Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (295)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (38)

* * *

Дар маънии он ки «Мараҷал-баҳрайни ялтақиёни байнаҳумо барзахун ло ябғиён» (3)

* * *

В-ар диҳандаш мӯҳлат андар қаъри гӯр,

Лобуд он пайдо шавад явманнушур.

Агар дар мағоки гӯр ба ӯ мӯҳлате диҳанд ва азобу кайфари он луқмаи ҳаромро начашад, қатъан асари он луқма дар рӯзи маҳшар барои ӯ ошкор мегардад.

Нукта: «Явманнушур» рӯзи растохез, зеро «нушур» ба маънои зинда шудан ва зинда кардан аст, яъне ҳам ба сурати лозим меояд ва ҳам мутъаддӣ. Дар сураи Фурқон, ояти 40 омадааст:

لَا يَرْجُونَ نُشُورًا

«… биму умеде нисбат ба растохез надоранд.»

Ҳар наботу шаккареро дар ҷаҳон

Мӯҳлате пайдост аз даври замон.

Барои ҳар гиёҳу шакаре дар дунё, давре ва мӯҳлате муқаррар шудааст. Яъне аз барои ҳар чизе дар даври замон, муддате муайян ҳаст ва то он муддат нарасад, он кор ба зуҳур намеояд.

Нукта: Дар ин байт ва чанд байти баъд, муқаддиматан сухан аз такаввун ва пайдоиши ашё ба миён омадааст, то ин матлаб равшан шавад, ки маъонӣ ва авсофи ботинӣ низ чунин аст, яъне ба сурати тадриҷӣ ва марҳилаӣ барои одамӣ ҳосил мешавад. Бархе дар ҳамин ҷаҳон ва порае аз ин маъонӣ монанди саодату шақоват, дар он ҷаҳон зоҳир мегардад. Акбарободӣ мегӯяд: «Дар ин ҷо Мавлоно аз лафзи «мӯҳлат» ба масъалаи қазо ва қадар ишора дорад.» (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.189)

Солҳо бояд ки андар офтоб,

Лаъл ёбад рангу рахшониву тоб.

Ба унвони мисол, солиёне бояд сипарӣ шавад, ки дар партави офтоб, лаъл рангу тобишу дурахшандагӣ пайдо кунад.

Нукта: Қудамо мӯътақид буданд, ки падид омадани ҷавоҳири маъданӣ амсоли лаълу ёқут, бар асари тобиши тӯлонии хуршед ва феълу инфиъолоти маъданӣ падид меояд. «Чунонки офтоб муддате мадид дар хоке ё дар санге тобад, то ба касрати ҳарорати шуъои офтоб муҳтариқ гардад, баъд аз он ба муддате дигар об бар он ҷирми муҳтариқ мегузарад, то мунҳал шавад. Баъзе аз он бо об биёмезад ва саялоне пазирад. Баъд аз он, ҳарорате мӯътадил дар он таъсир кунад ба муддате дароз, то хушк шавад. Пас бурудате дар он таъсир кунад, то мунҷамид гардад ва санг шавад. Аксари ҷавоҳир ҳам бад-ин тартиб, мутаҳаҷҷир мегарданд.» (Тансухномаи Илхонӣ, с.21)

Мавлонӣ гӯяд: «Маъодини зару нуқраву лаълу ёқут, аз таъсири ӯ (офтоб) зоҳир мешаванд.» (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.35)

Боз тарра дар ду моҳ андаррасад,

Боз то соле гули аҳмар расад.

Ҳамин тавр ба унвони мисол, барги гиёҳи тара бояд ду моҳ сипарӣ шавад, то комилан бирасад, ва низ бӯтаи гули сурх бояд як сол сипарӣ шавад, то комилу пурравнақ гардад.

Тара: яке аз сабзиҳои хӯрданӣ, ки соқа надорад ва баргҳои он дароз аст.

Баҳри ин фармуд Ҳақ азза ва ҷал,

«Суратул-анъом» дар зикри аҷал.

Барои ҳамин аст, ки Худованди Таъоло фармудааст, ки ҳар падидаеро саромад ва фарҷоме аст.

Нукта: Дар сураи Анъом, ояти 2 омадааст:

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضَى أَجَلًا وَأَجَلٌ مُّسمًّى عِندَهُ

«Ӯст он Худое, ки шуморо аз гил офарид, он гоҳ муддатеро (барои шумо умр) муқаррар дошт, ва аҷали ҳатмӣ назди ӯст…»

Калимаи «аҷал» дар асл ба маънии «муддати муайян» аст. Муфассирон бо истинод ба ҳамин оят, ақида доранд, ки аҷал бар ду навъ аст: яке «аҷали мусаммо» (аҷали табиӣ, марги табиӣ), ва дигаре, «аҷали муъаллақ» (марги зудҳангом). Тавзеҳ он ки: бисёре аз мавҷудоти зинда бо таваҷҷӯҳ ба қувваҳо ва қобилиятҳои табиии худ, метавонанд муддате муайян зиндагӣ кунанд. Агар мавҷуде битавонад ҳамаи он қувваҳо ва қобилиятҳоро баҷо сарф кунад, дорои умри табиӣ аст ва ӯ бо аҷали мусаммо аз дунё меравад. Вале агар дар аснои ин муддати муайян, авомиле муҳлик бар ӯ ориз шавад (назири беморӣ ва ҳаводиси дигар монанди тасодуф ва зилзила ва ғайра…), мусалламан ӯ наметавонад умри табиӣ дошта бошад, аз ин рӯ дучори аҷали муъаллақ мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.769)

Ин шунидӣ, мӯ ба мӯят гӯш бод,

Оби ҳайвон аст, хӯрдӣ, нӯш бод.

Ин сухани марбут ба асрору ҳикмати худоиро, ки шунидӣ, бояд мӯ ба мӯ гӯш кунӣ, зеро ин сухане, ки мешунавӣ, оби ҳаёти маънавӣ аст. Агар онро хӯрдӣ, нӯши ҷонат бошад.

Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,

Руҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан.

Ин калому ин ҳақиқати жарфро ту сухане оддӣ ба шумор маёвар, балки ин, оби ҳаёт аст, зеро ин сухан руҳи тозае аст дар колбади ҳарфи кӯҳна.

Нукта: Калимот ва ҳуруф монанди колбади кӯҳна аст, қарнҳост, ки ин ҳуруфу калимот зистаанд ва ба сурати атиқа даромадаанд, вале маъонии латифу орифона ва асрори шарифе, ки дар қолаби ин ҳуруф адо мешавад, ҳамчун руҳи тозае аст, ки дар колбади калимоти кӯҳна дамида мешавад.

Дар абёти фавқ муқаддиматан унвон шуд, ки зуҳури ашё ва падидаҳо дар табиат, аз тариқи тадриҷ ва мароҳили мухталиф сурат мегирад ва ҳар чизе дар ин ҷаҳон аҷалу саромаде дорад. Ҳамон тавр, ки зуҳури он, вақти муайяне дорад, измиҳлоли он низ дорои вақте муайян аст. Мавлоно пас аз зикри мисолҳое чанд дар ин боб, зеҳнҳоро мутаваҷҷеҳи авсофу аҳволи дарунӣ мекунад ва мегӯяд, ки порае аз асрор ва кайфиёти ботинии инсон дар ҳамин ҷаҳон ошкор мешавад ва порае низ дар ҷаҳони пас аз марг. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.770)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: