Перейти к содержимому

Шеъри Бедил нишондиҳандаи қудрат ва азамати забони форсӣ аст

Дуктур Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, дар панҷумин Кунграи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, Бедилшиносиро кори душвор ва дар айни ҳол лаззатбахш хонд ва гуфт: «Шеъри Бедил дар авҷи таъолӣ ва нишонаи қудрати забони форсӣ аст.»

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил дар панҷумин Кунграи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, ки дирӯз (5 июл) дар Теҳрон баргузор шуд, гуфт: «Бедилшиносӣ кори бисёр душвор ва дар айни ҳол лаззатбахш ва пурсамар аст. Бедил ҳудуди сад ҳазор байт шеър гуфта ва баррасии ашъори ӯ, мисдоқи ҳамин байт аст, ки «Бо сад ҳазор ҷилва бурун омадӣ, ки ман бо сад ҳазор дида тамошо кунам туро», аммо чӣ касе аст, ки дар рӯзгори муосир бо сад ҳазор дида ба ҷилваҳои шеърии Бедил тамошо кунад, ки ҳам ба лиҳози мазмун ва ҳам ба лиҳози сурат, дар авҷи зебоӣ аст?«

Ҳаддоди Одил ба вежагиҳои мумтози шеъри Бедил аз лиҳози мазмун ва муҳтаво ишора ва баён кард: «Шеъри Бедил дар авҷи таъолӣ аст, ангушти ишораи ӯ ба самти осмон аст, ӯ мутлақписанд ва мутлақпараст аст ва ашъори ӯ саршор аз ниёзу ниёиш, кашишу кӯшишу зебоӣ аст. Дар шеъри ӯ, инсон матраҳ аст, аммо на инсони бехудо ё истода дар баробари Худо. Шеъри ӯ ҳикояти инсони бовараманд ба Худост. Ишқ, бақо ва фаноро дар ашъори Бедил метавон ёфт. Абёти ӯ ба табйини робитаи инсон бо Худо ва ҳастии мутлақ, ҳамчунин робитаи инсон бо ҷомеа ва табиат мепардозад. Ба иборате, мо «бошандагӣ»-ро дар шеъри Бедил ламс мекунем ва бо тарзи тафаккури бисёр амиқ ва дақиқ рӯ ба рӯ ҳастем

Ин пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳ изҳор дошт: «Бо хондани ашъори Бедил метавон ба асрор ва маъонии бисёр печида даст ёфт, бе ҷиҳат ӯро Абулмаъонӣ нагуфтаанд. Мо камтар шоиреро мешиносем, ки қудрати фикру зарфияти андешаи Бедилро дошта бошад. Ҳамчунин қудрати тахайюл дар ӯ бисёр болост, то он ҷо, ки вақте шеъри Бедилро мехонем ва ба қувваи тахайюлаш пай мебарем, назароти ӯро метавонем ҳамсанги назароти риёзидонҳо бидонем ва бо риёзидонҳо муқоиса кунем; то он ҷо, ки агар қудрати андеша ва тахайюли Бедил ба самти улуми табиӣ гароиш пайдо мекард, ба назариёти ҳайратоваре дар заминаи риёзиёт ва физик даст меёфт

Вай дар бахше дигар аз суханони худ, ба зебоии лафз ва сурат дар шеъри Бедил ишора ва баён кард: «Шеър қобили таъриф нест ва касе наметавонад онро ба сурати мантиқӣ табйину тафсир кунад; аз ин рӯ мегӯянд, шеър ҳамон чизе аст, ки шоирон таъриф мекунанд. Ин марзшиканиҳо ва сохторшиканиҳо дар шеъри Бедил бисёр аст; ҳатто бештар аз шоирони дигар. Ӯ аз ҳамаи қавоъиди фалсафӣ ва мантиқӣ убур мекунад. Тазодд, таноқуз, вуҷуд, адам, ҳастӣ, нестӣ, куфр ва имонро дар ҳам мепечад, аммо ҳосили кори ӯ бемаъно нест ва хонанда бо Бедил эҳсоси ягонагӣ мекунад. Ба иборате, Бедил танҳо вайронгар нест, балки биное месозад, ки ба ҳамаи он вайронаҳо меарзад ва ин ҷозиба ва ҷодуи Бедил аст

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, фаҳму дарки шеъри Бедилро ниёзманди сабурӣ донист ва афзуд: «Барои дарки шеъри ӯ бояд таҳаммулу таъаммул дошт ва забони шеъри ӯро ба даст овард; ҳамон тавр, ки ҳар кас аз ҳар навъ мусиқӣ дар ибтидои амр лаззат намебарад. Бедил калидвожаҳое дорад, ки барои дарки шеъри ӯ бояд ба он калидвожаҳо таваҷҷӯҳ кард ва устод дуктур Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ, ки бегумон аз беҳтарин Бедилшиносон дар Эрон аст, дар китоби «Шоири ойинаҳо» ба ин калидвожаҳо ишора кардааст

Вай тасреҳ кард: «Об, оҳу, ойина, ойинахона, ашк, барқ, тасвир, ҳубоб, соғар, ранг, шикасти ранг, товус, анқо, гирдоб, муҳит ва ғайра.. калидвожаҳои шеъри Бедил ҳастанд, ки устод Шафеъии Кадканӣ дар «Шоири ойинаҳо» ба он ишора карда ва ба эътиқоди ман, «ҳубоб» дар шеъри Бедил ҷойгоҳе шабеҳ ба «най» дар шеъри Мавлоно дорад ва ҳамон гуна, ки най бо дарунтуҳӣ будани худ, муаррифи фарру фанои инсон аст ва вақте бо лабҳои гӯё яке мешавад, аз бенавоӣ ба наво мерасад, ҳубоб ҳам як сурати зоҳир дорад, вале дар ботин ҳамчун най туҳӣ аст ва умри кӯтоҳаш, нишонаи гузаро будани фурсатҳои мо дар ин дунёст. Ҳамчунин ҳубоб бо фонӣ шудан дубора ба дарё бармегардад; ҳамчун най, ки орзуи бозгашт ба найистонро дар сар мепарваронад

Ҳаддоди Одил гуфтаҳои худро ин гуна идома дод, ки бояд аз Бедил пурсид: «Чӣ шуд забони форсиро интихоб кардӣ?», чаро ки забони модарии Бедил, забони форсӣ нест, аммо чӣ гуна аст, ки як ғайрифорсизабон ончунон бар забони форсӣ мусаллат мешавад, ки печидатарин мафоҳимро дар қолаби алфозе хушоҳанг ҷовидона мекунад. Мо бо хондани шеъри Бедил, ба қудрат ва азамати забони форсӣ пай мебарем, чаро ки ин забон ба Бедил имкони гуфтан аз маъонӣ ва мафоҳими мавриди назари худро дода ва ҳатто Иқболи Лоҳурӣ ҳам дар давроне, ки истеъмори Ангилис ҳамаи тавони худро сарфи барчида шудани забони форсӣ аз шибҳиқорра мекарда, бо забони форсӣ шеър гуфтааст ва абёте, ки Иқбол ба забони форсӣ суруда, ду баробари ашъоре аст, ки ба урду гуфтааст

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ гуфт: «Дар заминаи Бедилшиносӣ ҳам фазли тақаддум ва ҳам тақаддуми фазл бо устод Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ аст, ки бо китоби арзишманди «Шоири ойинаҳо», ин роҳро гушудааст. Пас аз ӯ, Сайидҳасани Ҳусайнӣ ва Муҳаммадкозими Козимӣ талоши бисёр барои шинохти Бедил кардаанд ва ман хушҳолам, ки мо, эрониҳо дар масири пурпечу хам ва дар айни ҳол лаззатбахши Бедилшиносӣ ҳастем

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: