Перейти к содержимому

Инсони комил (16)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Иҷмоли назариёти макотиби мухталиф дар бораи инсони комил (3)

Тарзи мувоҷеҳа бо марг

Шак надорем яке аз мазоҳири камоли инсон, тарзи мувоҷеҳаи ӯ бо марг аст, чун тарс аз марг як нуқтаи заъфи бузург дар инсон аст ва бисёре аз бадбахтиҳои башар ношӣ аз тарс аз марг аст, монанди тан ба пастиҳо ва даноатҳо додан ва ҳазорон бадбахтии дигар. Агар касе аз марг натарсад, саросари зиндагияш иваз мешавад ва инсонҳои хеле бузург он инсонҳое ҳастанд, ки дар мувоҷеҳаи бо марг, дар ниҳояти шаҳомат ва балки болотар аз шаҳомат, бо лабханду хушрӯӣ ба суроғи марг рафтаанд. (1) Агар марг дар роҳи анҷоми масъулият фаро расад, барои инсон саодат аст:

اني لا أرى الموت الاّ سعادة ولا الحياة مع الظالمين الاّ برما

«Ба дурустӣ, ки ман маргро ҷуз саодат намебинам, ва зиндагӣ бо ситамкоронро ҷуз нангу ор намедонам.»  (Имом Ҳусайн).

Мувоҷеҳаи бо марг ба ин шаклро касе наметавонад иддао кунад ҷуз авлиёи Ҳақ, онҳо, ки марг барояшон ҷуз интиқол аз хонае ба хонаи дигар ва ё ба таъбири Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) ҷуз убур аз рӯи як пул, чизи дигаре нест. Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) субҳи Ошӯро ба асҳобаш фармуд:

ما الموت الاّ قنطرة تعبر بكم عن البؤس والضراء الى الجنان

«Марг ҷуз як пул, ки аз рӯяш мегузаред, чизи дигаре нест…» Асҳоби ман! Мо як пуле пеши рӯ дорем, ки бояд аз рӯи он убур кунем. Ин пул номаш марг аст. Аз ин пул, ки рад шудем, дигар расидаем ба он ҷо, ки қобили тасаввур нест. Лаҳза ба лаҳза, ки марг наздиктар мешавад, чеҳраи Абӯабдуллоҳ (Имом Ҳусайн) хандонтар ва мутабассимтар мешавад.

Яке аз касоне, ки ҳамроҳи Умари Саъд ва вақойеънигори қазоё буд, дар лаҳазоти охири ҳаёти Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) — ки дигар ҷангҳо тамом шуда буд ва эшон дар ҳамон гудоли қатлгоҳ бе ҳол афтода буданд — барои ин ки савобе карда бошад, рафт назди Умари Саъд (2) ва гуфт: иҷоза бидеҳ ман як ҷуръа об барои Ҳусайн ибни Алӣ бибарам, чун ӯ ба ҳар ҳол рафтанӣ аст; ин обро бихӯрад ё нахӯрад, барои ту таъсире надорад. Умари Саъд иҷоза дод. Вале вақте ин мард рафт, он лаъини азалу абад (Шимр ибни Зилҷавшан) дошт бармегашт, дар ҳоле, ки сари муқаддасро ҳамроҳ дошт. Ҳамин марде, ки барои Имом об бурда буд, мегӯяд:

والله لقد شغلني نور وجهه عن الفكرة في قتله

«Башошати чеҳрааш нагузошт, ки аслан дар бораи кушта шуданаш фикр кунам.» Яъне дар ҳоле, ки сари Имом Ҳусайн бурида мешуд, лабаш хандон будааст.

Инсони комил яъне инсоне, ки ҳаводис рӯи ӯ асар намегузорад… Алӣ (Алайҳис салом) он касе аст, ки мароҳил ва маротиби иҷтимоиро аз поинтарин шуғл аз ҷанбаи иқтисодӣ мисли амалагӣ (коргарӣ) (3) то олитарин маносиби иҷтимоӣ, ки зимомдорӣ ва хилофат аст, тай кардааст. Алӣ Алвардӣ мегӯяд: Алӣ (Алайҳис салом) фалсафаи Корл Морксро нақз кард, барои ин ки Алӣ дар кӯх ҳамон ҷур зиндагӣ мекард, ки дар кох, ва дар кох ҳамон тавр зиндагӣ мекард, ки дар кӯх. Яъне Алӣ (Алайҳис салом) дар мансаби амалагӣ ҳамон тавр фикр мекунад, ки дар мансаби хилофат. Ба ин далел, инҳоро инсони комил мегӯянд.

* * *

Дафни махфиёнаи Алӣ

Мо барои чӣ ин ҷо ҷамъ шудаем? Дар азои як инсони комил. Алиро шабона дафн карданд. Чаро? Барои ин ки Алӣ ҳамон тавр, ки дӯстони фавқулъода шефтае дорад, душманони сарсахте ҳам дорад. Дар китоби «Ҷозиба ва дофеаи Алӣ» гуфтаем, ки ин гуна инсонҳо, ҳам ҷозибаи фавқулъода шадид доранд ва ҳам дофеаи фавқулъода шадид; дӯстоне доранд дар ниҳоят дараҷаи самимият, ки ҷон додан барояшон чизе нест, ва душманоне доранд, ки дигар хунхортар аз онҳо душмане нест, махсусан душманҳои дохилӣ, душманҳои муқаддасмаоб, муқаддасини Хавориҷ, ки инҳо воқеан мардуме муҷаҳҳаз ба эътиқод ва имон буданд, вале ҷоҳил. Худи Алӣ (Алайҳис салом) эътироф дорад, ки инҳо мӯъминанд, вале мефармояд ҷоҳиланд:

لا تقتلوا الخوارج بعدي فليس من طلب الحق فأخطأ كمن طلب الباطل فأدركه

Миёни Хавориҷ (мориқин) ва асҳоби Муовия (қоситин) муқоиса мекунад, мефармояд:

«Баъд аз ман инҳо (Хавориҷ)-ро накушед; инҳо бо асҳоби Муовия фарқ доранд, инҳо ҳақро мехоҳанд, вале аҳмақанд, иштибоҳ кардаанд, вале онҳо (асҳоби Муовия) ҳақро мешиносанд ва дониста бо он мубориза мекунанд(Наҳҷул-балоға, хутбаи 59)

Чаро Алӣ (Алайҳис салом)-ро бо он ҳама дӯстоне, ки дорад, шаб ба таври маҳрамона дафн мекунанд? Аз тарси Хавориҷ. Чун онҳо мегуфтанд Алӣ мусалмон нест, ва ин хатар буд, ки шаб бираванд ва қабри Алиро бишкофанд ва ҷанозаи Алиро берун биёваранд.

То авохири давраи ҳазрати Содиқ (Алайҳис салом) (яъне то ҳудуди сад сол баъд) ҷуз имомон ва гурӯҳе аз асҳоби хосс, касе намедонист Алӣ (Алайҳис салом)-ро куҷо дафн кардаанд.

Субҳи 21 (аз моҳи рамазон), Имом Ҳасан (Алайҳис салом) сурати ҷанозае сохт ва онро ба иддае дод, ки ба Мадина бибаранд, то мардум хаёл кунанд, ки Алиро ба Мадина бурданд, то дар он ҷо дафн кунанд. Фақат авлоди Алӣ (Алайҳис салом) ва як идда аз шиъаёни хосс маҳалли дафни Алӣ (Алайҳис салом)-ро медонистанд (чун ҳамон шаб иддае аз шиъаёни хосс дар дафни Алӣ (Алайҳис салом) ширкат карданд) ва онҳо дар наздикии Куфа — дар ҳамин маҳалли феълӣ — ба зиёрати қабри Мавло меомаданд.

Дар замони ҳазрати Содиқ (Алайҳис салом), ки Хавориҷ мунқариз шуданд ва ин хатар аз байн рафт, эшон ба марде ба номи Сафвон — ки дуои Алқамаро нақл кардааст — дастур доданд, ки аломат ва соябоне он ҷо дуруст кунад ва аз он ба баъд ҳама мутаваҷҷеҳ шуданд, ки қабри Алӣ (Алайҳис салом) он ҷост ва ба зиёрати қабри мавлояшон меомаданд.

Ҳамроҳи ҷаноза иддаи каме буданд; фақат авлоди ҳазрат буданд ва чанд нафар аз асҳоби хосс. Яке аз онҳо марде аст ба номи Саъсаъа ибни Суҳон. Ӯ аз он дӯстони мусаффо ва покдили Амирулмӯъминин аст ва суханвар ва хатиб ҳам ҳаст ва дар ҳузури Амирулмӯъминин суханвариҳо кардааст. Ҳамин ки Алӣ (Алайҳис салом)-ро дафн карданд, дар ҳоле, ки ҳузну ғайзу хашми фавқулъодае дар ҳама ба вуҷуд омада ва буғз гулӯи ҳамаро фишор медиҳад ва ё гиря мекунанд, якмартиба ин Саъсаъа дар ҳоле, ки қалбаш дар як фишори сахте буд, як мушт хок аз қабри Алӣ (Алайҳис салом) бардошт ва бар сари худ пошид ва баъд дасташро рӯи қалбаш гузошт ва он вақт шурӯъ кард ба сухан гуфтан бо Алӣ (Алайҳис салом):

السلام عليك يا أمير المؤمنين لقد عشت سعيدا ومت سعيدا  

Ту чӣ қадр саодатманд зиндагӣ кардӣ ва чӣ саодатманд аз дунё рафтӣ! Таваллуди ту дар хонаи Худо буд ва дар хонаи Худо ҳам шаҳид шудӣ (аз хонаи Худо то хонаи Худо). Алиҷон! Ту чӣ қадр бузург будӣ ва чӣ қадр ин мардум кучак буданд! Ба Худо қасам, агар мардум барномаи туро иҷро карда буданд

لأكلوا من فوقهم ومن تحت أرجلهم

— неъматҳо аз болову поин барои онҳо меҷӯшид ва неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ба онҳо мерасид. Вале афсӯс, ки мардум қадри туро надонистанд ва ба ҷои он ки аз дастурҳои олии ту пайравӣ кунанд, чӣ хунҳо ба дили ту карданд ва охир туро бо ин ҳол ва бо фарқи шикофта равонаи қабр ва хок карданд.

ولا حول ولا قوة الاّ بالله العليّ العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Вале на марге, ки худкушӣ бошад, балки марге, ки дар роҳи ҳадафашон бошад, чун эҳсос мекунанд, ки дар зиндагӣ рисолат ва масъулият доранд. Одаме, ки худкушӣ кунад, аз зери бори масъулият шона холӣ кардааст.

(2) Мисли баъзе аз одамҳои муқаддаспешаи мо, ки мехоҳанд амале, ки ҳеч заҳмате ва аксуламале надошта бошад, анҷом диҳанд ва дар зимн савобе ҳам карда бошанд.

(3) Алӣ (Алайҳис салом) муддатҳо амалагӣ ҳам кардааст. На ин ки мол надоштааст, Алӣ ҳар чи, ки медошт, инфоқ мекард ва фардо дунболи кор кардан мерафт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: