Перейти к содержимому

Оё вақти ҷудоии Оли Сауд ва ваҳҳобият фаро расидааст?

Мақолае аз Набил Мулин (Nabil Mouline) дар рӯзномаи New York Times

Суръат ва ҳаҷми тағйирот дар Арабистони Саудӣ, хусусан пас аз он ки Муҳаммад бен Салмон ба валиаҳдӣ расид, ба мизони қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст. Ӯ аз замони ба даст гирифтани зимоми умур, ҳамвора талош карда худро дар мақоми қаҳрамони «мудернсозӣ»-и Арабистон ҷо бизанад, ва ҳамин амр бархеро ба ин бовар расонда, ки ҷудоӣ миёни Оли Сауд ва ҷараёни ваҳҳобият — ба унвони як тафаккури иртиҷоӣ — калид хӯрдааст.

Чандин баёния ва ибтикори амали ин валиаҳд – ки хостори исломи миёнарав, эътои ҳаққи ронандагӣ ба занон ва бозгушоии синамоҳо шудааст — ба унвони тамоюли ӯ ба шикастани паймони таърихӣ миёни Оли Сауд ва ташкилоти мазҳабии ваҳҳобият тафсир шудааст, аммо барои санҷиши мизони дурустии ин тафсир, бояд ба таърихчаи ҳампаймонии ин ду ҷараён ба унвони як системи сиёсӣ-мазҳабӣ, ки қарнҳо бар шибҳиҷазираи Арабистон ҳукм рондаанд, нигоҳе андохт.

Оли Сауд дар миёнаҳои қарни 18-ум бо пазириши тафаккуроти Муҳаммад бен Абдулваҳҳоб, яке аз мубаллиғони ҳанбалӣ, бо ӯ, ки ҳомии бардошти сатҳӣ аз Қуръон ва ҳадис буд ва ба ҳар гуна тағйир ҳамла мекард, ҳампаймон шуданд. Пас аз ин эътилоф буд, ки афроде, ки аз дуктурини ваҳҳобият ҷудо шуданд, аз ислом хориҷгардида эълон шуда ва ҷиҳод танҳо роҳе маҳсуб мешуд, ки метавонист онҳоро ба «роҳи рост» бозгардонад.

Паймон бо Абдулваҳҳоб ва шогирдони ӯ, ба Оли Сауд кӯмак кард, то ба эҷоди кишваре босубот дар аввалҳои қарни 20-ум муваффақ шавад. Подшоҳии Оли Сауд, иқдомоти сиёсӣ ва низомиро ба худ ихтисос дод; дар ҳоле, ки шуюхи ваҳҳобӣ масъулияти ҳавзаҳои мазҳабӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро бар ӯҳда гирифтанд.

Солҳост, ки вазъ бар ҳамин минвол будааст ва акнун низ баъид ба назар мерасад, ки шоҳзода Муҳаммад бен Салмон дар ҷудоӣ аз ташкилоти мазҳабии ваҳҳобият тавфиқ ёбад; зеро собит шудааст, ки ин шуюх инъитофпазир ҳастанд ва зарфият барои пазириши таҳаввулу тағйироти ногаҳонӣ аз худ нишон додаанд.

Талошҳо барои ба ҳошия рондани ин шуюх ба аввалҳои қарни 20-ум бозмегардад. Вақте Малик Абдулазиз, бунёнгузори подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз соли 1902 то 1953 ҳукумат кард, тасмим гирифт қудратро ба инҳисори худ дароварад, бо шарикони ғарбӣ кор кунад ва аз сӯи ҷаҳони ислом мавриди тасдиқ қарор гирад, чаро ки ӯ барои тазъиф ва таъдили ваҳҳобият ниёз ба истифода аз «ислоҳталабии исломӣ» эҳсос кард.

Аммо шуюхи ваҳҳобӣ иқтидори худро ҳифз карданд ва ҳатто ба ироаи имтиёзоти идеулужикӣ — монанди таҳаммули бештар нисбат ба ғайриваҳҳобиҳо, иҷозаи ҳузур ба ғайримусалмонон дар қаламрави Арабистон ва пазириши омӯзиш ва мудирияти мудерни қудратмандтар – ҳозир шуданд.

Дар давраи баъд аз истихроҷи нафт, байни даҳаи 1950 то миёнаҳои даҳаи 1970, Арабистони Саудӣ таҳти султаи Сауд бен Абдулазиз ва сипас Малик Файсал бен Абдулазиз, маҷбур ба навсозии фаврӣ шуд. Сохторҳои қадимии ин подшоҳӣ барои контроли қаламрави Арабистон ба сурати муассир ва рафъи интизороти ҷамъияти рӯ ба рушд ва ноҳамгун ва барои эҷоди манобеъи ҷадид, бисёр мансух ва шахсӣ буд.

Бинобар ин, ташкилоти мазҳабии ваҳҳобият — ки дар ибтидо ба давлатсозӣ ва тағйироти ҳамзамон ба унвони як таҳдид менигарист — аммо бо ин подшоҳӣ, ки духтаронро ба мадорис мефиристод ё телевизиюн ва синаморо муаррифӣ мекард, мухолифате накард. Ва дар муқобил, шуюхи ваҳҳобӣ аз ҷанги Арабистон бо понарабизм дар даҳаи 1950 ва даҳаи 1960 ва даромадҳои нафтии фаровон, барои мудернсозии ҷомеаи руҳоният истифода карданд, ки аз тариқи эҷоди муассисоти ҷадиде монанди дафтари фатво ва таъйини муфтии аъзам, як брукросии фатвоӣ ва мадорис ва донишгоҳҳои мазҳабӣ монанди Донишгоҳи исломии Мадина ва Донишгоҳи исломии Имом Муҳаммад бен Сауд дар Риёз муҳаққақ шуд.

Шуюх ҳамчунин додгоҳҳои исломӣ, созмонҳои расонаӣ ва созмонҳои понисломӣ монанди Иттиҳодияи ҷаҳонии муслиминро эҷод карданд. Нафт ба ин ташкилоти мазҳабӣ кӯмак кард, то нуфузи худро дар ин подшоҳӣ ҳифз кунад ва ҷаҳонбинии худро содир кунад. Дар мабоҳиси берунӣ низ Инқилоби Исломӣ дар Эрон ва ҳамлаи артиши Шӯравӣ ба Афғонистон дар 1979 ва ҳамчунин ҳамла ба Масҷидулҳаром дар Макка, каффаи тарозуро ба нафъи ташкилоти ваҳҳобӣ сангинтар ҳам кард ва ба онҳо кӯмак кард, бо дастовезҳои ҷадид, ба густариш ва тағйири тафаккуроти худ бипардозанд.

Ин бор саудиҳо барои бозгардондани эътибори худ пас аз ҳамла ба Макка, муқобила бо «Инқилоби Эрон» ва мубориза бо кумунизм, пойбандии худ ба исломро бо иҷрои шадиди аҳкоми исломӣ, ки бо шиканҷаи баданӣ, тафкики ҷинсиятӣ дар амокини умумӣ, бастани синамоҳо, афзоиши қудрат нерӯҳои пулиси динӣ ва ҳимояти молӣ ва идеулужик аз гурӯҳҳои ифротии афғон ва ҷунбишҳои ифротӣ дар саросари ҷаҳон ҳамроҳ буд, эълом карданд.

Дар изои ин иқдомот, шуюхи ваҳҳобӣ ҳам дар баробари душманони дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Саддом Ҳусайн ва Ихвонулмуслимин, аз хонадони Оли Сауд ҳимоят карданд. Ин шуюх дар соли 1990 дар иқдоме бесобиқа фатвое содир карданд, ки бар асоси он, ҳузури сарбозони омрикоӣ дар Арабистон машрӯият меёфт.

Ҳамалоти 11 сентябр, Арабистонро дар шароити душворе қарор дод, зеро Усома бен Лодан ва аксари ҳавопайморубоён дорои ҷинсияти арабистонӣ буданд. Ин бор саудиҳо ночор шуданд илова бар иқдомоти дигар, худро аз ҷунбишҳои ифротгаро тамйиз дода, ба интиқодот алайҳи ваҳҳобият иҷозаи буруз диҳанд, музокироти дарунмазҳабӣ ва бурунмазҳабиро оғоз кунанд ва қудрати пулиси диниро коҳиш диҳанд.

Дар ин шароит ҳам, шуюх ба кӯмаки хонадони Оли Сауд омаданд ва бо маҳкум кардани сифту сахти ифротгароӣ (ҷиҳодизм) ва Ихвонулмуслимин аз тариқи судури фатво, интишори мақолот дар рӯзномаҳо ва суханронӣ дар шабакаҳои телевизиюнӣ, илова бар манофеи саудиҳо, манофеи худро низ ҳифз карданд. Ҳатто дар он замон ҳам бархе аз нозирон сӯҳбат аз «Арабистони пасоваҳҳобият»-ро ба миён оварданд, аммо ба маҳзи он ки фазои ин фишорҳо ором шуд, ташкилоти шуюхи ваҳҳобӣ ва хонадони саудӣ ин равандро зери суол бурданд.

Пас аз қиёми кишварҳои арабӣ дар соли 2011 мавсум ба «Баҳори арабӣ», Малик Абдуллоҳ бен Абдулазиз хостори ҳимояти ташкилоти шуюхи ваҳҳобӣ шуд, то чолишҳое, ки ин қиём барои подшоҳии Арабистон ба вуҷуд оварда буд, хунсо шаванд. Ин шуюх барои раҳоӣ аз ин чолишҳо, ба Малик Абдуллоҳ кӯмак карданд, аммо ӯро водор сохтанд, то буҷаи муассисоти диниро афзоиш дода, иҷозаи эъмоли саркӯбҳои бештар аз сӯи ҳамаи шохаҳои иҷроии аҳкоми исломӣ дар амокини умумиро бидиҳад, суханрониҳои зидди шиъиро тарвиҷ дода ва тафаккуроти секулористиро хафа кунад.

Нишастани Малик Салмон бен Абдулазиз бар тахти подшоҳии саудӣ, ки то алъон идома дошта, бархостани Муҳаммад бен Салмонро дар пай дошт. Интиқодоти алании ин шоҳзодаи саудӣ аз тафаккуроти ифротгароёна (ҷиҳодӣ) ва таъаҳҳудаш ба тарвиҷи исломи миёнарав, ба унвони тамоюле тоза барои таваққуфи ваҳҳобият тафсир шуд, аммо мутолеоти дақиқтар нишон медиҳанд, валиаҳди Арабистон дар дараҷаи аввал Ихвонулмуслимин ва ифротгароёнро маҳкум карда ва ваҳҳобиятро табриа мекунад.

Дар муқобил ҷомеаи руҳонияти ваҳҳобӣ низ ҳимояти бе қайду шарте дар ихтиёри Муҳаммад бен Салмон қарор дода ва тасмимоти ӯро аз ҷумла дар заминаи эътои ҳаққи ронандагӣ ба занон, бо судури фатво таъйид кардааст. Ҳангоме, ки таъодули қудрат гузинаҳои андаке барои шуюх боқӣ мегузорад, онон дар баробари мавзӯъоти сонавия, ки аҳаммияти чандоне надоранд, таслим мешаванд ва талош доранд то қудрати худро ҳифз кунанд.

Ба назар мерасад, ки ваҳҳобият дар миёнмуддат ба унвони яке аз аркони аслии подшоҳии Арабистон боқӣ бимонад. Шуюх мадорис, донишгоҳҳо, масоҷид, вазоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳоро таҳти контроли худ доранд, то аз ҷойгоҳи худ дифоъ кунанд. Ҳар ду тараф хуб медонанд, ки ҳар гуна мунозиъа миёни фарзандони хонадони саудӣ ва ворисони Абдулваҳҳоб, барои ҳар ду тараф осебзананда хоҳад буд.

Паймони таърихӣ миёни салтанати саудӣ ва ташкилоти руҳонияти ваҳҳобӣ ҳеч гоҳ бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ нашудааст. Ин паймон тайи давраҳои гузор ё бӯҳронҳо бозтаъриф шуда то равобити тағйири қудратро беҳтар мунъакис кунад ва шариконро қодир созад, ки бо чолишҳо муқобилаи муассире дошта бошанд.

Барои шикасти воқеии паймони хонадони Сауд бо ваҳҳобият бояд пружаи иҷтимоии ҷойгузине дошт, аз ҳимояти бе қайду шарти нухбагон ва мардум бархӯрдор буд ва мабнои иқтисодии мутавозин ва заминаи бисёр матлуб дар даст дошт. Шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ба рағми тамоюли шахсии худ, акнун чунин имконоте дар ихтиёр надорад.

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: