Перейти к содержимому

Инсони комил (15)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Иҷмоли назариёти макотиби мухталиф дар бораи инсони комил (2)

Мактаби заъф

Ҳамон тавр, ки мактаби ақл нуқтаи муқобиле дошт, ки мункири он буд, ва мактаби ишқ ҳам нуқтаи муқобиле дошт, ки як идда асосан ин ҳарфҳоро аз хаёлоту авҳом медонистанд, мактаби қудрат ҳам нуқтаи муқобил дорад. Баъзе дар ҳадди ифрот қудратро таҳқир кардаанд ва асосан камоли инсонро дар заъфи ӯ донистаанд. Аз назари инҳо, инсони комил яъне инсоне, ки қудрат надорад, зеро агар қудрат дошта бошад, таҷовуз мекунад. Саъдии худамон дар як рубоӣ чунин иштибоҳи бузурге кардааст, мегӯяд:

Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд,

На занбӯрам, ки аз нешам биноланд.

Мегӯяд, ман он мӯрчае ҳастам, ки зери по лагадам мекунанд, занбӯр нестам, ки неш бизанам ва аз нешам нола кунанд.

Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,

Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

На, оқои Саъдӣ! Магар амр доир аст, ки инсон ё бояд мӯр бошад ва ё занбӯр, ки мегӯӣ ман аз миёни мӯр будан ё занбӯр будан, мӯр буданро интихоб мекунам? Ту на мӯр бош, ки зери дасту по леҳ шавӣ ва на занбӯр бош, ки ба касе неш бизанӣ. Саъдӣ ин тавр бояд мегуфт:

На он мӯрам, ки дар поям бимоланд,

На занбӯрам, ки аз нешам биноланд.

Чӣ гуна шукри ин неъмат гузорам,

Ки дорам зӯру озоре надорам.

Агар одам зӯр дошта бошад ва озоре надошта бошад, ҷои шукр дорад, вагарна агар зӯр надошта бошад ва озор ҳам надошта бошад, мисли ин мешавад, ки шох надорад ва шох ҳам намезанад. Агар шох доштӣ ва шох назадӣ, он вақт ҳунар кардаӣ.

Саъдӣ дар ҷои дигар мегӯяд:

Бидидам обиде дар кӯҳсоре,

Қаноат карда аз дунё ба ғоре.

Чаро, гуфтам, ба шаҳр андар наёӣ,

Ки боре банд аз дил баргушоӣ?

Обидеро, ки ба кӯҳе паноҳ бурда ва он ҷо машғули ибодат аст, тавсифу тамҷид мекунад. Мегӯяд: ман ба ӯ гуфтам, ки ту чаро ба шаҳр намеойӣ, ки ба мардум хидмат кунӣ? Обид як узре меоварад. Саъдӣ ҳам сукут мекунад, мисли ин ки узри обидро қабул кардааст. Мегӯяд:

Бигуфт: он ҷо парирӯёни нағзанд,

Чу гил бисёр шуд, пилон билағзанд.

Парирӯёни нағз дар шаҳр ҳастанд; агар чашмам ба онҳо биафтад, ихтиёри худамро надорам ва наметавонам худамро забт кунам, омадаам худамро дар домани ғор ҳабс кардаам. (1)

Мошоаллоҳ ба ин камол! Одам биравад худашро якҷо ҳабс кунад (ки ба камол бирасад?), ин ки камол нашуд. Оқои Саъдӣ! Қуръон аҳсанулқасасро барои шумо нақл кардааст. Аҳсанулқасаси Қуръон достони Юсуф аст. Достони Юсуф достони:

إِنَّهُ مَن يَتَّقِ وَيِصْبِرْ

Бе гумон, ҳар ки тақво ва сабр пеша кунад…» Сураи Юсуф, ояти 9) аст. Яъне Қуръон мегӯяд: ту ҳам Юсуф бош! Тамоми имконот ва шароит барои комҷӯӣ фароҳам шуда ва ҳатто роҳи фирор бастааст, вале дар айни ҳол, иффати худро ҳифз мекунад ва дарҳои бастаро ба рӯи худ боз мекунад. Юсуф ҷавоне ъазб (муҷаррад) ва бидуни зан ва дар ниҳоят дараҷаи зебоӣ аст. Ба ҷои ин ки ӯ суроғи занҳо биравад, занҳо суроғи ӯ меоянд. Рӯзе нест, ки садҳо нома ва пайғом барои ӯ наёяд, ва аз ҳама болотар ин ки муташаххистарини занони Миср ошиқи ӯ шудааст. Шароитро фароҳам карда ва хатари ҷонӣ барои ӯ эҷод карда, ки ё ком медиҳӣ ва ё туро ба куштан хоҳам дод ва хуни туро хоҳам рехт. Аммо Юсуф чӣ мекунад? Даст ба сӯи Худо бармедорад ва мегӯяд:

قَالَ رَبِّ السِّجْنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدْعُونَنِي إِلَيْهِ

«Парвардигоро! Зиндон барои ман аз он чи ин занҳо маро ба сӯи он даъват мекунанд беҳтар аст…» (Сураи Юсуф, ояти 33) Худоё! Маро ба зиндон бифирист, вале ба чанголи ин занҳо гирифтор макун; имкон ва қудрати эъмоли шаҳват дорам, вале намекунам. Қуръон ин тавр таълим медиҳад.

Бинобар ин, камоли инсон дар заъфи инсон нест, гарчи гоҳе дар адабиёти мо аз ин навъ ҳарфҳо дида мешавад, ки камоли инсонро дар заъфи инсон муаррифӣ мекунанд. Ҳатто Боботоҳир дар яке аз ашъори худаш ҳаминро мегӯяд:

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,

Ҳар он чи дида бинад, дил кунад ёд.

То ин ҷо дуруст аст, вале баъд мегӯяд:

Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод,

Занам бар дида то дил гардад озод.

Ҳар чи мебинам, дилам мехоҳад. Барои ин ки дилро роҳат кунам, як ханҷар мехоҳам, ки бо он худро кӯр кунам, то дилам роҳат шавад. Хуб, як чизҳоеро ҳам мешунавӣ ва боз дилат мехоҳад. Пас як ханҷар ҳам бояд дар гӯшҳоят фурӯ кунӣ! Ахта ҳам, ки қатъан бояд бишавӣ, то худатро роҳати роҳат карда бошӣ! Баъд мешавӣ шери бе думу сару ишкаме, ки Мавлавӣ дар Маснавӣ нақл мекунад. (2) Аҷаб инсони комиле Боботоҳир дуруст карда! Инсони комили Боботоҳир дигар хеле олӣ мешавад! Инсоне, ки на даст дорад, на по дорад, на чашм дорад, на гӯш дорад ва ҳеч чизи дигаре ҳам надорад.

Мо аз ин навъ дастуруламалҳо ва ахлоқҳои заъифпарвар ва данипарвар дар гӯшаву канори адабиёти худамон зиёд дорем, вале бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки башар иштибоҳ мекунад ва ҳамеша дар ҳоли ифроту тафрит аст. Аз ин ҷо инсон мефаҳмад, ки воқеан ислом наметавонад ҷуз аз ноҳияи Худо бошад. Агар одам Суқрот бошад, як гӯшаро мегирад ва иштибоҳ мекунад, Афлотун як гӯшаро мегирад ва иштибоҳ мекунад, Бӯалӣ Сино як гӯшаро мегирад, Муҳйиддини Арабӣ ва Мавлавӣ як гӯшаро мегиранд, Ниче як гӯшаро мегирад, Корл Моркс як гӯшаи дигарро мегирад, Жон Пул Сортр як гӯшаи дигарро мегирад. Он вақт чӣ тавр метавонад пайғамбар як башар бошад ва ин гуна мактабаш ҷомеъ ва олӣ ва мутараққӣ бошад?! Гӯӣ инҳо ҳама як идда бачча ҳастанд, ҳарфҳояшонро задаанд ва дар ниҳояти амр як муаллим ҳарфи худро мегӯяд, он ҳам чӣ қадр роқӣ ва олӣ!

* * *

Мактаби муҳаббат (мактаби маърифат)

Мактаби дигаре дар мавриди инсони комил вуҷуд дорад, ки онро, ҳам метавон мактаби муҳаббат номид ва ҳам мактаби маърифат ба маънои маърифатуннафс.

Аз чанд ҳазор сол пеш дар шарқи Осиё афкору андешаҳои бисёр баланде вуҷуд дошта, ки алъон ҳам китобҳои бисёр қадимии ҳиндӣ — ки ба форсӣ ҳам тарҷума шуда — вуҷуд дорад, мисли Упонишодҳо, ки фавқулъода олӣ аст.

Устоди бузургвори мо Алломаи Таботабоӣ вақте дар чандин сол пеш барои аввалин бор Упонишодҳоро хонда буданд, хеле эъҷоб доштанд ва мегуфтанд, ки матолиби бисёр-бисёр баланде дар ин китобҳо ҳаст, ки камтар мавриди таваҷҷӯҳ аст.

Дар ин мактаб, меҳвари ҳамаи камолоти инсон худшиносӣ аст. Ин мактаб мегӯяд: худатро бишнос. Албатта “худатро бишнос”-ро Суқрот ҳам гуфтааст ва ҳамаи пайғамбарон ҳам гуфтаанд. Пайғамбари ислом ҳам фармудааст, ки:

من عرف نفسه فقد عرف ربه

Вале дар ин мактаб фақат рӯи ҳамин нукта такя шудааст, ки худатро бишнос.

Китобе тарҷума шудааст, ки дабардорандаи теъдоде аз мақолот ва номаҳои Гондӣ аст ба номи «Ин аст мазҳаби ман«, ки ба назари ман китоби хубе аст. Гондӣ дар ин китоб мегӯяд: ман аз мутолеаи Упонишодҳо ба се асл пай бурдам, ки ин се асл барои ман як умр дастуруламали зиндагӣ буд. Аввалин асле, ки Гондӣ зикр мекунад ин аст: танҳо як ҳақиқат дар олам вуҷуд дорад, ва он шинохтани нафс аст, (3) худатро бишнос! Гондӣ бар асоси ҳамин матлаб, ба қадре зебо ба дунёи фаранг ҳамла мекунад (он ҷо, ки) мегӯяд: “Фарангӣ дунёро шинохта ва худашро нашнохта ва чун худашро нашнохта, ҳам худашро бадбахт кардааст ва ҳам дунёро”, ва аҷиб дар ин ҷо доди сухан медиҳад ва суханаш фавқулъода олӣ аст.

Асли дуввум: ҳар ки худро шинохт, Худоро ҳам мешиносад ва дигаронро ҳам мешиносад.

Асли севвум: фақат як нерӯ ва як озодӣ ва як адолат вуҷуд дорад, ва он, нерӯи тасаллут бар хештан аст. Ҳар кас бар хештан мусаллат шуд, бар ашёи дигар мусаллат мешавад ва дуруст ҳам мусаллат мешавад. Ва танҳо дар дунё як некӣ вуҷуд дорад, ва он, дӯст доштани дигарон монанди дӯст доштани хеш аст, ва ба иборати дигар, дигаронро бояд монанди худ ангорем.

Инҳо мақсудашон аз “маърифат” ҳамон маърифатуннафс (шинохтани худ) аст. Медонед дар фалсафаи ҳиндӣ масъалаи “муроқиба” ва дар худ фурӯ рафтан матраҳ аст. (4) Асоси фалсафаи ҳиндӣ бар шинохтани нафс ва муроқиба ва тарди хотирот ва кашфи ҳақиқати “худ” аст, ва аз шинохтани худ, муҳаббат пайдо мешавад.

Пас, инсони комил дар ин мактаб яъне инсоне, ки худро бишносад, ки агар худро шинохт, бар худ мусаллат мешавад ва баъд, ки бар худ мусаллат шуд, нисбат ба дигарон муҳаббат пайдо мекунад. Ҳол мехоҳед исми ин мактабро “мактаби маърифат” бигузоред ва ё «мактаби муҳаббат”.

* * *

Ду мактаби дигар

Дар ду се қарни ахир як силсила мактабҳои дигар пайдо шудааст, ки инҳо бештар ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ гароиш пайдо кардаанд, на ба ҷанбаҳои фардӣ. Яке инсони комилро инсони бетабақа медонад; мӯътақид аст, ки агар инсоне дар табақае бошад — махсусан дар табақаҳои олитар — ҳамеша як инсони маъюб аст ва балки дар ҷомеаи табақотӣ ҳеч вақт инсони дурусту солим вуҷуд надорад. Ин мактаб ба инсони комили идеол ҳам чандон мӯътақид нест, чун барои инсон мақоми зиёде қоил нест. Инсони комил аз назари ин мактаб яъне инсони бетабақа, инсоне, ки ҳамеша бо инсонҳои дигар дар вазъе мусовӣ зиндагӣ кунад.

Баъзе дигар бештар рӯи масъалаи озодӣ ва огоҳии инсон — ки манзурашон аз огоҳӣ, бештар огоҳиҳои иҷтимоӣ аст — такя кардаанд. Мактаби экзистентсиализм такяаш бештар рӯи озодӣ ва огоҳӣ ва масъулиятҳои иҷтимоӣ аст. Аз дидгоҳи ин мактаб, инсони комил яъне инсони озод, инсони огоҳ, инсони мутааҳҳид, инсони масъул, ва лозимаи озодӣ ҳолати пархошгарӣ ва исёнгарӣ аст.

* * *

Мактаби бархӯрдорӣ

Дар ин миён метавон гуфт, мактаби дигаре ҳам вуҷуд дорад, ва он, мактаби “бархӯрдорӣ” аст, ки ба мактаби қудрат хеле наздик аст. Мегӯянд: ин ки бояд “инсони комил ҳаким бошад”, “инсони комил ба Худо бирасад” ва чунину чунон бошад, ҳама ҳарф аст ва фалсафабофӣ. Агар мехоҳӣ ба камоли инсонии худат бирасӣ, кӯшиш кун, ки бархӯрдор бошӣ. Ҳар чи аз мавоҳиби хилқат бештар бархӯрдор бошӣ, комилтар ҳастӣ. Аслан инсони комил яъне инсони бархӯрдор. Аз ин рӯ, касоне, ки камоли инсонро ба илм медонанд (на ба ҳикмат) ва илмро ҳам иборат аз шинохти табиат медонанд ва шинохти табиатро ҳам барои тасаллут бар табиат ва барои ин ки табиат дар хидмати инсон қарор гирад ва инсон аз он баҳра барад, дар охир, ҳарфашон ба ин бармегардад, ки арзиши илм барои инсон, як арзиши василаӣ аст, на арзиши зотӣ. Илм барои инсон аз ин ҷиҳат хуб аст, ки василаи тасаллути инсон бар табиат аст ва табиатро мусаххари инсон қарор медиҳад ва дар натиҷа инсон беҳтар аз табиат баҳраманд ва мустафиз ва бархӯрдор мешавад. Пас, агар мехоҳед инсонҳоро ба камол бирасонед, бояд кӯшиш кунед онҳоро ба бархӯрдорӣ аз табиат бирасонед, ва камоле ҳам ғайр аз бархӯрдорӣ аз табиат вуҷуд надорад, ва ин ки барои илм арзиши зотӣ ва камоли зотӣ ва ин ҳама қадосатҳо қоил шудаанд, ҳама ҳарф аст. Илм як абзор бештар нест, илм барои башар назири шох аст барои гов, назири дандон аст барои шир.

* * *

Инҳо як силсила назариёт аст, ки назари исломро дар бораи ҳар як ба тафсил баён хоҳам кард, ки ислом барои ақл чӣ қадр арзиш қоил аст, барои он чи онҳо ишқ меноманд чӣ қадр арзиш қоил аст ва барои қудрат, масъулиятҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи бетабақа чӣ қадр арзиш қоил аст. Ҳар кадом аз инҳо достони муфассале дорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Албатта Саъдӣ зидди ин матлабро ҳам дар ҷои дигар гуфтааст:

Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ,

Бишкаст аҳди сӯҳбати аҳли тариқро.

Гуфтам: миёни олиму обид чӣ фарқ бувад,

То ихтиёр кардӣ аз он ин фариқро?

Гуфт: он гилеми хеш бурун мебарад зи мавҷ,

В-ин саъй мекунад, ки бигирад ғариқро…

Дар фарқи олиму обид, ҳарфи дурусте гуфтааст.

(2) Шери бе думму сару ишкам кӣ дид?

Инчунин шере Худо кай офарид?

(3) Дар тарҷумаи форсӣ навишта шуда: «ва он, шиносоии “зот “ аст.» Вале дар тарҷума иштибоҳ шудааст. Зоту нафс хеле ба ҳам наздик аст, аммо “зот “ дар форсӣ ин маъноро намедиҳад. Бояд дар тарҷумаи форсӣ гуфта мешуд: «шиносоии нафс…»

(4) Албатта ҳоло ба сурати риёзатҳои шоққа ва корҳои ҷукиҳо даромада ва чизҳои дигаре дар он пайдо шудааст. Ман инҳоро намегӯям.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: