Мушкили Ҳукумати Тоҷикистон бо ҲНИТ аст ё Эрон?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сиёсате, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз панҷ-шаш соли пеш то ба ин замон дар баробари ҲНИТ пеш гирифта, бисёр аҷибу ғариб ва ғайритабиӣ ба назар мерасад; ба ҳадде, ки ҳатто барои як коршиноси коркушта низ дарки иллатҳо ва сабабҳои ин душмании муфрити ҳукумат алайҳи шаҳрвандони худаш, бисёр душвор аст, ки чаро то ба ин ҳадд шамшерро алайҳи ин ҳизб аз рӯ баста?! Аз моҷарои Ҳоҷӣ Ҳалим бигир то қатъи фаъолияти ҳизб ва сипас пахши филмҳои аҷибу ғариб ва то водор кардани Эшони Қиёмуддин ба эътирофоте (ки ба такрор ва бо чандин забонҳо пахш шуданд) ва сипас иттиҳоми ҳизб аз сӯи шахси Эмомалӣ Раҳмон ба ин ки «пурра шиъагиро қабул карда» будааст ва то нашри мақолаҳо ва гузоришҳои мутаъаддид бо муҳтавои пур аз кизбу дурӯғ, ки ҳатто нависандаҳо ва пушти пардаҳояш медонанд, ки дурӯғанд.

Ҳол, чанд намуна аз ду мақолае, ки ахиран мунташир кардаанд, меоварам, то бибинед, оё ин душмании муфрит, ба назаратон табиӣ ба назар мерасад? Ду мақола, ки яке дар Хабаргузории «Ховар» оварда шуда, ва дигаре, дар сойти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон:

Дар сойти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар матлабе бо унвони: Таҳдид ба Тоҷикистон: Эрон ҷанговарони ҳизби наҳзатро аз Сурия ба Афғонистон интиқол медиҳад, менависад:

«Имрӯзҳо эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар аъзоёни фирории Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ)-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ дар лагерҳои низомии марбут ба ин кишвар дар Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон таълим дода истодаанд…»

«Чанде пештар ҷанговарони ТЭТ ҲНИ, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол дода шуданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Россия низ хоҳад расид…»

«Бо интиҳои ҷангҳои Сурия ва дархостҳои Россия ва ИМА ҷиҳати хориҷсозии ҷанговарони эронӣ аз қаламрави Сурия, Эрон садҳо ҷанговарони ТЭТ ҲНИ-ро ба сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон интиқол дода, вуҷуди онҳоро ба ҳайси таҳдид ба Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод…»

«Давоми як соли охир тамоюли таҷаммӯи гуруҳҳои террористӣ дар қисмати шимолии Афғонистон, ки қаблан ором буд, мушоҳида мешавад. ДОИШ, ТЭТ ҲНИ, «Ансоруллоҳ” ва дигар гуруҳҳои ифротӣ кӯшиш доранд, дар онҷо пойгоҳҳои таълимиву тамриниашонро ҷой карда, барои таъсири бештар ба Осиёи Марказӣ платсдарм бисозанд…»

Ва аммо дар Хабаргузории «Ховар» дар матлабе ба қалами Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, аз ҷумла омадааст:

«Ошкор гардид, ки «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ин номи аслии ҳизби мазкур набуда, танҳо ба хотири ҷузъе аз Тоҷикистон нишон додани худ чунин номгузорӣ шудааст. Дар асл гурӯҳи наҳзатиён бахше аз созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии «Ҳизбуллоҳ» мебошанд, ки аз тарафи Эрон барои тахрибкориву анҷом додани амалҳои террористӣ дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст…»

* * *

Хуб, ин иттиҳомот ва «бузургсозиҳо» – ва дар канори онҳо, мавзеъи Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ахираш дар қабл аз Рамазон – агар дар баробари як коршиноси огоҳ ва коркушта қарор дода шавад, қатъан яке аз ин се эҳтимолро хоҳад дод:

1) Эҳтимоли аввал он ки: воқеан дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҷангҷӯёне таҷаммуъ кардаанд ва қасди моҷароҷӯӣ доранд.

Хуб, дар ин сурат, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон хуб медонанд, ки ҲНИТ ҳеч иртиботе дар ин моҷароҷӯӣ – агар ба вуқӯъ бипайвандад — нахоҳад дошт, ва асосан ҲНИТ дорои нерӯи низомӣ нест, ки ниҳодҳои амниятӣ эҳтимоли ҳузури онро бидиҳанд, то навбати нигаронӣ аз он бирасад. Ҳамин чанд ҳафта пеш буд, ки раиси КДАМ-и Тоҷикистон шахсан ба Афғонистон сафари корӣ дошт ва дар натиҷаи музокира ва гуфтугӯ бо ниҳодҳои амниятии Афғонистон, муваффақ шуд се-чаҳор нафарро, ки гуфта мешавад, бо Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамкорӣ мекардаанд, ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Тардиде нест, ки Тоҷикистон дар Афғонистон ишрофи амниятии комил дорад, ба илова дорои ҷосусҳои зиёде ҳам дар ин кишвар аст, ки ҷузъиёти ҳаводисро барояш гузориш мекунанд. Ва сониян, гурӯҳҳое мисли «Ансоруллоҳ» ва ДОЪИШ, бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамон андоза сари душманӣ доранд, ки бо ҲНИТ доранд, агар нагӯем душманиашон бо ҲНИТ бештар аст, то бо ҳукумат.

Пас, ин эҳтимол аз беху бун мунтафӣ аст. Яъне, Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч хавфу хатаре дар ин ҷиҳат аз сӯи ҲНИТ эҳсос намекунад.

2) Эҳтимоли дигаре, ки барои як коршинос матраҳ мешавад ин аст, ки: Ҳукумати Тоҷикистон, бо ин кораш, мехоҳад афкори умумиро дар дохили кишвар аз мушкилоти воқеӣ — мисли мушкилоти иқтисодӣ ва маъишатӣ, ки дод мезанад — мунсариф намуда ва бо эҷоди «хатари ҷаълӣ ва сохтагӣ», ҷомеаро андармон бисозад, то ҳар шароитеро, ки мардум бо он мувоҷеҳ мешаванд таҳаммул кунанд ва садо дарнаёваранд, ки «душман дар камин» нишаста ва қасди тахриби кишварро дорад!

Ин эҳтимол, бо ин ки баъид ба назар намерасад, вале гумон намеравад ба хотири андармон кардани афкори умумӣ, ниҳодҳои амниятӣ ба ҳадде пеш бираванд, ки ҳозир шаванд миёнаи худро бо шаҳрвандонашон то ба ин дараҷа хароб кунанд. Агар душман, душмани хориҷӣ буд, яъне як бегона буд, он вақт метавон ин мавзеъгирии тундро ба наҳве тавҷеҳ кард, вале ту бо касе ин гуна рафторро пеша кардаӣ, ки бо ту бегона нест, шаҳрванди ҳамин марзу бум аст.

3) Эҳтимоли севвуме, ки як коршинос метавонад бидиҳад — ва мантиқитар аз ду эҳтимоли қаблӣ ба назар мерасад — ин аст, ки: асосан, мушкил, ҲНИТ нест, балки як ҷиҳати дигар аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон хостааст бо ӯ даргир бишавад (аммо ин ки чаро бо ин тараф хостааст даргир бишавад, ба зудӣ далелашро баён хоҳам кард), ва аммо ҲНИТ дар ин миён, танҳо баҳона ва дастовезе барои ҳукумат буда, на беш аз ин. Ба сухани дигар, Ҳукумати Тоҷикистон вақте хоста вориди даргирӣ бо он тараф бишавад, ҷуз ҲНИТ дигар ҳеч баҳона ва дастовезе наёфта ва аз ин рӯ чорае ҷуз «қурбонӣ» кардани ҲНИТ-ро надошта, яъне дар воқеъ, ҲНИТ дар ин миён ба истилоҳ, «кабшул-фидо» (козел отпущения) аст.

Ва аммо он тараф кист, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ӯ вориди даргирӣ шуда, ва он ҳам ба ҳадди бисёр муфрит? Пурравшан аст, ки он тараф, Эрон аст. Ҳоло чаро Эрон?

* * *

Ҳукумати Тоҷикистон, мутаассифона, аз майи соли 2017 худро вориди бозие карда, ки маълум нест чӣ гуна аз он берун шавад. Яъне, бо ин ки барномаи қалъу қамъи ҲНИТ аз солҳои 2010, ба хусус пас аз тасвиби Протоколи манҳуси 32-20 калид хӯрдааст, вале дар ибтидо, Ҳукумати Тоҷикистон аз Эрон чандон сухан ба миён намеовард, магар ба ишора, вале аз як соли пеш, ба шиддат пойи Эронро дар ин моҷаро ба васат кашида. Ва иллаташ ҳам ин аст, ки: 21 майи соли пеш (2017), дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, меҳмони мақомоти саудӣ буд. Зимнан, аз руасои чанд кишвари исломӣ ҳам дар ин нишаст даъват ба амал омад, аз ҷумла аз Эмомалӣ Раҳмон.

Маросими ифтитоҳи эътилофи зидди теруризм дар Риёз (майи 2017)

Ҳадафи Арабистони Саудӣ ба ҳамроҳи раисиҷумҳури ҷадиди Омрико, таъсиси як ба истилоҳ, эътилофи муташаккил аз чанд кишвари исломӣ ба манзури «мубориза бо теруризм» буд, ки мақсуд, ҷуз Эрони Исломӣ ва Ихвонулмуслимин ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ мисли Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ набуд. Ва ин эътилоф ташкил шуд. Арабистони Саудӣ ва Аморот, масъулияти таъмини молии ин эътилофро бар ӯҳда гирифтанд. Ва ҳар кишваре ҳам, ки узви ин эътилоф мешуд, Саудӣ ва Аморот маболиғе ҳангуфт дар ихтиёраш мегузоштанд, (лозим ба ёдоварист, вақте Саудӣ мегӯем, яъне Муҳаммад бен Салмон, ва вақте Аморот мегӯем, яъне Муҳаммад бен Зоид), то ин ки кишварҳои воридшуда ба ин эътилоф, ба ҳар роҳи мумкин, шамшери мухолифат ва даргирӣ бо Эрон ва гурӯҳҳои ҳамроҳи Эрон мисли Ҳизбуллоҳ ва Ҳамосро аз рӯ бибанданд. Албатта, ҳар кишваре ба як равише; масалан Молезӣ, Судон ва Покистон бо нерӯи низомӣ, ва баъзе дигар ба равише дигар, мисли қатъи робита ва аз ин қабил услубҳо. (Лозим ба ёдоварист, як ҳафта пеш, Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири ҷадиди Молезӣ, кишварашро аз ин эътилофи бемаънӣ берун овард. Ва Покистон ҳам аз ибтидо дарк кард, ки кори ин эътилоф ба ҷое нахоҳад расид, аз ин рӯ пояшро дар ҳамон оғоз берун кашид.)

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам, ки вақте дар баробари пул қарор мегирад, зоҳиран дигар ҳеч чизро намешиносад. Дақиқан аз ҳамон замон буд, ки моҷаро ранге комилан дигар ба худ гирифт. Ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳеч «хатти қирмизе» байни худ ва давлати Эрон боқӣ нагузошт. Зоҳиран, ҳадаф аз тамоми иқдомҳои ҷанҷолбарангези мақомоти Тоҷикистон дар як соли ахир ин буд, ки Эронро дар як ҳолати инфиъол қарор бидиҳад ва он гоҳ Эрон маҷбур ба қатъи робита шавад. Шумо имрӯз мебинед, ҳеч ниҳоде дар Тоҷикистон (ҳатто Окодемии улум) намонда, магар ин ки кораш «мубориза алайҳи шиъа ва Эрон» шуда. Агар шиъаситезӣ ва Эронҳаросӣ қаблан танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ (мисли Фейсбук ва Одноклассники), ва он ҳам аз сӯи иддае салафӣ маҳдуд буд, аммо имрӯз мебинед, ки дақиқан ҳамон корҳо (яъне шиъаситезӣ ва Эронҳаросӣ) тавассути расонаҳои давлатӣ ва ҳатто ниҳодҳои «илмии» Тоҷикистон дар ҳоли анҷом аст, ва он ҳам ба сурати ғайритабиӣ ва ба ҳадди муфрит.

Ҳамин мақолаи сойти «Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон«, ки порае аз ҷумалоташ дар боло нақл шуд, дар асл дар сойте ба номи «Савтуд-дор«, ки мутаъаллиқ ба аморотиҳост, нашр шуда ва ҲХДТ онро ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда. Яъне, тамоми он чарандиёт, ки масалан Эрон ҷангҷӯёни ҲНИТ-ро дар марз бо Афғонистон гирд оварда будааст ва ин қабил ароҷиф, сохта ва пардохтаи ин сойти аморотӣ аст. Агар мехоҳед бидонед пушти сари ин «шайтонсозиҳо»-и ҲНИТ ва Эрон, чӣ ҷиҳоте истодаанд, лутф кунед ва саре ба ин сойти арабӣ бизанед, ки чӣ ароҷифе бофта!

Роқими ин сатрҳо, ки ба диққат ин аъмоли ғайритабииро дунбола мекунам, ҳеч тафовуте байни чарандкориҳои он идда салафӣ ва байни ёддоштҳое, ки ҲХДТ ва ё сухангӯӣ Окодемии улум дар сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, намебинам. Ҳар ду тараф ҳарфҳои яксон ва якнавохт менависанд. Ва ба илова, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон низ дар як соли ахир бисёр фаъол шуда; ҳар аз гоҳе бо хабаргузориҳои давлатӣ ва ҳатто расонаҳои мустақилли тоҷик мусоҳиба меорояд; мусоҳибаҳое, ки вақте диққат мекунед, мебинед ҳарфаш фақат ин аст, ки «Эрон душмани Тоҷикистон» аст, ҳатто суоли хабарнигор дар бораи як мавзӯи дигар ҳам, ки бошад, сафир саъй мекунад он матлабро ҷо андозад. Албатта, вақте яке ду мусоҳибаи ин сафирро, ки хондам, бароям комилан ошкор шуд, ки як одами бесавод ва бетаҷрибае будааст, ки албатта баҳси ин ҷудост. Ва бино бар ахборе, ки аз дохил дорам, ҳамин ҷаноби сафир теъдоде аз рӯзноманигорони тоҷикро ҳам аҷир кардааст, ки корашон шиъаситезӣ ва Эронҳаросӣ бошад.

* * *

Албатта, мақомоти эронӣ ин воқеиятро хуб дарк кардаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири андаке пули ночиз, нохоста худро вориди ин бозӣ кардааст ва дер ё зуд мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ хоҳад шуд. Эрон медонад, гардонандагони аслии ин тавтиъа чӣ атрофе ҳастанд, аз ин рӯ, ҳеч вокунише ба иқдомҳои нобихрадонаи Ҳукумати Тоҷикистон нишон надод ва нахоҳад дод. Зеро Тоҷикистон барои Эрон, фақат мақомот ва ҳукумати кунунӣ нест, балки пеш аз ҳама, мардуми Тоҷикистон аст. Эрон медонад, нақшаи шайтонии гардонандагони аслии ин тавтиъа (яъне Тромп, «Исроил», Муҳаммад бен Салмон ва Муҳаммад бен Зоид)-ро дар куҷо хунсо кунад. На заминаш замини Тоҷикистон аст, ва на афродаш ҳам мақомоти кунунии тоҷик. Ва Худоро шукр тамоми он тавтиъаҳо яке пас аз дигаре дар ҳоли хунсо шудан ҳастанд; ки ин баҳсаш албатта ҷудост.

Ба ҳар сурат, лозим аст мақомоти тоҷик як каме ба худ оянд, пул дар ин дунё чизе нест, ки одам ба хотири он ҳама чизро хароб кунад. Тамоми ин тавтиъаҳо ҳамроҳ бо тавтиъачинонаш мисли Тромпу Бен Салмону Бен Зоиди хому бетаҷриба мераванд, аммо ҳам Эрон мемонад ва ҳам Тоҷикистон ва ҳам ҲНИТ, ки бе ҷиҳат ин ҳизбро дар ин васат озору азият кардед.

Ҳанӯз, ки дер нашудааст, даст бардоред!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

1 reply

  1. السلام علیکم
    شکرا جزیلا
    کثر الله امثالکم

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: