Перейти к содержимому

Инсони комил (18)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсони комил аз дидгоҳи мактаби ақл (2)

Асолати имон

Як матлаби дигар ин аст, ки оё имон ва маърифат — ҳол аъам аз ин ки имонро ҳамон маърифат бидонем ё маърифатро ҷузъе аз имон бидонем, ки гуфтем дуввумӣ дуруст аст — асолат дорад, ё муқаддимаи амал аст ва асолате надорад?

Ин ҷост, ки боз ду мактаби бузург дар муқобили якдигар саффороӣ мекунанд.

Мақсуд аз ин ки “имон асолат дорад” чист? Ин ки ислом имонро — бо ҳамон хусусиёте, ки гуфтем — ба мо тавсия кардааст, оё аз ин назар аст, ки имон пойгоҳи эътиқодии амали инсон аст? Яъне аз ин боб аст, ки чун инсон дар дунё бояд талошу кӯшиш кунад ва ҳамеша дар фаъолият бошад ва ин фаъолият бояд бар асоси як нақша бошад ва инсон бояд ҳадаф ва барнома ва токтик дошта бошад, пас бояд зербинои эътиқодӣ дошта бошад? Ва ба иборати дигар: оё чун инсон хоҳ нохоҳ мавҷуде аст, ки фаъолияташ фикрӣ аст ва агар бихоҳад як барномаи амалӣ дар зиндагӣ дошта бошад ва ба ҳадафҳои худ дар зиндагӣ бирасад, бидуни як зербинои фикрӣ ва эътиқодӣ имкон надорад, пас ба ин далел бояд як зербинои фикрӣ ва эътиқодӣ (ба номи имон) ба ӯ дод, то битавонад ин рӯбиноҳои фикриро бар асоси он зербино бисозад? Дуруст мисли касе, ки мехоҳад як солун бисозад; он касе, ки мехоҳад солун бисозад, чизе, ки барои ӯ ҳадаф ва мақсуд аст ин аст, ки ин солун дорои чаҳор девор ва як сақф ва дарҳо ва ғайра бошад, аммо он зерсозиҳо ва зербиноҳо ва таҳпояҳое, ки маъмулан заминро мекананд ва миқдоре аз ҳар пояро дар дохили он қарор медиҳанд, ҷузъи ҳадафи ӯ нест; балки барои ин ки ин бино муҳкам биистад ва налағзад ва наафтад, бояд он зербиноро эҳдос кард.

Масалан, кумунизм як силсила усули фикрӣ ва эътиқодӣ дорад, ки он усул бар мабнои материализм ва моддигарӣ аст; ва ҳамчунин як силсила усули иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ахлоқӣ дорад, ки аз назари созмони фикрӣ, он усули эътиқодӣ зербинои ин усул ҳастанд. Вале барои як кумунист он усули фикрӣ ҳадаф нест. Воқеан барои як кумунист, материализм ҳадаф нест ва асолате надорад, (1) вале фикр мекунад — ва фикраш ҳам ғалат аст — ки бидуни материализм, ин усули иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва иқтисодиро намешавад ба ҳеч ваҷҳ тавҷеҳ кард. Пас, барои ин ки бишавад ин усулро тавҷеҳ кард, он усули фикриро мепазирад. Ахиран бисёре аз кумунистҳо дар дунё пайдо шудаанд, ки кумунизмро аз материализм тафкик кардаанд; гуфтаанд на танҳо барои мо материализм асолат надорад, балки ҳеч зарурате надорад, ки мо ҳатман материализмро ба сурати як асле, ки намешавад раддаш кард дар назар бигирем; мо кумунизмро мехоҳем ҳарчанд минҳои материализм бошад. Магар алъон дар гӯшаву канори дунё аз раҳбарони кумунизм нестанд касоне, ки кам-кам мубориза бо мазҳабро доранд тахфиф медиҳанд?

Ин аз он ҷиҳат аст, ки барои онҳо имон ба он усули фикрӣ асолат надорад. Он усули фикрӣ фақат пойгоҳи эътиқодӣ ва зербинои фикрӣ аст. Аз он ҷо, ки намешавад як идеулужӣ бидуни ҷаҳонбинӣ бошад, ин ҷаҳонбиниро дар зери ин сохтмон қарор медиҳанд барои ин ки битавонанд идеулужии худро бар рӯи ин ҷаҳонбинӣ бигузоранд. Вале асосу ҳадаф, идеулужӣ аст.

Дар ислом чӣ тавр? Оё ислом имони исломиро (имон ба Худо, имон ба малоика, имон ба анбиё ва авлиё ва имон ба маъодро) фақат барои ин тарҳ карда, ки як зербинои фикрӣ ва эътиқодӣ дода бошад? Оё ба ин далел усули фикриро арза медорад, ки мехоҳад идеулужиро рӯи як усули фикрӣ бино кунад ва ҳадафи аслӣ он идеулужӣ аст, вагарна худи ин усули фикрӣ асолате надоранд? Ё на, худи ин усули фикрӣ асолат доранд?

Ҷавоб ин аст, ки дар айни ин ки ин усули фикрӣ зербинои фикрӣ ва эътиқодии идеулужии ислом аст, аммо арзиши он фақат арзиши зербиноӣ нест. Дар ислом, имони исломӣ зербинои фикрӣ ва эътиқодӣ аст ва идеулужии исломӣ бар асоси ин имон бино шудааст, вале имон дар айни доштани арзиши зербиноӣ, асолат ҳам дорад. Яъне ҳадаф низ шумурда мешавад.

Пас дар ин ҷиҳат ҳақ бо фалосифа аст, ки имон, худаш асолат дорад, на ин ки арзиши имон арзиши муқаддимаии амал будан аст. Ин тавр нест, ки ҳар чи ҳаст амал ва фаъолият ва кӯшиш аст, балки агар имонро аз амал бигирем, як пояро хароб кардаем, ҳамчунон ки агар амалро аз имон бигирем, як пояи дигарро хароб кардаем. Қуръон ҳамеша мегӯяд:

الذين آمنوا وعملوا الصالحات

Агар имон, минҳои амал бошад, як рукни саодат вуҷуд дорад, вале рукни дигари он мавҷуд нест, ва агар амалро бигирем ва имонро раҳо кунем, боз ҳам дуруст нест. Хаймаи саодат рӯи як поя намеистад. Имон аз назари исломӣ, арзиши зотӣ ва асолат дорад ва воқеан камоли инсон дар ин дунё ва ба хусус дар дунёи дигар, ба ин аст, ки имон дошта бошад, барои ин ки дар ислом руҳ воқеан истиқлол дорад ва аз худ камоле дорад ва баъд аз мурдан боқӣ аст. Агар руҳ ба камолоти худаш нарасад, ноқис ва фосид аст ва ба саодати худаш ноил намешавад.

* * *

Шавоҳиде аз Қуръон ва Наҳҷул-балоға

Бибинед, Қуръон дар ин замина чӣ мегӯяд:

وَمَن كَانَ فِي هَذِهِ أَعْمَى فَهُوَ فِي الآخِرَةِ أَعْمَى وَأَضَلُّ سَبِيلًا

«Ҳар кас дар ин дунё кӯр бошад, дар охират ҳам кӯр аст ва гумроҳтар.» (Сураи Исро, ояти 72) Дар тафсирҳо гуфтаанд — ва равшан аст — ки мақсуд ин нест, ки ҳар кас чашмҳои зоҳириаш дар ин дунё кӯр бошад, дар он дунё ҳам кӯр хоҳад буд. Мақсуд ин аст, ки ҳар кас дар ин дунё чашми ботинаш аз дидани ҳақоиқ, аз дидани Худои худаш, аз дидани оёти Худованд ва аз он чи ки бояд ба он имон дошта бошад кӯр бошад, дар он дунё кӯр маҳшур мешавад ва ғайр аз ин имкон надорад. Агар фарз кунем касе дар ин дунё тамоми аъмоли хуберо, ки як инсон бояд анҷом диҳад анҷом дода, тамоми амр ба маъруфҳо ва наҳй аз мункарҳоро анҷом дода ва мисли зоҳидтарини зоҳидҳо дар дунё зиндагӣ карда ва умри худро вақфи халқи Худо кардааст, аммо ба Худо имон надорад ва маъод ва олами ҳастиро намешиносад, ин инсон кӯр аст ва қатъан дар он дунё ҳам кӯр аст. Дигар сӯҳбат ин нест, ки имон, фақат муқаддимаи ин заҳматҳо ва талошҳо ва амалҳост ва амали як фард бояд дуруст бошад, имон ҳам надошт масъалае нест.

Фахри Розӣ дар як рубоии хеле олӣ мегӯяд:

Тарсам биравам олами ҷон нодида,

Берун равам аз ҷаҳон, ҷаҳон нодида.

Дар олами ҷон чун равам аз олами тан,

Дар олами тан олами ҷон нодида.

Метарсам аз ин ҷаҳон биравам, аммо ҷаҳонро надида бошам. Мақсуд ин нест, ки ин дару девору замину кӯҳу дарёву ситораро надида бошам. Мақсуд ин аст, ки метарсам чашми дилам боз нашуда бошад ва руҳи ҷаҳон, мабдаъ ва оғози ҷаҳон ва он чизеро, ки ислом “имон” мегӯяд дарк накарда бошам ва аз ин ҷаҳон биравам. Мегӯяд: ман, ки дар олами тан олами ҷонро надидаам, пас чӣ гуна вақте аз олами тан ба олами ҷон рафтам, он ҷоро метавонам бибинам? Ин ҷо бояд медидам, ки натавонистам бибинам. Ӯ дар ин рубоӣ ҳамин ояти:

وَمَن كَانَ فِي هَذِهِ أَعْمَى فَهُوَ فِي الآخِرَةِ أَعْمَى وَأَضَلُّ سَبِيلًا

«Ҳар кас дар ин дунё кӯр бошад, дар охират ҳам кӯр аст ва гумроҳтар.» (Сураи Исро, ояти 72) — ро маънӣ мекунад.

Қуръон дар ҷои дигаре мефармояд:

قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرْتَنِي أَعْمَى وَقَدْ كُنتُ بَصِيرًا. قَالَ كَذَلِكَ أَتَتْكَ آيَاتُنَا فَنَسِيتَهَا وَكَذَلِكَ الْيَوْمَ تُنسَى

Дар қиёмат ҳамин бандае, ки кӯр маҳшур мешавад эътироз мекунад, мегӯяд: Худоё! Ту чаро маро кӯр маҳшур кардӣ? Ман, ки дар он дунё чашм доштам, чаро дар ин ҷо кӯр ҳастам? Хитоб мерасад, ки он чашме, ки дар он дунё доштӣ, ба дарди ин ҷо намехӯрад, ин ҷо чашми дигаре лозим аст ва ту худат он чашми дигарро дар дунё кӯр кардӣ, ин ҷо ҳам кӯр ҳастӣ. Нишонаҳои мо дар он дунё буд, ту ба ҷои ин ки аз рӯи он нишонаҳо моро бибинӣ ва бишносӣ ва ҳақиқатро дарк кунӣ, худатро дар он дунё кӯр кардӣ ва ҳол ки дар олами ҳақиқат меойӣ, кӯр маҳшур мешавӣ. Дар ин олам фақат биниши ҳақиқӣ аст, ки муфид аст. (Сураи Тоҳо, оятҳои 125-126)

Дар сураи Мутаффифин мефармояд:

كَلَّا إِنَّهُمْ عَن رَّبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّمَحْجُوبُونَ

«Раҳошон кун! Инҳо дар он рӯз аз Худои худ дар парда ва ҳиҷобанд.» (Сураи Мутаффифин, ояти 15) Инҳо дар дунё бояд пардаи ғафлатро аз ҷилави чашмашон ақиб бизананд ва бибинанд. Маънои имон ин аст: эй инсон! Ту дар ин дунё омадаӣ, ки чашми ту дар ҳамин дунё он дунёро бибинад, гӯши ту дар ҳамин дунё он дунёро бишнавад.

Мукаррар гуфтаам, ки хеле хушвақтам, ки мебинам ҷавонони мо – бахусус — ба “Наҳҷул-балоға” таваҷҷӯҳ доранд. Аммо ҳамаи ҷанбаҳои “Наҳҷул-балоға”-ро бибинед. Бибинед “Наҳҷул-балоға” роҷеъ ба гӯшҳои инчунин, чӣ гуна сухан мегӯяд. “Наҳҷул-балоға” барои имон асолат қоил аст. Намегӯяд арзиши имон фақат арзиши зербиноӣ ва фикрӣ ва эътиқодӣ аст (на ин ки мехоҳам бигӯям зербино нест), мегӯяд, дар айни ин ки имон арзиши зербиноӣ ва фикрӣ ва эътиқодӣ дорад, арзиши асил ҳам дорад.

Алӣ (Алайҳис салом) дар “Наҳҷул-балоға” дар бораи “аҳлуллоҳ” мегӯяд:

يتنسمون بدعائه روح التجاوز

Инҳо касоне ҳастанд, ки дар ҳоле, ки Худоро мехонанд ва истиғфор мекунанд ва ғарқ дар истиғфор ҳастанд, насими омурзишро дар даруни худ эҳсос мекунанд. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 220) Яъне эҳсос мекунанд, ки омурзида шудаанд, насими таҷовузро дар руҳи худ эҳсос мекунанд (2), (3). Алӣ (Алайҳис салом) мефармояд:

ان الله سبحانه وتعالي جعل الذکر جلاء للقلوب، تسمع به بعد الوقرة، وتبصر به بعد العشوة، وتنقاد به بعد المعاندة، وما برح لله عزت آلاؤه في البرهة بعد البرهة، وفي أزمان الفترات، عباد ناجاهم في فکرهم، وکلمهم في ذات عقولهم

(Ибтидои ҳамон хутбаи 220) Фақат қисмати ахирашро бароятон маънӣ мекунам: дар ҳар даврае (4) афроде вуҷуд доранд, ки дар фикр ва даруни худ бо Худои худ ҳарф мезананд ва аз ӯ сухан мешунаванд:

عباد ناجاهم في فکرهم، وکلمهم في ذات عقولهم

Худо дар фикру ақлашон бо онҳо ҳарф мезанад.

Пас, дар ислом маърифати Худо ва ҳатто малоикаи Худо, ки васоити олами вуҷуданд, ва маърифати анбиё ва авлиёи Худо, ки ба сурати дигаре воситаи файзи Ҳақ ба сӯи мо ҳастанд, ва маърифати ин ки мо дар ин дунё, ки омадаем барои чӣ омадаем ва ба куҷо меравем, ва маърифати ин ки билохира хоҳ нохоҳ ба сӯи Ҳақ бозгашт мекунем ва ҳама чиз ба сӯи Ҳақ бозгашт мекунад (яъне маъод), ин маориф асолат дорад. Имон ба ҳақоиқ асолат дорад ва зимни ин ки асолат дорад, зербинои фикрӣ ва эътиқодии идеулужии исломӣ ҳам ҳаст. Ва як имони сад дар сад асил метавонад зербинои фикрӣ ва эътиқодии бисёр хубе барои як идеулужӣ бошад. Пас, ҳеч вақт амалро фидои имон накунед ва имонро ҳам фидои амал накунед. Ҳеҷ кадом аз ин ду набояд фидои дигаре шавад.

Маҷмӯан “инсони комил”-и фалосифа, инсони комил нест, инсони ноқис аст, яъне қисмате аз камолро дорад. Ин ки барои камоли ақлӣ асолат қоил шудаанд дуруст аст. Вале инсони комили фалосифа, аз ин ҷиҳат, ки онҳо соири ҷанбаҳои камолоти инсониро нодида гирифтаанд ва ҳамаи камолоти инсонро дар камоли ақлии ӯ ҷустуҷӯ кардаанд, инсони нимакомил аст, инсони ноқис аст. Инсони комили фалосифа фақат муҷассамае аст аз доноӣ, фақат медонад. Яъне инсони комиле, ки онҳо фарз кардаанд, мавҷуде аст, ки хуб медонад. Чунин инсоне хуб медонад, вале мавҷуде аст холӣ аз шавқ, холӣ аз ҳаракат, холӣ аз ҳарорат, холӣ аз зебоӣ, холӣ аз ҳама чиз; фақат медонад. Он мавҷуде, ки тамоми ҳунараш ин аст, ки хуб медонад ва донистанаш ҳам тамоми ҳастиро фаро мегирад ва “ҷаҳоне аст биншаста дар гӯшае”, инсони комили ислом нест, инсони нимакомили ислом аст.

Фурсат накардам ривояти Мӯсо ибни Ҷаъфар (а)-ро дар боби арзиши ақл, барои таъйиди он қисмат аз ҳарфи фалосифа, ки дуруст аст, барои шумо бихонам. Дар ин замина матлаб зиёд аст. Агар бихоҳем сӯҳбат кунем, яке ду ҷаласаи дигар бояд сӯҳбат кунем, вале арзи худамонро дар бораи ин мактаб дар ҳамин ҷо хотима медиҳем.

ولا حول ولا قوة الاّ بالله العليّ العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Асосан инҳо ҳам, ки ба водии материализм афтоданд, ба хотири муборизаи аҳмақонае буд, ки калисо бо афкори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва махсусан бо озодихоҳӣ кард, ба тавре, ки ин фикр дар дунёи Урупо пайдо шуд, ки инсон ё бояд озод бошад ва худро дар иҷтимоъ зиҳаққ бидонад ва Худоро канор бигузорад ва ё бояд ба Худо мӯътақид бошад ва худро зиҳаққ ва озод надонад ва аз ин қабил ҳарфҳо. Баъд, барои ин ки битавонанд роҳе барои озодӣ ва ҳуқуқи иҷтимоии инсон дуруст кунанд, омаданд мазҳабро аз зербино ҳазф карданд.

(2) Инҳо чизҳое аст, ки аз сатҳи фикри амсоли мо болотар аст ва шояд натавонем бовар кунем.

(3) “Таҷовузи Ҳақ” яъне гузашти Ҳақ аз гуноҳон, мағфирати Ҳақ, омурзиши Ҳақ.

(4) Бино ба гуфтаи Алӣ (Алайҳис салом), ҳеч даврае нест, ки дар он чунин афроде вуҷуд надошта бошанд. Дар замони мо ҳам вуҷуд доранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: