Перейти к содержимому

Даргузашти яке аз пешгомони тақриби мазоҳиби исломӣ дар Миср

Шайх Маҳмуд Ошур, фақеҳи тавоно ва аз уламои барҷастаи Алазҳари Миср ва аз пешгомони тақриби мазоҳиби исломӣ даргузашт.

Шайх Маҳмуд Ошур рӯзи душанбе (2 июл) дар бемористони Аландалусӣ даргузашт. Пайкари ин олими барҷастаи мисрӣ зуҳри дирӯз бо ҳузури уламои Алазҳар ва шахсиятҳои мазҳабии Миср аз Алазҳари Миср ташйеъ шуд.

Шайх Ошур вакили собиқи Алазҳар ва узви Маҷлиси машваратии Тақриби мазоҳиби исломӣ дар Созмони исломӣ, омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (ISESCO) буд. Вай ҳамчунин раиси Доруттақриби Миср ва узви Маҷлиси машваратии уламои Молезӣ низ буд.

Ин олими барҷастаи мисрӣ соҳиби назароти бисёр қавӣ дар масоили ихтилофии дини ислом буд ва нақши муҳимме дар тақриби мазоҳиби исломӣ ва таҳкими равобит миёни мусалмонон ва масеҳиёни Миср дошт.

Дар пайи даргузашти ин донишманди вораста, муфтии Миср баёнияе содир намуд.

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, дуктур Шавқи Аллом, муфтии Миср, дар ин баёния, даргузашти Шайх Маҳмуд Ошурро таслият гуфт ва таъкид кард: «Ин олими бузургвор умри худро дар роҳи хидмат ба ислом ва мусалмонон сарф кард ва талошҳои густардае дар ҷиҳати тақриби мазоҳиби исломӣ анҷом дода буд

Муфтии Миср афзуд: «Ин олими фақид, мероси илмии гаронбаҳое аз худ барҷой гузошт, ки хулосае аз таҷрибиёт ва талошҳои бисёри ӯ дар масири тақриби мазоҳиби исломӣ буд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: