Перейти к содержимому

Оё Мавлоно мехост Худоро аз «вазифаи худоӣ» бекор кунад?

Чанд мулоҳизаи кӯтоҳ ба мақолаи «Ҷалолиддини Румӣ дар талоши инсони худшинос» аз Комил Бекзода

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар гумон меравад, бо суқути Шӯравӣ таҳрифи андеша ва афкори бузургони дин аз ҷумла андешаи урафо ва сӯфия ва ба хусус афроде аз онон, ки андешаҳои ирфониро дар қолаби назм даровардаанд, дар ҷомеаи мо поён ёфтааст, иштибоҳ кардаем. Чунин нест. Балки ҳанӯз ва дар ҳамин рӯзгор низ он андешаҳо таҳриф мешаванд; бо ин тафовут, ки агар дар замони Шӯравӣ ба андешаҳои онон рангу бӯи «сусиёлистӣ» ва «кумунистӣ» дода мешуд, дар ин рӯзгор аммо афроде пайдо мешаванд, ки сибғаи «умонистӣ» ба он афкор мебахшанд; он ҳам бо як такаллуфи аҷибу ғариб.

Ахиран, мақолае дидам аз файласуфи тоҷик, ҷаноби Комили Бекзода дар сомонаи «Равшанфикр» таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ дар талоши инсони худшинос«. Эшон дар ин мақола муддаӣ аст, ки усораи андешаи Мавлоно ин аст, ки ӯ «мегӯяд, ки мо одамон бояд мансаби худоиро соҳиб шавем…«, «танҳо Инсон сазовори мансаби худоист…«, «Пас, Инсонро бояд парастиш кард…»

Ҷаноби Бекзода бардошти худ аз андешаи Мавлоноро ин гуна ироа мекунад (айни иборатҳои эшонро меоварам):

«Аз таҳлили ин мавзӯъ чунин бармеояд, ки зоти Мутлақе, ки Мавлоно ошиқи он аст, аз қисматҳои зерин иборат аст:

Якум. Зот — ин шахсияти худи Мавлоност, зеро «ҳама олам дар як кас аст, чун худро донист, ҳамаро медонад».

Дуюм. Мутлақ — ин сифатест, ки Мавлоно мехоҳад онро соҳиб гардад.

Сеюм. Ҷиҳати фарқкунандаи зоти Мутлақ он аст, ки дорои ҳаёти абадӣ аст. Мавлоно мехоҳад, ки чун Парвардигор (яъне зоти Мутлақ) абадӣ ва ҷовидонӣ бошад.

Чаҳорум. Агар орзуи Мавлоноро аз ин ниқобҳо ва ҳиҷобҳо берун орем, вай мехост, ки Худоро аз вазифаи худоӣ бекор карда, Инсонро ба ин мансаб пешбарӣ кунад.

Панҷум. Ба сабаби он ки даъво дар асл, аз амалияи умумибашарӣ фарсангҳо дур буд, Мавлоно ҷуръат накард, ки онро ошкоро баён намояд…»

* * *

Намедонам, такягоҳи эшон дар ин муддао кадом ишорае аз Мавлоност (то чӣ расад ба тасреҳи Мавлоно), ки ба ҳамин соддагӣ иддао мекунад, ки Мавлоно чунину чунон ақида дошта?! Бале, фаҳми Мавлоно саҳл нест, қабул, ин танҳо оҳод ҳастанд, ки ба дурустӣ ба манзури Мавлоно пай мебаранд, вале чунин ҳам нест, ки ба баҳонаи осон набудани он, ҳар ёва ва чаранде ба унвони «манзури Мавлоно» ироа гардад. Билохира, ҳар чи аз гуфтори Мавлоно, ки ҳаст, ҳаминҳое ҳастанд, ки дар «Маснавӣ«, «Девони Шамс«, «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Маҷолис» омада. Ва агар ихтилофе ҳам дар бардошту тафсири гуфтори ӯ миёни Мавлавишиносон вуҷуд дорад (ки қатъан вуҷуд дорад), ҳама дар чорчӯби усул ва мабонии қатъии андешаҳои Мавлоност, на берун аз он.

Ба сухани дигар, ҷамиъи огоҳон ба афкор ва андешаҳои Мавлоно (яъне Мавлавишиносон) – аз Мавлоно Ҷомӣ ва Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва даҳҳо шореҳони пешини осори Мавлоно бигир то шореҳони муосир амсоли Никелсун ва Абдулҳусайни Зарринкӯб ва Карими Замонӣ ва Устод Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ ва хонум Онеморӣ Шимел ва дуктур Абдулкарими Суруш ва даҳҳо дигар аз муосирон – бо ин ки аҳёнан бардошт ва тафсирҳои мутафовит аз ин ё он гуфтори Мавлоно ироа медиҳанд, вале ҳамагӣ, бидуни истисно, як силсила афкор ва андешаҳои Мавлоноро ба унвони «усул ва мабонии андешаҳои Мавлоно» мешуморанд. Аз ин рӯ, мебинем, тафсирҳои онон ҳаргиз хилофи ин мабонӣ ва усул нестанд, ва асосан наметавонанд хилофи он бошанд.

Ва аз ин назар, ин иддао, ки Мавлоно «Худоро аз вазифаи худоӣ бекор карда, Инсонро ба ин мансаб пешбарӣ кунад«, як иддаои бепояву асос аст, зеро хилофи яке аз барҷастатарин аслу мабнои андешаи Мавлоност; аслу мабное, ки Маснавиро ба он оғозида:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Шореҳони Маснавӣ манзур аз найро “инсони комил” донистаанд, аз он ҷумла Мавлоно Ҷомӣ (дар “Рисолаи ноия”) ва Мавлоно Яъқуби Чархӣ (дар замимаи “Рисолаи ноия”). Мавлоно дар ин ҷо фироқи инсон аз асли худро бо баёне тамсилӣ бозгӯ кардааст.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Яъне аз ҳамон рӯзе, ки маро аз асл ва хостгоҳам (найистон) ҷудо кардаанд, марду зан дар нолаҳои ман нолаҳои чонгудози худро сар додаанд, яъне ҳамроҳи ман аз дарду фироқ нолидаанд. Ба сухани дигар, аз вақте, ки руҳи латифи одамӣ аз мартибаи илоҳӣ ба ин ҷаҳони моддӣ оварда шуд, сахт ғамгин гардид ва иштиёқ дорад, ки ба асли худ баргардад.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Яъне ҳар касе, ки аз асл ва сарчашмаи худ дур афтода бошад, саранҷом ба такопӯ меафтад ва рӯзгори висоли худро меҷӯяд, то ба он ноил шавад.

* * *

Асосан, фаҳми ҷойгоҳ ва мақоми «инсони комил»-и Мавлоно – ва куллан урафо ва сӯфия –, калиди фаҳми кулли андешаи Мавлоност. Роқими ин сатрҳо гумон мекунад, иллати пайдо шудани ин пиндор дар зеҳни ҷаноби Бекзода, ки Мавлоно «Худоро аз вазифаи худоӣ бекор карда, Инсонро ба ин мансаб пешбарӣ кунад«, ин аст, ки эшон суханони Мавлоно (ва куллан урафо) дар бораи «инсони комил»-ро ё аслан нафаҳмида ва ё лоақал дуруст нафаҳмида. Зеро, урафо дар ин замина суханоне доранд, ки агар инсон бо омӯзаҳои ирфон ва тасаввуф нек ошно набошад, баъид нест инчунин пиндоре дар ӯ пайдо шавад.

Тавзеҳ он ки: инсони комил дар назари Мавлоно (ва куллан урафо), халифа ва ноиби Худо дар рӯи замин аст; ба ин маъно, ки чун Худованд зотест дорандаи сифоти камол ва ба гунаи беинтиҳо, аз ин рӯ, инсони комил, ки ҳамон инсонест ороста ба сифоти камолӣ, дар воқеъ ҷилвае аз ҷилваи Ҳақро мемонад. Аз ин рӯ, тамоми ҳаракоту саканоти инсони комил худоӣ аст.

Мавлоно ин мақомро дар дараҷаи аввал аз они Паёмбари Акрам (с) ва сипас анбиёи илоҳӣ дониста ва пас аз эшон мутаъаллиқ ба ақтоб медонад.

Аз дидгоҳи ӯ, мақоми хилофати ҳазрати Расули Акрам (с) ба унвони мазҳари тамом ва аълои инсони комил, мақомест, ки бартар аз он қобили тасаввур намебошад:

Зодаи сонист Аҳмад дар ҷаҳон

Сад қиёмат буд ӯ андар аён.

Ба ҳамин ҷиҳат, кори ҳазрати Паёмбар (с), дар воқеъ кори зоти Ҳақ аст:

«Мо рамайта из рамайт» Аҳмад будаст,

Дидани ӯ дидани Холиқ шудаст.

Яъне партоби ӯ, ҳамон партоби Худост, дидани ӯ ҳамон дидани Худост. Яъне, вақте инсон ба дараҷае аз камол бирасад, ки ҷуз Худо набинад, дар воқеъ тамоми ҳаракоту саканоташ худоӣ мешавад; ҳеч ҳаракату сукуне аз ӯ, ба худаш таъаллуқ надорад, ҳама аз Худост. Аз ҳамин ҷост, ки Мавлоно мегӯяд, мо набояд байни ҳазрати Паёмбар (с) ва Худо ҷудоӣ андозем:

Чун ҷудо бинӣ зи Ҳаққ ин хоҷаро,

Гум кунӣ ҳам матну ҳам дебоҷаро.

Мақоми хилофат, дар дараҷаи баъдӣ, барои соири паёмбарони илоҳӣ низ собит аст:

Чун Худо андар наёяд дар аён,

Ноиби ҳаққанд ин пайғамбарон.

На, ғалат гуфтам, ки ноиб бо мануб,

Гар ду пиндорӣ, қабеҳ ояд, на хуб.

Мегӯяд, ноиб, ки паёмбаронанд ва мануб, ки зоти Ҳақ Таъолост, набояд ду пиндорем.

Ҳамчунин, барои авлиёи Худо низ чунин ҷойгоҳеро қоил аст. Мавлои Румӣ достони Боязиди Бастомӣ ва азимати ӯ барои зиёрати хонаи Худоро нақл карда, мегӯяд, Боязид дар роҳ бо пири комили рӯшанзамире ошно мешавад ва он пир ба Боязид пешниҳод медиҳад, ки бар гирди ман тавоф намо ва инро некӯтар аз тавофи Каъба ба шумор меоварад. Ин ҷо Мавлои Румӣ дар воқеъ ба мақоми хилофати авлиёи илоҳӣ ишора дорад, ва тоату ҳамди валии комилро тоату ҳамди Худованд мешуморад:

Чун маро дидӣ, Худоро дидаӣ,

Гирди Каъбай сидқ баргардидаӣ.

Хидмати ман, тоату ҳамди Худост,

То напиндорӣ, ки Ҳаққ аз ман ҷудост.

Чашм некӯ боз кун, дар ман нигар,

То бибинӣ нури Ҳаққ андар башар.

Боязид он нуктаҳоро ҳуш дошт,

Ҳамчу заррин ҳалқааш дар гӯш дошт.

Аммо ҷаноби Бекзода аз ин гуна суханон ва гуфторҳо чунин бардошт намуда, ки: «аз алиф то ёи эҷодиёти Мавлоноро ҳамин як фикр ташкил мекунад: «Худои ҳақиқӣ Инсон аст«… Ва ин шеърро ҳам ба унвони шоҳид бар муддаои хеш меоварад:

Эй қавми ба ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?

Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.

Маъшуқу ту ҳамсояву девор ба девор,

Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед,

Гар сурати бе сурати маъшуқ бубинед,

Ҳам хоҷаву ҳам хонаву ҳам Каъба шумоед.

Пас, инсонро (инсони комилро) мазҳар ва ҷилвае аз Худо ва аз ин рӯ вайро «худоӣ» донистан — ки Мавлоно (ва куллан урафо) мегӯянд — куҷо, ва инсонро «Худои ҳақиқӣ» пиндоштан, ки ба гумони Бекзода Мавлоно чунин ақидае доштааст куҷо?! Фарқ аз замин то ба осмон аст!

* * *

Роқими ин сатрҳо бар ин бовар аст, ки ҷаноби Бекзода амдан ва аз рӯи қасду ғаразе ин нисбатро ба Мавлоно надода, балки як суифаҳм аз ҷониби эшон аст, ки умедворам тасҳеҳ намоянд, ва аз ин пас ҳар вақт мехоҳанд дар бораи андешаҳои Мавлоно изҳори назаре бикунанд, аввал нек баррасӣ ва таҳқиқ намоянд сипас иброз бидоранд. Иншоаллоҳ, ки қасду ғаразе дар кор набошад! Бо ин ҳама, дар ҳамин мақола мутаассифона мавориде ба чашм мехӯрад, ки ба назар мерасад нависанда амдан муртакиби он шудааст, ва ин барои як инсони донишманд ва файласуф сазовор нест. Масалан, эшон мегӯяд:

«Ӯ (Мавлоно) чун дигарон, ки дар муқаддимаи асарҳояшон санои Худо ва пайғамбаронро мекарданд, рафтор накарда, ба ҷойи Худо дар муқаддимаи «Маснавии Маънавӣ» ба инсон, ба дӯсти хирадманди худ Ҳисомиддин муроҷиат кардааст. Яъне, ба Инсон муроҷиат кардааст…»

Ҷаноби Бекзода! Чаро ошкоро дурӯғ мегӯед?! Чӣ касе ба шумо гуфтааст ва дар куҷо хондаед, ки Мавлоно Маснавиро бидуни ҳамду санои Худо ва дуруди ҳазрати Паёмбар (с) оғоз карда?

Агар намедонед, пас тарҷумаи пораҳое аз муқаддимаи Маснавиро, ки ба арабист, бароятон меоварам:

«Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.

Ин китоби Маснавӣ аст, ки усули усули усули дин аст. Дар бораи кашфи розҳои вусул ба ҳақиқат ва расидан ба мартабаи яқин аст. Ва дониши бузурги Худовандӣ аст. Ва роҳи равшани Худопарастӣ аст. Ва ошкортарин бурҳони Худошиносӣ аст…

Ва ин китоб дармони синаҳои дардманд аст ва зудояндаи зангҳои андӯҳ ва розгушои Қуръон ва фаровонкунандаи рӯзиҳои маънавӣ ва мӯҷиби поксозии хӯйи одамиён…

Ин китоб аз тариқати парҳезгорон сухан мегӯяд ва бӯстони Худопарастон аст…

Эй Парвардигори ҷаҳониён, ин дуои маро бипазир ва ин дуоест, ки пазируфта хоҳад буд, зеро ҳамаи гурӯҳҳои халқро дарбар мегирад. Ва ситоиш Худои ягонаро ва дуруди Худо ба сарвари мо Муҳаммад ва пайравонашу хонадонаш. Ва Худо моро бас аст ва коргузоре нек аст

Сониян, ин китоб ба дархости Ҳисомуддин навишта шуда, на муроҷиат ба ӯст, ки иддао мекунед: «…ба инсон, ба дӯсти хирадманди худ Ҳисомиддин муроҷиат кардааст.» Фарқ аст байни навиштани китоб ба дархости касе ва байни муроҷиат ба ӯ. Бибинед Мавлоно чӣ мегӯяд:

«Ин кӯшишро ман ба дархости касе кардаам, ки сарвар, такягоҳ ва мӯътамади ман аст ва порае аз пайкари ман аст, ки дар он руҳи ман ҷой дорад ва захираи имрӯзу фардои ман аст ва ӯ пири пешвои орифон, раҳнамои расидан ба мартибаи яқин, фарёдраси халқ, амини дилҳову ақлҳо, супурдаи Худованд дар миёни офаридагон ва баргузидаи ӯ аз миёни халқ ва ҷилвагоҳи васоёест, ки Худо бар паёмбараш фармуда ва асроре, ки бо бандаи хосси даргоҳаш дар миён ниҳода, калиди ганҷинаҳои Арш ва амини ганҷҳои ин ҷаҳон Абулфазоил Ҳусомулҳаққи ваддин Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасан маъруф ба Ибни Ахии Турк аст…«

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: