Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (292)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (35)

* * *

Ҳақиру бехасм дидани дидаҳои ҳис Солеҳ ва ноқаи Солеҳро. Чун хоҳад, ки Ҳақ лашкареро ҳалок кунад, дар назари эшон ҳақир намояд хасмонро ва андак, агарчи ғолиб бошад он хасм. Ва «Юқалликум фӣ аъюуниҳим лияқзиаллоҳу амран кона мафъулан» (5)

* * *

Рӯ ба худ карду бигуфт: эй навҳагар,

Навҳаатро менаярзанд он нуфар.

Солеҳ (а) дубора бо худ гуфт: эй навҳагар! Он ки барояш навҳа мекунӣ, ба навҳаат намеарзад. Яъне ин қавм арзиши онро надоранд, ки мавриди лутф қарор гиранд.

Ростхон! Кажхонии моро мабин,

Кайфа осо кул лиқавмин золимин.

Эй ростхонанда! Ба кажхонии мо нигоҳ макун, ва ин оят (ояти 93 сураи Аъроф)-ро барои ситамгарон бихон:

فَكَيْفَ آسَى عَلَى قَوْمٍ كَافِرِينَ

«Пас, чӣ гуна андӯҳ хӯрам бар қавми кофирон?!»

Нукта: Ин ҷумла аз қавли Шуъайб (а) аст, вале дар назари Мавлоно анбиё як ҳақиқатанд дар колбадҳои гуногун. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.761)

Боз андар чашму дил ӯ гиря ёфт,

Раҳмате, бе иллате, дар вай битофт.

Солеҳ (а) боз дар худ эҳсоси риққат кард ва дид, ки ашк дар чашмонаш давида ва раҳмате, ки иллати онро намедонад, дар дили ӯ намудор гардид.

Қатра мебориду ҳайрон гашта буд

Қатраи бе иллат аз дарёи ҷуд.

Солеҳ (а) ашк мерехт ва саргашта шуда буд. Он қатароти ашке, ки зоҳиран бе иллату ангеза буд, аз дарёи ҷуду карамаш сарозер шуда буд.

Ақли ӯ мегуфт, к-ин гиря зи чист?

Бар чунон афсӯсиён шояд гирист?

Ақли Солеҳ (а) ба худ мегуфт: охир, ин гиря барои чист? Оё гиристан барои ин ситамгарон, ки коре ҷуз тамасхуру истеҳзои солеҳон надоштанд, раво ва шоиста аст?

Афсӯсиён: ҷамъи «афсӯсӣ», масхара, маҷозан золим.

Бар чӣ мегирйӣ? Бигӯ, бар феълашон?

Бар сипоҳи кинаи баднаълашон?

Барои чӣ гиря мекунӣ? Бигӯ, оё барои корҳое, ки карданд мегирйӣ? Ё барои он лашкари пуркинаи шуму нохуҷастаи онон мегирйӣ?

Баднаъл: бадқадам, шум, никбатбор.

Бар дили торики пурзангорашон?

Бар забони заҳри ҳамчун морашон?

Оё ба хотири дили зангоргирифтаи онон мегирйӣ? Ё бар забони заҳрогини онон, ки ҳамчун мор аст, гиря мекунӣ?

Бар даму дандони сагсоронашон?

Бар даҳону чашми каждумхонашон?

Оё ба хотири нафасу дандони сагсифатонаи онҳо гиря мекунӣ? Ё бар даҳону чашми онон, ки лонаи каждум аст, гиря сар медиҳӣ?

Сагсорона: монанди сагсорон. Ва сагсорон бар қавми афсонаие итлоқ мешуд, ки саре ҳамонанди сари сагҳо доштанд бо риши бузӣ ва чашмоне ҳамонанди чашми хук. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.762)

Нукта: Онон бо чашму забонашон захмҳои ҷонкоҳе бар руҳу равони шоистагон мезаданд ва ононро тамасхур мекарданд. Аз ин рӯ гӯӣ ки чашму даҳони онон лонаи ақраб будааст. (Ҳамон манбаъ)

Бар ситезу тасхуру афсӯсашон?

Шукр кун, чун кард Ҳақ маҳбусашон!

Оё бар ситезу истеҳзои инон мегирйӣ? Шукр кун, ки Ҳақ Таъоло ононро дар зиндони қаҳри худ ба ҳабс кашидааст.

Тасхур: истеҳзо ва масъара кардан.

Дасташон каж, пояшон каж, чашм каж,

Меҳрашон каж, сулҳашон каж, хашм каж.

Дасту пову чашму муҳаббату оштиву хашмашон ҳама каҷ буд. Яъне хулосаи қавме буданд каҷрафтору каҷравишу каҷбину номутаъодил.

Аз пайи тақлид в-аз роёти нақл,

По ниҳода бар ҷамоли пири ақл.

Инҳо дар сояи тақлиду парчамҳои нақл аз гузаштагони худ орамида буданд, ва по бар рӯи зебоӣ ва ҷамоли муршиди ақл ниҳоданд.

Роёт: ҷамъи роят, парчам.

Нукта: Ин зоҳирбинон танҳо ба маҳфузоту маълумоти худ, ки аз роҳи тақлид аз дигарон ба даст овардаанд, басанда мекунанд ва мушикофӣ ва ҷастори ақлониро мавриди тамасхур қарор медиҳанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.762-763)

Пирхар на, ҷумла гашта пирхар,

Аз риёи чашму гӯши ҳамдигар.

Онҳо харидори пиру муршиди қобил нашуданд, балки ҳамагӣ пирхар шуданд, яъне хари пиру кавдан гаштанд. Зеро гӯшу чашми онҳо мутаваҷеҳи риёкорӣ аст, на ҳақиқатёбӣ.

Нукта: Пирхари аввал, ба маънои харидор ва толиби пири роҳ, ва пирхари дуввум ба маънои хари пиру солманд.

Аз биҳишт овард Яздон бандагон,

То намоядшон сақарпарвардагон.

Худованд аз биҳишти барин бандагоне ба номи анбиё ва авлиё ба ин ҷаҳон фиристод, то дӯзахсириштонро ба онон нишон диҳад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: