назар мувофиқ ҳастем, ки як нафари дигар метавонад аз дохили худи нухбагони имрӯзи кишвар, ки ҳатто дар қудрат ҳам ҳастанд биёяд ва барои як марҳилаи гузор масъулиятро бар дӯш бигирад то ин ки кишвар барои марҳилаи баъдӣ, ки воқеан як интихоботи шаффоф сурат бигирад, омода шавад ва миллат худаш интихоб кунад, ки чӣ касе қудратро дар даст бигирад.

Аз нигоҳи мо, он чи имрӯз дар Ӯзбакистон мегузарад, баъд аз Ислом Каримов нусхаи умедворкунандае аст. Ӯ агарчи аз дохили баданаи ҳокимияти қаблӣ омад, аммо бо рӯйкард ва дидгоҳҳои мӯътадил ва ислоҳгароёна. Фикр мекунам, ин нусха метавонад барои Тоҷикистон низ нусхаи хубе бошад. Танҳо шарте, ки мо ва дигар нерӯҳои мухолифин дорем ин аст, ки шахсе, ки қудратро дар даст мегирад, аз нафароти миллӣ ва текнукрот бошад ва нигоҳаш васеътар аз манофеи як хонавода, як ҳизб ва як гурӯҳ бошад.

Тасним: Хуб ин шахс аз дохили ҳокимият, ки мефармоед, наметавонад аз хонаводаи худи оқои Раҳмон бошад? Ба ҳар ҳол медонем оқои Мирзиёев ҳам нахуствазири Каримов буд ва дар ҳақиқат яке аз наздиктарин чеҳраҳо ба вай.

Кабирӣ: Ҳар касе ғайр аз Раҳмон биёяд, бо тағйир дар қудрат баъд аз ду даҳа, ҳатман вазъият каме беҳтар хоҳад буд, ҳатто агар аз дохили хонаводаи ӯ ҳам биёд. Аммо омадани як нафар аз дохили як хонавода мушкили Тоҷикистонро ҳал нахоҳад кард. Билохира Тоҷикистон ва миллати тоҷик сазовори он аст, ки худро дар ҷаҳон ҳамчун як миллати арзанда ва соҳиби каромат ва шарофат муаррифӣ кунад. Дар кишваре, ки низомаш ҷумҳурӣ аст ва тибқи қонуни асосиаш бояд интихобот сурат бигирад, ҳокимияти хонаводагӣ ва интиқоли қудрат бо усули асри ҳозир сазовори миллат нест. Аз тарафи дигар, дар дохили давлат ва касоне, ки имрӯз дар қудрат шариканд, ҳастанд касоне, ки воқеан андешаи миллӣ доранд ва иштибоҳоти солҳои пешро ба ҳеч ваҷҳ такрор нахоҳанд кард.

Ҳамон ҳолате, ки имсол оқои Мирзиёев дар замони Каримов доштанд; иштибоҳоти ӯро медонистанд ва аз наздик мушоҳида мекарданд, аммо чун қудрати лозимаро надоштанд, ҷасорат намекарданд то мухолифат кунанд. Мунтазир буданд, то фурсат пеш биёяд ва бо истифода аз худи ҳамон қудрат раванди ислоҳотро оғоз кунанд, ки оқои Мирзиёев ин корро шурӯъ карда ва мо хеле хушбин ҳастем; агарчи таҷрибаи кишварҳои Шӯравии собиқ нишон дода ин раванд метавонад дар идома тазъиф шавад ё ба самти дигар биравад. Аммо алъон вазъият рӯ ба беҳбуд аст ва ин нусха метавонад барои Тоҷикистон ҳам корсоз бошад.

Тасним: Пеш аз ин фармудед марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба шаҳодат расидааст. Мо дар хабарҳо шунидаем, ки эшон бино бар беморӣ фавт кардаанд. Иллати ин ки мефармоед ба шаҳодат расиданд чист?

Кабирӣ: Бале, на танҳо мо, балки тамоми мардуми Тоҷикистон бар ин эътиқоданд, ки эшон шаҳид шуданд ва мавриди як терури биулужик қарор гирифтанд. Имкон надорад, ки ду нафар аз шахсиятҳои барҷастаи наҳзат: Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки ҷонишини эшон буданд, дар як замон ва ба як беморӣ мубтало шаванд.

Вақте мо ҳар дуро барои мудово ба Олмон бурдем, гуфтанд, кор аз кор гузаштааст. Ҳар ду ҳам бо як фосилаи кӯтоҳ ба шаҳодат расиданд. Бино ба ин мавзӯъ ва далоиле дигар, мо инро шаҳодат медонем, ки иншоаллоҳ Парвардигор аз ҳар дуи эшон қабул кунад!

Тасним: Яке аз интиқодоте, ки ба наҳзат ворид мешавад, дар хусуси сафарҳои хориҷии шумост. Бархе бар ин ақидаанд шумо дар солҳои поёнии фаъолияти наҳзат бештари вақти худро дар хориҷ аз кишвар мегузарондед ва аз ин манзар, каме ғафлат дар умури дохилии Тоҷикистон сурат гирифт. Назари шумо дар ин бора чист?

Кабирӣ: Ба назарам, дар ин мавзӯъ каме муболиға шудааст, ки раҳбарияти наҳзат аксаран дар хориҷ буданд. Аз соли 2006 то ҳиҷрат, ки ҳудуди 10 сол гузашт, камтар ҳолате буд, ки ман беш аз як ҳафта хориҷ аз кишвар бошам. Мо ҳар ҳафта иҷлосҳои порлумонӣ доштем, ки ҳузури ҳамаи намояндагони Маҷлис ҳатмӣ буд ва банда дар ин ҷаласот ширкат мекардам.

Илова бар ин, шояд камтар раҳбари сиёсии тоҷик бошад, ки аксари нуқоти Тоҷикистонро шахсан рафта бошад ва аз наздик бо мардум иртибот барқарор карда бошад. Албатта аз тарафе ин ҳарф дуруст аст, шояд яке аз раҳбарони аҳзоб будам, ки сафарҳои хориҷии зиёде доштам. Он ҳам ба хотири ширкат дар конфронсҳо, нишастҳо ва ҳамоишҳои зиёди байналмилалӣ буд.

Дар интиҳо аммо ҷамъи ҳамаи инҳо ба нафъи наҳзат тамом шуд, ки барномаи эътидолмеҳвари ҳизб дар хориҷ аз кишвар муаррифӣ шавад. Алъон, ки ин ҳаводис рух дод, мо тоза дарк мекунем, ки сафарҳои пешин ва мулоқот бо диплумотҳои урупоӣ ва омрикоӣ, русӣ, арабӣ ва ҳатто дар ҷануби шарқи Осиё, чӣ таъсире дошта барои имрӯзи наҳзат, ки ҳеч кишваре ва ҳеч созмони байналмилалие бо вуҷуди ин ҳама талошҳое, ки давлати Тоҷикистон анҷом медиҳад, ҳозир нашуд, ки наҳзатро ҳатто як гурӯҳи тундрав ва ифротгаро, чӣ расад ба терурист, муаррифӣ кунад.

Имрӯз ҳатто кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳое чун Шонгҳой ва дифоъи дастаҷамъӣ ҳам ҳозир нашуданд иддаои давлати Тоҷикистонро бипазиранд, ва як далели он ин буд, ки дар натиҷаи ин сафарҳо бо онҳо гуфтугӯ доштем.

Тасним: Ҳамон тавр, ки огоҳед, равобити ахири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон бо мушкилоте мувоҷеҳ будааст. Яке аз ин масоил, ки ҳамвора аз сӯи давлати Тоҷикистон матраҳ шуда, равобити Эрон бо наҳзат будааст. Оё наҳзат воқеан метавонад омили ин масоил бошад?

Кабирӣ: Эътиқоди шахсии ман ва албатта дидгоҳи наҳзат ин аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шарики табиӣ ҳастанд ва набояд дар широкати истротежики ду кишвар шак кард. Ҳоло давлатҳо тағйир мекунанд ва нафарҳо мераванд ва меоянд. Аз тарафи дигар ҳам, Эрон як ҷумҳурии исломӣ, як кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мост. Наҳзат бо ҳамаи кишварҳо, ҳатто бо кишварҳои ғарбӣ ҳам робитаи хубе дорад ва ҳоло чӣ бадӣ дорад, ки бо Эрон дошта бошад? Агар ин робита намебуд, ҷои суол дошт.

Оё як ҷараёни исломӣ барои он ки робитаи танготанг ва наздик бо як кишвари исломӣ дошта бошад, бояд иҷозаи тарафи севвумро бигирад ва касе бар ин масъала эроде бигирад? Дар сурате, ки ин суол ҳангоми робитаи ҷараёнҳои дигар бо кишварҳо ва созмонҳо матраҳ нест. Ёдам аст сафаре ба Вошингтун ва мулоқоте бо муовини вазири хориҷаи Омрико, оқои Роберт Блек доштам. Зимни сӯҳбат, эшон ба номаи мақомоти кишвари мо ишора карданд ва гуфтанд, ки тарафи Тоҷикистон аз ин сафар ва мулоқоти мо хеле нороҳат аст. Дар он нома ишора кардаанд, ки наҳзат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон робитаи танготанг дорад, бо ҳизб ва ҳаракатҳои дигари исломӣ ҳамчун Ихвонулмуслимин низ робита дорад. Тарафи омрикоӣ ҳам хеле дӯстона ва бо усули диплумотик бо мо ин масъаларо матраҳ карданд, ки агар шумо каме ин робитаҳои худро камтар кунед, ба нафъи шумо хоҳад буд.

Ман дар он ҷо ба дӯстони омрикоӣ гуфтам, оё мантиқӣ аст, ки як ҳизби исломӣ бо як ҷумҳурии исломӣ робитаи хуб надошта бошад? Баръакс, агар робитаи хубу танготанг набуд, бояд тааҷҷуб кард ва ғайритабиӣ аст. Ба ҳар ҳол, мо инро ҳаққи табиии худ медонем, ки бо ин кишварҳо ва созмонҳо робита дошта бошем. Мо дар болотарин сутуҳи ғарбӣ ҳам аз ин робитаамон дифоъ кардем ва инро ҳаққи худ медонистем ва ҳанӯз ҳам бар ин эътиқод ҳастем.

Ҳатто ман як гилояи дӯстонае аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дорам, ки чаро баъзеҳо талош мекунанд, ки бигӯянд Ҷумҳурии Исломӣ равобиташ бояд бештар бо давлатҳо бошад, то аҳзоби исломӣ. Ин афрод шояд ёдашон рафта, ки Эрон, ҳам як ҷумҳурии исломӣ аст ва ҳам қонуни асосиаш ин амрро тақозо мекунад, ки Ҷумҳурии Исломӣ бо гурӯҳҳои исломӣ дар иртибот бошад ва ҳам ин ки Эрон кафили сулҳ буда ва дар раванди музокирот пуштибонӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар нерӯҳои опозисиюн мекард.

Тасним: Албатта нигоҳи ғолиб ва калон дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳамин аст ва медонем, давлати Тоҷикистон ин мавзӯъро намепазирад.

Кабирӣ: Бале, ҳаддиақал тайи 10 соли ахир давлати Тоҷикистон танҳо аз Эрон боҷхоҳӣ мекард ва шарти дӯстӣ ва ҳамкориро ин медонист, ки Эрон бояд ҳамеша пул харҷ кунад ва пружаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон анҷом диҳад. Танҳо дар ин сурат нисбат ба Эрон бадгӯӣ нахоҳад кард ва ҷое ҳам агар ниёз буд, пуштибониҳои диплумотикӣ мекард, ки албатта худатон аз ҷойгоҳи диплумотики раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаҳон огоҳ ҳастед.

Тасним: Албатта сирфи иртибот набуда ва оқои Раҳмон масоили мутаъаддидеро аз ҷумлаи шиъа шудани наҳзат ва ҳимоят аз теруризмро ҳам матраҳ кардааст.

Кабирӣ: Худи оқои Раҳмон ва бархе аз давлатмардони имрӯза замоне буд, ки моро ба ваҳҳобият муттаҳам мекарданд ва мегуфтанд, наҳзат аз Арабистон пул мегирад! Баъдан ҳам замоне мегуфтанд, ки наҳзат аз Туркия ва Ғарб пул мегирад. Алъон диданд, ки бод аз самте мевазад, ки алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ба хусус баъд аз сиёсатҳои оқои Тромп ва ин таҳримҳое, ки шурӯъ кард ва ё ин ки оқои Раҳмон пули бештаре аз кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс бигирад, интиқодҳо ва тӯҳматҳо ба самти Ҷумҳурии Исломии Эрон тағйир кард.

Дар ин миён ҳам барои ин ки аз ин зарфият ҳам истифода кунад ва ҳам такфириҳо ва ваҳҳобиҳоро низ бо худ дошта бошад, ба наҳзат тӯҳмати шиъа ва шиъагариро зад. Ҳол он ки ҳама медонанд ва худи оқои Раҳмон беҳтар медонад, ки наҳзати исломӣ як ҳаракати мардумӣ, суннӣ ва ҳанафӣ буда ва иншоаллоҳ боқӣ хоҳад монд. Ёдашон наравад, ки номаи банда дар назди риёсати ҷумҳурӣ ҳаст, ки аввалин бор худи ман ба давлат пешниҳоди баргузории як ҷашнвораи бузурги Имом Абӯҳанифа (р)-ро пешниҳод карда будам. Аммо баъдҳо давлат онро мусодира кард ва наҳзатро ба он ҷашнвораҳо роҳ надод ва имрӯз худаш шудааст пуштибони мазҳаби ҳанафӣ ва наҳзатро муттаҳам мекунад ба шиъагароӣ, ки мардум ҳам медонанд ҳадаф аз он чист.

Тасним: Дар давраи ҳиҷрат чаро фаъолони наҳзат кишварҳои урупоиро интихоб карданд ва ба Эрон наёмаданд? Ба ҳар тартиб, бадеҳӣ аст, ки дар Эрон шароити беҳтаре дар муқоиса бо Урупо барои наҳзат фароҳам буд.

Кабирӣ: Вақте, ки ин мусибат бар наҳзат ворид шуд, аъзои наҳзат ва тарафдорони он хеле барояшон масъала набуд, ки кадом кишвар онҳоро мепазирад. Агар Ҷумҳурии Исломии Эрон ин омодагиро медошт ва шароити он замон иҷоза медод, ман шак надорам аксарияти ин афрод ба далели иштирокоти динӣ, фарҳангӣ ва забонӣ Эронро интихоб мекарданд. Табиӣ аст, ки гузинаи аввали мо Эрон буд. Аммо дар ин ҷо ҳам Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири ин ки танишҳо байни Эрон ва Тоҷикистон ба вуҷуд наёяд ва бештар нашавад, боз ҳам мо назарамон ин буд, ки биравем ба кишварҳое, ки ин мушкилот камтар шавад.

Агар ҳузури мо дар Эрон бештар мешуд, шояд Раҳмон далели бештаре медошт барои тохтан бар Эрон ва мо ҳам манфиатдори ин танишҳо ва бархӯрдҳои манфӣ нестем. Яке аз далоили умдае, ки мо ва дигар раҳбарони наҳзат Урупоро интихоб кардем ҳамин буд. Гузинаи дуввуми мо ҳам Туркия буд, ба хотири он ки ҳам иштирокоти динӣ ва фарҳангии зиёде доштем, ва ҳам ин ки бидуни визо мешавад ба ин кишвар сафар кард.

Аммо ҳам шароити амниятӣ дар он замон дар Туркия бад буд ва ҳам ин ки ба далели фишорҳои давлати Тоҷикистон давлати Туркия аз мо хост, ки кишвари дигареро интихоб кунем. Вақте, ки ҳизб ва ҳаракат таҳти фишор қарор мегирад, барояш муҳим он аст, ки ҷое бошад, ки дар он ҷо амнияташ таъмин аст ва озодии фаъолият дошта бошад. Ин кишвар метавонад Урупо ё ғайри Урупо бошад. Аммо табиӣ аст, ки барои як ҷараёни исломӣ, он ҳам аз тоҷикон, наздиктарин кишвар, кишварҳои мусалмон ҳастанд, ки иштирокоти фарҳангӣ ва забонӣ дошта бошанд.

Тасним: Фикр мекунам ҳузури шумо дар конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ ҳам дар ҳамон замон буд, ки хеле ҳошиясоз шуд ва давлати Тоҷикистон эътирозоти шадиде кард.

Кабирӣ: Бале, давлати Тоҷикистон аз ширкати ман дар ин конфронс ва як мулоқоти кӯтоҳе, ки бо раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон доштам, чӣ қадар мушкилот тарошид. Дар сурате, ки ман ҳатто қабл аз сафар ба Эрон ва баъд аз он дар даҳҳо конфронси дигари байналмилалӣ ширкат кардам ва Раҳмон на танҳо ин ҳассосиятро нишон надод, балки ҳатто ҷасорати даъвати як сафир ва фиристодани як баёнияи эътирозиро надошт ба ин кишварҳо.

Тасним: Чанде пеш оқои Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, дар мусоҳибае бо Тасним гуфта буданд, ки наҳзат дар ҳоли тадорук барои шаклдиҳӣ ба иттиҳоди опозисиюн мушобеҳи даҳаи 1990 дар хориҷ аз кишвар аст. Дар бораи ин барнома бигӯед.

Кабирӣ: Шароити имрӯз комилан бо 25 сол пеш мутафовит аст. Он замон танҳо ду нуқтаи доғ дар ҷаҳони ислом буд: яке Тоҷикистон ва дигаре ҳавзаи Болкон, ки тамоми ҷаҳони ислом талош мекарданд, ки ин ду нуқтаро кӯмак кунанд. Ҳатто дар масъалаи пуштибонӣ аз наҳзат ва мардуми мусалмони тоҷик, байни кишварҳои исломӣ як навъ рақобат эҳсос мешуд. Алъон аммо вазъият комилан фарқ мекунад ва даҳҳо нуқтаи инчунинӣ вуҷуд дорад ва кишварҳо низ каме фосила гирифтаанд аз ин рӯйкард, ки аз наҳзатҳо ва ҳаракатҳои исломӣ ҳимоят шавад.

Нуктаи дигар ин аст, ки мо дар масофати дуре аз Тоҷикистон қарор дорем, аммо он замон дар ҳамсоягии Тоҷикистон будем. Ин буд, ки дар муддате кӯтоҳ нерӯҳои опозисиюн 40 дарсад аз хоки Тоҷикистонро ба тасарруфи худ дароварданд, ки кӯмаки бузурге ба раванди музокирот дошт. Аммо алъон танҳо коре, ки опозисиюни тоҷик мекунад, истифода аз равишҳои нарми диплумотик, расонаӣ ва ҳуқуқи башарӣ аст. Наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар нерӯҳои ҳамсӯ ва шарик аз он истифода карда ва барномаҳое дорем.

Тасним: Пас наҳзат ба дунболи як эътилофи сиёсӣ аст?

Кабирӣ: Мо мӯътақидем, ки ҳеч нерӯи опозисиюн дар Тоҷикистон наметавонад мушкилро ба танҳоӣ ҳал кунад. Балки ин масъала бояд на танҳо бо нерӯҳое, ки дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон худро мухолиф эълом мекунанд, балки бо ҳузури нерӯҳо ва чеҳраҳои муассире, ки дар дохили кишвар ҳузур доранд, бояд ҳал шавад. Мо ҳам омодаи музокира бо онҳо ҳастем ва ин дарро набастаем ва мутмаин ҳастем, ки шариконе аз дохил ҳам пайдо хоҳад шуд, ки нишонаҳояш албатта эҳсос мешавад.

Аммо ба ҳеч ваҷҳ, мо ин равандро ба сурати тасаннуъӣ намехоҳем ва ё ин ки онро суръат бибахшем ва бигӯем мо омодагии онро дорем. Омодагии равонӣ ҳаст байни тамоми неӯҳои опозисиюн, машваратҳо идома доранд, аммо нигоҳи мо ин аст, ки мо ба ин натиҷа дар як раванди табиӣ бирасем, ки тамоми ақшор ва нерӯҳо дар он эътилоф ё сохтори муштарак барои худ ҷойгоҳ пайдо кунанд ва эҳсос кунанд, ки ин эътилоф моли онҳо ҳам ҳаст ва танҳо тавассути он метавонанд ба аҳдофи худ бирасанд. Алъон албатта каме сахт аст сухан гуфтан дар бораи он, аммо машваратҳо ва омодагӣ идома дорад ва ҳар вақт замонаш фаро бирасад, бо ҷомеаи байналмилалӣ дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард.

Тасним: Аз фароянди бозёбии наҳзат ва ҳавзаҳои фаъолияти пеши рӯи он бигӯед. Наҳзат ҳол, ки то ҳудуде худро бозёбӣ карда, барномааш чист?

Кабирӣ: Мо тоза аз марҳилае, ки монанди як шок хеле бароямон сангин буд хориҷ шудаем. Вақте ин вазъият ба вуҷуд омад ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ҳам ҳозир набуд кӯмак кунад, дар як ҳолати душвор қарор доштем. Аммо бо кӯмаки Худованд ва бо дастгирии мардум, ба хусус бародарон ва хоҳароне, ки ин шабу рӯзҳо бо мо ҳастанд, мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи тақрибан дусола худро бозсозӣ кунем ва алъон наҳзат тақрибан марҳилаи бозсозиро тамом кардааст. Мо фаъолияти худро дар се замина роҳандозӣ кардаем, ки ҳавзаҳои расона, ҳуқуқи башар ва диплумотикро шомил мешавад.

Тасним: Ба назар мерасад натоиҷе ҳам дошта ин фаъолиятҳо. Аз иқдомоти наҳзат дар бораи парвандаи оқои Муҳаммадалӣ Ҳаит ва парвандаи худатон ва дигар аъзои наҳзат дар Интерпол бигӯед. Ин муваффақиятҳо чӣ тавр ба даст омаданд?

Кабирӣ: Бале, наҳзат ахиран муваффақиятҳои бузурге доштааст. Яке аз онҳо рафтани парвандаи муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оқои Муҳаммадалӣ Ҳаит ба Созмони Милал буд, ки ахиран гурӯҳи кории Созмони Милал натиҷаи худро эълом кард, ки билофосила эшон бояд озод шуда ва аз сӯи давлати Тоҷикистон барояш ғаромат пардохт шавад.

Ин як пирӯзии диплумотики бисёр бузурге барои наҳзат ва ҳамроҳонаш буд. Вақте парвандаи Муҳаммадалӣ Ҳаит ба ин самт рафт, маънои он ин аст, ки тамоми бародарони мо, ки бо парвандае муштарак бо Муҳаммадалӣ Ҳаит ба зиндон рафтанд, ин ҳукмро аз Созмони Милал доранд. Аммо агар ойинномаи Созмони Милал иҷозаи баррасии парвандаҳои дастаҷамъиро медод, шакке набуд, ки тамоми хоҳарон ва бародарони наҳзатӣ парвандаҳояшон шомили ин натиҷа мешуд. Аммо чун мо маҷбур ҳастем парвандаи ҳар касро ба танҳоӣ ва инфиродӣ бибарем, каме замон хоҳад бурд. Ин як пирӯзӣ нишон медиҳад, ки наҳзат бо вуҷуди ин ҳама душворие, ки ҳаст дар буъди байналмилалӣ корҳояш хуб пеш меравад ва натиҷа медиҳад.

Парвандаи худи банда дар Интерпол низ дар ҳамин росто қобили зикр аст. Ахиран, ҳам Интерпол ва ҳам созмонҳои байналмилалии дигар ин масъаларо ҳал карданд ва на танҳо исми банда, балки исми бисёре дигар аз аъзои наҳзат аз листи Интерпол бардошта шуд. Ин маънии онро дорад, ки наҳзат бо он ривояти Раҳмон ҳамчун як нерӯи теруристӣ шинохта нашуда ва намешавад.

Инҳо моро умедвор мекунад то дар марҳилаи баъдӣ бо барномаҳои бештар ва ҷиддитар мубориза кунем. Ахиран худамон ҳам дар наҳзат ба ин натиҷа расидаем, ки бояд сӯҳбатҳои рӯзонаи худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва тавассути расонаҳо бо миллати тоҷик бештар кунем ва худи банда ҳам чандин бор ин сӯҳбатҳоро бо миллати тоҷик анҷом додаам, ки алҳамду лиллоҳ бозтобҳои хеле хубе дошт ва ин масирро идома хоҳем дод.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Гуфтугӯ, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: