Перейти к содержимому

Инсони комил (20)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсони комил аз дидгоҳи мактаби ирфону тасаввуф (2)

Илми ифозӣ

Оё дар ислом тасфияи нафс роҳест ба сӯи маърифат? Дар ин ки Қуръон мегӯяд: «Ҳар касе, ки тазкияи нафс кард растгор шуд» (Сураи Шамс, ояти 9) ҳарфе нест, вале оё ин тазкияи нафс роҳе ба сӯи маърифати Ҳақ аст, ё роҳи маърифат фақат далелу бурҳону истидлол яъне ҳамон роҳи ҳукамо ва фалосифа аст?

То ин андоза ҳам бидуни шак мавриди таъйиди ислом аст. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҷумлае дорад, ки он ҷумларо, ҳам шиъа ва ҳам аҳли тасаннун ривоят кардаанд ва аз мусалламот аст. Мефармояд:

من أخلص لله أربعين صباحا، جرت ينابيع الحكمة من قلبه على لسانه

Ҳар кас чиҳил шабонарӯз худро барои Худо холис кунад, яъне чиҳил шабонарӯз ҳеч ангезае дар вуҷуди ӯ ҷуз ризои Ҳақ ҳоким набошад: ҳарф бизанад барои ризои Худо, сукут кунад барои ризои Худо, нигоҳ кунад ва нигоҳашро бардорад барои Худо, ғизо бихӯрад барои Худо, бихобад ва бедор шавад барои Худо, яъне он чунон барномаашро танзим кунад ва он чунон руҳи худро ислоҳ кунад, ки асосан ҷуз барои Худо, барои чизи дигаре кор накунад, яъне бишавад Иброҳими Халилуллоҳ, ки:

إِنَّ صَلاَتِي وَنُسُكِي وَمَحْيَايَ وَمَمَاتِي لِلّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

(Сураи Анъом, ояти 162) намозам, ибодатам ва балки зиндагӣ ва мурданам, лиллоҳ ва барои ӯст. Оре, Пайғамбар фармуд: агар касе муваффақ шавад чиҳил шабонарӯз ҳавову ҳавасро ба куллӣ мураххас кунад ва дар ин чиҳил шабонарӯз ҷуз барои Худо коре накунад ва ҷуз барои ӯ зинда набошад, чашмаҳои маърифат ва ҳикмат аз дарунаш меҷӯшад ва бар забонаш ҷорӣ мешавад.

Пас, маълум мешавад, ки ислом илмеро, ки ба он “илми ифозӣ” мегӯянд (яъне илме, ки аз дарун меҷӯшад) қабул дорад. Зимни ин ки илми ақлиро қабул дорад ва ба сӯи он даъват мекунад, ин илмро ҳам қабул дорад. Ба Мӯсо (а) мефармояд: мо як бандае дорем, назди ӯ меравӣ ва аз ӯ илм меомӯзӣ:

وَعَلَّمْنَاهُ مِن لَّدُنَّا عِلْمًا

«Мо ба он банда аз назди худамон илм додем.» (Сураи Каҳф, ояти 65) Яъне ӯ илмашро аз як башар наомӯхта, аз дарун ва ботинаш илме ҷӯшондаем. (Калимаи «илми ладуннӣ» аз ҳамин оят иқтибос шудааст.)

Ҳофиз бо он забони рамзии ширини худ ҳамин ҳадисро маънӣ мекунад, мегӯяд:

Саҳаргаҳ раҳраве дар сарзамине

Ҳамегуфт ин муаммо бо қарине,

Ки эй сӯфӣ шароб онгаҳ шавад соф,

Ки дар шиша бимонад арбаъине.

Боз Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд:

لولا أن الشياطين يحومون حول قلوب بني آدم لنظروا الى ملكوت السموات

«Агар на ин аст, ки шаётин гирди дилҳои фаразандони Одам ҳаракат мекунанд ва ғубору торикӣ эҷод мекунанд, Банӣ Одам метавонист бо чашми дил малакутро мушоҳида кунад.» (Мҳаҷҷатул-байзо, 2/125)

Ин ҳадисе аст, ки дар бархе китобҳои худи мо мисли «Ҷомеъус-саъодот» омадааст. Ҳамчунин фармуд:

لولا تكثير في كلامكم وتمريج في قلوبكم لرأيتم ما أري ولسمعتم ما أسمع

«Агар набуд пурҳарфиҳо ва ҳарфҳои изофии шумо, ва агар набуд тамриҷ (1) дар дили шумо (ки дилатон ҳолати чаманро дорад ва ҳар ҳайвоне дар он мечарад), метавонистед он чиро, ки ман мебинам бибинед, ва садоҳоеро, ки ман мешунавам бишнавед

Яъне лозим нест одам пайғамбар бошад, то битавонад ин чизҳоро бибинад ва ё бишнавад; гоҳе ғайри пайғамбар ҳам инҳоро мешунавад, мисли Марям, ки мешунид.

Алӣ (Алайҳис салом) кӯдаки даҳсолае буд, ки дар кӯҳи Ҳиро ҳамроҳи Пайғамбар буд. Аввалин боре, ки ваҳй бар Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил шуд ва олам барои Пайғамбар дигаргун шуд, Алӣ (Алайҳис салом) ҳамон садоҳоеро, ки Пайғамбар аз ғайб ва малакут мешунид, мешунид. Худи Алӣ (Алайҳис салом) дар “Наҳҷул-балоға” нақл мекунад, мегӯяд:

ولقد سمعت رنّة الشيطان حين نزل الوحي عليه

«Садои нолаи шайтонро барои аввалин бор, ки ваҳй нозил шуд, шунидам.» Ба Пайғамбар арз кардам:

يا رسول الله، ما هذه الرنّة

«Ин садои нола чист?» Паёмбар фармуд:

إنك تسمع ما أسمع وترى ما أرى

«Он чи ман мешунавам, ту мешунавӣ, ва он чи ман мебинам, ту мебинӣ…»

الاّ أنك ليت بنبيّ

«Вале дар айни ҳол, ту пайғамбар нестӣ.» (Наҳҷул-балоға, хутбаи 190)

Бинобар ин, тасфияи нафс, ихлос, дур кардани ҳавову ҳавас на танҳо асараш ин аст, ки қалби инсонро соф мекунад, балки асари бештар ва болотаре дорад, ва он ин аст, ки илму ҳикмат аз даруни инсон меҷӯшад.

* * *

Суъуду нузули руҳ

Дар «Биҳор» ҳадисе нақл мекунад: асҳоби Расули Акрам, ки мардони мӯъмине буданд, ҳолате дар худ диданд. Дағдаға дар онҳо пайдо шуд, ки накунад, мо мунофиқ бошем ва худамон намедонем. Ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) арз карданд:

يا رسول الله، نخاف علينا النفاق

«Мо метарсем мунофиқ бошем.» Фармуд: чаро? Арз карданд: барои ин ки вақте дар маҳзари мубораки шумо менишинем ва шумо сӯҳбат мекунед, мавъиза мекунед, аз Худо мегӯед, аз қиёмат мегӯед, роҷеъ ба гуноҳон ва тавба ва истиғфор сухан мегӯед, як ҳоли бисёр хуше пайдо мекунем, вале баъд, ки аз ҳузури шумо мураххас мешавем ва —

شممنا الاولاد ورأينا العيال والأهل

— муддате бо зану баччаамон менишинем (таъбири худашон ин аст, ки баччаҳоямонро бӯ мекунем), мебинем, ки ҳоламон баргашт, боз ҳамон одами аввал шудем. Эй Расули Худо! Оё ин нифоқ нест? Накунад нифоқ бошад ва мо мунофиқ бошем!

Фармуд: на, ин нифоқ нест. Нифоқ дӯруӣ аст, ин “дуҳолатӣ” аст. Инсон гоҳе руҳаш авҷ мегирад ва боло меравад, ва гоҳе руҳаш поин меояд. Албатта шумо вақте пеши ман ҳастед ва ин ҳарфҳоро мешунавед, қаҳран чунин ҳолате пайдо мекунед. Баъд ин ҷумларо фармуд:

لو تدومون على الحالة التي وصفتم أنفسكم بها لصافحتكم الملائكة ومشيتم على الماء

Агар ба он ҳолате, ки пеши ман ҳастед боқӣ бимонед ва аз он ҳол хориҷ нашавед, мебинед малоика меоянд ва бо шумо мусофаҳа мекунанд ва шумо бар рӯи об метавонед роҳ биравед бидуни ин ки фурӯ биравед. Он ҳолат, ҳолате нест, ки барои шумо ҳамеша боқӣ бимонад. Агар он ҳолат бароятон ба сурати як малака боқӣ бимонад, ба ин мақомҳо мерасед.

Ба назари ман, ин қитъаи маъруфи Саъдӣ тарҷумаи ҳамин ҳадис аст, (2) вале ба сурати дигаре матлабро аз забони Яъқуб (а) мегӯяд:

Яке пурсид аз он гумкарда фаразанд,

Ки эй равшангуҳар, пири хирадманд.

Зи Мисраш бӯйи пероҳан шунидӣ,

Чаро дар чоҳи Канъонаш надидӣ?

Юсуф дар Миср худро ба бародаронаш муаррифӣ кард ва пероҳанашро ба онҳо дод ва гуфт, инро бибаред. Инҳо ҳанӯз наомада буданд, ки Яъқуб гуфт:

إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَ لَوْلاَ أَن تُفَنِّدُونِ

Бӯи Юсуфро эҳсос мекунам, агар нагӯед ин шахс пиру хирифт шудааст. (Сураи Юсуф, ояти 94) Саъдӣ аз забони фарде хитоб ба Яъқуб мегӯяд: ту чӣ тавр бӯи пероҳани Юсуфро аз Миср эҳсос мекунӣ, дар ҳоле, ки қаблан ӯ худаш дар чоҳи Канъон дар деҳи худатон буд, вале ӯро эҳсос намекардӣ? (Чаро дар чоҳи Канъонаш надидӣ?)

Бигуфт: аҳволи мо барқи ҷаҳон аст,

Даме пайдову дигар дам ниҳон аст.

Гаҳе бар торами аъло нишинем,

Гаҳе бар пушти пойи худ набинем.

Ҳоли мо мисли барқе ҷаҳанда аст, як лаҳза меҷаҳад ва лаҳзае дигар хомӯш аст. Ба қавли Ҳофиз:

Барқе аз манзили Лайлӣ бидурахшид саҳар,

Ваҳ, ки бо хирмани Маҷнуни дилафгор чӣ кард!

То ин ҷо дунболаи суоле аст, ки аз Яъқуб шуда ва ӯ ҳам ҷавоб додааст. Баъд мегӯяд:

Агар дарвеш дар ҳоле бимондӣ,

Сару даст аз ду олам барфишондӣ.

Агар ориф дар ҳоле, ки барояш рух медиҳад боқӣ бимонад, аз ду олам болотар меравад.

* * *

Сулуки инсони комил

Ҳол барои таъйиди ҳамаи инҳо, қисматеро аз “Наҳҷул-балоға” барои шумо мехонам. Дар ин ҷаласот мукаррар гуфтаем, ки “Наҳҷул-балоға” мисли худи Алӣ (Алайҳис салом) аст. Каломи инсон мисли худи ӯст, чун калом таназзули руҳи инсон аст, таҷаллии руҳи инсон аст. Як руҳи паст каломаш паст аст, ва як руҳи олӣ каломаш олӣ аст. Як руҳи якбуъдӣ каломаш якбуъдӣ аст, ва як руҳи чандбуъдӣ каломаш ҳам чандбуъдӣ аст.

Алӣ (Алайҳис салом) як шахсияти ҷомеъулаздод аст, каломаш ҳам ҷомеъулаздод аст. Дар каломаш ирфон ҳаст дар авҷи ирфон, фалсафа ҳаст дар авҷи фалсафа, озодихоҳӣ ҳаст дар авҷи озодихоҳӣ, ҳамоса ҳаст дар авҷи ҳамоса, ахлоқ ҳаст дар авҷи ахлоқ. “Наҳҷул-балоға” мисли худи Алӣ, ҷомеъ аст. Дар яке аз ҷумалоташ мефармояд:

قَدْ أَحْيَا عَقْلَهُ وَأَمَاتَ نَفْسَهُ

Вазъи як соликро баён мекунад, ки ақли худро зинда кардааст ва нафси худро мирондааст…

حَتَّى دَقَّ جَلِيلُهُ وَلَطُفَ غَلِيظُهُ

То он ҷо, ки ин муроқибату риёзати шаръӣ нозукаш карда ва ин гӯштҳоро то андозае аз таниш зудудааст; ғилзати руҳашро табдил ба лутф карда ва руҳаш рақиқ шудааст….

وَبَرَقَ لَهُ لَامِعٌ كَثِيرُ الْبَرْقِ

Дар он ҳолат якмартиба як барқе аз дарун дар ӯ меҷаҳад…

فَأَبَانَ لَهُ الطَّرِيقَ

Роҳро барояш равшан мекунад…

وَسَلَكَ بِهِ السَّبِيلَ وَتَدَافَعَتْهُ الْأَبْوَابُ إِلَى بَابِ السَّلَامَةِ

Аз ин дар ба он дар ва аз ин манзил ба он манзил меравад, то ба охирин манзил, ки манзили саодат аст ва ниҳояти роҳи ӯст, мерасад. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 218)

Бинобар ин, дар бораи инсони комил то ин ҳудуд, ки инсони комил бояд инсоне бошад, ки таҳзибу тазкияи нафс карда бошад, ислом мегӯяд бале, ҳамин тавр аст.

Масъалаи болотар ин ки: оё инсони комили ислом, инсони солик аст? Инсоне аст, ки марҳила ба марҳила ва қадам ба қадам пеш рафта? Инсоне аст, ки сайру сулук карда ва манзил ба манзил ҷилав рафта? Бале. Алӣ (Алайҳис салом) мегӯяд:

وَتَدَافَعَتْهُ الْأَبْوَابُ إِلَى بَابِ السَّلَامَةِ

Аз ин дар ба он дар меравад ва дари дигаре ба рӯи ӯ боз мешавад ва манзили дигареро пушти сар мегузорд, то ба даре мерасад, ки ба он “бобуссалома” мегӯянд. Ба он ҷо, ки бирасад, ба ниҳояти роҳ расидааст.

Оё “қурб ба Ҳақ” дуруст аст? Бидуни шак. Мусаллам аст, ки инсон агар ба он ҷо бирасад, байни ӯ ва Худо ҳиҷобе нест ва Худоро бо дидаи дил мебинад. Ӯ дигар мисли мо нест, ки лозим бошад барояш ин тавр истидлол кунанд: ба осмон нигоҳ кунед, то Худоро кашф кунед, ба замин нигоҳ кунед, то Худоро кашф кунед, ба барги дарахт нигоҳ кунед, то Худоро кашф кунед. Худо барои ӯ аз ин барги дарахту ин замину осмон равшантар аст.

Магар Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) ҳамин матлабро нафармудааст:

أيكون لغيرك من الظهور ما ليس لك

(Оё барои ғайри ту зуҳуре аст, ки барои ту нест?)

Шахсе аз Алӣ (Алайҳис салом) пурсид: оё Худоро дидаӣ? Фармуд: ман аслан Худоеро, ки надида бошам, ибодат накардаам! Баъд барои ин ки ӯ хаёл накунад, манзур дидани Худо бо чашм аст, ки Худо дар як ҷое қарор гирифта бошад, фармуд:

لا تراه العيون بمشاهدة العيان ولكن تدركه القلوب بحقائق الايمان

Бо чашми сар ӯро надидаам, вале бо чашми дил дидаам, шуҳудаш кардаам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) «Мараҷ” яъне чаман.

(2) Оқоён таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки адабиёти ирфонии мо имрӯз дар дунё ҷузъи шоҳкорҳои адабии дунёст ва ҳар чи дорад, аз ислом дорад. Навкарҳои истеъмор ҳар чи мехоҳанд бинависанд, бинависанд. Ҳар чи лутф дар Мавлавӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ ва Носири Хусрав ва амсоли инҳо ҳаст, аз ислом аст. Худи Ҳофиз тасреҳ мекунад, ки ҳар чи дорам, аз давлати Қуръон дорам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: