Шарҳи Маснавӣ (294)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (37)

* * *

Дар маънии он ки «Мараҷал-баҳрайни ялтақиёни байнаҳумо барзахун ло ябғиён» (2)

* * *

Меҳр талхонро ба ширин мекашад,

З-он ки асли меҳрҳо бошад рашад.

Муҳаббат талхиҳоро ба ширинӣ мегардонад, ё талхонро ширин мекунад, зеро аслу гавҳари меҳрубонӣ ва муҳаббат хайрхоҳӣ ва роҳнамоии дигарон аст ба мақсуд ва ҳадафи пок.

Рашад: ҳидоят ёфтан, роҳи рост ёфтан.

Қаҳр ширинро ба талхӣ мебарад,

Талх бо ширин куҷо андарх(в)арад?

Қаҳру адоват ширинро ба талхӣ мекашонад, яъне ба сӯи хеш ҷазб ва мубаддалаш месозад, зеро талх бо ширин кай ва куҷо созгорӣ доранд?

Нукта: Сӯфия ақида доранд, ки ҳар сифате, чӣ неку чӣ бад, ориз бар қалб ё нафс шавад, тадовум ва таъоқуби он, шахсияти ҳақиқии инсонро месозад. Бисёр дида шудааст, ки шахсе ибтидо агар сухане нораво мешунид ва ё манзаре вақеҳ медид, саропо хашму нафрат мешуд, аммо акнун бар асари тадовум ва такрори он суханону манозир, дигар ҳассосияти пешинро аз даст дода ва дар баробари он бетафовут шудааст, ва чи басо худ низ бо хурсандӣ ва лаззат лаб ба зиштӣ мегушояд ва дар камоли масаррат саҳнаҳои вақеҳ меофаринад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.765-766)

Талху ширин з-ин назар н-ояд падид,

Аз даричай оқибат донанд дид.

Талху ширин, бо ин назар зоҳир намешавад, яъне талхиву ширинии ботинӣ, бо ин ҳавосси зоҳир идрок намегардад, балки фақат аҳли басират метавонанд аз даричаи оқибатбинӣ онро идрок намоянд.

Чашми охирбин тавонад дид рост,

Чашми охурбин ғурур асту хатост.

Чашме, ки фарҷомро мебинад, метавонад росту дуруст бибинад, вале чашми охурбин фирефта ва хатокор аст.

Охирбин: оқибатбин, чашме, ки мафтуни завоҳир намешавад. Охурбин: чашме, ки фақат охури алаф (дунё ва завоҳири он)-ро мебинад.

Нукта: Олами сурату модда монанди охури ҳайвон аст ва чашмҳои зоҳирбин фақат ин оламро тавонанд дид, аммо олами маъноро фақат соҳибони хирад метавонанд бибинанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.766)

Эй басо ширин, ки чун шаккар бувад,

Лек заҳр андар шакар музмар бувад.

Чи басо шириниҳое, ки дар зоҳир ширин аст, вале заҳрҳо дар он ширинӣ пинҳон шудааст.

Музмар: ниҳон ва нуҳуфта.

Он ки зирактар, ба бӯ бишносадаш

В-он дигар чун бар лабу дандон задаш.

Он ки хеле ҳушманду зирак бошад, ин ҳақиқатро аз роҳи бӯи он мефаҳмад, вале он дигарӣ, ки ҳушмандии камтаре дорад, фақат вақте онро идрок мекунад, ки бар лабу дандонаш бигузорад.

Пас лабаш раддаш кунад пеш аз гулӯ,

Гарчи наъра мезанад шайтон: кулу.

Пас, лаби он шахс он чизи заҳрогинро пеш аз он ки ба гулӯяш сарозер шавад, рад мекунад ва пасмезанад, гарчи шайтон наъра мезанад, ки онро бихӯред!

В-он дигарро дар гулӯ пайдо кунад

В-он дигарро дар бадан расво кунад.

Ва он дигарӣ вақте луқмаи ҳаромро дарк мекунад, ки ба гулӯяш фурӯ равад, ва он дигарӣ ҳар гоҳ луқмаи ҳаром ба дохили баданаш расид, дар он ҷо расвоӣ падид меоварад.

В-он дигарро дар ҳадас сӯзиш диҳад,

Харҷи он дар дахл омӯзиш диҳад.

Ва гурӯҳе дигар ҳангоме ки мехоҳанд он луқмаи хӯрдашударо дафъ кунанд, эҳсоси сӯзиш менамоянд, инон дар мавқеи хуруҷ мефаҳманд, ки дахлашон чӣ будааст ва чӣ дар бадан ворид кардаанд.

Ҳадас: мадфуъ, саргин.

В-он дигарро баъди айёму шуҳур

В-он дигарро баъди марг аз қаъри гӯр.

Барои яке, пас аз гузашти айём ва сипарӣ шудани моҳҳо, дар ҳолати эҳтизор ошкор мешавад, ва барои он дигарӣ пас аз марг дар мағоки гӯр маълум мегардад.

Шуҳур: чамъи шаҳр ба маънои моҳ.

Нукта: Ин абёт, ба тафовути шинохту маърифати одамиён ва маротиби биниши онҳо ишорат дорад. Чунонки орифон дар ҳамин дунё шаҳавоту авсофи мазмум монанди макру риёву худбиниву шӯҳратталабиро ба сурати мору каждуми заҳрогин мушоҳида мекунанд, аз ин рӯ аз он мегурезанд. Вале бештари мардум ба сабаби он ки дар ҳиҷоби нафсониёт пӯшида шудаанд, он тезбиниро дар дунё касб намекунанд, ки ботини шаҳавотро он гуна хавфнок ва зинда мушоҳида кунанд, аз ин рӯ дар ғарқобаи шаҳавоту лаззот ғӯта мехӯранд, то ин ки рӯ ба марг раванд. Ва эй басо ҳолати маргу эҳтизор низ ононро ҳушёр насозад. Аз ин рӯ, пас аз марг, ки ҳиҷоби дунё вопас меравад, ҳақоиқро идрок мекунанд ва он гоҳ малакоту сифоти дунявии ононро ба онон арза мекунанд ва аъмолашон ба суратҳои мору каждум таҷассум меёбад, ва чун аз он метарсанд ва мераманд, ба онҳо гуфта мешавад: «Инҳо аъмоли шумост!» Ин масъала ҳамон аст, ки дар афвоҳ ба азоби қабр маъруф аст. (Ашшавоҳидур-рубубия, с.286-267)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: