Шиканҷаи 300-рӯзаи олими саудӣ тавассути авомили Муҳаммад бен Салмон

Фарзанди яке аз олимони динии саршиноси саудӣ, аз бадрафторӣ бо падараш дар зиндонҳои Арабистони Саудӣ дар давраи зимомдории Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ин кишвар хабар дод.

Масъулони саудӣ Салмон Алавдаро дар авоили моҳи сентябри гузашта дар хонааш боздошт карданд ва ба шаҳри Ҷидда бурданд.

Дуктур Абдуллоҳ Алавда, фарзанди Шайх Салмон Алавда, бо гузашти 300-умин рӯзи зиндонӣ шудани падараш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: «Падарам Шайх Салмон Алавда беш аз 300 рӯз аст, ки пушти милаҳои зиндон аст.. Худо озодаш кунад!… Ӯ дар маърази зиндони инфиродӣ, маҳрумияти тӯлонӣ аз хобидан қарор доштааст. Ба ӯ дастбанд зада шудааст… Бо ӯ ба шиддат бадрафторӣ шудааст…»

Вай афзуда: «Рӯзе ба хости Худо парвандаашро хоҳем гушуд

Шайх Салмон Алавда аз авоили моҳи сентябр дар зиндони сиёсӣ дар Ҷидда ба сар мебарад ва ба таври расмӣ тафҳими иттиҳом нашудааст.

Ба гуфтаи дуктур Абдуллоҳ Алавда, фарзанди Шайх Салмон Алавда, ки муқими Омрикост, падараш се моҳ пеш бо вахомати вазъияти ҷисмӣ аз зиндон ба бемористон бурда шуд.

Гуфтанист, Муҳаммад бен Салмон аз замони валиаҳд шудан, мавҷе аз боздоштҳоро алайҳи шоҳзодагон, мухолифон, фаъолони маданӣ ва сиёсӣ ва иҷтимоӣ, донишгоҳиён ва олимони динӣ ба роҳ андохтааст.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: