Оё Эрон тангаи Ҳурмузро мебандад?

Бисёре аз коршиносони масоили сиёсии Ғарб бар ин боваранд, ки таҳдиди шомгоҳи душанбеи Ҳасани Руҳонӣ дар Суис, ишора ба бастани тангаи Ҳурмуз дар ҳоли таҳрими нафти Эрон аст.

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, шомгоҳи душанбе (2 июл) дар ҷамъи эрониёни муқими Суис (Швейтсария) гуфт: «Омрикоиҳо муддаӣ шудаанд, ки мехоҳанд ба таври комил ҷилави содироти нафти Эронро бигиранд. Онҳо маънии ин ҳарфро намефаҳманд. Чаро ки ин аслан маънӣ надорад, ки нафти Эрон содир нашавад ва он вақт нафти минтақа содир шавад. Агар шумо тавонистед ин корро бикунед, пас натиҷаашро бибинед!»

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ ҳамчунин рӯзи гузашта дар нишасти хабарии муштарак, ки бо ҳузури ҳамтои суисии ӯ баргузор шуд, дар посух ба изҳороти раисиҷумҳури Суис дар мавриди ба расмият шинохтани «Исроил» изҳор дошт: «Чун оқои раисиҷумҳур ба масъалаи режими саҳюнистӣ ишора карданд, ман мехоҳам бар ин таъкид кунам, ки дар сӯҳбатҳои дирӯз бо оқои раисиҷумҳур, ба сароҳат гуфтам, ки Эрон режими саҳюнистиро номашрӯъ ва фаъолиятҳояшро дар минтақа таҷовузкорона медонад

* * *

Сардор Қосим Сулаймонӣ: «Ин ҳамон дуктур Руҳоние аст, ки мешинохтем!»

Фармондеҳи нерӯи Қудси Эрон, дар номае бо қадрдонӣ аз суханони раисиҷумҳури ин кишвар дар бораи судури нафт аз минтақа гуфт: «Ин ҳамон дуктур Руҳоние аст, ки мо шинохт доштем ва дорем ва мебоист бошад

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, матни номаи Қосим Сулаймонӣ хитоб ба Руҳонӣ, ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Бародари бузургвор, ҷаноби оқои дуктур Руҳонӣ, риёсати мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон

Саломун алайкум

Он чи аз фармоишоти ҳазрати олӣ дар расонаҳо мунъакис шуд мабнӣ бар ин ки агар нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон содир нашавад, тазмине барои судури нафти кулли минтақа намебошад ва баёноти бисёр арзишманде, ки дар мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба режими саҳюнистӣ фармудед, мояи мубоҳот ва ифтихор аст.

Ҳақир ба унвони сарбози вилоят ва ин миллати сарфароз ва бо ҳама ҷон ба ҳузури ҷаноби олӣ арз мекунам:

Ин ҳамон дуктур Руҳоние аст, ки мо шинохт доштем ва дорем ва мебоист бошад. Шумо бо суханони ҳакимонаи арзишманд ва қудратмандонаи худатон, раҳбари азиз, миллати бузургвори Эрони Исломӣ ва мусалмонони ҷаҳонро сарафроз намудед.

Дасти шуморо барои эроди ин суханони бамавқеъ, ҳакимона ва саҳеҳ, мебӯсам ва барои ҳар сиёсате, ки маслиҳати низоми исломӣ бошад, дар хидмат ҳастем.

Бародаратон Қосим Сулаймонӣ

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: