Перейти к содержимому

«Далели қатъӣ»-и Ховар

(Вақте ангуштар нишонаи «шиъа будан» эълом мешавад…)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Хабаргузории давлатии «Ховар» мақолаеро таҳти унвони «Оё шиъа шудани наҳзатиён тӯҳмат аст?..» ба қалами Нозим Нуров, ходими калони илмии АИ ТҶ мунташир кардааст. Ҷаноби «ходими калони илмии АИ ТҶ» дар ин мақола, маворидеро, ки ба гумони вай «далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти ҲНИТ» будааст, зикр карда; далоиле, ки гузашта аз масхара будан, нишон медиҳад, чӣ афроде ба унвони «ходими калони илмӣ» дар Окодемии улуми Тоҷикистон машғул ба коранд!

Дар навиштори ҳозир, баҳсам дар ин хусус нест, ки усулан, тарҳи ин гуна мавзӯъҳо дар кишвари мо — ки тибқи қонуни асосӣ, гароиш ба ин ё он дину мазҳаб озод аст ва барангехтани ҳар гуна баҳсҳои динӣ ва мазҳабӣ ҷурм маҳсуб мешавад — худаш нақзи сареҳи қонуни асосӣ ба шумор меравад. Баҳсам ин нест. Ин баҳс худаш ниёз ба як мақолаи ҷудогона дорад ва қонуншиносони азизамон бояд ин масъаларо аз ин зовия баҳсу баррасӣ намоянд ва лозим аст парвандае дар бораи афроде, ки ин қабил баҳсҳоро тарҳ мекунанд – ва шурӯъкунандаи он ҳам, шахси Эмомалӣ Раҳмон аст, касе, ки ба истилоҳ, «кафили иҷрои қонуни асосӣ» шумурда мешавад – ташкил кунанд, то рӯзаш, ки бирасад, ҳамаи ин афрод ба хотири барангехтани ин қабил баҳсҳо, тибқи қонун муҷозот шаванд.

Балки дар ин мақола, фарзро бар ин мегирам, ки «шиъа шудан» ҷурм будааст. Хуб, бо ин фарз, бояд далелҳои оварда дурусту саҳеҳ бошанд, ки танҳо дар ин сурат аст, ки метавон гуфт, фалонӣ ба ин далел ё он далел, шиъа шуда будааст. Ҳол, оё далелҳои овардаи ҷаноби «ходими калони илмӣ»-и АИ ТҶ дурустанд?

Феълан, дар ин навиштор, аз миёни тамоми «далелҳо»-и ходими калони илмӣ, фақат як далели онро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳем. Эшон мегӯяд:

«Дар ниҳоят, бояд қайд шавад, ки як аломати хосси пайравии мазҳаби шиъа, дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини сангии калон аст. Нигини ин ангуштари шиъӣ аз санги сиёҳ ва тираранг мебошад. Агар суратҳо ва наворҳои аксари роҳбарони ТТЭ ҲНИ-ро бинед, онҳо ин рамзи шиъаро риоят мекунанд. Дар ангушти Эшони Қиёмиддин, Шамсиддин Саидов, Саъдиддини Рустам, Саидиброҳим Назар, Зубайдуллои Розиқ ҳатто дуто ё сетои ин хел ангуштаринҳои нигиндорро мебинед…» (Хабаргузории «Ховар»)

Инак, гӯем:

1) Аввалан, ангуштар гузоштан дар дастон, рабте ба шиъаён надорад, аҳли суннат низ онро ҷоиз ва балки баъзе аз уламои аҳли тасаннун, мустаҳаббаш мешуморанд. Ин аввалан.

2) Ва сониян, тибқи фатвои мазҳаби шиъа, ангуштар на бар дасти чап, ки бояд бар дасти рост гузошта шавад. Яке аз мароҷеи тақлиди шиъаён дар посух ба ин пурсиш, ки «оё гузоштани ангуштар дар дастони чап макрӯҳ аст?» мегӯяд: «Аз нишонаҳои мӯъмин ин аст, ки ангуштарро дар дастони росташ гузорад

3) Ва солисан, аз қазо ниҳодани ангуштар дар дастони чап, фатвои мазоҳиби аҳли суннат аст. Дар «Раддул-муҳтор» (яке аз боризтарин китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ) мегӯяд:

في يده اليسرى وينبغي أن يكون في خنصرها دون سائر أصابعه، ودون اليمنى

«(Дар дастони чапаш) ва сазовор аст ангуштарро дар хинсар (ангушти кучак)-и худ ва на дар соири ангуштон ва на дар дасти росташ қарор бидиҳад…» (5/230)

Ин аст фатвои фуқаҳои ҳанафӣ. Ва аммо фатвои соири мазоҳиби аҳли суннат дар ин мавзӯъ:

Дар «Ҳошиятул-Адавӣ ъало кифоятит-толиб» (китоби фиқҳии моликиҳо) мегӯяд:

الاختيار عند الجمهور منهم مالك التختم في اليسار على جهة الندب، وكان مالك يلبسه في يساره

«Раъйи баргузида дар назди ҷумҳури уламо, аз ҷумла Имом Молик, ин аст, ки ангуштар дар дастони чап қарор дода шавад бино бар мустаҳаб буданаш, ва Имом Молик ангуштарро дар дастони чапи худ мениҳод…» (2/360)

Ал-Боҷӣ дар шарҳи Муваттаи Имом Молик мегӯяд:

أجمع أهل السنة على التختم في الشمال، وهو قول مالك، وأكره التختم في اليمين

«Аҳли суннат иҷмоъ намудаанд бар ин ки ангуштар дар дастони чап қарор дода шавад, ва ин аст қавли Имом Молик, ва макрӯҳ аст ниҳодани ангуштар дар дастони рост…» (Алмунтақо, 7/256)

Дар «Кашфул-қиноъ» (аз китобҳои фиқҳии ҳанбалиҳо) мегӯяд:

ولبس الخاتم في خنصر يسارٍ أفضل من لبسه في خنصر اليمين

«Ва қарор додани ангуштар дар хинсари дасти чап, беҳтар аз гузоштани он дар хинсари дасти рост аст…» (2/236)

Аз миёни мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, фақат ин шофеиҳо ҳастанд, ки мисли шиъаён қарор додани ангуштар дар дастони ростро, бартар ва беҳтар мешуморанд. Имом Нававӣ мегӯяд:

الصحيح المشهور أنه في اليمين أفضل؛ لأنه زينة، واليمين أشرف

«Раъйи саҳеҳи машҳур ин аст, ки ангуштар бояд дар дастони рост қарор дода шавад; зеро зинат аст ва дасти рост шарифтар аст…» (Алмаҷмуъ, 4/462)

Сипас Имом Нававӣ ба унвони далел бар раъйи худ, чанд ривоятро нақл мекунад, аз ҷумла аз Имом Аҳмад аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) ин ривоятро меоварад, ки:

كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَتَخَتَّمُ فِي يَمِينِهِ

 «Расули Худо (с) дар дастони рости худ ангуштар мениҳод…» (3/265)

Имом Бухорӣ низ дар хусуси ин ривоят гуфтааст:

وقال فيه الإمام البخاري: هذا أصح شيء روي عن النبي صلى الله عليه وسلم في هذا الباب

«Ин ривоят саҳеҳтарин ривоят дар ин боб аст, ки аз Расули Худо (с) нақл шуда.» (с.1744 аз таҳқиқи Муассисаи рисолат)

* * *

Ба ҳар сурат, агар гузориши ҷаноби «ходими калони илмӣ»-и АИ ТҶ рост бошад — мабнӣ бар ин ки афроде мисли Эшони Қиёмиддин, Шамсиддин Саидов, Саъдиддини Рустам, Саидиброҳим Назар, Зубайдуллои Розиқ ва ғайра дар дастони чапи худ ангуштари нигиндор мегузоштаанд — ин худ нишон медиҳад, ки инон, ба пайравӣ аз фатвои мазҳаби ҳанафӣ ангуштарро (ки суннати ҳазрати Паёмбар (с) аст) дар дастони чапи худ мениҳодаанд, на бар дастони рост, ки дидгоҳи шиъа ва шофеиҳост.

Саломат бошед ҷаноби «ходими калони илмӣ»-и АИ ТҶ, ки бо ин мақола ва гузориши худ, собит кардед, ки Эмомалӣ Раҳмон дурӯғ гуфта будааст!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: