Муборизаи беамони Пошиниён бо фасод дар Арманистон

Гузорише аз Григур Отонисён дар LobeLog

Мақомоти ҷадиди Арманистон дар ростои мубориза алайҳи мақомоти давлати қабл, як саре аз афроди муфсидро дастгир карданд. Ин иқдом мӯҷиби афзоиши таниш байни давлати ҷадид ва қаблӣ шуд.

Баъд аз ин ки дар 8 май Никул Пошиниён бо ваъдаи мубориза бо фасод ба унвони нахуствазир интихоб шуд, тими вай дар оғоз дар қиболи мақомоти фосиди давлати қабл, рӯйкарде мӯҳтотона иттихоз кард. Ортур Вонитсиён, раиси созмони амнияти миллӣ, ба ниёзи мубориза бо фасод таъкид кард, аммо рӯйкарде нисбатан мусолиматомез баргузид.

Дар тӯли моҳи май, созмони амнияти миллӣ, шавоҳиде ба мардум ироа кард мабнӣ бар тақаллуби молиётии теъдоде аз ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳое, ки таҳти контроли як узви собиқи Ҳизби ҷумҳурихоҳи порлумон буд. Аммо Вонитсиён гуфт, пардохти ҳазинаи хасоратҳои ворида ба давлат, барои табриаи ин афрод аз иттиҳомоташон кифоят мекунад ва ҳеч як аз мақомоти радаи боло дар робита бо ин иттиҳомот дастгир нашуданд.

Аммо дар моҳи июн, ин мубориза рӯйкарди таҳоҷумитар гирифт. 14 июн, созмони амнияти миллӣ, ду мақоми аршад дар шаҳри Иравон (Ереван)-ро, ки ҳанӯз таҳти контроли ҷумҳурихоҳон аст дастгир кард. 16 июн дар шаҳри Эчмиадзин хонаҳои аъзои ҷумҳурихоҳи порлумон, Манвел Григуриён, сипаҳбуди бознишастаи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, ва Ортур Осотриён, саркардаи хилофкорон (мулаққаб ба «Дон Пипо») мавриди юриш қарор гирифт. Ҳар ду нафар ба иттиҳоми хариди ғайриқонунии аслиҳа дастгир шуданд, ҳамчунин Осотриён муттаҳам ба одамрубоӣ низ шуд.

Ҳомиён ва муттаҳидони Григуриён пас аз дастгириаш басиҷ шуданд. Эдворд Шормозонов ин дастгириро «ғайримашрӯъ ва ғайриқонунӣ» хонд. Ормон Ошутиён, яке дигар аз намояндагони ҷумҳурихоҳи порлумон низ ибрози нигаронӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни женероли дастгиршуда муқобили ситоди амнияти миллӣ тазоҳурот карданд ва ҳатто саъй карданд як хиёбонро бибанданд.

Пошиниён, ки аз сафари кӯтоҳаш ба Қарабоғи кӯҳӣ (Нагорный Карабах) баргашта буд, дар барномаи зинда аз тариқи Фейсбук гуфт, ки дар бозрасии хонаи Григуриён, маъмурони амнияти миллӣ на танҳо аслиҳа пайдо карданд, балки ғизоҳоеро ёфтанд, ки дар апрели 2016 донишомӯзони мадрасаҳо барои сарбозон дар хатти муқаддами Қарабоғи кӯҳӣ фиристода буданд. Чанд соат баъд, филми ҷустуҷӯи хонаи Григуриён аз тариқи расонаҳо пахш шуд.

Ин видео мардумро ҳайратзада кард. Дар хонаи яйлоқии Григуриён (дачаи вай), як анбори кучаке бо силоҳ, туфанги тактирандозӣ ва хумпораандоз ва 12000 қитъа муҳиммот, силоҳҳои инфиҷорӣ ва нориҷакҳои дастӣ дар канори худравҳои ҷангӣ ва як омбулонс, ёфт шуд.

Дар ин видео ҳамчунин консервҳои ғизо ва ҷаъбаҳои кӯмакҳои аввалия бо барчасби «барои сарбозон» ва «ғайри қобили фурӯш», ки ба ҳамроҳи онҳо номаҳое дастнавис аз сӯи кӯдакон буд низ нишон дода шуд. Григуриён ба унвони раиси Иттиҳодияи кӯҳнасарбозон, масъули расондани кӯмак ба артиш буд. Аммо ба нақл аз созмони амнияти миллӣ, ӯ аз ин ғизоҳо барои сер кардани бабрҳо ва хирсҳо дар боғи ваҳши хусусиаш истифода мекардааст.

Баъд аз пахши ин филм, аз мизони ҳимоят аз Григуриён ба шиддат коста шуд. Вакили мудофеъи Григуриён аз дифоъ аз ӯ инсироф дод. Григуриён аз зиндон аз ҳамтоёни ҷумҳурихоҳаш дар порлумон хост, то обрӯяшро ҳифз кунанд. Писараш, Корен Григуриён, ки шаҳрдори Эчмиадзин, буд истеъфо дод.

Мардуми Арманистон, ки ҳайратзада шуда буданд, ба шиддат аз ин боздоштҳо ҳимоят карданд. Фейсбук, ки аввалин макон барои баёни изҳороти сиёсии арманиҳо буд, аз изҳори назарҳои мардум мунфаҷир шуд. Донил Иунисён, бунёнгузори Иттиҳодияи шаҳрвандони огоҳ, ки гурӯҳи дидабони мустақар дар Иравон аст, навишт: «Ортур Вонитсиён маърака аст. Ман ҳаргиз фикрашро намекардам, ки диди мусбате нисбат ба созмони амнияти миллӣ пайдо кунам.» Раиси ин созмон гуфтааст, ки дар ҳоли дарёфти «ҳазорон дархости шуғл» аз тарафи шаҳрвандон аст.

Дар тӯли даҳаҳо, Григуриёнҳо намоди фасод, беқонунӣ ва хушунатҳои низомманд буданд, ки бар шаҳри Эчмиадзин ҳукумат мекарданд. Таҳқиқот хабар аз фирори молиётӣ медиҳанд, аммо сокинони шаҳр як ҳақиқати талхро баён карданд, ки Григуриён ва дӯстонаш мардуми маҳаллиро мавриди ҳамла, таҷовуз ва шиканҷа қарор медоданд.

Рӯзномаҳои арманӣ гузориш доданд, ки боздошт ва истеъфои Григуриёнҳо, мӯҷиби ҷашну шодии мардум дар шаҳр шудааст. Дар зимн, Вонитсиён ҳушдор додааст, ки гузоришоте ба дасташ расидааст, ки гурӯҳҳои ҷинояткор мехоҳанд ӯ ва Пошиниёнро ба қатл бирасонанд; ба ин маънӣ, ки ҳузури шабонаи Пошиниён дар маркази шаҳр, эҳтимолан тавассути созмонҳои амниятӣ маҳдуд хоҳад шуд.

LobeLog

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: