Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (291)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (34)

* * *

Ҳақиру бехасм дидани дидаҳои ҳис Солеҳ ва ноқаи Солеҳро. Чун хоҳад, ки Ҳақ лашкареро ҳалок кунад, дар назари эшон ҳақир намояд хасмонро ва андак, агарчи ғолиб бошад он хасм. Ва «Юқалликум фӣ аъюуниҳим лияқзиаллоҳу амран кона мафъулан» (4)

* * *

Солеҳ он бишниду гиря соз кард,

Навҳа бар навҳагарон оғоз кард.

Гуфт: эй қавме ба ботил зиста

В-аз шумо ман пеши Ҳақ бигриста.

Солеҳ (а), ки он нолаҳоро шунид, гиря сар дод ва бо нолакунандагон шурӯъ ба нолидан ва гиристан кард. Ӯ гуфт: эй қавме, ки зиндагии ботилу беҳуда кардаед! Ман ба хотири шумо дар ҳузури Ҳақ гиристаам ва аз шумо назди Ҳақ Таъоло гила кардаам.

Ҳақ бигуфта сабр кун бар ҷаврашон,

Пандашон деҳ, пас намонд аз даврашон.

Солеҳ (а) дар он ҳангом, ки мегирист, бо худ гуфт: Ҳақ Таъоло ба ман гуфта буд, ки дар қиболи ҷавру бедоди онон шикебо бошам ва ононро панду андарз диҳам, зеро чизе намонда, ки давраи онон низ ба сар расид.

Ман бигуфта: панд шуд банд аз ҷафо,

Шири панд аз меҳр ҷӯшад в-аз сафо.

Солеҳ (а) гуфт: ман ба Ҳақ Таъоло гуфта будам, ки насиҳати ман аз ҷафои он қавм баста шуд, зеро шири андарзу насиҳат аз пистони меҳру сафо меҷӯшад.

Нукта: Равиши паёмбарон ва авлиё дар тарбияти халқ, нармӣ ва мудоро ва панду андарз аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с. 759)

Баски карданд аз ҷафо бар ҷойи ман,

Шири панд афсурд дар рагҳои ман.

Аз бас, ки он қавм дар ҳаққи ман ситам карданд, шири насиҳат дар рагҳои ман хушкид ва қалбам аз андарз ба онон афсурда шуд.

Ҳақ маро гуфта: туро лутфе диҳам,

Бар сари он захмҳо марҳам ниҳам.

Ҳақ Таъоло барои илтиёми хотиру оромиши дилам, ба ман гуфтааст: туро бисёр мавриди лутф қарор диҳам ва бар он захмҳоят марҳам ниҳам.

Соф карда Ҳақ диламро чун само,

Рӯфта аз хотирам ҷаври шумо.

Ҳақ Таъоло қалби маро ҳамонанди осмон соф кардааст, ва аз хотирам ғубори бедоду ситами шуморо рӯфтааст.

Дар насиҳат ман шуда бори дигар,

Гуфта амсолу суханҳо чун шакар.

Ман дар ҳаққи шумо мукарраран марҳамату шафқат нишон додаам ва ба шумо ва амсоли шумо суханоне чун шакар гуфтаам.

Шири тоза аз шакар ангехта,

Ширу шаҳде бо сухан омехта.

Суханро бо шакару шири тоза меомехтам ва бо ширу шаҳд мамзуҷ мекардам. Хулоса, суханоне бас дилкашу латиф ба шумо мегуфтам.

Шаҳд: ангубин, асал.

Нукта: «Шири тоза» шире аст, ки ба тозагӣ аз пистон дӯшида бошанд, маҷозан маъно ва мазмуни бикр. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1081-1082)

Дар шумо чун заҳр гашта он сухун,

З-он ки заҳристон будед аз беху бун.

Он гуна сухани дилпазиру ширини ман дар вуҷуди шумо ҳамчун заҳр нумуд, зеро ки шумо худатон аз беху бун заҳристоне аз ҷаҳлу ҷафо будед.

Чун шавам ғамгин? Ки ғам шуд сарнигун,

Ғам, шумо будет, эй қавми ҳарун!

Барои чӣ ғамгин шавам? Ғам, ки сарнагун шудааст. Эй қавми чамушу саркаш! Шумо мояи ғами ман будед.

Ҳарун: асби саркаш, чамуш.

Ҳеч кас бар марги ғам навҳа кунад?

Реши сар чун шуд, касе мӯ барканад?

Оё касе ба ҷиҳати бартараф шудани ғаму андӯҳи худ нола мекунад? Оё вақте, ки калӣ бартараф шавад, касе мӯйи сарашро меканад?

Нукта: Яъне оё мӯйи сарашро аз нороҳатӣ мекунад, ки чаро захми сарам шифо ёфт? Ва ё нозир ба ин аст, ки ҳар гоҳ касе ба захми калӣ мубтало мешуд, мӯҳои сарашро меканданд, то захм илтиём ёбад ва мӯйи тоза бирӯяд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с. 760-761)

Риши сар: захми сар, калӣ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: