Перейти к содержимому

Робитаи таҷрибаи зебоишиносӣ бо таҷрибаи динӣ ба ривояти Олфред Мортин

Чакидаи мақола

Ҷеймз Олфред Мортин (James Alfred Martin), файласуф ва андешаманди муосири дин, бо нигоҳе ба таҷрибиёти динӣ ва зебоишиносии давраҳои таърихӣ ва тарҳи назариёти мухталиф, ба дунболи нишон додани иртиботи таҷрибиёти динӣ ва зебоишинохтӣ дар қарнҳои мухталиф аст.

Ин иртибот дар як соҳати гуфтумонӣ мавриди баҳс қарор мегирад. Ин гуфтумон илова бар пардохтан ба мафҳуми чистии ҳунар ва дин, ба ин масъала мепардозад, ки то чӣ андоза дин метавонад дар таъйини меъёрҳои зебоӣ ва ҳамчунин офариниши осори ҳунарӣ нақши асосӣ дошта бошад ва ҳамчунин ҳунар чӣ нақши таъйинкунандае дар таҷрибиёти динии башарӣ доштааст.

Ин пажӯҳиш ҳамчунин кӯшида, то бо нигоҳе ба сайри таърихии баҳс, ба теуриҳои матраҳшуда аз ҷумла андешаҳои файласуфи олмонӣ, Шлойермохер (Friedrich Schleiermacher) пардохта ва таърифҳои мутафовити ӯ аз чистии дин, таҷрибаи динӣ ва ҳунар ва гуфтумон миёни ин мафоҳимро баррасӣ кунад.

Дар мақола, дар посух ба суоли зикршуда, ин матлаб мавриди баҳс воқеъ шудааст, ки ба назари Ҷеймз Олфред Мортин, ин гуфтумон дар ниҳоят ба ҳадафи воҳид меанҷомад, ки ҳамоно дарке аз воқеияти ҳақиқӣ ва ростин аст. Зеро ба ҳамон мизоне, ки таҷрибаҳои динии башарӣ дорои бунёнҳои амиқи ҳиссӣ аст, таҷрибаҳои зебоишинохтӣ низ бархоста аз идроки ҳиссии мафҳуми зебоӣ байни мухотаб ва асари ҳунарӣ аст.

Нависандагон:

Сайид Муҳаммадалии Дебоҷӣ, донишёри фалсафаи дин ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Теҳрон

Бону Ҳониясодот Раҷабӣ: донишҷӯи дуктурои фалсафаи дини Донишгоҳи Теҳрон

Манбаъ: Дуфаслномаи «Пажӯҳишҳои илму дин», шумора 2

Барои мушоҳидаи комили мақола рӯйи фойли муқобил клик кунед:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: