Перейти к содержимому

Ардуғон: «Мардум бо ин мушорикат, ба тамоми дунё дарси демукросӣ доданд»

Раҷаб Тайиб Ардуғон дар нахустин суханони худ пас аз эъломи натоиҷи ғайрирасмии интихобот гуфт: «Натоиҷи ғайрирасмии интихобот мушаххас шуда ва бар асоси натоиҷи ба дастомада, мардуми Туркия масъулияти риёсати ҷумҳурӣ ва қувваи муҷрияро ба банда эъто кардааст.»

Вай бо ишора ба мушорикати ҳудуди 90 дар сади мардуми Туркия дар интихобот изҳор кард: «Мардум бо ин мушорикат, ба тамоми дунё дарси демукросӣ доданд

Ардуғон, ҳифозат аз сандуқҳои раъй ва озодии интихобро нишондиҳанда нерӯи демукросии Туркия донист ва изофа кард: «Талоши худро дар ростои дастёбӣ ба аҳдофи чашмандози 2030 Туркия ба кор хоҳем баст

Вай идома дод: «Дигар вақти он аст, ки таниш ва баҳсҳои суратгирифта дар тӯли давраи интихоботро пушти сар бигузорем ва бар рӯйи ояндаи кишвар тамаркуз кунем

Ардуғон ҳамчунин гуфт: «Бидуни шак, як қадам ҳам аз дастовардҳои иқтисодӣ ва демукротики Туркия, ки тайи 16 соли мубориза бо маҳофили қудрат, кудеточиён ва фурсатталабони сиёсӣ ва иқтисодӣ ба даст омада, ақибнишинӣ нахоҳем кард

Вай таъкид кард: «Шаҳрвандони Туркия, ки дар гузашта ба ҳар далеле мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ба унвони шаҳрванди дараҷаи яки ин кишвар ба баҳрамандӣ аз тамоми имконот, аз демукросӣ гирифта то иқтисод, идома хоҳанд дод

Ардуғон изофа кард: «Аз касоне, ки мушорикат дар интихоботи кишвари онҳо ба 50 дар сад ҳам намерасад, вале онро демукротик медонанд ва натоиҷи интихоботи моро бо ҳайрат дунбол мекунанд, мехоҳам ин амрро бо диққат мутолеа кунанд

Раисиҷумҳури Туркия баён кард: «Ба тавҳин ва маҳдуд кардани озодии ҳеч шаҳрванди Туркия ба хотири наҳваи пӯшиш ва зиндагӣ ва андешаи онҳо ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод

Вай таъкид кард: «То замоне, ки Туркияро аз чанголи қайиммаобон, кудеточиён, суистифодагарони сиёсӣ-иқтисодӣ, дастаҳои табаҳкори хиёбонӣ ва гурӯҳҳои теруристӣ озод карда ва онро ба яке аз 10 кишвари бузурги ҷаҳон табдил накунем, таваққуф ва истироҳате нахоҳем кард

Ардуғон ҳамчунин афзуд: «Дар ростои паёме, ки миллати Туркия бори дигар дар ин интихобот таъйид карданд, ба ҳамроҳи тамоми созмонҳо ва ниҳодҳо, таъаҳҳуди худ ба демукросӣ ва азм барои тавсиаи ҳуқуқ ва озодиҳоро дар оянда бо тақвияти беш аз пеш идома хоҳем дод

Гуфтанист, интихоботи ҳамзамони риёсати ҷумҳурӣ бо ҳузури 6 номзад ва порлумони Туркия бо ҳузури 8 ҳизб ва бо мушорикати густардаи наздики 90 дарсадии мардуми Туркия баргузор шуд.

Бар асоси натоиҷи аввалияи интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия, ки то кунун ҳудуди 90 дар сади сандуқҳои раъй шумориш шуда, Раҷаб Тайиб Ардуғон бо касби ҳудуди 54 дар сади оро, пирӯзи интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия аст.

Муҳаррам Инҷе, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ ва наздиктарин рақиби Ардуғон низ ҳудуди 30 дар сади ороро ба худ ихтисос додааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: