Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (290)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (33)

* * *

Ҳақиру бехасм дидани дидаҳои ҳис Солеҳ ва ноқаи Солеҳро. Чун хоҳад, ки Ҳақ лашкареро ҳалок кунад, дар назари эшон ҳақир намояд хасмонро ва андак, агарчи ғолиб бошад он хасм. Ва «Юқалликум фӣ аъюуниҳим лияқзиаллоҳу амран кона мафъулан» (3)

* * *

Гуфт Солеҳ: «Чунки кардед ин ҳасад,

Баъди се рӯз аз Худо ниқмат расад.

Баъди се рӯзи дигар аз Ҷонситон

Офате ояд, ки дорад се нишон:

Ранги рӯйи ҷумлатон гардад дигар,

Ранг ранги мухталиф андар назар.

Солеҳ (а) гуфт: эй қавм! Чунки шумо ин гуна ҳасад варзидед, мунтазир бошед, ки пас аз се рӯз кайфару уқубати Худо шуморо бигирад. Пас аз се рӯз, аз тарафи Худованде, ки ситонандаи ҷонҳост, офате ояд, ки се нишона дорад: рангу рӯйи ҳамаи шумо дигаргун шавад ва ба рангҳои мухталиф дида шавед.

Ниқмат: азоб, кайфар, ранҷу сахтӣ. Ҷонситон: ситонандаи ҷон, қабзи руҳкунанда.

Рӯзи аввал рӯятон чун заъфарон,

Дар дувум рӯ сурх ҳамчун арғувон.

Дар севум гардад ҳама рӯҳо сиёҳ,

Баъд аз он андар расад қаҳри Илоҳ.

Рӯзи нахуст, рӯи шумо монанди заъфарон зард шавад, аммо рӯзи дуввум рухсоратон монанди арғувон сурх гардад. Дар рӯи севвум, ҳамаи рӯҳои шумо сиёҳ гардад ва пас аз он, қаҳри Худо даррасад.

Заъфарон: гиёҳе аст дорои гулҳои зарду хушбӯ, шабеҳи гули лола, ки торҳои нозуки зардранг миёни онҳо қарор дорад. Арғувон: дарахте аст дорои баргҳои гирду гулҳои сурхранг, дар аввали баҳор қабл аз он ки баргҳояш бирӯяд, гул медиҳад ва пур аз гулҳои сурх мешавад.

Нукта: Мегӯянд, ки чун қавми Самуд ноқаро куштанд, хабар ба Солеҳ расид ва аз фарти андӯҳ бигирист ва Солеҳ ба қавм се рӯз мӯҳлат дод. Чун бомдод бархостанд, чеҳраи худро зард диданд ва рӯзи дигар чеҳраи худро сурх диданд ва рӯзи дигар сиёҳ. Бад-ин сон донистанд, ки азоби мавъуд ҳатмӣ аст. Дар ривояти дигар вақте ноқаро куштанд, ҳаросон назди Солеҳ омаданд ва маъзарат хостанд. Солеҳ гуфт: агар баччаи ӯро пайдо кунед, аз азоб хоҳед раст. Қавм ҳар чи дунболи баччаи ноқа давиданд, натавонистанд бад-ӯ расид. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.755-756)

Гар нишон хоҳед аз ман з-ин ваъид:

Курраи ноқа ба сӯйи кӯҳ давид,

Гар тавонедаш гирифтан, чора ҳаст,

В-арна худ мурғи умед аз дом ҷаст».

Агар аз хашми ин ваъиду таҳдид, аз ман нишоне мехоҳед, бибинед, ки баччаи он ноқаи худоӣ ба сӯи кӯҳ хоҳад давид. Агар тавонистед он баччаи ноқаро бигиред, барои халосӣ чоре аст, вагарна мурғи умед аз дом ҷастааст.

Кас натонист андар он курра расид,

Рафт дар кӯҳсорҳо, шуд нопадид.

Касе натавонист он баччаи ноқаро бигирад, ва он баччаи ноқа рафт ва дар миёни кӯҳҳо нопадид шуд.

Гуфт: «Дидет он қазо мубрам шудаст,

Сурати уммедро гардан задаст?

Курраи ноқа, чӣ бошад хотираш,

Ки баҷо оред з-эҳсону бираш.

Гар баҷо ояд дилаш, растед аз он

В-арна навмедету соъидро газон».

Солеҳ ба он қавм гуфт: дидед, ки он қазои илоҳӣ муқаррар шудааст ва гардани умедро задааст. Яъне орзу ва умед ба наҷотро табоҳ сохтааст ва дигар маҷоле барои шумо нест. Баччаи ноқа чист? Ҳамон хотири Солеҳ (а) аст, ки ба эҳсону некӣ дар ҳаққаш онро баҷо биёваред. Хулоса, ризояти хотири ӯро фароҳам кунед. Агар дилаш баҷо омад, яъне агар аз шумо розӣ шуд, аз азобу ъиқоб растаед, вагарна аз халос шудан ноумеду маҳрум хоҳед шуд ва дар он ҳол аз фарти ноумедӣ ва надомат дасти худро хоҳед газид.

Мубрам: собит ва қотеъ. Газидани соъид: киноя аз пушаймон шудан.

Чун шуниданд он ваъиди мункадир,

Чашм бинҳоданду онро мунтазир.

Рӯзи аввал рӯйи худ диданд зард,

Мезаданд аз ноумедӣ оҳи сард.

Сурх шуд рӯйи ҳама рӯзи дувум,

Навбати уммеду тавба гашт гум.

Шуд сияҳ рӯзи сеюм рӯйи ҳама,

Ҳукми Солеҳ рост шуд бе малҳама.

Ҳамин ки он қавм ин ваъдаи тираву торро шуниданд, чашм ба зуҳури он азоб дӯхтанд ва дар интизораш нишастанд. Рӯзи нахуст, рухсорҳои худро зард диданд ва аз ноумедӣ оҳи сард аз ниҳодашон бармекашиданд. Рӯзи дуввум, рухсораи ҳамаи онон сурх гашт, ва дигар ҷои умеду тавба барои онон боқӣ намонд. Рӯзи суввум, рухсораи он кофирон сиёҳ гашт. Пас, ҳукми Солеҳи паёмбар (а) бе чуну чаро воқеъ шуд.

Мункадир: тираву тор. Малҳама: ҳодисаи бузург.

Чун ҳама дар ноумедӣ рад шуданд,

Ҳамчу мурғон дар ду зону омаданд.

Вақте он қавм ҷумлагӣ ноумед шуданд, ҳамонанди мурғон рӯи ду зону афтоданд.

Дар нубӣ овард Ҷабрили Амин

Шарҳи ин зону заданро ҷосимин.

Ҷабраили Амин (а) дар Қуръони Карим шарҳи ин зону заданро бо таъбири «ҷосимин» овардааст.

Нубӣ: Қуръон. Ҷосим: бар заминафтода ва ҳалокшуда, ба зону даромада.

Нукта: «Ҷосимин» ишора дорад ба ояти 78 сураи Аъроф:

فَأَخَذَتْهُمُ الرَّجْفَةُ فَأَصْبَحُواْ فِي دَارِهِمْ جَاثِمِينَ

«Пас қавми Самудро бонги осмонӣ фурӯ гирифт ва з-он пас ҳама дар бомдод ба ҷои худ мурда ва бар замин афтода буданд

Зону он дам зан, ки таълимат кунанд

В-аз чунин зону задан бимат кунанд.

Он ҳангом бар замин зону бизан, ки мавриди таълимат қарор медиҳанд ва туро аз ин гуна зону задан ва шуюни бемавқеъ метарсонанд.

Мунтазир гаштанд захми қаҳрро,

Қаҳр омад, нест кард он шаҳрро.

Қавми Самуд мунтазири захми қаҳри худовандӣ шуданд, ки он қаҳр расид ва он шаҳру диёру сокинонашро нобуд кард.

Солеҳ аз хилват ба сӯйи шаҳр рафт,

Шаҳр дид андар миёни дуду тафт.

Солеҳ аз хилват ба ҷониби шаҳр равон шуд ва шаҳрро дар миёни дуду ҳарорати сӯзон дид.

Тафт: гармӣ ва ҳарорат.

Нола аз аҷзои эшон мешунид,

Навҳа пайдо, навҳагӯён нопадид.

Солеҳ аз аҷзоъи рез-рези парокандаи онон нолаву фиғон шунид, нола ба гӯш мерасид, вале нолакунандагон нопайдо буданд.

Навҳа: шуюну зорӣ.

З-устухонҳошон шунид ӯ нолаҳо,

Ашки хун аз ҷонашон чун жолаҳо.

Солеҳ (а) аз устухонҳои он қавм нола шунид ва аз ҷонашон ҳамонанди жола ашки хун фурӯ мечакид.

Жола: шабнам, қатраҳое, ки рӯи барги гул ё гиёҳ нишинад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: