Тағйири токтики ҳукумат; бархоста аз инсоният ё ақибнишинӣ?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баргардондани баъзе афроди мансуб ба опозисиюни тоҷик тавассути ҳукумат дар ду се моҳи ахир ба дохили кишвар (яке ду нафар аз ҲНИТ ва яке ду нафар ҳам аз Гурӯҳи 24), ва шева ва равиши тозае, ки ҳукумат дар бархӯрди худ бо «афроди бозгашта» иттихоз намудааст – шевае, ки собиқа надошт — шоистаи таҳлилу таҷзияи дақиқ аст; яъне бояд бибинем, чаро якдафъа ҳукумат тасмим гирифт, дар бархӯрди худ бо «бозгаштаҳо» тағйир эҷод намояд? Оё ин, бархоста аз «инсоният» аст ё чизи дигаре дар варои ин тағйири равиш нуҳуфтааст?

Дар ин навиштор, мехоҳам дар бораи ин масъала андаке ба тафсил баҳс биёроям ва «он сӯи хабар»-и ин воқеаро мавриди таҳлилу таҷзия қарор бидиҳам. Аммо пеш аз он, лозим аст нигоҳи кӯтоҳе биандозем ба иқдомҳои ҳукумат ва опозисиюн дар се соли ахир, яъне баъд аз манъи фаъолияти ҲНИТ ва «теруристӣ» эълон шудани он ва муҳоҷирати аъзо ва фаълонаш ба хориҷ аз кишвар, ки бад-ин тартибанд:

1) Ҳукумат дар оғози кор, аъзои опозисиюнро ба унвони «теруристҳо» (дар канори доъишиҳо) эълон ва феҳристе тартиб дод ва он феҳристро ба тамоми кишварҳо ва созмонҳои зирабт ирсол намуд ва шумори қобили таваҷҷӯҳе аз онҳоро низ ба унвони афроди таҳти таъқиби пулиси байналмилал (Интерпол) қарор дод, бо ин гумон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ — бо таваҷҷӯҳ ба фазои ҳоким дар ҷаҳон, ки ДОЪИШ мавриди таваҷҷӯҳ буд – опозисиюни тоҷикро афроди терурист шумурда ва дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи онҳоро ба Тоҷикистон истирдод хоҳад намуд, ва бо ҳамин, парвандаи опозисиюни тоҷик сареъ баста шуда ва ҳама чиз поён хоҳад ёфт.

Дар оғоз, ҳукумат пиндораш ҳамин буд ва балки итминон дошт, ки ин кор натиҷа хоҳад дод. Аммо бар хилофи бовари ҳукумат, на танҳо ҳеч кишвар ва созмоне ҳозир нашуд опозисиюни тоҷикро (ба хусус ҲНИТ-ро) ба унвони гурӯҳи теруристӣ бипазирад (ҳатто кишварҳое, ки ба истилоҳ, шарики истротежики Тоҷикистон ба шумор мераванд), балки ҳатто ҳозир ба ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар истирдоди аҳаде нашуд (ба ҷуз яке ду маврид дар Русия). Ва аз он сӯй ҳам, пулиси байналмилал (Интерпол) низ ҳеч фарде аз афродеро, ки ҳукумати Тоҷикистон ба унвони афроди таҳти таъқиб эълон карда буд, таҳвили Тоҷикистон надод, ва ҳатто болотар аз ин, кор ба ҷое расид, ки номи тамоми ин афрод аз листи афроди таҳти таъқиби Интерпол ҳазф шуданд.

2) Ва аммо аз ин тараф, опозисиюни тоҷик дар ин муддат, на ин ки дар баробари ин иқодомоти ҳукумат, ҳолати инфиъол (пассивность) ба худ гирифта бошад, балки ҳолати фаъол (активность) дошт; ба ин маъно, ки дар канори ройзаниҳо бо кишварҳо ва созмонҳо барои рафъи иттиҳомоти ҳукумат аз худ ва ин ки тамоми ин иттиҳомҳо бепояву асос ҳастанд ва низ муаррифии чеҳраи воқеии опозисиюни тоҷик ба кишварҳо ва созмонҳо, (дар канори ин ройзаниҳо), фаъолияти худро дучандон намуда ва бо истифода аз тамоми имконот, ба муаррифии чеҳраи воқеии ҳукумат ва мақомот ва иқдомҳои ғайриқонунии онҳо пардохт ва низ воқеиятҳои асафбор ва талхи мавҷуд дар дохили кишвар ба хусус вазъи зиндониҳои сиёсиро барои ҷаҳониён бозгӯ намуд; ба гунае, ки метавон гуфт, агар то ин замон ҷаҳониён ва созмонҳои ҳуқуқи башар аз ин вазъи ногувор ва талхи мавҷуд дар дохили Тоҷикистон огоҳӣ надоштанд, имрӯз аммо огоҳ шудаанд. Ҳузури пурранг ва ширкати фаъолонаи опозисиюни тоҷик дар конфронсҳои байналмилалӣ, ба хусус дар ду навбат аз нишасти САҲА дар Варшав, дар ин амр хеле таъсиргузор буд.

Илова бар ин, опозисиюни тоҷик дар ин муддати кӯтоҳ, тавонист мунсаҷимтар шавад. Яъне, илова бар ҲНИТ, ки дар сареътарин замон худро бозёфт, соири гурӯҳҳои опозисиюн ҳам мунсаҷимтар ва фаъолтар шуданд. Ба унвони намуна, барномаи «Садои мардум»-и Гурӯҳи 24 имрӯз яке аз пурбинантарин барномаҳо дар фазои маҷозӣ ба шумор меравад. Дар ин муддати кӯтоҳ, дар саффи опозисиюн, чанд гурӯҳ ва ҷунбиши тоза таъсис ва фаъол шудаанд мисли Анҷумани Озодандешони Тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Ҷунбиши муҳоҷирон ва ғайра…

Як мурури кӯтоҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ (ба хусус Фейсбук, ки имрӯза ҷойи расонаҳои суннатӣ мисли телевизиюн ва радиоро гирифтааст ва ҷаҳониён бештар бо шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамосанд, то телевизиюн), кофӣ аст бароятон ин воқеиятро собит намояд, ки фазои тоҷикӣ дар ин шабакаҳо, дар дасти опозисиюни тоҷик аст, ва ҳукумат ҳузури қобили таваҷҷӯҳе надорад, ва ҳар чи аз ҳукумату ҳукуматиҳо дар ин шабакаҳо суроғ дорем, «фейкҳо» ҳастанд, яъне афроди беному нишон, ки корашон шабонарӯзӣ дашному таҳқиру тавҳин аст, ба ҳадде, ки дигар касе ба онҳо таваҷҷӯҳ намекунад. Шумо дар фазои маҷозӣ аҳаде аз вузаро ва мақомоти тоҷикро пайдо намекунед, ки сафҳа дошта ва бо мардум дар иртибот бошад. Сафҳаи дафтари риёсати ҷумҳурӣ низ мисли як телевизиюн аст, ки кораш фақат интишори гузориши кори Эмомалӣ Раҳмон аст; дар ҳоле, ки мардум имрӯз мехоҳанд ҳарфи худро аз тариқи фазои маҷозӣ ба гӯши ӯ бирасонанд, на ин ки фақат тамошо кунанд, ки ӯ куҷо рафт ва чӣ гуфт!

Ин буд як гузориши мухтасар аз вазъи ҳукумат ва опозисиюн дар ин се сол.

Инак, ба таҳлили чароӣ ва сабаби тағйири рӯйкарди ҳукумат дар бархӯрдаш бо «бозгаштаҳо» мепардозем.

* * *

Чаро ҳукумат дар рӯйкарди худ тағйир эҷод кардааст? Яъне, агар пештар ҳарфаш ҷуз таҳдид ва амалаш ҷуз таъзиб набуд, аммо имрӯз бо афроде, ки бозгардонда (ва шояд боз ҳам афродеро бозбигардонад) хеле муаддабона аст; зоҳиран на таҳти фишорашон қарор медиҳад ва на ба бозҷӯӣ ва бозпурсии онҳо мепардозад. Хуб, ин тағйири токтик, бархоста аз «инсоният» аст масалан?

Ба назари роқими сутур, ин тағйири токтик, як ақабнишинӣ аст. Чаро? Барои он ки: ҳукумат дид, тамоми иқдомҳои қаблии ӯ – аз таҳдиду таъзибу терурист эълон карданҳо, ҳамон тавр, ки дар боло ишора кардем – ҷавоб надоданд, балки натоиҷи комилан акс барояш дошт. Яъне, опозисиюн дар ин муддат на танҳо мунфаъил (пассивный) набуд, балки фаъолтар ҳам шудааст. Ҷаноби Раҳмон, ки бо ҳадафи бардоштани «монеъ» аз сари роҳаш дар интиқоли қудрат ба «оқозода» (яъне писараш), дар се сол пеш иқдом ба ҳазфи ҲНИТ намуд, ҳоло мебинад, «монеъ» бардошта нашуда, ки ҳеч, балки бештар гашта.

Ва ин воқеият, як ҳолати нигаронӣ ва ҳароси бесобиқае дар ӯ эҷод кардааст. Нишонаҳои ин ҳарос ва нигарониро ошкоро метавон мушоҳида намуд. Шумо бибинед, дар оғози кор, Эмомалӣ Раҳмон ин корро (кори ҳазфи опозисиюнро) ба дигарон вогузошта ва худаш чизе ба забон намеовард, (бо ин пиндор, ки дар яке ду моҳ кори онҳо яксара мешавад), аммо дар як соли ахир, шумо ҳеч суханроние аз ӯ намебинед магар ин ки аз ҲНИТ мегӯяд; боре ӯро «терурист» мехонад, боре дигар «шиъа» унвон мекунад, бори севвум эълом мекунад, ки ҳаргиз бо ин ҳизби «теруристӣ» зери чизе имзо нагузошта будааст…

Хуб, ин нишонаи чист? Агар ҲНИТ ва опозисиюн дигар дар ҷомеаи тоҷик ҳузур надоранд ва мардум, ба истилоҳ аз ӯ рӯй бартофтаанд, пас чаро мураттаб аз он ёд мекунад?! Оё ин, ҷуз нигаронӣ ва ҳарос аст?

Бинобар ин, имрӯз ба ин натиҷа расидааст, ки ҳоло, ки токтикҳои пешин ҷавоб надоданд, пас танҳо роҳ ин аст, ки афроде аз опозисиюнро бо ҳар роҳи мумкин, барбигардонад ва коре ҳам ба кори онҳо надошта бошад, масалан вориди зиндонашон накунад, то ин амалкард як навъ «ташвиқ» барои соири аъзо гардад ва онҳо низ бозгарданд.

Хуб, ин яъне ақибнишинӣ аз токтикҳо ва равишҳои қаблӣ, ки натиҷа надоданд ва рӯй овардан ба токтики ҷадид.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки: оё ин токтики ҷадид ҷавоб хоҳад дод ва ҳукумат муваффақ ба бастани парвандаи опозисиюн ба сурати ниҳоӣ хоҳад шуд?

Ба назари ман, ин равиши ҷадид низ ҷавоб нахоҳад дод. Бале, шояд дар баргардондани шуморе дигар аз афроди опозисиюн муваффақ шавад, аммо қатъан наметавонад ҳамаи онҳоро баргардонад. Чаро, ки аввалан: афроде, ки ҳозир ба бозгаштан мешаванд, баргаштани онҳо беҳтар аз идомаи фаъолияташон аст, аз ин рӯ бигузор баргарданд.

Сониян, оё мақомот гумон мекунанд, ҳадафи опозисиюн аз мубориза, як ҳадафи шахсӣ будааст? Яъне, мушкилашон фақат ин будааст, ки ҳукумат қаблан намегузошт онҳо роҳат зиндагӣ ва нафас бикашанд ва аммо ҳоло барояшон маҷоли зиндагӣ ва нафас кашидан бидуни ҳеч мумониате дода мешавад, ва бо ҳамин, дигар даст аз мубориза бармедоранд?

Агар мақомот чунин мепиндоранд, сахт иштибоҳ мекунанд. Опозисиюн ҳадафаш аз мубориза агар фақат ҳамин бошад, ки дигар вай опозисиюн нест.

Балки опозисиюн ҳадафаш ин аст, ки: ҳукумат – аз раисиҷумҳур бигир то тамоми дастгоҳҳои ҳукуматӣ – даст аз қонуншиканиҳо бардоранд, фасодҳои идорӣ решакан гардад, тамоми зиндониҳои сиёсӣ озод шаванд, зимоми идораи умури кишвар аз қабзаи як хонавода берун шавад, қонунҳое, ки дар яке ду соли ахир тасвиб ва қабул шудаанд (мисли қонуни Пешво ва ғайра…) лағв шаванд, ҳукумат даст ба даст бишавад, фазои демукросӣ ва озодии воқеӣ (на дар шиору забон, балки дар амал) ҳоким гардад, дар қонуни интихобот ва низ қонуни аҳзоб тағйирот ворид шавад ба гунае, ки интихоботҳо озод ва комилан шаффоф баргузор гардад, вазъи мардум аз назари иқтисодӣ ва маъишатӣ беҳбуд биёбад ва ғайра…

Ин аст ҳадафи опозисиюн аз муборизаҳояш, на ин ки ҳимматаш фақат ин буда бошад, ки як зиндагии осуда ва бе дарди сар барои афроди опозисиюн фароҳам шуда ва дигар коре ба кори ҳукумат ва президент надошта бошанд.

Аз ин рӯ, пеш аз ин ки боз дар чанд соли дигар ба иштибоҳ будани ин токтики ҷадидатон ҳам пай бибаред ва боз ақабнишинӣ намуда ва ба токтике дигар рӯй биёваред (ки қатъан чанд соли дигар хоҳед фаҳмид, ки боз иштибоҳ карда будаед), пеш аз ин, ҳамин ҳоло ба фикри ҳаллу фасли мушкил аз реша бишавед. Масъала хеле содда аст. Ҳамин матолиберо, ки дар боло овардам, анҷом бидиҳед, он вақт ҳам шумо хаёлатон роҳат хоҳад шуд ва ҳам опозисиюн ба дохили Тоҷикистон баргашта ва дар чорчӯби қонун ба муборизаи худ идома хоҳад дод. Магар ин сахт аст?! Қатъан нест.

Вагарна, мутмаин бошед, опозисиюн ба кори худ идома хоҳад ва то расидан ба ҳадафаш — ки ҳамон сохтани Тоҷикистони озод ва обод аст — даст аз ҳаракат ва фаъолият нахоҳад бардошт. Кучактарин тардиде дар ин надошта бошед.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: