Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (293)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (36)

* * *

Дар маънии он ки «Мараҷал-баҳрайни ялтақиёни байнаҳумо барзахун ло ябғиён» (1)

* * *

Мавлоно дар ин фасл баён медорад, ки ҷуз ваҳдати руҳӣ ва ҳамгунии фикрӣ, ҳеч омиле наметавоонад инсонҳоро ҳамсону ҳамбаста кунад. Дар як муҳит будан ва як рангу як забон доштан ва амсоли он, наметавонад миёни ду нафар эҷоди унсу якрангӣ кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.763)

Аҳли нору хулдро бин ҳамдукон,

Дар миёншон «барзахун ло ябғиён».

Ту дӯзахиёну биҳиштиёнро наззора кун, ки ҳар ду бар ҳасби зоҳир, дар як ҷо маскану маъво доранд, вале дар миёни ин ду гурӯҳ, ҳиҷобе аст, ки дарҳам намеомезанд.

Нукта: «Мараҷал-баҳрайни ялтақиёни байнаҳумо барзахун ло ябғиён» муқтабас аст аз ояти 19 ва 20 сураи Раҳмон:

مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ يَلْتَقِيَانِ. بَيْنَهُمَا بَرْزَخٌ لَّا يَبْغِيَانِ

«Ду дарёро (ба гунае) равон кард, ки бо ҳам бархӯрд кунанд, (вале) миёни он ду ҳадди фосиле аст, ки ба ҳам таҷовуз намекунанд.»

Аҳли нору аҳли нур омехта,

Дар миёншон кӯҳи Қоф ангехта.

Дӯзахиён ва биҳиштиён — ки аҳли нуру равшанӣ ҳастанд — бар ҳасби зоҳир, бо ҳам омехтаанд, вале бар ҳасби ботин, миёни онҳо як кӯҳи Қоф фосила аст, яъне фосилаи бисёре аст.

Ҳамчу дар кон хоку зар кард ихтилот,

Дар миёншон сад биёбону работ.

Масалан, монанди хоку зар, ки дар маъдан бо ҳам даромехтаанд, вале миёни хоку тило фосилаи бисёр ба андозаи садҳо биёбону корвонсаро аст.

Ихтилот: омезиш. Работ: корвонсарое, ки барои иқомати мусофирон, бар сари роҳҳо месохтаанд.

Ҳамчунон ки ъиқд дар дурру шаба

Мухталит чун меҳмони якшаба.

Дӯзахиёну биҳиштиён дар масал монанди як риштаи гарданбанд ҳастанд, ки ҳам марворид дар он ришта муназзам шуда ва ҳам санги зинатии камарзиши шаба. Ва низ монанди меҳмононе ҳастанд, ки як шаб паҳлӯи ҳам ҳастанд ва фардо, ки фаро расад, аз пеши ҳам бираванд.

Ъиқд: гарданбанд, гулӯбанд. Шаба: санге сиёҳу барроқ ва қобили иштиъол, ки омма онро шабақ гӯянд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1086)

Нукта: Аз абёти фавқ истифода мешавад, ки он чи мӯҷиби ваҳдату ягонагӣ аст, ботин ва ҳақиқати афрод аст, на шакли зоҳирии онон; чунон ки некону бадон низ бар ҳасби зоҳир, колбаду ҳайъате ҳамсон доранд, вале ҳаргиз бо ҳам ваҳдату иттисол надоранд ва монанди меҳмононе, ки танҳо як шаб бар ҳасби тасодуф даври ҳам ҷамъ мешаванд ва сипас аз якдигар ҷудо мегарданд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.764)

Баҳрро нимеш ширин чун шакар,

Таъм ширин, ранг равшан чун қамар.

Ними дигар талх ҳамчун заҳри мор,

Таъм талху ранг музлим қирвор.

Он ду дарё, ки зоҳиран дарҳам омехтаанд, вале бар ҳасби ботин, ниме аз он ширин аст ва таъми гуворо дорад ва ранги он низ ҳамчун моҳи тобон аст. Ними дигар низ монанди заҳри мор талх аст, мазза ва таъми он талх ва рангаш тираву сиёҳ ҳамчун қир аст.

Музлим: бисёр торик.

Ҳар ду бар ҳам мезананд аз таҳту авҷ,

Бар мисоли оби дарё мавҷ-мавҷ.

Биҳиштиёну дӯзахиён аз поину боло бар ҳам мехӯранд, монанди амвоҷи оби дарё дар омезишу ихтилот ҳастанд.

Сурати барҳам задан аз ҷисми танг,

Ихтилоти ҷонҳо дар сулҳу ҷанг.

Аз ин ҷисми моддӣ ва маҳдуд, дарёи ширин падид меояд, ки иборат аст аз парҳезгорон ва амвоҷе, ки аз ин дарё ба зуҳур мерасад, меҳру сулҳу лутф аст. Вале дарёи талх иборат аст аз бадкорон ва амвоҷе, ки аз он ошкор мешавад, қаҳру ҷанг аст. Ҷони некон бо сулҳу меҳрубонӣ даромехта ва ҷони бадкорон бо қаҳру ҷанг махлут шудааст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.187)

Мавҷҳои сулҳ бар ҳам мезанад,

Кинаҳо аз синаҳо бармеканад.

Амвоҷи сулҳ аз дарёи лутф ҳосил мешавад ва он амвоҷ бар якдигар мехӯранд ва бар асари он, кинаҳоро аз синаҳо бармеандозанд.

Мавҷҳои ҷанг бар шакли дигар

Меҳрҳоро мекунад зеру забар.

Амвоҷи ҷанг низ бар гунаи дигар аз дарёи қаҳри илоҳӣ ва муҳаббатро зерурӯ ва нобуд мекунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: