Инсони комил (22)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии мактаби ирфон (1)

هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ

(Сураи Ҷумъа, ояти 2)

Баҳсҳои мо дар ин ҷаласот, дар воқеъ талошу кӯшише барои шинохти инсони комил аз назари ислом аст. Гуфтем, ки инсон, танҳо мавҷудест, ки худаш аз худаш тафкикпазир аст. Яъне мо наметавонем санге дошта бошем, ки хислати сангӣ надошта бошад, ё гурбае дошта бошем фоқиди гурбагӣ, ё саге дошта бошем фоқиди сагӣ, ё паланге фоқиди хислати палангӣ; ҳар паланге дар дунё он хислатҳоеро, ки “палангӣ” меномем, ба ҳукми ғариза дорост. Вале ин инсон аст, ки инсон будани худашро надорад ва бояд онро таҳсил кунад. Ҳамчунин гуфтем, инсон будани инсон аслан марбут ба ҷанбаҳои зистӣ ва ба истилоҳ, биулужик нест. Яъне, он чи ки ба номи инсоният ва ё одамият дар забони қадим номида мешавад, ғайр аз вежагиҳои зистии инсон аст.

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Иҷмолан ҳама медонанд ба сирфи ин ки як мавҷуд, як инсони зистӣ яъне як инсон аз назари илмулҳаёт ва пизишкӣ бошад, кофӣ нест, ки мо онро инсон биномем. “Одам шудан” худаш чизи дигаре аст. Ҳар кас, ки аз модар мутаваллид мешавад, ба ин маъно одам нест, то он ҷо, ки гуфтаанд:

Мулло шудан чӣ осон, одам шудан чӣ мушкил!

Яъне ҳамон тавр, ки инсон вақте ба дунё меояд, олими билқувва аст, на олими билфеъл, ҳамчунин одами билқувва аст, на одами билфеъл.

Вақте масъала ба ин марҳила мерасад, ба ин шакл тарҳ мешавад, ки он одам шудан ва инсоният, ки ҳар касе бояд одам ва инсон шавад чист? Ин инсониятро як зистшинос наметавонад ба мо нишон диҳад ва як пизишк ҳам наметавонад онро ба мо муаррифӣ кунад. Инсоният амрест, ки ҳатто моддитарин мактабҳои олам ҳам онро инкор намекунанд, вале дар айни ҳол бо меъёрҳои моддӣ ҳам намешавад онро шинохт, ва аз ин рӯ гуфтем, ки инсон, худаш барои худаш дарвозаи маънавият аст. Яке аз дарвозаҳо, ки инсон метавонад аз вуҷуди худаш ба олами маъно пай бибарад ва бифаҳмад, ки ғайр аз масоили моддӣ чизҳои дигаре ҳам ҳаст (1) инсоният аст, ки амре варои зистшиносӣ аст. Моддитарини моддиҳои олам ҳам қоил ба як чизҳое аст, ки исмашро “арзишҳои инсонӣ” мегузорад. Вақте мегӯяд, арзишҳои инсонӣ, яъне умури инсонии ғайримоддӣ.

Мо мехоҳем арзишҳои асили инсониро бар мабнои ислом бишносем. Яъне мехоҳем бифаҳмем ислом арзишҳои асили инсониро чӣ чиз медонад. Мо то мактабҳои мухталифро тарҳ ва сипас нақд накунем, наметавонем назари исломро бишносем. Манзур аз нақд, нақд ба маънии воқеӣ аст, ки ба маънии эрод гирифтан нест. Нақд ба маънии воқеӣ монанди амали сарроф аст, яъне он коре, ки сарроф бо як сикка анҷом медиҳад. Ӯ сиккаро ба маҳак мегузорад ва аёрашро ба даст меоварад; мехоҳад бифаҳмад чанд дарсади як сикка тилои холис ё нуқраи холис аст ва чӣ қадр махлут дорад. Бинобар ин, на ин аст, ки нақд кардан ҳамааш рад кардан бошад. Нақд кардан яъне ин ки бибинем, ки бо меъёрҳо ва маҳакҳои исломӣ, он сиккаҳо чӣ аз об дармеояд. Сиккаеро фалосифа арза доштаанд, сиккаеро урафо арза доштаанд ва сиккаҳоеро мактабҳои дигар. Мо инҳоро як-як тарҳ мекунем, ва то сиккаҳои дигаронро дақиқан баррасӣ накунем, наметавонем сиккаи исломиро бишносем, ки он сиккае, ки ислом тарҳ ва пешниҳод мекунад, чӣ гуна сиккае аст, вагарна агар инҳоро тарҳ накунем ва ман аз пеши худ бигӯям, ки арзишҳои асили инсонӣ иборат аз фалон чизҳост, мутмаин ҳастам як нафар ҳам нест, ки бигӯяд, хайр, як чизи дигар ҳам дар ин ҷо ҳаст ва ё бигӯяд, чаро ин як арзиш аст ва дигаре як арзиш нест? Вале вақте, ки мактабҳои дигарро тарҳ мекунем ва ба маънои воқеӣ нақд мекунем яъне дар маҳаки исломӣ мегузорем, он вақт метавонем хеле мантиқӣ ва мустадал бигӯем, ки арзишҳои исломӣ дар боби инсон ва арзишҳои инсоние, ки ислом барои онҳо воқеан арзиш қоил аст чист, ва ҳатто метавонем дарсади ҳар якро баён кунем. Яъне агар маҷмӯаи арзишҳоро сад ҳисоб кунем, рӯи ҳассосиятҳое, ки худи ислом дар ин заминаҳо нишон додааст, метавонем бигӯем фалон арзиш масалан панҷоҳ дарсади арзишҳои инсониро ташкил додааст ва дигаре сӣ дарсад ва севвуме даҳ дарсад. (2)

* * *

Таҳқири ақл тавассути бархе урафо

Баҳси мо дар ҷаласаи гузашта дар бораи сиккаи ирфон яъне инсони комил дар сиккаи ирфонӣ буд. Инсони комили мактаби ирфон, ҳатто инсони комили ирфони исломӣ, ки бо ирфонҳои дигар хеле мутафовит аст ва заминаҳои исломӣ дар он хеле зиёд аст ва “инсони комил”-и бисёре аз урафоро мешавад гуфт, ки хеле ба инсони комили ислом наздик аст, дар айни ҳол, ба назари мо қобили нақд аст. Ман эътироф дорам, ки мактаби ирфон аз тамоми мактабҳои қадиму ҷадид, дар боби инсони комил ғанитар аст. На қадимиҳо тавонистаанд ба пояи инҳо бирасанд ва на имрӯзиҳо. Вале чунонки арз кардам, мактабе ғайриқобили нақд нест.

Дар ҷаласаи гузашта, се нақд (3) бар инсони комили ирфонӣ зикр кардем. Яке ин буд, ки гуфтем, урафо беш аз андоза ақлро таҳқир кардаанд ва гоҳе — на хеле — то ҳадди беэътибор будани ақл ҳам ҷилав рафтаанд.

Дар ин ки мақоми ишқро аз мақоми ақл болотар бурдаанд, шакке нест. Ба қавли Ҳофиз: «Ҷаноби ишқро даргаҳ басе болотар аз ақл аст.” Вале дар марҳилаи таҳқири ақл гоҳе то ҳадди ифрот ҳам ҷилав рафтаанд. Яъне асосан тафаккуру таъаққулу мантиқу истидлолу бурҳонро сахт беэътибор муаррифӣ кардаанд, то он ҷо, ки онро “ҳиҷоби акбар” ҳам номидаанд, ва гоҳе дар ҳайрат фурӯ рафтаанд агар дидаанд ҳакиме ба ҷое расидааст.

Дар ин замина, достони маъруфе аст, ки дар китобҳо навиштаанд. Бӯалӣ Сино, ин ҳакими бисёр бузурги машшоӣ ва ақлӣ, бо як орифи бисёр муҳим ва бузург яъне Абӯсаъиди Абулхайр муосир будааст. Бӯалӣ дар ҳамон зодгоҳаш яъне навоҳии Мовароуннаҳр ва Балху Бухоро буд, вале баъд, аз тарси Султон Маҳмуд маҷбур шуд фирор кунад, чун Султон Маҳмуд мехост ӯро ба даргоҳи худ бибарад ва Бӯалӣ намехост биравад.

Бӯалӣ ба Нишопур омад ва дар он ҷо бо Абӯсаъиди Абулхайр мулоқот кард. Навиштаанд, ин ду се шабонарӯз бо якдигар хилват карданд ва ҳарфҳояшонро бо якдигар мезаданд ва ҷуз барои намози ҷамоат берун намеомаданд. Баъд, ки аз ҳам ҷудо шуданд, аз Бӯалӣ пурсиданд:

— Бӯсаъидро чӣ гуна дидӣ?

Гуфт:

— Он чи мо медонем, ӯ мебинад.

Аз Бӯсаъид пурсиданд:

— Бӯалиро чӣ гуна дидӣ?

Гуфт:

— Ҳар ҷо, ки мо рафтем, ин кӯр бо асои худаш дунболи мо омад. (4)

Урафо беш аз андоза ақлро таҳқир кардаанд. Ҳарфи ман ин аст: мо агар мантиқи Қуръонро дар як тараф ва мантиқи ирфонро дар боби ақл дар тарафи дигар бигузорем, инҳо бо якдигар хуб намехонанд. Қуръон хеле бештар аз ирфон барои ақл эҳтирому арзиш қоил аст ва рӯи ақлу тафаккур ва ҳатто истидлолҳои холиси ақлӣ такя кардааст.

Тамоми урафо аъам аз шиъа ва суннӣ силсилаи худро мунтаҳӣ ба Алӣ (а) мекунанд… Алӣ (а), ки урафо ӯро қутбулорифин медонанд, дар “Наҳҷул-балоға” он муххи ирфон — ки ба қавли Ибни Абилҳадид, гоҳе он чиро, ки урафо дар ҳамаи китобҳо гуфтаанд дар чаҳор сатр баён кардааст — якҷо ончунон файласуф мешавад ва истидлолоти ақлии файласуфона мекунад, ки ҳеч файласуфе ба гардаш намерасад. Яъне Алӣ (а) ҳаргиз ақлро таҳқир намекунад.

Бинобар ин, инсони комили ислом бо инсони комили ирфон дар ин ҷиҳат фарқ мекунад. Ақл дар инсони комили ислом рушду нумӯ карда ва дар камоли эҳтиром аст, дар сурате, ки дар инсони комили ирфон, ақл таҳқир мешавад.

Масъалаи дигар “ҷомеагароӣ” буд, ки инро ҳам дар ҷаласаи гузашта арз кардам.

* * *

Рӯгардонӣ аз табиат

Дар ин ҷаласа, як матлаби дигарро арз мекунам, ва он ин аст, ки ирфон мантиқаш ин аст: “Аз худ биталаб (5) ҳар он чи хоҳӣ, ки туӣ.” Ирфон мактабе дарунгарост. Дар ин мактаб, дил аз ҷаҳон бузургтар аст. Яъне агар тамоми оламро як тараф ва он чиро, ки онҳо “дил” (6) мегӯянд, тарафи дигар бигузорем, дил аз ҳамаи олам бузургтар аст. Онҳо ба олам инсони сағир, ва ба дил инсони кабир мегӯянд, ва чун ҷаҳону дилро яке медонанд ба ин маъно, ки ду нусхаи мухталиф аз ду олами мутатобиқ ҳастанд, ҷаҳонро “олами сағир” ва дилро “олами кабир” меноманд. На ин ки бигӯянд, инсон олами сағир аст ва ин олам олами кабир, балки мегӯянд, ин олам — ки мо онро олами кабир мегӯем — олами сағир аст ва инсон олами кабир. Ва олам инсони сағир аст, ва инсони кабир ҳамон аст, ки дар даруни ту вуҷуд дорад. Бибинед, Мавлавӣ чӣ мегӯяд:

Чист андар хум, ки андар наҳр нест?

Чист андар хона к-андар шаҳр нест?

Оё мешавад чизе дар хона бошад, вале дар шаҳр набошад? На. Чун хона худаш ҷузъи шаҳр аст. Ҳар чи дар хона аст, намунае аст аз он чи ки дар шаҳр аст. Оё мешавад чизе дар хуми об бошад, ки дар наҳр набошад? Он чи дар хум аст, қисмати кучаке аст аз он чи ки дар наҳр аст.

Ин ҷаҳон хумм асту дил чун ҷӯйи об,

Ин ҷаҳон ҳуҷрасту дил шаҳри ъуҷоб.

Намегӯяд, ин дил хум аст ва ҷаҳон чун ҷӯйи об. Мегӯяд: ин ҷаҳон хум аст ва дил чун ҷӯйи об. Ин чӣ қадр инсонро аз берун мунсариф мекунад! Инсон суроғи хона меравад ё суроғи шаҳр? Маълум аст вақте ҳар чи дар хона аст, дар шаҳр ҳам ҳаст, инсон суроғи шаҳр меравад. Оё инсон суроғи хум ва як зарфи кучак меравад ё суроғи ҷӯйи об? Маълум аст, ки суроғи ҷӯйи об меравад, на суроғи як зарфи кучак ва як хум.

Ирфон бар асоси бар дарунгароӣ ва дилгароӣ ва таваҷҷӯҳ ба ботин ва инсироф аз берун аст, ва ҳатто арзиши берунро ба унвони ин ки бишавад матлуби худ яъне Ҳақро аз ҷаҳони берун ба даст овард нафй мекунад. Мегӯяд, аз дарун бояд онро ба даст овард:

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард, 

В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.

Гавҳаре, к-аз садафи кавну макон берун аст,(7)

Талаб аз гумшудагони лаби дарё мекард.

Мушкили хеш бари пири муғон бурдам дӯш, 

К-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муаммо мекард.

Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст, 

В-андар он ойина садгуна тамошо мекард.

Гуфтам: ин ҷоми ҷаҳонбин (8) ба ту кай дод ҳақим?

Гуфт: он рӯз, ки ин гунбади мино мекард.

Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,

Ӯ намедидашу аз дур, Худоё мекард.

Ин ҳама шӯъбадаи хеш, ки мекард ин ҷо,

Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.

Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард…

Ирфон дар таваҷҷӯҳ ба дарун, ҳар чи бихоҳед ҷилав рафтааст.

* * *

Тамсили Мавлавӣ

Мавлавӣ дар дафтари шашуми Маснавӣ достоне овардааст, ки албатта тамсил аст. Мегӯяд: марде буд толиби ганҷ, ки доиман аз Худо ганҷ мехост. Ин одам — ки аз ин танбалҳое буд, ки дилашон мехоҳад пояшон дар як ганҷе фурӯ равад ва баъд як умр роҳат зиндагӣ кунанд — мегуфт: Худоё! Ин ҳама одам дар ин дунё омадаанд ва ганҷҳо зери хок пинҳон кардаанд, ин ҳама ганҷ дар зери замин мондааст ва соҳибонаш рафтаанд, (9) ту як ганҷ ба ман бинамоён. Муддатҳо кори ин мард ҳамин буд ва шабҳо то субҳ зорӣ мекард. То ин ки як шаб хоб дид. Ҳотифе дар олами хоб ба ӯ гуфт: аз Худо чӣ мехоҳӣ? Гуфт: ман аз Худо ганҷе мехоҳам. Ҳотиф гуфт: ман аз тарафи Худо маъмурам ганҷро ба ту нишон диҳам. Ман нишониҳое ба ту медиҳам ва аз рӯи он нишониҳо сари фалон теппа меравӣ ва тиру камоне бо худат бармедорӣ, рӯи фалон нуқта меистӣ ва тирро ба камон мекунӣ. Ин тир ҳар ҷо, ки афтод, ганҷ ҳамон ҷост. Бедор шуд, дид аҷаб хоби равшане аст. Пеши худ гуфт: агар нишониҳо дуруст буд, яъне чунин ҷое бо он нишонаҳо вуҷуд дошт, ҳатман метавонам ганҷро пайдо кунам. Вақте рафт, мутаваҷҷеҳ шуд ҳамаи нишонаҳо дуруст аст. Рӯи он нуқта истод. Фақат бояд тирро партоб кунад, тир ба ҳар ҷо, ки афтод, он ҷо ганҷ аст. Вале ёдаш омад, ки ҳотиф ба ӯ нагуфт тирро ба кадом тараф партоб кун. Гуфт: аввал ба як тараф, масалан рӯ ба қибла, партоб мекунам, иншоаллоҳ, ки ҳамон тараф аст. Тирро бардошт ба камон кард ва ба қувват кашид ва онро рӯ ба қибла партоб кард. Тир дар ҷое афтод. Белу кулангро бардошт ва рафт он ҷоро канад, вале ҳар чи канд, ба ганҷе нарасид. Гуфт: ҳатман ҷиҳатро иштибоҳ кардаам. Тирро ба тарафи дигаре партоб кард, вале боз ба натиҷа нарасид. Ба ҳар тарафе, ки партоб кард, ганҷе пайдо накард. Муддате кораш ин буд ва ин заминро сӯрох-сӯрох кард, вале ба чизе даст наёфт. Нороҳат шуд. Боз ба гӯшаи масҷид омад ва шурӯъ ба гила кардан кард: Худоё! Ин чӣ роҳнамоие буд, ки ба ман кардӣ?! Падари ман даромад ва ба натиҷа нарасидам. Муддатҳо зорӣ мекард, то билохира он ҳотиф дубора ба хобаш омад. Яқаашро гирифт, гуфт: ин чӣ муаррифие буд, ки ба ман кардӣ?! Ҳарфи ту ғалат аз кор даромад. Ҳотиф гуфт: магар ту чӣ кардӣ? Гуфт: ба ҳамон ҷо рафтам, нишониҳо дуруст буд ва ман нуқтаи мавриди назарро пайдо кардам. Тирро ба камон кардам ва аввал ба тарафи қибла ба қувват кашидам. Ҳотиф гуфт: ман кай чунин чизе ба ту гуфтам? Ту аз дастури ман тахаллуф кардӣ. Ман гуфтам, тирро ба камон бигузор, ҳар ҷо афтод ҳамон ҷо ганҷ аст, нагуфтам ба қувват бикаш. Гуфт: рост мегӯӣ. Фардо бо белу куланг ва тиру камон рафт, тирро ба камон гузошт. То тирро раҳо кард, пеши пойи худаш афтод. Зери пояшро канд, дид ганҷ ҳамон ҷост. Муллои Румӣ ба ин ҷо, ки мерасад, мегӯяд:

Он чи ҳақ аст, ақраб аз ҳаблулварид,

Ту фикандӣ тири фикратро баъид.

Эй камону тирҳо барсохта,

Сайд наздику ту дур андохта. (10)

Дар ирфон рӯи ин заминаҳо: аз худ биталаб, дил шаҳри ъуҷоб аст, ҷаҳон хум асту дил чун ҷӯйи об, ҷаҳон хона асту дил шаҳр аст.. ва амсоли он фавқулъода такя шудааст. Яъне, ҷаҳони берун ва табиат хеле таҳқир шудааст. Дар мактаби ирфон, табиат ҳатто ба унвони як китоби кучак, камтар муаррифӣ мешавад (намегӯям, ҳеч муаррифӣ намешавад) ва ҳол он ки дар каломи мансуб ба Амирулмӯъминин, олам олами акбар аст ва инсон олами асғар:

دواؤك فيك وما تبصر

وداؤك منك وما تشعر

وانت الكتاب المبين الذي

بأحرفه يظهر المضمر

أتزعم أنك جرم صغير

وفيك انظوى العالم الاكبر

Ҳол, мо агар ин мантиқро бар мантиқи Қуръон ҳам арза бидорем, дар айни ин ки бисёре аз ҷиҳоти мусбат дар он вуҷуд дорад, вале аз ин ҷиҳат онро ланг мебинем, ки Қуръон ин қадр ба табиат беэътино нест, балки аз назари Қуръон оёти офоқу анфус дар канори якдигар аст:

سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ

«Ба зудӣ нишонаҳои худро дар табиат ва дар ҷонҳои худашон ба онон бинамоем, то барояшон равшан шавад, ки ӯ (Худо ё Қуръон) ҳақ аст…» (Сураи Фуссилат, ояти 53)

Албатта ман қабул дорам, ки олитарин ва шарифтарин маърифатҳо барои инсон, аз даруни худи инсон ба даст меояд, вале на ин аст, ки дигар табиат чизе набошад ва ояти ҳақ ва ойинаи Худо набошад ва фақат дил ойинаи Худо бошад; балки дил як ойинаи Худост ва табиат як ойинаи дигари Худо.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ҳаст, вале маҳсусу малмус нест ва дар лоборотур намешавад онро пайдо кард ва ҳамаи мардуми дунё ҳам онро қабул доранд.

(2) Баъзе шитоб доранд, мегӯянд зудтар бигӯед арзишҳои асили исломӣ чист, то мо онҳоро бифаҳмем. Агар мо акнун онҳоро бигӯем, дар он вақт аст, ки шумо чизи дурусте нафаҳмидаед. Пас бигузоред мактабҳои дигарро ба маънии воқеӣ нақд кунем.

(3) Ин нақдҳо моли ман нест. Ман бо меъёри ислом дорам нақд мекунам. Дар воқеъ ислом аст, ки дорад нақд мекунад.

(4) Яъне, ҳар чи мо ёфтаем ва расидаем, ӯ медонад.

(5) “Аз худ биталаб” яъне аз дил биталаб, аз дарун биталаб.

(6) Диле, ки онҳо мегӯянд яъне ҳамон руҳи илоҳие, ки дар ҳар инсоне дамида шудааст: «Ва нафахту фиҳӣ мин руҳӣ…»

(7) Яъне Ҳақ, он ки дар замону макон намегунҷад.

(8) Яъне қалбу дили “валӣ”, ки тамоми олам дар он мунъакис аст.

(9) Дар қадим на исканос буду на бонк. Мардум сиккаҳои худро дар зери хок махфӣ мекарданд ва гоҳе аз тарси ин ки касе бифаҳмад, ба баччаҳо ва ворисонашон ҳам намегуфтанд. Қабл аз он ки сирри худро ба касе бигӯянд, ки масалан ман пулҳоро дар фалон ҷойи утоқам зери хок махфӣ кардаам, мемурданд ва ин ҳама пул зери хок мемонд.

(10) Яке аз уламои ахир, ки аз фузало ва одами боҳолу мӯътақиде буд, мегуфт: ман ин достонро хонда будам ва маъниашро намедонистам. Аз марди воизе, ки завқи ирфонӣ дошт ва хеле ба Маснавӣ мусаллат буд пурсидам: Мулло дар ин достон чӣ мехоҳад бигӯяд? Ӯ дар ҷавоби ман як ҷумла бештар нагуфт, гуфт: «Ва фи анфусикум афало тубсирун.» Мехоҳад бигӯяд, ҳақ дар худи шумост.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: