Шумо ё «муҷрим» ҳастед ё дар миёни даҳҳо милюн «муҷрим» зиндагӣ мекунед

Ишора: Ин мақола, дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии эронии «Асри Эрон» омада ва дар бораи мамнӯиятҳое баҳс ба миён оварда, ки дар ҷомеа амалан касе ба он пойбанд нест, ва чун бисёр мақолаи муфид аст ба хусус барои қонунгузорон, аз ин рӯ бознашраш кардам, то қонунгузорони мо низ муртакиби ин навъ иштибоҳҳо нашаванд.

* * *

Мегӯянд, қонун монанди либос аст. Либос, на бояд он қадр танг бошад, ки фардро биёзорад, ӯро аз ҳаракат ва роҳатӣ маҳрум кунад ва дар ниҳоят пора шавад, ва на бояд он қадр бояд гушод бошад, ки натавон ҷамъу ҷураш кард ва эй басо аз тан низ биафтад.

Ҳамон тавр, ки таъйини андозаи либос, бар асоси сойз ва абъоди бадании фард сурат мегирад, қонун низ бояд бар асоси абъоди рафторӣ ва ҳинҷорҳои ҷомеа тасвиб ва иҷро шавад. Бинобар ин, агар дидед, аксарияти як ҷомеа рафтореро раво медонад, вале қонун онро манъ кардааст, бидонед, ки қонунгузор бидуни таваҷҷӯҳ ба сойзи ҷомеа либоси қонун дӯхтааст. Чунин қонуне, мардумро хоҳад озурд ва дар ниҳоят аз сӯи онҳо нақз хоҳад шуд.

Мисоли боризи ин мавзӯъ, қонуни мамнӯияти бакоргирии таҷҳизоти дарёфт аз моҳвора аст. Имрӯза дар ҳама ҷои ҷаҳон ва аз ҷумла Эрон, истифода аз моҳвора барои дарёфти амвоҷи телевизиюнии ҳазорон шабака, амре мутаъораф аст; дар кишварамон ҳудуди 70 дарсади мардум аз ин имкони иртиботӣ истифода мекунанд.

Бадеҳӣ аст вақте байни қонуни рӯи коғаз ва он чи воқеан дар ҷомеа вуҷуд дорад, чунин фосилаи шигифтангезе вуҷуд дошта бошад, аз як сӯ мардум озурда мешаванд (ба хотири амалиёти гоҳу бегоҳи ҷамъоварии моҳвораҳо тавассути пулис), ва аз дигар сӯ, қонун нақз мешавад (ба хотири истифодаи умумӣ аз таҷҳизоти моҳвораӣ).

Ҷолиб ин ҷост, дар моддаи 2-и ин қонун, ки дар баҳмани 1373 ин қонун ба тасвиби Маҷлис расид, омадааст: «Вазорати кишвар (дохила) муваззаф аст бо истифода аз нерӯҳои интизомӣ ва ё нерӯи муқовимати басиҷ дар асраъи вақт нисбат ба ҷамъоварии таҷҳизоти дарёфт аз моҳвора, иқдом намояд. Мӯҳлати ҷамъоварии таҷҳизоти мавҷуди дарёфт аз моҳвора, аз таърихи тасвиби ин қонун як моҳ мебошад.» Аз он зарбулаҷали қонунии якмоҳа то кунун, қариб ба рубъ қарн мегузарад ва нигоҳе ба пушти боми хонаҳои милюнҳо эронӣ нишон медиҳад, ки то чӣ ҳадд ин «қонуни беэътино ба ҷомеа» амалиётӣ шудааст!

Қонуни мазкур истифода, ҳамл, нигаҳдорӣ, таъмир ва насби моҳвораро ҷурм дониста ва муҷозотҳои нақдии мутаъаддидеро барои «муҷримин» дар назар гирифтааст ва бад-ин тартиб, ҳамин алъон, ки шумо ин матлабро мехонед, ё «муҷрим» ҳастед ё дар миёни 50-60 милюн муҷрим зиндагӣ мекунед!

Мавзӯи истифода аз филтершикан низ ҳамин гуна аст. Вақте ба ҳар иллате, сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мавриди иқболи ҷомеа масдуд мешаванд ва дар айни ҳол, истифода аз филтершикан низ манъ мешавад, маълум аст, ки ин либос бар тани ҷомеа танг аст ва ногузир пора мешавад, то теъдоди «муҷримин»-и ҷомеа боз ҳам афзоиш ёбад!

Агар бихоҳанд ҳамин ду маврид (моҳвора-филтершикан)-ро таҳти таъқиби қонунӣ қарор диҳанд, бояд даҳҳо милюн эрониро ҷалб, муҳокима ва маҳкум кунанд, ки на мумкин аст ва на оқилона.

Бинобар ин, ислоҳи қавонин бар асоси ниёзҳо ва ҳинҷорҳои мавҷуди ҷомеа, ниёзи фаврии Эрони имрӯз аст. Модом, ки қонунгузорон дар чаҳордевории Маҷлис ва бетаваҷҷӯҳ ба он чи дар каффи ҷомеа мегузарад, қонун вазъ кунанд ва ду қувваи муҷрия ва муқаннинаро мулзам ба пайгирии қавонини худ кунанд, либоси қонун бар тани ҷомеа нахоҳад нишаст ва муҳимтарин паёмади ин амр, лавс шудани асли қонун ва ниҳодина шудани қонунгурезӣ хоҳад буд.

Asriran

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: