Инсони комил (21)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсони комил аз дидгоҳи мактаби ирфону тасаввуф (3)

Бархе ишколоти мактаби ирфон

1) Таҳқири ақл:

То ин миқдор (ки дар бахши пешин овардем), мешавад барои “инсони комил”-и урафо аз ислом таъйид овард. Аммо дар мактаби ирфон як чизҳое таҳқир шудааст, ки ислом бо он таҳқирҳо мувофиқ нест ва ба ҳамин далел инсони комили ирфон, инсони нимакомил аст. (1) Дар ирфон хеле илму ақл таҳқир шудааст; дар ҳоле, ки ислом дар айни ин ки дилро қабул дорад, ақлро ҳам таҳқир намекунад. Дар айни ин ки дилро қабул дорад, ишқу сайру сулукро қабул дорад, ҳаргиз ҳозир нест ақлу фикру истидлолу мантиқро таҳқир кунад; барои ақлу фикру истидлолу таъаққул ниҳояти эҳтиромро қоил аст. Ин аст, ки дар давраҳои исломӣ ва ба хусус дар давраҳои мутааххир, гурӯҳе пайдо шуданд, ки барои дилу ақл, ҳар ду эҳтиром қоил шуданд. Шайх Шаҳобуддин Сӯҳравардӣ (Шайхи Ишроқ) тақрибан роҳаш ҳамин аст ва Садрулмутааллиҳини Шерозӣ (Мулло Садро) аз ӯ бештар, мехоҳад роҳи ақлу роҳи дил ҳар дуро ба пайравӣ аз Қуръон мӯҳтарам бишуморад; намехоҳад мисли Бӯалӣ масалан роҳи дилро таҳқир кунад, (2) ва намехоҳад монанди баъзе аз урафо ва мутасаввифа роҳи ақлро таҳқир кунад, мехоҳад ҳар ду роҳро мӯҳтарам бишуморад.

Пас, он ҷанбаҳое, ки илму ақл дар ирфон ё лоақал дар суханони баъзе аз урафо таҳқир мешавад, мавриди таъйиди ислом нест. Инсони комили Қуръон инсоне аст, ки камоли ақлӣ ҳам пайдо кардааст, камоли ақлӣ ҳам ҷузъи камолоти ӯст.

* * *

2) Дарунгароии мутлақ:

Масъалаи дигаре, ки дар инсони комили ирфон вуҷуд дорад ва ислом онро таъйид намекунад, ин аст, ки дар ирфон фақат дарунгароӣ матраҳ аст, яъне бурунгароӣ хеле таҳтушшуъо қарор гирифтааст; ҷанбаи фардӣ дар он зиёд аст ва ҷанбаи иҷтимоӣ маҳв шуда ё бигӯем камранг шудааст. Инсони комили ирфон инсони иҷтимоӣ нест, инсоне аст, ки фақат сар дар гиребони худаш дораду бас. Вале ислом зимни он ки ҳамаи он чиро, ки дар мавриди дилу ишқу сайру сулуку илми ифозӣ ва илми маънавӣ ва таҳзиби нафс гуфта мешавад таъйид мекунад, инсони комилаш инсони ҷомеъ аст, бурунгаро ҳам ҳаст, ҷомеагаро ҳам ҳаст, ҳамеша сар дар гиребони худаш фурӯ набурдааст. Агар шаб сар дар гиребони худ фурӯ мебарад ва дунё ва мофиҳоро фаромӯш мекунад, рӯз дар матни ҷомеа қарор гирифтааст…

Худи Қуръон ҳам инҳоро бо якдигар ҷамъ мекунад:

التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدونَ

«(Он мӯъминон) ҳамон тавбакунандагони парастандагони сипосгузорони рӯзадорони рукӯъкунандагони саҷдакунандагон…»

Инҳо ҳама, он ҷанбаҳои дарунӣ аст. Баъд мефармояд:

الآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنكَرِ

«… водоркунандагон ба корҳои писандида, боздорандагон аз корҳои нописанд…» (Сураи Тавба, ояти 112) Фавран вориди ҷанбаҳои ҷомеагароии онҳо мешавад: онҳо муслиҳони ҷомеаи худ ҳастанд. Ё дар он ояти карима мефармояд:

مُّحَمَّدٌ رَّسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاء عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاء بَيْنَهُمْ

«Муҳаммад (с) паёмбари Худост, ва касоне, ки бо ӯянд, бар кофирон сахтгир (ва) бо ҳамдигар меҳрубонанд…» Дар ин ҷо аввал ҷанбаи ҷомеагароиро мегӯяд: паёмбар ва ҳамроҳонаш «бар кофирон сахтгир (ва) бо ҳамдигар меҳрубонанд» дар муқобили пӯшандагони ҳаққу ҳақиқат ва касоне, ки бо ҳақиқат инод меварзанд, босалобат ва муҳкам ва монанди девори руйин ҳастанд ва нисбат ба аҳли имон якпорча муҳаббат, меҳрубонӣ, хайру раҳмат. Баъд мефармояд:

تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا

«… ононро дар рукӯъу суҷуд мебинӣ…» (яъне) ҳамин ҷомеагароҳоро дар ҳоли рукӯъу суҷуд мебинӣ.

يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِّنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا

«… фазлу хушнудии Худоро хосторанд…» Аз Худои худ фузунӣ мехоҳанд ва ба он чи доранд қонеъ нестанд ва ризои Ҳақро мехоҳанд. Яъне афроде нестанд, ки барои худ дунё ё охиратро бихоҳанд, барои онҳо ризои Ҳақ аз ҳар чизе бартару болотар аст.

سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِم مِّنْ أَثَرِ السُّجُودِ

«… аломати онон бар асари суҷуд, дар чеҳраҳояшон аст…» (Сураи Фатҳ, ояти 29) Дар чеҳраи онҳо осори ибодат ва осори суҷудро мебинӣ.

Ин як нуқтаи заъфи дигаре аст, ки дар инсони комили тасаввуф дида мешавад. Албатта бисёре аз пешравони ирфон чун шадидан таҳти таъсири таълимоти исломӣ будаанд, мутаваҷҷеҳи ин нукта будаанд ва дар калимоти худ ба ин нукта ишора кардаанд. Аммо ба ҳар ҳол, гоҳе каму беш ин ифрот пайдо шудааст. Яъне дарунгароӣ ба ҳадде расида, ки дигар бурунгароӣ нафй шудааст. Ислом ин ҷиҳатро таъйид намекунад.

* * *

3) Нафскушӣ:

Як ҷиҳати дигар дар ин мактаб матраҳ аст ва он марбут ба нафскушӣ аст. Мо дар таъбироти исломӣ калимаи “нафскушӣ” надорем. Яке ду ҷо таъбири «амота нафсаҳу» (нафсашро кушта) дорем, ки яке дар “Наҳҷул-балоға” аст — ки бароятон хондам — ва таъбири:

موتوا قبل أن تموتوا

(Бимиред пеш он ки бимиред) дорем. Маъмулан дар таъбироти исломӣ сӯҳбат аз таҳзибу ислоҳи нафс аст.

Дар таъбироти шуаро масъалаи нафскушӣ ва нафс куштан зиёд омадааст. Ҳол мо бо таъбир чандон мухолифате надорем, вале дар бораи масъалаи нафскушӣ ва ба иборати дигар, худро дарҳам шикастан, худро кӯбидан, яъне худбин набудан ва худписанд ва худхоҳ набудан, дар ирфони мо тавре сухан гуфта шудааст, ки ғолибан як нуктаи бисёр асосӣ, ки дар ислом аз он ба “каромати нафс” таъбир мекунем, мавриди ғафлат воқеъ шудааст. Ин баҳс андаке муфассалтар аст.

Ҳамон тавр, ки дар ибтидои суханам арз кардам, чун ирфон ширин аст ва урафо бо забони адаб, насру назм муддаои худашонро хеле гуфтаанд ва пахш кардаанд, инсони комили урафо дар сарнавишти ҷомеаи мо хеле асар дорад. Яъне, мо бештар инсони воло ва инсони мутаъолиро ҳамон медонем, ки урафо муаррифӣ кардаанд. Аз ин ҷиҳат лозим аст миқдоре бештар дар бораи инсони мутаъолие, ки урафо муаррифӣ кардаанд баҳс кунем. Матлаби охирӣ, ки унвон кардам, фақат барои ин буд, ки арз карда бошам ин ҳам як нуқтаи заъфи дигаре аст.

Иншоаллоҳ дар ҷаласаи баъд дар бораи ин матлаб ва баъзе аз қисматҳои дигар сӯҳбат хоҳам кард.

ولا حول ولا قوة الاّ بالله العليّ العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Албатта мумкин аст баъзе урафо мантиқашонро ба ислом хеле наздик карда бошанд. Мо роҷеъ ба он баҳсе надорем.

(2) Албатта Бӯалӣ дар авохир, аз ин назари худаш баргашт.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: