Перейти к содержимому

Инсони комил (17)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсони комил аз дидгоҳи мактаби ақл (1)

هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ

Шинохти “инсони комил” ба истилоҳи қудамо, ва “инсони идеол” ба истилоҳи имрӯз, бисёр лозим ва зарурӣ аст. Тарбияту ахлоқ дар ҳар мактабе, бар асоси шинохти инсони комил ва инсони идеол дар он мактаб аст. Мо барои он ки назари исломро дар бораи инсони комил бишносем, ночорем ҳар кадом аз мактабҳоеро, ки дар ин замина вуҷуд дорад, ба тафсил баҳсу интиқод кунем ва назари исломро дар бораи ҳар як аз онҳо баён кунем. Дар ҷаласаи пеш ба таври иҷмол макотиби мухталифро баён кардем. Дар ин ҷаласа баҳси худро аз мактаби ақлгароён шурӯъ мекунем.

* * *

Хулосаи назариёти ақлгароён

Арз кардем, ки ба ақидаи фалосифаи қадим, асосан ҷавҳари инсон ҳамон ақли ӯст, “ман”-и воқеии инсон ҳамон ақли ӯст. Ҳамчунон, ки бадани инсон ҷузъи шахсияти инсон нест, қувваҳо ва истеъдодҳои руҳӣ ва равонии мухталифе, ки инсон дорад, ҳеч кадом ҷузъи шахсияти воқеии инсон нестанд. Шахсияти воқеии инсон ҳамон нерӯе аст, ки фикркунанда аст. Инсон яъне ҳамон, ки фикр мекунад, на он ки мебинад (он ки мебинад, абзоре аст дар дасти он ки фикр мекунад), на он ки тахайюл мекунад (он ки тахайюл мекунад, абзоре аст дар дасти он ки фикр мекунад) ва на он ки масалан мехоҳад ва дӯст дорад ё дорои шаҳвату хашм аст. Ҷавҳари инсон, фикр кардан аст, ва инсони комил яъне инсоне, ки дар фикр кардан ба ҳадди камол расидааст, яъне ҷаҳон ва ҳастиро ончунон ки ҳаст, дарёфт ва кашф кардааст.

Дар ин мактаб, амри дигаре ҳам (ғайр аз ин ки ҷавҳари инсон ва мани воқеии ӯ ақли ӯст) мавриди таваҷҷӯҳ аст, ва он ин аст, ки ақл нерӯе аст, ки тавоноӣ дорад ҷаҳонро ончунон, ки ҳаст кашф кунад, воқеияти ҷаҳонро ончунон, ки ҳаст, дар худ мунъакис кунад, ойинае аст, ки метавонад сурати ҷаҳонро дар худ саҳеҳу дуруст мунъакис кунад.

Ҳукамои исломӣ, ки ин назарро қабул кардаанд, мӯътақиданд, ки имони исломӣ (имоне, ки дар Қуръон омадааст) яъне шинохти ҷаҳон ба таври куллӣ ончунон, ки ҳаст. Имон яъне шинохти мабдаи ҷаҳон, шинохти ҷараёни ҷаҳон, шинохти низоми ҷаҳон ва шинохти ин ки ҷаҳон ба чӣ нуқтае бармегардад. Мегӯянд: ин ки дар Қуръон аз имон ба Худо, имон ба малоикаи Худо, ки васоит ва пиллаҳои вуҷуд ҳастанд, имон ба махлуқ будани олам, имон ба ин ки Худо оламро вонагузошта ва ҳидоят карда ва аз он ҷумла башарро ба василаи анбиё ҳидоят намуда, ва имон ба ин ки ҳама чиз аз Худо омадааст ва ба Худо бармегардад — ки исмаш маъод аст — сухан ба миён омада, мақсуд ҳамон (шинохти ҷаҳон) аст ва чизи дигаре нест. Ин ҳукамо дар тафосири худашон ҳамеша имонро ба сурати маърифат ва шинохт ва ба сурати ҳикмат тафсир мекунанд. Мегӯянд: имон яъне шинохт, аммо шинохте, ки як шинохти фалсафӣ ва ҳакимона аст, на шинохти илмӣ, ки шинохти ҷузъӣ аст. Шинохти фалсафӣ ва куллӣ ва ҳакимона яъне ин ки мабдаъ ва мунтаҳои ҷаҳон ва маротиби ҳастӣ ва ҷараёнҳои куллии ҷаҳонро кашф кунем ва бидонем.

* * *

Макотиби зидди ин мактаб

Ин мактаб, ки мактаби ақлгароён аст, дар нуқтаи муқобили худ мактабҳоеро доштааст, ки ҳамеша бо он мубориза мекардаанд. Аввалин мактабе, ки дар ҷаҳони ислом бо ин мактаб мубориза карда ва зидди он аст, мактаби ишроқийюн ва мактаби урафо ва мактаби аҳли ишқ аст, ки инро баъд шарҳ медиҳем. Мактаби дигар, мактаби аҳли ҳадис аст. Ахборийюн ва аҳли ҳадис, ақлро бо ин ҳама арзиши фаровоне, ки ҳукамо барои он қоил ҳастанд, инкор мекунанд ва мегӯянд он қадрҳо ҳам, ки шумо барои ақл арзиш қоил ҳастед, арзиш надорад.

Беш аз инҳо, дар асри ҷадид мактаби ҳиссгароён бар зидди мактаби ақлгароён қиём кард. Дар ин се-чаҳор қарни ахир, мактаби ҳиссгароён бештар равнақ дошт. Ҳиссгароён гуфтанд: ақл ин ҳама арзише, ки шумо барояш қоил ҳастед, надорад. Ақл хеле аҳаммият надорад, навкари ҳисс аст. Асл дар инсон, ҳавосс ва маҳсусоти инсон аст. Ақл ҳаддиаксар коре, ки метавонад бикунад ин аст, ки дар мавриди фаровардаҳои ҳавосс як амалиёте анҷом диҳад. Шумо корхонаеро дар назар бигиред, ки дар он маводди хоме ворид мешавад. Баъд дастгоҳҳои корхона он маводдро таҷзия мекунанд. Агар корхонаи ресандагӣ ва бофандагӣ аст, масалан аввал пахтаҳоро пок мекунанд, баъд ришта мекунанд ва баъд онҳоро ба шакли хоссе мебофанд. Ақл корхонае аст, ки коре аз он сохта нест, магар ин ки рӯи маводди хоме, ки аз роҳи ҳисс ба даст омадааст, амалиёте анҷом диҳад. Вале албатта мактаби ақлгароён ба куллӣ аз эътибор наафтодааст; боз мактаби ақлгароён сари пои худ истодааст, ки ҳол намехоҳам баҳси ақлгароёнро дар муқобили ғайриақлгароён ба таври тафсил матраҳ кунам, балки мехоҳам назари исломро баён кунам.

* * *

Асолати маърифати ақлӣ дар ислом

Дар мактаби ақлгароён чанд матлаб матраҳ аст, ки ҳар як аз инҳоро бояд бибинем бо назари ислом интибоқ дорад ё на. Аввалин баҳси ақлии ақлгароён, масъалаи эътибор ва асолати маърифати ақлӣ аст. Яъне чӣ? Яъне ақли инсон қодир аст ҳақоиқи ин оламро кашф кунад ва маърифати ақлӣ маърифати асил ва қобили эътимод ва истинод аст ва беэътибор нест.

Хеле аз мактабҳо чунин эътибореро барои ақл қоил нестанд. Ҳол бибинем оё мо аз мадорики исломӣ ин қадр метавонем барои ақл эътибор ва ҳайсият қоил бошем, ки лоақал маърифати ақлӣ қобил эътимод аст?

Иттифоқан як ҳимояти фавқулъодае аз ақлро дар мутуни ислом мебинем ва дар ҳеч дине аз адёни дунё ба андозаи ислом аз ақл яъне аз ҳуҷҷияти ақл ва аз санадият ва эътибори ақл ҳимоят нашудааст. Шумо исломро бо масеҳият муқоиса кунед. Масеҳият дар қаламрави имон, барои ақл ҳаққи мудохила қоил нест. Мегӯяд: он ҷое, ки инсон бояд ба чизе имон биёварад, ҳақ надорад фикр кунад. Фикр моли ақл аст, ва ақл дар ин навъ масоил ҳаққи мудохила надорад. Он чи ки бояд ба он имон дошт, набояд дар бораи он фикр кард ва набояд иҷозаи фикр кардан ва чуну чаро кардан ба ақл дод. Вазифаи як мӯъмин, махсусан вазифаи як кашиш ва ҳофизони имони мардум ин аст, ки ҷилави ҳуҷуми фикру истидлолу ақлро ба ҳавзаи имон бигиранд. Аслан таълимоти масеҳӣ бар ҳамин асос аст.

Дар ислом, қазия дуруст баръакс аст. Дар усули дини ислом, ҷуз ақл ҳеч чизи дигаре ҳаққи мудохила надорад. Яъне агар аз шумо бипурсанд, ки яке аз усули дини шумо чист, мегӯед “тавҳид”, вуҷуди Худои ягона. Агар дубора бипурсанд, ба чӣ далел ба Худо имон овардаед, ислом ҷуз аз роҳи ақл аз шумо қабул намекунад. Агар бигӯед, ман худам қабул дорам, ки Худо ягона аст, далеле ҳам надорам, ту чӣ кор дорӣ,

خذ الغايات واترك المبادي

— ту натиҷаро бигир, ба муқаддима чӣ кор дорӣ, ман аз қавли модарбузургам яқин пайдо кардаам, билохира ба як ҳақиқате яқин пайдо кардаам ҳарчанд аз қавли модарбузургам бошад, ҳарчанд хоб дида бошам! Ислом мегӯяд: на, ҳарчанд ба вуҷуди Худои ягона эътиқод дошта бошӣ, аммо он эътиқоде, ки решааш хоб дидан ё тақлид аз падару модар ё таъсири муҳит аст, мавриди қабул нест. Ҷуз таҳқиқе, ки ақли ту бо далелу бурҳон матлабро дарёфт карда бошад, ҳеч чизи дигар пазируфта нест.

Усули имони масеҳият, минтақае мамнӯъ барои вуруди ақл аст ва вазифаи як мӯъмин (мӯъмини масеҳӣ) ҳифзи ин минтақа аз ҳуҷуми қувваҳои ақлӣ ва фикрӣ аст. Вале имон дар ислом, минтақае аст, ки дар қуруқи ақл аст ва ғайр аз ақл ҳеч қудрати дигаре ҳаққи мудохила дар ин минтақаро надорад.

Дар ислом ва дар мутуни исломӣ суханони фавқулъода баланд ва аҷиб дар бораи ақл гуфта шудааст. Аввалан, худи Қуръон доиман дам аз таъаққул мезанад. (1) Гузашта аз ин, дар ахбор ва аҳодиси мо он қадр барои ақл асолат ва аҳаммият қоил шудаанд, ки вақте шумо китобҳои ҳадисро боз кунед, аввалин бобе, ки мебинед “Китобул-ъақл» аст. Масалан, агар суроғи «Усули кофӣ» биравед, аввалин бобе, ки бо боз кардани ин китоб мебинед, «Китобул-ъақл» аст. Дар ин китобул-ъақл, аҳодиси шиъа аз аввал то ба охир ба ҳимоят аз ақл бархостааст.

Мӯсо ибни Ҷаъфар (Саломуллоҳи алайҳи) таъбире фавқулъода аҷиб дорад, мефармояд: Худо ду ҳуҷҷат дорад, ду пайғамбар дорад: як пайғамбари дарунӣ, ки ақли инсон аст, ва як пайғамбари берунӣ, ки ҳамон пайғамбароне ҳастанд, ки инсонанд ва мардумро даъват кардаанд. Худо дорои ду ҳуҷҷат аст ва ин ду ҳуҷҷат мукаммили якдигар ҳастанд. Яъне агар ақл бошад ва анбиё набошанд, башар ба танҳоӣ роҳи саодати худро наметавонад тай кунад, ва агар анбиё бошанд ва ақл набошад, боз инсон роҳи саодати худро намепаймояд. Ақлу набӣ ҳар ду бо якдигар як корро анҷом медиҳанд. Дигар аз ин болотар дар ҳимояти ақл намешавад гуфт.

Таъбироте аз ин қабил зиёд дорем: “Хоби оқил аз ибодати ҷоҳил болотар аст”, “Хӯрдани оқил аз рӯза гирифтани ҷоҳил болотар аст”, “Сукуту сукуни оқил аз ҳаракат кардани ҷоҳил болотар аст” ва “Худо ҳеч пайғамбареро мабъус накард, магар он ки аввал ақли он пайғамбарро ба ҳадди камол расонд, ба тавре, ки ақли ӯ аз ақли ҳамаи умматаш комилтар буд.” Мо ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро “ақли кулл” меномем. Ин бо завқи масеҳият ҳаргиз ҷур дарнамеояд, чун аслан дар масеҳият ақл бо дин ду ҳисоби ҷудогона доранд. Вале мо пайғамбарро “ақли кулл” меномем ва медонем.

Бинобар ин, масъалаи асолати ақл дар шинохт, ва ҳуҷҷияти он ба ин маъно, ки ақл метавонад ба маърифати ростин даст ёбад — ки як бахш аз назари ҳукамост — қатъан то ин ҷо мавриди таъйиди ислом аст.

* * *

Ду ишколи ворид бар мактаби ақлгароён

Аз назари фалосифа, ҷавҳари инсон фақат ақли ӯст, боқӣ ҳама туфайлианд, ҳама абзору васила ҳастанд. Агар бадан дода шуда, абзоре барои ақл аст. Агар чашму гӯш дода шуда, абзоре барои ақл аст. Ҳофиза ва қувваи хаёл ва қувваи воҳима ва ҳар қувва ва нерӯ ва истеъдоде, ки дар мо вуҷуд дорад, ҳама василаҳое барои зоти мо ҳастанд, ва зоти мо ҳамон ақл аст.

Оё мо метавонем таъйиде барои ин матлаб аз ислом пайдо кунем? На. Мо барои ин матлаб, ки инсон ҷавҳараш фақат ақл бошаду бас, наметавонем аз ислом таъйиде биёварем. Ислом он назарияҳои дигарро таъйид мекунад, ки ақлро як шоха аз вуҷуди инсон медонад, на тамоми вуҷуд ва ҳастии инсон.

Суроғи матлаби севвум меравем. Маъмулан китобҳои фалсафии мо (2) имони исломиро фақат ба шинохт тафсир мекунанд. Мегӯянд: имон дар ислом яъне шинохту бас. Имон ба Худо яъне шинохти Худо. Имон ба пайғамбар яъне шинохти пайғамбар. Имон ба малоик яъне шинохти малоик. Имон ба явмулохир (маъод) яъне шинохти маъод, ва ҳар куҷо, ки дар Қуръон “имон” омадааст, маънояш маърифат ва шинохт аст ва ғайр аз ин чизе нест.

Ин матлаб ба ҳеч ваҷҳ бо он чи ки ислом мегӯяд, қобили интибоқ нест. Дар ислом, “имон” ҳақиқате аст беш аз шинохт.

Шинохтан ҳамон донистан аст. Касе, ки обшинос аст, обро мешиносад ҳамчунон ки як ситорашинос ситораҳоро мешиносад, як ҷомеашинос ҷомеаро мешиносад, як равоншинос равонро мешиносад, як ҳайвоншинос ҳайвонро мешиносад. “Мешиносад” яъне чӣ? Яъне нисбат ба он равшан аст, онро дарк мекунад. Оё “имон” дар Қуръон яъне фақат “шинохт”? Имон ба Худо яъне фақат Худоро дарк кардан? На. Дуруст аст, ки шинохт рукни имон аст, ҷузъи имон аст ва имони бидуни шинохт имоне нест, вале шинохти танҳо ҳам имон нест. Имон гароиш аст, таслим аст. Дар имон унсури гароиш, унсури таслим, унсури хузӯъ ва унсури алоқа ва муҳаббат ҳам хобидааст. Вале дар шинохт, дигар масъалаи гароиш матраҳ нест. Агар як нафар ситорашинос аст, маънояш ин нест, ки ба ситора гароише ҳам дорад, балки ситораро мешиносад. Агар як нафар маъданшинос ё обшинос аст, маънояш ин нест, ки ба маъдан ё об гароише ҳам дорад. Мумкин аст инсон чизеро бишносад, ки аз он бисёр танаффур дорад.

Аҳёнан дар сиёсатҳо, душман душмани худро аз худаш беҳтар мешиносад. Масалан, мумкин аст афроде, ки дар «Исроил» арабшинос ва мусалмоншинос ва ҳатто ба як маъно исломшинос бошанд, аз теъдоди ин гуна афрод дар байни худи мусалмонон бештар бошанд. Мусаллам аст, ки дар «Исроил» Мисршинос, Сурияшинос ё Алҷазоиршинос хеле бештар аз Эрон вуҷуд дорад. Аслан дар Эрон шояд Мисршиноси воқеӣ як нафар ҳам надошта бошем, вале онҳо садҳо нафар доранд. Дар Миср ҳам Исроилшинос хеле зиёд доранд. Вале оё маънии ин ки Исроил Мисрро мешиносад, ин аст, ки нисбат ба он гароиш дорад? Ё маънии ин ки Миср Исроилро мешиносад, ин аст, ки нисбат ба он гароиш дорад? Иттифоқан баръакс аст, чун инҳо аз якдигар танаффур доранд.

Уламои мусалмонон мегӯянд: далели он ки имони ислом фақат шинохт нест — ончунон, ки фалосифа иддао мекунанд — ин аст, ки Қуръон беҳтарин намунаҳои кофирро, аз беҳтарин шиносандаҳо овардааст; олитарин шиносандаҳоро муаррифӣ карда, ки Худоро дар ҳадди аъло мешиносад, пайғамбарҳоро дар ҳадди аъло мешиносад, ҳуҷҷатҳои Худоро дар ҳадди аъло мешиносад ва маъодро ҳам дар ҳадди аъло мешиносад, аммо кофир аст ва мусалмон нест. Ӯ кист? Шайтон! Оё шайтон Худоро дарк мекунад ва Худошинос аст ё зидди Худо ва материалист аст ва Худоро қабул надорад? Шайтон хеле бештар аз мову шумо Худоро мешиносад, чандин ҳазор сол ҳам Худоро ибодат кардааст. Қуръон ба мо мегӯяд: ба малоика имон биёваред. Оё шайтон малоикаро мешиносад ё на? Солҳо балки ҳазорҳо сол бо малоика ҳамсаф буда ва дар як килос кор мекардаанд. Аз ману шумо Ҷабраилро беҳтар мешиносад. Пайғамбаронро чӣ тавр? Оё пайғамбаронро мешиносад ва медонад, ки инҳо пайғамбаранд ё на? Ҳамаро аз мо беҳтар мешиносад. Маъодро чӣ тавр? Худаш ҳамеша бо Худо роҷеъ ба қиёмат сӯҳбат мекунад, маъодро ҳам комилан мешиносад. Вале дар айни ҳол, чаро Қуръон шайтонро кофир мехонад? Мефармояд:

وكان من الكافرين

Агар имон — ончунон, ки фалосифа гуфтаанд — фақат шинохт мебуд, шайтон бояд аввалин мӯъмин бошад. Вале шайтон мӯъмин нест, чун ӯ шиносандаи ҷоҳид аст. Яъне мешиносад, вале дар айни ҳол ъинод ва мухолифат меварзад, дар муқобили ҳақиқате, ки мешиносад, таслим нест; гароиш ба он ҳақиқат надорад, алоқае ба он ҳақиқат надорад, ҳаракат ба сӯи он ҳақиқат надорад. Бинобар ин, имон фақат шинохт нест. Пас, ин ки бисёре аз ҳукамои мо дар тафсири ин сураи муборака, ки мефармояд:

وَالتِّينِ وَالزَّيْتُونِ. وَطُورِ سِينِينَ. وَهَذَا الْبَلَدِ الْأَمِينِ. لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ. ثُمَّ رَدَدْنَاهُ أَسْفَلَ سَافِلِينَ. إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ

(Сураи Тин, оятҳои 1-6) Мегӯянд: «… магар касоне, ки имон овардаанд» ҳикмати назарӣ ва «… ва амали солеҳ анҷом додаанд» яъне ҳикмати амалӣ, саҳеҳ нест. Чизе болотар аз ҳикмати назарӣ дар «… магар касоне, ки имон овардаанд» вуҷуд дорад. Ҳикмати назарӣ ҷузъи он аст, пояи он аст, аммо тамоми имон ҳикмат ва дарёфт ва илм ва маърифат ва шинохт нест. Чизе болотар аз шинохт, дар имон вуҷуд дорад.

То ин ҷо мо се масъаларо дар мавриди мактаби ақлгароён баён кардем: яке ин ки ақл ҳуҷҷат аст, дарёфтҳои ақл қобили эътимод аст ва ақл метавонад ба маърифати ростин даст ёбад, ки ислом мегӯяд ин матлаб саҳеҳ ва мавриди қабул аст. Дуввум ин ки ақл танҳо ҷавҳари одамӣ аст, ки ислом инро таъйид намекунад. Ва севвум ин ки имони исломӣ ҳамон дарёфти ақл аст, ҳамон маърифат аст, ҳамон шинохт аст ва ҷуз шинохт чизи дигаре нест, ки ин ҳам аз назари ислом дуруст нест.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ҳол шояд муваффақ шавам дар ҳамин ҷаласа ҳадиси Мӯсо ибни Ҷаъфарро, ки бо истинод ба оёти Қуръон, асолати ақлро баён кардаанд, бароятон бихонам иншоаллоҳ.

(2) Ҳатто Муллосадро, ки то андозае завқи урафоро ҳам дар фалсафа ворид кардааст, бо ин ҳама ин матлаб дар калимоташ ҳаст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: