Перейти к содержимому

Инсони комил (19)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсони комил аз дидгоҳи мактаби ирфону тасаввуф (1)

هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ

(Сураи Ҷумъа, ояти 2)

Гуфтем, ки инсони комил аз диди фалосифа як ҷур аст ва аз диди урафо ба сурати дигаре аст ва аз диди бисёре аз фалосифаи ҷадид таври дигар аст. Мактабҳоеро ба таври иҷмол муаррифӣ кардем, ки баъд ба таври тафсил дар бораи онҳо баҳс кунем: мактаби ақлгароён, мактаби қалбийюн ё арбоби дил (урафо), мактаби муҳаббат, мактаби қудрат, мактаби хидмат.

Дар ин ҷаласа яке дигар аз ин мактабҳоро ба таври тафсил баррасӣ мекунем ва назари исломро дар бораи қисматҳои мухталифе, ки дар ин мактаб вуҷуд дорад баён мекунем. Ҳамчунон ки баҳси мо дар ҷаласаи гузашта ба мактаби ақлгароён ихтисос дошт, баҳси ин ҷаласа дар бораи инсони комил аз дидгоҳи мактаби ирфону тасаввуф аст.

Баҳс дар бораи инсони комил аз диди ирфон ва тасаввуф, барои мо аҳаммияти бештаре дорад. Инсони комиле, ки фалосифае аз қабили Арасту ва Ибни Сино баён кардаанд, дар миёни мардум ривоҷ пайдо накардааст; ҳарфе буда, ки дар матни китобҳои фалсафӣ омада ва аз он ҷо хориҷ нашудааст, вале мактаби ирфону тасаввуф назари худро дар бораи инсони комил дар миёни мардум ба насру шеър баст додааст. Китобҳои ирфонӣ аз он ҷиҳат, ки матолибро бо забони тамсил ва бо забони шеър баён мекунанд, қаҳран дар миёни мардум нуфузи бештаре доранд. Ин мактаб ҳам монанди мактаби фалосифа матолиб ва масоиле дорад, ки аз назари ислом қобили қабул аст, вале дар айни ҳол холӣ аз интиқод ҳам нест ва инсони комили ислом сад дар сад бо инсони комили урафо ва мутасаввифа татбиқ намекунад.

* * *

Ишқ аз назари урафо

Арз кардем, ки фалосифа зоту ҷавҳари инсонро ҳамон ақли ӯ медонанд. Ғайри ақл ҳар чи ҳаст, онро хориҷ аз зоти инсон ва дар ҳукми васоилу абзор медонанд. “Ман”-и инсон яъне ҳамон қувваи фикр кардани инсон, қувваи тафаккури мантиқии инсон. Урафо “ман”-и инсонро ақлу фикри инсон намедонанд, балки ақлу фикрро ба манзилаи як абзор — он ҳам на абзори хеле мӯътабар — медонанд ва “ман”-и ҳақиқии ҳар касро он чизе медонанд, ки аз он ба “дил” таъбир мекунанд. Ҳаким ва файласуф “ман”-ро он чизе медонад, ки аз он ба «ақл» таъбир мекунад, ва ориф “ман”-и воқеии инсонро он чизе медонад, ки аз он ба «дил» таъбир мекунад.

Албатта шак нест, ки мақсуди ориф аз дил, ин дили гӯштӣ, ки дар тарафи чапи бадани инсон аст, нест; намехоҳад бигӯяд “ман”-и инсон ҳамон дили гӯштӣ аст, ки пизишки ҷарроҳ онро амали ҷарроҳӣ мекунад ё пайванд мезанад. Ақл яъне маркази андеша ва тафаккур ва ҳисобгарӣ. Дил яъне маркази эҳсос ва хост дар инсон. Ақл як конун ва марказ аст, ва дил конун ва маркази дигаре аст. Ориф барои эҳсос, ва барои ишқ ба таври куллӣ — ки қавитарин эҳсосҳо дар инсон аст — арзиш ва аҳаммияти зиёде қоил аст. Ҳар чи, ки ҳаким ва файласуф барои фикр кардан ва барои истидлол ва далели мантиқӣ овардан арзиш қоил аст, ориф барои ишқ арзиш қоил аст. Албатта ишқе, ки ориф мегӯяд, бо ишқҳои рӯзномаии мо фавқулъода мутафовит аст. Ишқҳои рӯзномаӣ, ишқҳои ҷинсӣ аст. Ишқи ориф ишқе аст, ки аввалан, дар инсон авҷ мегирад, то ӯ ба Худо мерасад, ва маъшуқи ҳақиқии ориф фақат Худосту бас. Сониян, ишқе, ки ориф мегӯяд, мунҳасир ба инсон нест. Ориф мӯътақид аст, ки ишқ дар ҳамаи мавҷудот сараён дорад. Дар китобҳои ирфонӣ ва баъзе китобҳои фалсафии мутамойил ба ирфон (мисли Асфор), бобе таҳти унвони “Фи сараёнил-ъишқ фи ҷамиъил-мавҷудот” вуҷуд дорад, яъне мӯътақиданд ишқ як ҳақиқате аст, ки дар тамоми зарроти вуҷуд ҷараёну сараён дорад. Дар ин ҳаво ҳам ишқ ҳаст, дар он санг ҳам ишқ ҳаст, дар он зарроти атомӣ ҳам ишқ ҳаст, ва аслан ҳақиқат ишқ аст, ва он чи ғайр аз ишқ мебинӣ, маҷозе аст бар рӯи ин ҳақиқат. Мавлавӣ мегӯяд:

Ишқ баҳре, осмон бар вай кафе,

Чун Зулайхо дар ҳавои Юсуфе.

Ишқ як дарёст. Ҳамаи осмонҳо ва замин ва ҳамаи олами табиат аз назари ориф ба манзилаи кафе аст бар рӯи як дарё, ки он дарё “ишқ” аст. Ҳофиз мегӯяд:

Мо бад-ин дар на пайи ҳишмату ҷоҳ омадаем,

Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем.

Раҳрави манзили ишқему зи сарҳадди адам

То ба иқлими вуҷуд ин ҳама роҳ омадаем.

Бибинед чӣ қадр олӣ мегӯяд! Ин байти Ҳофиз тарҷумаи ҷумлае аз аввалин дуои Имом Саҷҷод (Алайҳис салом) дар Саҳифаи Саҷҷодия аст. Баъд аз ин ки Худоро ҳамду сано мегӯяд, мефармояд:

ابتدع بقدرته الخلق ابتداعا واخترعهم على مشيّته اختراعا ثم سلك بهم طريق عبادته وبعثهم في سبيل محّبته

Яъне, Худо ибтидо оламро аз адам офарид, оламро ибдоъ кард, (1) баъд махлуқотро аз роҳи муҳаббати худ барангехт. Ҳофиз ҳам ҳаминро мегӯяд:

Раҳрави манзили ишқему зи сарҳадди адам

То ба иқлими вуҷуд ин ҳама роҳ омадаем.

* * *

Роҳи расидан ба камол

Вақте ориф барои ҳамаи олам як ҳақиқат бештар қоил нест ва он ҳақиқат ишқ аст, қаҳран аз назари ӯ дигар ҳақиқати инсон фикр нест, ки файласуф мегуфт, ҳақиқати инсон дили ӯст. Дил ҳам яъне ҳамон маркази ишқи илоҳӣ. Пас, як тафовут байни мактаби ақл ва мактаби ирфон дар масъалаи “ман”-и инсон аст. Оё “ман”-и инсон ҳамон аст, ки фикр мекунад, ё он аст, ки ишқ меварзад? Ориф мегӯяд, “ман”-и ту ҳамон аст, ки ишқ меварзад, на он ки фикр мекунад.

Аз назари файласуф, агар инсон бихоҳад ба мақоми инсони комил бирасад, бо чӣ абзоре бояд пеш биравад? Бо абзори истидлол ва қиёс, бо суғро ва кубро ва муқаддамот чидан ва фикр кардан, бо пойи мантиқ. Вале ориф мегӯяд: хайр, абзори он, илму саводу ҳарфу гуфту шунуду суғро ва кубро ва муқаддима ва натиҷа ва истидлол нест:

Дафтари сӯфӣ саводу ҳарф нест,

Ҷуз дили испед ҳамчун барф, нест.

Ба ҷои ҳамаи ин корҳо тазкияи нафс кун. Файласуф мегӯяд: фикр кун, дарс бихон, пеши муаллим бирав, вале ориф мегӯяд: худатро тасфия кун, таҳзиби нафс кун, ахлоқи разиларо аз худ дур кун, таваҷҷӯҳ ба ғайри Ҳақро ҳар чи метавонӣ аз худ бирон ва бар таваҷҷӯҳи худ ба Ҳақ бияфзо, бар хотироти худ мусаллат бош, ҳар чи андешаи ғайри Худо дар дили ту биёяд, дев аст, то дев ҳаст, фаришта, ки нури Худост, ҳаргиз дар дили ту намеояд:

Бар сари онам, ки гар зи даст барояд,

Даст ба коре занам, ки ғусса сар ояд.

Хилвати дил нест ҷои сӯҳбати аздод,

Дев чу берун равад, фаришта дарояд.

Сӯҳбати ҳукком зулмати шаби ялдост,

Нур зи хуршед ҷӯй, бу, ки барояд.

Бар дари арбоби бемуруввати дунё,

Чанд нишинӣ, ки хоҷа кай бадар ояд? 

Тарки гадоӣ макун, ки ганҷ биёбӣ,

Аз назари раҳраве, ки дар гузар ояд. 

Баъд, ки инсонро аз ин ки ба дари хонаи акобиру бузургону соҳибони қудрат биравад барҳазар медорад, мегӯяд: тарки гадоӣ макун! Аммо гадоӣ пеши чӣ касе? Гадоӣ пеши як инсони комил.

Ба ҳар ҳол василае, ки ин мактаб барои расидани инсон ба мақоми инсони комил муаррифӣ мекунад, ислоҳу таҳзиби нафс аст, таваҷҷӯҳ ба Худост. Ҳар чи бештар инсон ба Худо таваҷҷӯҳ кунад ва ҳар чи бештар таваҷҷӯҳ ба ғайри Худоро аз зеҳни худ дур кунад ва ҳар чи бештар ба даруни худ фурӯ равад ва ҳар чи иртиботи худро аз берун бештар қатъ кунад, ба мақоми инсони комил наздиктар мешавад.

Қаҳран инҳо барои баҳсу истидлолу мантиқ арзише қоил нестанд. Мавлавӣ мегӯяд:

Пойи истидлолиён чӯбин бувад,

Пойи чӯбин сахт бетамкин буд.

Ва дар ҷои дигаре мегӯяд:

Баҳси ақлӣ гар дуру марҷон бувад,

Он дигар бошад, ки баҳси ҷон бувад.

Баҳси ҷон андар мақоме дигар аст,

Бодаи ҷонро қивоме дигар аст.

Поёни роҳ чист? Поёни роҳ аз назари ҳаким (файласуф) ин буд, ки инсон як ҷаҳон бишавад вале ҷаҳоне аз андеша ва фикр:

صيرورة الانسان عالما عقليا مضاهيا للعالم العيني

Нақши ҳамаи ҷаҳон — ҳарчанд ба таври куллӣ — дар ойинаи ақлаш биафтад, яъне ҷаҳонро дар даруни худ мебинад. Ниҳояти роҳи ҳаким, доноӣ ва дидани ҷаҳон аст. Аммо ниҳояти роҳи ориф расидан аст, на дидан. Расидан ба чӣ чиз? Расидан ба зоти Ҳақ. Мӯътақиданд, ки агар инсон даруни худро тасфия кунад ва бо маркаби ишқ ҳаракат кунад ва манозили байни роҳро зери назари як инсони комилтар тай кунад, поёни ин роҳ ин аст, ки пардаи миёни ӯ ва Худо ба куллӣ бардошта мешавад, ва ба таъбири худашон, ба Худо мерасад. Дар Қуръон масъалаи “лиқоуллоҳ” матраҳ аст ва урафо дар боби лиқоуллоҳ хеле сухан гуфтаанд, ки достони муфассале дорад ва ман аҷолатан намехоҳам дар мавзӯи лиқоуллоҳ ворид шавам, ки оё ин ҳарф метавонад маънӣ дошта бошад ё на. Вале ба ҳар ҳол, ориф намегӯяд, ки ман ба ҷое бирасам, ки ҷаҳоне аз андеша шавам, ойинае шавам, ки ҷаҳон дар ман мунъакис шавад; мегӯяд, меравам то ба маркази ҷаҳон бирасам:

يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَى رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ

«Эй инсон! Ҳаққо, ки ту ба сӯи парвардигори худ ба сахтӣ дар талошӣ ва ӯро мулоқот хоҳӣ кард.» (Сураи Иншиқоқ, ояти 6) Ба он ҷо, ки рафтӣ ва расидӣ, ҳама чиз ҳастӣ ва ҳама чиз дорӣ:

العبودية جوهرة كنهها الربوبية

Ҳама чиз дорӣ, вале ҳеч чизро намехоҳӣ. Муаммо ин аст. Ба мақоме мерасӣ, ки ҳама чиз ба ту медиҳанд ва ту ба ҳеч чиз эътино надорӣ, ҷуз ба худи ӯ. Абӯсаъиди Абулхайр чӣ ширин мегӯяд:

Он кас, ки туро шинохт, ҷонро чӣ кунад?

Фарзанду аёлу хонумонро чӣ кунад?

Девона кунӣ, ҳар ду ҷаҳонаш бахшӣ,

Девонаи ту ҳар ду ҷаҳонро чӣ кунад?

Аввал чунин касеро девонаи худат мекунӣ ва баъд ҳар ду ҷаҳонро ба ӯ медиҳӣ. Аммо замоне ҳар ду ҷаҳонро ба ӯ медиҳӣ, ки ӯ аслан онҳоро намехоҳад. То рӯзе, ки туро нашнохта, ҳама чиз мехоҳад, вале дар он мавқеъ ба ӯ намедиҳӣ. Вақте, ки туро шинохт, ҳама чизро ба ӯ медиҳӣ, аммо ӯ дар ин ҳангом ба ҳеч чиз эътино надорад, чун туро пайдо кардааст. Дигар на дунёро мехоҳад ва на охиратро, чун ту мофавқи дунё ва охират ҳастӣ.

* * *

Ҳол бояд назари исломро дар ин замина баён кунем, ки оё “инсони комил”-и урафо бо мавозини исломӣ ҷур дармеояд ё на, чун маълум шуд, ки манзури урафо аз инсони комил чист. Инсони комили урафо инсоне аст, ки ба Худо мерасад; вақте ба Худо расид, мазҳари комили ҳамаи асмо ва сифоти илоҳӣ мешавад ва ойинае мешавад, ки зоти Ҳақ дар ӯ зуҳур ва таҷаллӣ мекунад.

Дар мавриди мактаби фалосифа гуфтем он чи ки фалосифа онро инсони комил медонанд, аз назари ислом инсони нимакомил аст, на инсони комил, ва баъд қисматҳои мухталифро арз кардем, ки дар кадом қисмат мактаби фалосифа мавриди таъйиди ислом аст ва дар кадом қисмат мавриди таъйиди ислом нест. Дар ин ҷо низ ба ҳамон шакл баҳс мекунем.

Оё дар ислом масъалае ба номи таҳзибу тазкияи нафс матраҳ аст? Бидуни шак. Чун дар матни Қуръон ин матлаб матраҳ аст:

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا

«Ҳар кас онро (нафсро) пок гардонид, қатъан растгор шуд. Ва ҳар ки олудааш сохт, қатъан дарбохт.» (Сураи Шамс, оятҳои 9-10)

Яъне баъд аз ҳафт қасами мутаволӣ мефармояд: растгорӣ моли мардуме аст, ки тазкияи нафс кардаанд ва бадбахт он мардуме ҳастанд, ки нафсу руҳу ботини худро фосиду табоҳ кардаанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ибдоъ яъне анҷоми коре, ки аз рӯи намунае набудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: