Перейти к содержимому

Посухи фаврии шоҳи Саудӣ ба дархости Тромп барои афзоиши тавлиди нафт, чӣ маъное дорад?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Арабистони Саудӣ дархости Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро посух дод ва Салмон бен Абдулазиз, шоҳи Саудӣ, фавран бо афзоиши тавлиди рӯзона ду милюн бушка нафт мувофиқат кард.

Ин иқдоми Омрико аз як сӯ бо ҳадафи ҷуброни камбуди арзаи нафт сурат мегирад, ки ба далели таҳримҳои пешбинишудаи давлати Омрико алайҳи ҳар кадом аз кишварҳои Эрон ва Венезуэло рух хоҳад дод.

Ҳадафи дигари Омрико, коҳиши қимати нафти хом дар остонаи интихоботи миёндавраии Кунграи Омрико дар моҳи ноябр аст, он ҳам пас аз ин ки қимати нафт бо убур аз марзи 80 дулор дар бушка, ба болотарин сатҳи худ дар се солу ними гузашта расид.

Тромп, аввалин тири худро дар ростои таҳримҳои моҳи ноябри кишвараш алайҳи Эрон шиллик кардааст; таҳримҳое, ки ба гумони ӯ, нахустин гом дар ростои иҷрои нақшаи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷойгузин кардани он бо низоми тарафдори Омрикост.

Омрико гумон мекунад, метавонад ҳамон барномае, ки барои Ироқ тадорук дид ва бо таҷовуз ва ишғоли ин кишвар дар соли 2003 низоми Саддом Ҳусайнро ба таҳрики Исроил сарнагун кард, ҳоло рӯи Эрон пиёда кунад.

Дар сенориюи кунунӣ, Омрико, Арабистон ва дигар кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс, нақши меҳвариро ифо мекунанд, он ҳам аз тариқи ғарқ кардани бозорҳои дунё дар нафт ба манзури коҳиши қимати он, то бад-ин шакл, ҳавои иқтисоди Ғарб ва ҷайби шаҳрвандони омрикоиро дошта бошанд.

Ин иттифоқ қабл аз ҷанги соли 1990-и Кувайт иттифоқ афтод ва дар ҷараёни таҷовузи Омрико ба Ироқ ҳам такрор шуд. Мавзӯи қобили таваҷҷӯҳ дар ҳар ду ҷанг ин буд, ки қимати нафт боло нарафт, бинобар ин тазриқи миқдори изофии нафт ва ба дунболи он, коҳиши қимати нафт, яке аз боризтарин шохисҳои ҷангҳои Омрико дар минтақаи арабӣ аст.

* * *

Нақшаи Тромп барои тағйири низоми Эрон, ки онро бо ташдиди муҳосираи нафтӣ ва таҳрики ҷомеаи Эрон ва талош барои хушкондани манбаъи даромади молии ин кишвар оғоз кардааст, бар таҳдиди кишварҳо ва ширкатҳое мутамаркиз аст, ки диктаҳои ӯро барои таваққуфи воридоти нафт аз Эрон рад карда ва ба таҳримҳо пойбанд нестанд.

Аммо рӯи дигари ин нақша дар эҷоди мушкил барои мардуми Эрон аз тариқи боло бурдани қиматҳо ва коҳиши арзиши пули миллии ин кишвар аст, то аз ин тариқ онҳоро барои бапо кардани ошӯбу эътирозҳои густарда, ба хиёбонҳо бикашонанд ва дар ҳамин росто ҳам ҳаҷмаи бузурги расонаии онҳо барои таҳрики мардуми Эрон шакл гирифтааст.

Эрон дар ҳоли ҳозир рӯзона 2.8 милюн бушка нафт тавлид мекунад, Чин 600 ҳазор бушка ва Ҳинд 400 ҳазор бушкаи онро харидорӣ мекунанд, яъне қариб ба ниме аз мизони содироти нафти Эрон ба ин ду кишвар ихтисос пайдо мекунад.

Аммо мобақии нафти тавлиди Эрон, ба Туркия, Жопун, Куреи ҷанубӣ, Фаронса, Итолиё ва Испониё содир мешавад, пумпожи ду милюн бушка нафти изофӣ аз сӯи Арабистон тақрибан муъодили ҳаҷми содироти нафти Эрон аст.

Чи басо Тромп дигар кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс назири Аморот ва Кувайтро ҳам таҳти фишор қарор диҳад, то рӯзона чандсад ҳазор бушка нафти изофӣ тавлид кунанд, чун ин амр барои коҳиши қимати нафти хом ба зери 80 дулор дар бушка, зарурӣ аст.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки Арабистон эҳтимолан маҷбур мешавад баҳрабардорӣ аз чоҳҳои муштарак миёни Арабистон ва Кувайт дар минтақаи бетарафро аз сар бигирад ва бар асоси баровардҳо, аз ин ду чоҳ метавонад рӯзона 500 ҳазор бушка нафт истихроҷ шавад.

Тасмими Арабистон барои мувофиқат бо дархости Тромп дар муколимаи телефонӣ, ки рӯзи шанбе бо шоҳи Саудӣ анҷом дод, ба маънои ин аст, ки тавлиди нафти Арабистон ба болотарин сақфи худ яъне 12 милюн бушка нафт дар рӯз мерасад.

Бад-ин тартиб, Арабистон тавофуқи худ бо Русия дар нишасти ҳафтаи гузаштаи ОПЕК барои афзоиши тавлиди нафт то ҳаддиаксар як милюн бушка нафтро зери по гузоштааст, ин иқдоми Арабистон метавонад ба фурӯпошии ОПЕК ё дастикам эҷоди шикоф ва ихтилоф дар он мунҷар шавад.

Пас аз ин муколимаи телефонӣ, ҳоло дигар Тромп дабири кулли ОПЕК ва тасмимгирандаи аввалу охир дар он шуда, он ҳам бо нуфузе, ки бар Арабистон ва дигар кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс дорад ва ҳар чӣ бихоҳад ба онҳо дикта мекунад.

Мо аз аксуламали Русия ба нақзи аҳди Арабистон беиттилоъ ҳастем ва ҳамчунин мавозеъи дигар кишварҳои узви ОПЕК ҳам мушаххас нест, назири Алҷазоир, ки нақши муҳимме дар оштӣ байни Русия ва ОПЕК ба раҳбарии Арабистон дошт, ки дар натиҷаи он раванди суқути қимати нафт мутаваққиф шуда ва раванди суъудӣ пеш гирифт.

Аммо мутмаиннан мо марҳилае аз ҳарҷу марҷ дар бозорҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳонро пеши рӯ дорем, ки метавонад ба ташкили эътилофҳое мунҷар шавад, ки ба нафъи Омрико ва муттаҳидони араби он ба раҳбарии Арабистон нахоҳад буд.

Коҳиши қимати нафт бо тасмими ғайримунтазираи муҷаддади Арабистон бозтоби манфӣ бар даромади кишварҳои ОПЕК хоҳад дошт; кишварҳое, ки бо суқути қимати нафт дар соли 2014 ва расидани он ба 30 дулор, он ҳам дар ҳоле, ки пеш аз он нафт ба 120 дулор дар бушка расида буд, бо фоҷеаи молӣ мувоҷеҳ шуданд.

Тасмими ҷадиди Арабистон дар шароите гирифта шуда, ки қиматҳо дар ҳоли беҳбуд ва наздик шудан ба арзиши воқеии худ буд, ба гунае, ки даромади молии кишварҳои содиркунандаи нафтро, ки умдатан ҷаҳони севумӣ буда ва бо бӯҳронҳои иқтисодии шадид рӯ ба рӯ ҳастанд, таъмин мекард.

* * *

Туркия дирӯз эълом кард, ки ҳаргиз аз таҳримҳои Омрико пайравӣ нахоҳад кард ва ҳамчунон ба таври маъмул ба воридоти нафт аз Эрон идома хоҳад дод; чаро, ки Эрон ҳамсоя ва шарики тиҷории муҳимме аст ва баъид ҳам нест, ки Чин ҳамин роҳро пеш бигирад ва бар асоси гузоришҳои хабарӣ, мумкин аст воридоти нафти худро аз Теҳрон ба як милюн бушка дар рӯз афзоиш диҳад.

Суоле, ки бо қудрат матраҳ аст ин аст, ки сарони Арабистон дар муқобили посухи фаврӣ ба дархости Тромп ва афзоиши тавлиди нафти кишварашон ба болотарин миёнгини худ, мехоҳанд чӣ баҳое бигиранд? Ба хусус, ки бо ин кор шаҳрвандони худ ва мусалмонон ва арабҳое, ки кишварҳояшон содиркунанда нафт аст ва манбаъи аслии даромади онҳо аз содироти нафт аст, дучори мушкил мешаванд.

Мардуми кишварҳои Алҷазоир, Либӣ, Ироқ, Ниҷерия, Эрон, Андунезӣ дар раъси феҳристи тавили кишварҳое ҳастанд, ки бо тасмими Арабистон дар коҳиши тавлиди нафт, садҳо милёрд дулор зиён мебинанд, то рафоҳи шаҳрвандони омрикоӣ ва ғарбӣ таъмин ва иқтисоди кишварашон беҳбуд ёбад ва минтақаро ба ҳарҷу марҷ бикашонанд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: