Рӯзноманигорони азиз, лутфан накунед ин корҳоро!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар яке ду ҳафтаи ахир, дар шабакаи иҷтимоӣ ва баъзе аз сомонаҳои интернетӣ, ду филми шабеҳи ҳам мунташир шуд дар бораи ду зани ҷавон, ки бо мардоне бегона дар утоқи худ хилват карда будаанд ва наздикони шавҳари он ду зан бо вуруд ба утоқашон, аз онҳо филмбардорӣ карда ва бо ин кор, хостаанд ба шавҳарони он ду зан ин паёмро бирасонанд, ки масалан, бибин, зани ту чӣ кор мекунад! Ва бо камоли таассуф, яке ду сомонаи интернетӣ ҳам ин ду наворро ба сурати гузориш мунташир карданд.

Агар амали он ду зан зишт аст — ки қатъан ҳаст – аммо интишори навори ин саҳна тавассути наздикони шавҳарони он ду зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба маротиб зишттар ва нописандтар аст ва паёмадҳои бас манфӣ дорад. Асосан, намедонам чаро даст ба ин кор задаанд?! Агар мехостанд, писар ё бародари худро — яъне шавҳарони он ду занро — аз ин амали кабеҳи онҳо огоҳ созанд, хуб, метавонистанд фақат ба писар ё бародари худ нишон бидиҳанд. Чаро ҳамаҷо пахш мекунанд?! Оё роҳи боздоштани он ду зан аз амали қабеҳашон, ҳамин буд?!

Зишттар ва қабеҳтар аз интишори навори ин саҳна тавассути хонаводаҳо, интишори он аз сӯи рӯзноманигорон дар сойтҳои интернетии хеш аст. Воқеан ин кор, як кори бисёр зишт аст. Агар ҳадафи наздикони он ду зан, фақат расондани паём ба шавҳарони онҳо будааст, аммо ҳадафи рӯзноманигорони азиз аз интишори он наворҳо дар сойтҳои худ, чист?!

Асосан, вақте як инсон муртакиби гуноҳе мешавад — гуноҳе, ки зарару зиёни он фақат ба худи ӯ бармегардад, на ба ҷомеа — агар касе ба он огоҳ гардид (ба ҳар далел) ва хост гуноҳкорро аз кораш боздорад, дар ин сурат, ҳам урфан ва ҳам шаръан (манзурам, аз назари шаръи исломӣ аст), бояд бе он ки сирру асрори он бандаи Худоро ифшо намояд ва миёни мардум обрӯяшро бирезад, ба худаш тазаккур бидиҳад. Зеро, гуноҳи ифшои асрор ва обрӯрезӣ, бадтар аз гуноҳи зиност. Яъне, касоне, ки обрӯрезӣ роҳ меандозанд, муртакиби гуноҳе шудаанд бадтар аз зино ва сирқат. Вақте одам обрӯяш дар ҷомеа бирезад, баъид нест даст ба худкушӣ бизанад.

Як вақт суитафоҳум нашавад! Ман ба ҳеч ваҷҳ амали он ду занро тавҷеҳ намекунам, балки ҳарфам чизе дигар аст. Умедворам, азизон манзури бандаро бифаҳманд. Манзурам ин аст, ки роҳи боздоштани як инсони хатокор аз хатояш ва гуноҳаш, ин нест. Ба Худо ин нест! Роҳаш ифшо ва обрӯрезӣ нест. Одам вақте бибинад, обрӯяш миёни мардум рехтааст ва ангуштнамо гардидааст, ӯ ба ҳар коре ҳозир мешавад, то марзи худкушӣ меравад. Илова бар ин, ин ду зан қатъан фарзандоне доранд. Оё ифшокорон, фикри ин баччаҳои бегуноҳро низ мекунанд?! Шояд то охири умр бар руҳу равони ин баччаҳо таъсири ин кор боқӣ бимонад ва дар ҷомеа сарашон хам бимонад.

* * *

Гузашта аз ифшокорӣ ва обрӯрезӣ, нафси амали наворбардорӣ худаш як амали зишт аст, ва аз назари ислом — ки ин кор номаш таҷассус аст — ба тасреҳи Қуръони Карим як кори ҳаром аст. Онҳое, ки мусалмон ҳастанд ва худро пойбанд ба шариат медонанд, ҳоло барояшон як ривояти саҳеҳро нақл мекунам. Лутфан, пиромуни ин ҳадис хуб фикр кунед!

Имом Бухорӣ дар Саҳеҳ (ва низ муҳаддисони дигаре) бобе дорад таҳти ин унвон:

باب لاَ يَطْرُقْ أَهْلَهُ لَيْلاً إِذَا أَطَالَ الْغَيْبَةَ مَخَافَةَ، أَنْ يُخَوِّنَهُمْ أَوْ يَلْتَمِسَ عَثَرَاتِهِمْ

Яъне, “Боб: марде, ки дар сафаре тӯлонӣ будааст, вақте мехоҳад баргардад, бидуни иттилои қаблӣ ва сарзада вориди хона ва занаш нашавад, аз бими ин ки мабодо занашро дар ҳолате пайдо кунад, ки боис гардад зани худро ба хиёнат муттаҳам созад ё айбе дар ӯ бибинад”. Яъне, тибқи омӯзаҳои исломӣ, бояд мард яке ду рӯз пеш занашро мутталеъ созад бо фиристодани пайк ё аз тариқи телефон, ки масалан ман фардо ё пасфардо бармегардам. Сарзада вориди манзил нашавад.

Хуб, Имом Бухорӣ дар ин боб яке ду ривоят ба ҳамин мазмун аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл мекунад. Ҳол, аҷибаш ин ҷост. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар шарҳи худ бар “Саҳеҳи Бухорӣ” (яъне китоби “Фатҳул-борӣ”) зайли ин боб менависад:

وأشار بذلك إلى حديث أخرجه بن خزيمة عن بن عمر قال: نهى رسول الله صلى الله عليه وسلم أن تطرق النساء ليلا، فطرق رجلان كلاهما وجد مع امرأته ما يكره، وأخرجه من حديث بن عباس نحوه وقال فيه: فكلاهما وجد مع امرأته رجلا

Ва бад-ин васила ишора кардааст ба ҳадисе, ки Ибни Хузайма аз Ибни Умар ривоят карда, ки гуфт: “Паёмбари Акрам (с) наҳй фармуданд аз ин ки мардҳо шабона (бидуни иттилои қаблӣ) сарзада вориди занон бишаванд. Вале ду мард ба ин дастури ҳазрати Паёмбар (с) мухолифат карданд ва сарзада ва бидуни иттилои қаблӣ, вориди хона шуданд, ва он гоҳ ҳар дуи онҳо ҳамроҳи зани худ чизеро диданд, ки хушоянди онҳо набуд”. Ва дар ҳадисе дигар аз Ибни Аббос омадааст: “Ҳар дуи онҳо зани худро ҳамроҳи марде ёфтанд”. (Фатҳул-борӣ, 9/340-341, Ашшомила)

Ва қабл аз ин, Ибни Ҳаҷар аз Ибни Хузайма нақл кардааст, ки:

وقد خالف بعضهم فرأى عند أهله رجلا فعوقب بذلك على مخالفته

Ва мухолифат карданд баъзе аз онҳо (яъне ҳамон ду мард) ба дастури Паёмбар (с), он гоҳ вақте сарзада вориди хона шуданд, мардеро ҳамроҳи зани худ ёфтанд. Дар натиҷа, ҳар дуи ин мард ба хотири мухолифаташон ба дастури Паёмбар (с), муҷозот шуданд”. (Фатҳул-борӣ, 9/340, Ашшомила)

Яъне, на ин ки он ду зан ба хотири хиёнат муҷозот шуданд, балки ин ду мард ба далели мухолифат бо дастури ҳазрати Паёмбар (с), ки набояд сарзада ва бидуни иттилои қаблӣ вориди хона мешуданд, муҷозот шуданд.

Ин ривоят ва ин дастури ҳазрати Паёмбари Акрам (с) албатта ба ин маъно нест, ки алаёзу биллоҳ занҳо ба шавҳаронашон хиёнат кунанд ва шавҳаронашон ҳам беғайрат бошанд. Маъно ин нест. Суитафоҳум нашавад як вақт. Балки фалсафаи ин дастур ва ин амри он ҳазрат (с) ин аст, ки қарор нест сирру асрори инсонҳо, ҳатто зану шавҳар, комилан барои якдигар фош ва ошкор бошад. Инсон, билохира заъиф аст ва нуқоти заъфи бисёре дорад ва мо саъй кунем нисбат ба якдигар, ба хусус зану шавҳар нисбат ба ҳам, ҳусни занн дошта бошанд, аз зани худ таҷассус накунанд, сарзада ӯро ғофилгир накунанд, то айбе барояш биёбанд ва он гоҳ ҳамин рафтор сабаби пайдо шудани кудуратҳо байни онҳо гардад.

Ва аз сӯе ҳам, ин дастур нигоҳи ислом ба занонро ба намоиш мегузорад, ки онҳоро чунонки ҳастанд, бипазирем. Ба мардҳо дастур медиҳад, ки на танҳо ҳақ надоред бар эшон фишор оваред, балки агар аз ноҳияи онон аҳёнан фишоре бар шумо ворид шуд, таҳаммул кунед.

Мавлоно Балхӣ зайли ҳамин ривоят мефармояд: таҳаммули фишори занон, равиши ойини муҳаммадӣ бошад. Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” мегӯяд:

Овардаанд, ки Пайғомбар — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — бо саҳоба аз ғазо (ҷанг) омада буданд. Фармуд, ки: таблро бизананд, имшаб бар дари шаҳр бихусбем ва фардо даройем.

Гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Ба чӣ маслиҳат?

Гуфт: Шояд, ки занони худро бо мардони бегона ҷамъ бибинед ва мутаъаллим (дарднок) шавед ва фитна бархезад.

Яке аз саҳоба нашунид, даррафт, зани худро бо бегона ёфт.”

Сипас Мавлоно дар идома мегӯяд:

Акнун роҳи Пайғомбар — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! – ин аст, ки мебояд ранҷ кашидан аз дафъи ғайрат ва ҳамийят ва ранҷи инфоқ ва кисвати зан ва сад ҳазор ранҷи беҳадд чашидан, то олами муҳаммадӣ (с) рӯй намояд.

Роҳи Исо – Алайҳис салом! — муҷоҳида ва хилват ва шаҳват норондан. Роҳи Муҳаммад — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — ҷавру ғуссаҳои зан ва мардум кашидан…” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.154)

* * *

Дигар беш аз ин чизе намегӯям. Азизон, бо диққат ин ривоят ва шарҳи онро бихонанд. Аз рӯзноманигорон низ хоҳиш мешавад, даст аз обрӯрезии мардум бардоранд.

Реклама


Рубрики:Ахлоқи зишт, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои набавӣ, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: