Перейти к содержимому

Интихоботе, ки собит кард ин мард ҳанӯз дар Туркия маҳбуб аст

Таҳлиле дар рӯзномаи Раъюл-явм

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ, ки ду рӯз пеш баргузор шуд ва дар он наздик ба 60 милюн шаҳрванди турк ширкат карданд, қавитар ва муҳкамтар берун омад ва худашро ба унвони раҳбар ва раисе таҳмил кард, ки кишвараш аз замони поёни даврони салотини усмонӣ ба худ надида буд.

Газофагӯӣ накардаем агар бигӯем маҳбубияте, ки аз он бархӯрдор аст, аз маҳбубияти Камол Отатурк, муассиси Туркияи ҷадид фаротар рафтааст.

Ардуғон, ҳамаи мухолифонаш дар дохил ва хориҷ аз Туркияро бо касби беш аз 53 дарсад аз оро ноумед кард; ин дар ҳоле аст, ки ҳафт рақиби вай бар сари мақоми риёсати ҷумҳурӣ, фақат 46 дарсади ороро касб карданд ва натавонистанд ба ҳадафашон яъне интиқол ба даври дуввуми интихобот бирасанд.

Пирӯзии Ҳизби адолат ва тавсиа ба раҳбари Ардуғон дар интихоботи порлумонӣ ва дастёбии эътилофаш ба 53 дарсад аз курсиҳои порлумон, камаҳаммияттар аз пирӯзии Ардуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ нест, зеро ба раисааш тафвизи мардумӣ барои иҷрои сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷӣ бидуни ҳеч гуна монеъе ва бо ихтиёроти мутлақ медиҳад.

Натоиҷи ин интихобот собит кард, ки Ардуғон сиёсатмадори коркуштае аст ва аз дидгоҳ ва чашмандози зираконае бархӯрдор аст. Ҳамчунин ин интихобот нишон дод, ки Ардуғон аз маҳбубияти болои мардумӣ бархӯрдор аст. Даъвати вай барои баргузории интихоботи зудҳангом, моҷароҷӯӣ набуд, агарчи бештари коршиносон бар ин бовар буданд, ки моҷароҷӯӣ будааст.

Мухолифон ба раҳбарии Ҳизби ҷумҳурӣ шикаст хӯрданд, зеро шомили эътилофи номутаҷонисе аз аҳзоб буданд, ки як ҳадаф доштанд, ва он, сарнагунии Ардуғон ва ҳизбаш буд. Ин мухолифон барномаи равшан ва раҳбари қавии коризмотик надоштанд, ки қодир ба ҷазби мардум бошад. Чӣ чизе Ҳизби ҷумҳурии сусиёлисти отатуркиро бо Ҳизби саодати исломгарои муҳофизакор ва Ҳизби миллигаро ва ростгарои «Хуб», ҷуз душманӣ бо Ардуғон, як ҷо ҷамъ мекард?

Танҳо омили мусбат барои мухолифон, ки метавон аз миёни овори ин шикасти таҳқиромез берун кашид, дастёбии оқои Муҳаррам Инче, кондидои мухолифон дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, ба 31 дарсади оро аст, ва ин мизон оро рақами бисёр болое аст, ки ба ҷуз вай ҳеч раҳбари ҳизби дигар ба даст наёвардааст; амре, ки боис мешавад вай битавонад рақибе қавӣ барои Ардуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда дар панҷ соли дигар шавад. Ҳамчунин баъид нест, ки дар марҳилаи оянда ҷойи раҳбари кунуниашро яъне Камол Қиличдоруғлуро бигирад ва ин мард низ дорои тамоюлоти исломгароёнаи муҳофизакор аст ва тавонист милюнҳо раъйдиҳандаро тайи таблиғоти интихоботӣ ҷазб кунад.

Ардуғон пирӯзиҳои худро дар арсаи сиёсии Туркия, ки аз соли 2002 оғоз кард, аз тариқи сандуқҳои раъй ва дар миёни ҷангале аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунон идома медиҳад ва ин амр чӣ басо ба далели салобат ва истодагӣ ва азми қавиаш ва низ ҳимояти бештари мардуми Туркия аз вай дар ин марҳилаи сахт ва ҳассос аз таърихи кишвар рух додааст.

Чолиши бузурге, ки вай пас аз ин пирӯзии бузург бо он мувоҷеҳ аст, ду бахш аст: аввал ин ки вай бояд ба унвони раисиҷумҳури ҳаштод милюн турк ва на фақат раисиҷумҳури Ҳизби адолат ва тавсиа рафтор кунад. Ва дуввум, дастовардҳои иқтисодиаш, ки боис шуд Туркия рутбаи 17 иқтисоди қавии ҷаҳонро ба даст оварад, ҳифз кунад.

Ардуғон дар суханронии нахусташ пас аз эъломи натоиҷ гуфт, ки барандаи воқеӣ дар ин интихобот «демукросӣ» ва «иродаи миллӣ» аст, ва ин тавсифаш комилан дуруст аст; амре, ки бар ӯ ҳатм мекунад, то ин демукросиро ҳифз ва решаҳо ва пойгоҳҳои онро, ки боризтаринашон озодии баён ва тасомуҳ бо дидгоҳи дигарӣ, нашри фарҳанги тасомуҳ, лағви ҳолати фавқулъода ва озодии зиндониёни сиёсӣ аст, тақвият кунад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: