Перейти к содержимому

Инсони комил (23)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии мактаби ирфон (2)

Робитаи инсон бо табиат

Ин ҷо як нуктаи бисёр дақиқе вуҷуд дорад, (1) ва он ин ки: робитаи инсон бо табиат чӣ гуна робитае аст? Оё робитаи инсон бо табиат, робитаи як бегона бо бегона аст? Оё робитаи инсон бо табиат — ҳатто болотар аз робитаи бегона бо бегона — робитаи як зиндонӣ бо зиндон ва робитаи як мурғ бо қафас аст? Робитаи Юсуф бо чоҳи Канъон аст? Ин худаш масъалае аст.

Мумкин аст касе бигӯяд, асосан омадани инсон ба дунё, яъне дар қафас қарор гирифтани як мурғ, дар зиндон қарор гирифтани як озод, ба чоҳ афтодани як Юсуф. Пас, агар бино шавад табиат барои мо як зиндон ё чоҳ ё қафас бошад, робитаи инсон ва табиат дар ҳадди аъло “зидд” аст. Бинобар ин, талоши мо дар табиат чӣ гуна бояд бошад? Талош барои наҷот? Як мурғ бояд худро аз қафас наҷот диҳад ва кори дигаре ғайр аз ин надорад. Як зиндонӣ бо зиндон коре надорад ҷуз ин ки агар битавонад девори зиндонро хароб кунад ва худашро аз он ҷо халос кунад. Юсуф дар он чоҳ интизоре надорад ҷуз ин ки мусофирине биёянд ва барои кашидани об, далве ба даруни чоҳ бифиристанд ва ӯ худашро ба ҷои об дар он далв биандозад ва вақте танобро боло бикашанд, як вақт бибинанд ба ҷои об, Юсуф аз чоҳ берун омадааст.

Оё Қуръон ва ислом, робитаи инсон бо табиатро робитаи зиндонӣ ва зиндон медонад? Робитаи Юсуф ва чоҳ медонад? Робитаи мурғ ва қафас медонад? Дар ирфон, рӯи ин матлаб хеле такя шудааст. Саноӣ мегӯяд: “Қафас бишкан чу товусон, яке барпар бар ин боло”, ва дигаре мегӯяд: “Эй Юсуфи Миср даро аз чоҳ…

* * *

Назари ислом

Дар ислом, робитаи инсон бо табиат, робитаи кишоварз аст бо мазраъа (киштзор), робитаи бозаргон аст бо бозори тиҷорат, робитаи обид аст бо маъбад. Барои кишоварз, мазраъа ҳадаф нест, вале васила ҳаст. Яъне маҳалли зиндагӣ ва конуни зиндагии кишоварз шаҳр аст, аммо аз ин мазраъа аст, ки васоили хушӣ ва саодаташро ба даст меоварад. Як кишоварз бояд ба мазраъа биравад ва заминро шахм бизанад, базр бипошад ва заминро обод кунад. Баъд, ки маҳсул рӯйид, агар алафи ҳарзае пайдо шуд ваҷин кунад (яъне гиёҳҳои ҳарзаро биканад ва дур резад) ва баъд дарав ва сипас хирман кунад. Каломи Паёмбар (с) аст:

الدنيا مزرعة الآخرة

«Дунё киштзори олам охират аст.» Бале, агар кишоварз мазраъаро бо хона ва мақарри худ иштибоҳ кунад, хато кардааст. Мазраъаро ба унвони мазраъа будан, набояд бо чизи дигаре иштибоҳ кунад. Бозор барои як бозаргон, ҷои кор аст, ки сармоя ва амал ва талошеро барои суд ва даромади бештаре ба кор андозад ва бар он чи дорад, биафзояд. Дунё ҳам барои инсон чунин чизе аст. Каломи Амирулмӯъминин аст:

الدنيا متجر أولياء الله

Дунё маҳалли тиҷорати дӯстони Худост.») Шахсе дар ҳузури Амирулмӯъминин шурӯъ кард ба мазаммат кардани дунё. Шунида буд, ки Алӣ (а) дунёро мазаммат мекунад, вале намефаҳмид, ки ӯ аз чӣ ҷанбае дунёро мазаммат мекунад. Ӯ хаёл мекард, ки вақте Алӣ (а) дунёро мазаммат мекунад, масалан табиатро мазаммат мекунад. Намедонист, ки ӯ дунёпарастиро мазаммат мекунад; ӯ туро аз назари парастиши дунё, ки зидди ҳақпарастӣ ва ҳақиқатпарастӣ аст ва мусовӣ бо нафйи ҳамаи арзишҳои инсонӣ аст, мазаммат мекунад. Вақте он мард дунёро мазаммат кард, Алӣ (а), ки зидди дунёпарастӣ аст ва онро мазаммат мекунад — барошуфт ва фармуд:

أيها الذامّ للدنيا المغترّ بغرورها المخدوع بأباطيلها، أتغترّ بالدنيا ثم تذمّها؟ أنت المتجرم عليها أم هي المتجرمة عليك

«Эй оқои мазамматгари дунё! Эй касе, ки фиреби дунёро хӯрдаӣ! Дунё туро фиреб надод, ту фиреб хӯрдӣ…» Хеле таъбири аҷибе аст. Дунё касеро фиреб намедиҳад, инсон худаш фиреб мехӯрад.

Ман дар ин бора масале мегӯям: як вақт пиразане бо ороишҳои маснуъӣ инсонро гӯл мезанад: дандон дар даҳонаш надорад, дандони маснуъӣ мегузорад; мӯ ба сараш надорад, мӯйи маснуъӣ мегузорад, ба қавли он шоири араб:

عجوز تمنّت أن تكون فتيّة

وقد يبس العينان واحدودب الظهر

Як бечорае ӯро ба сурати як зани ҷавон хаёл мекунад ва вақте кор аз кор гузаштааст, мебинад, ки иштибоҳ кардааст.

Вале як вақт ҳамин пиразан мегӯяд: оқо! Синни ман 59 солу 6 моҳу 6 рӯз аст ва ҳақиқатро мегӯяд. Дандонҳо ва мӯҳояшро нишон медиҳад, мегӯяд: як дандон ҳам ба даҳонам надорам ва мӯҳое, ки мебинӣ, мӯи маснуъӣ аст, ки ба сарам гузоштаам. Ман ҳамин ҳастам. Оё ҳозирӣ бо ман издивоҷ кунӣ? Ӯ ҳар чи мегӯяд: ман дандон надорам, инсон мегӯяд: қурбони ҳамон дандонҳое, ки надорӣ! Ҳар чи мегӯяд: ман зулф надорам, инсон мегӯяд: шумо таъоруф мефармоед, ман мефаҳмам, ки шумо доред, ҳазми нафс мекунед. Пас, ин пиразан туро фиреб надода, ту худат омодаи фиреб хӯрдан ҳастӣ, худат мехоҳӣ худатро фиреб бидиҳӣ, як мавзӯъ барои фиреб хӯрдан мехоҳӣ.

Алӣ (а) мефармояд: дунё, ки чизеро махфӣ накардааст. Дунё чӣ чизро махфӣ карда, ки мегӯӣ дунё маро гӯл зад? Он рӯзе, ки ба дасти худат падаратро дафн кардӣ, дунё туро гӯл зад?! Дунё мегӯяд: ман ҳаминам, ки ҳастам, ман маҳалли тағайюр ҳастам ва саботе дар ман нест. Дунё мегӯяд: манро ҳамон тавр, ки ҳастам дарк кун, чаро мехоҳӣ маро он тавр, ки нестам бовар кунӣ? Ман як тавре ҳастам ва дорам худамро ҳам ба ту нишон медиҳам, вале ту мехоҳӣ маро он тавр, ки нестам ва худат хаёл мекунӣ, бовар кунӣ. Пас, дунё касеро фиреб намедиҳад, инсон фиреб мехӯрад.

أنت المتجرم عليها أم هي المتجرمة عليك

Биё ҳисоб кунем, «оё ту бар дунё ҷиноят кардӣ ё дунё бар ту ҷиноят кард?» Ту ба ин олам хиёнат мекунӣ ё олам ба ту хиёнат мекунад?

متى غرّتك

«Дунё кай туро фиреб дод?«

أم متى استهوتك

«Кай дунё ҳавои нафси туро талаб кард?» Ин ту ҳастӣ, ки бо ҳавои нафси худ дунболи дунё ҳастӣ.

أبمصارع آبائك من البلى؟ أم بمضاجع أمّهتك تحت الثرى

Баъд фармуд:

الدنيا مسجد أحباء الله

«Дунё масҷиди дӯстони Худост.» Оё агар масҷид набошад, обид метавонад ибодат кунад?

متجر أولياء الله

«Дунё бозори тиҷорати авлиёи Худост.» (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 131) Агар бозор набошад, оё бозаргон метавонад бозаргонӣ кунад ва суд бибарад?

Он фикр, ки дунёро барои инсон ба манзилаи зиндону чоҳу қафас медонад ва мегӯяд, вазифаи инсон берун рафтан аз ин зиндон ва хориҷ шудан аз ин чоҳ ва шикастани ин қафас аст, мубтанӣ бар як асли дигаре дар боби маърифатуннафс ва маърифатурруҳ аст, ки ислом онро қабул надорад.

* * *

Такомули руҳ дар дунё

Қабл аз ислом, дар бархе аз кишварҳо мисли Юнону Ҳинд ақидае вуҷуд доштааст ва он ин ки: руҳи инсон қаблан дар олами дигар ба тамому камол офарида шудааст ва баъд, аз он ҷо мисли мурғе, ки дар қафас мекунанд, ӯро ба ин олам меоваранд. Агар ин тавр бошад, бояд инсон қафасро бишканад. Вале Қуръон дар яке аз оёти сураи Мӯъминун ин назарро рад мекунад ва таъбири аҷибе дорад, ки Садрулмутааллиҳин мегӯяд: ман назарияи “ҷисмониятул-ҳудус ва руҳониятул-бақо” будани руҳро аз ин оят кашф кардам. (Қуръон) вақте дар бораи инсон баҳс мекунад, мефармояд: мо инсонро аз хок офаридем; марҳила ба марҳила пеш омад, то ин ки нутфа шуд, нутфа ъалақа шуд, ъалақа музға шуд ва музға устухон шуд ва бар рӯи устухон гӯшт пӯшонида шуд. Баъд мефармояд:

ثمّ أنشأناه خلقا آخر

(Сураи Мӯъминун, ояти 14) Мо ҳамин модда ва табиатро табдил ба чизи дигаре — ки руҳ аст — кардем. Яъне руҳ зоидаи ҳамин табиат аст. Руҳ муҷаррад аст, вале муҷарради зоида аз модда аст. Пас, инсон дар ҷои дигаре ба сурати комил набуда то баъд дар ин олам дар қафас қарор гирифта бошад. Инсон дар ин ҷо дар домани модари худаш аст. Табиат, модари руҳи инсон аст, ва инсон дар табиат, ки зиндагӣ мекунад, дар домани модар зиндагӣ мекунад. Бинобар ин, дар ҳамин ҷо бояд такомул пайдо кунад, на ин ки қаблан такомул пайдо кардааст ва баъд ин ҷо дар зиндон ё чоҳ гирифтор шуда ва бояд берун биёяд. Ин, фикри исломӣ нест.

Албатта, ислом мегӯяд, ту барои ҳамеша набояд дар домани модар бимонӣ. Агар барои ҳамеша бихоҳӣ дар домани модар бошӣ, як баччанана хоҳӣ буд ва ҳаргиз марди майдон нахоҳӣ шуд. Агар аз табиат уруҷ накунӣ ва аз домани ин модар барнахезӣ ва боло наёӣ, дар табиат мемонӣ, як мавҷуди табиӣ мешавад,

ثمّ رددناه أسفل سافلين

— мешавӣ ва дигар

الاّ الذين آمنوا وعملوا الصالحات

(Сураи Тин, оятҳои 5-6) нестӣ, дар асфалуссофилин мемонӣ. Агар инсон дар асфалуссофилин — ки табиат аст — маҳбус бимонад, ба ин маъно, ки аз ҳадди табиат боло наравад, ин амр дар дунёи дигар ҷаҳаннами ӯст,

فأمّه هاوية

(Сураи Қориъа, ояти 9) модараш ҳамон ҷаҳаннам аст. Худованд мавлудеро дар домани ин модар (табиат) мутаваллид карда, ки аз домани ин модар боло биравад, мадраса биравад ва мадрасаро тай кунад ва болотар биравад. Агар ӯ дар ин доман бимонад, барои ҳамеша дар ин ҷо хоҳад монд. Агарчи ин ташбеҳ хеле ноқис аст, вале чунин шахсе ҳолати баччаеро дорад, ки воқеан баччанана шудааст, як баччананае, ки вақте 25-сола ҳам шуда, боз бояд дар бағали модараш бихобад ва модараш пистонашро бағали сураташ бигузорад, ки ин оқозода хобаш бибарад! Ин одам дигар чӣ аз об дармеояд?!

Пас, инсон, дар инсоншиносӣ ва ҷаҳоншиносии ислом, як мурғи сохта ва пардохтаи қаблӣ, ки дар фазои олами қудс парвоз мекарда («Тоири олами қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ«) нест, ки баъд ӯро дар ин қафас зиндонӣ карда бошанд ва вазифааш фақат ин бошад, ки қафасро бишканад. Ислом инро қабул надорад. Бале, агар шумо шунидаед, ки олами арвоҳ бар олами аҷсом тақаддум дорад, ба ин маъност, ки синхи арвоҳ тақаддум дорад. Яъне, руҳ партаве аст, ки таквинаш дар ин олам аст, вале партаве аст, ки аз олами дигар ба ин олам тобидааст, на ин ки ба тамому камол дар ҷои дигаре буда ва баъд ӯро ба ин ҷо овардаанд ва дар қафас кардаанд. Ин фикр, яъне фикри таносух, як фикри ҳиндӣ ва як фикри афлотунӣ аст. Афлотун дар байни юнониҳо мӯътақид буд, ки руҳи инсон сохта ва пардохтаи олами қабл аз ин олам (олами мусул) аст, баъд ин сохта ва пардохтаро овардаанд ва ба ҳукми маслиҳате дар ин ҷо зиндонӣ кардаанд, аз ин рӯ бояд аз ин зиндон раҳо шавад ва биравад. Вале ислом бо ин дид ба табиат нигоҳ намекунад.

Албатта, инро ҳам арз кунам: барои ин ки баъзе агар таърихчаҳоеро хондаанд, таваҳҳум накунанд: намехоҳам бигӯям тамоми урафо ин қадр иштибоҳ кардаанд, балки урафои бузург гоҳе лоақал дар калимоти худашон мутаваҷҷеҳи ин нукта будаанд, на тарки ҷомеагароӣ кардаанд ва на тарки табиатгароӣ. Онҳо ба ин нукта, ки Қуръон оёти офоқу анфусро дар канори якдигар зикр кардааст ва табиат ҳам оят ва ойинаи ҷамоли Ҳақ аст, комилан таваҷҷӯҳ кардаанд. Магар Шабистарӣ нест, ки дар он манзумаи бисёр-бисёр олӣ ва роқии худаш, ки воқеан шоҳкоре дар олами инсоният аст, (2) мегӯяд:

Ба номи он, ки ҷонро фикрат омӯхт,

Чароғи дил ба нури ҷон барафрӯхт.

Зи фазлаш ҳар ду олам гашт равшан,

Зи файзаш хоки Одам гашт гулшан.

Дар як ҷо таваҷҷӯҳаш ба оёти офоқӣ комилан хуб аст, мегӯяд:

Ба назди он, ки ҷонаш дар таҷаллист,

Ҳама олам китоби Ҳақ Таолист.

Араз иъробу ҷавҳар чун ҳуруф аст,

Маротиб ҳамчу оёти вуқуф аст.

Ғараз ин матлаб аст, ки гоҳе ин таваҷҷӯҳот дар байни урафо ҳаст. Ё Ҷомӣ мегӯяд:

Салои бода зад пири харобот,

Биё соқӣ, ки фиттаъхирӣ офот.

Ҷаҳон миръоти ҳусни шоҳиди мост,

«Фа шоҳид ваҷҳаҳу фи кулли миръот«.

Агар мо Қуръонро як тараф ва ирфонро дар тарафи дигар бигузорем ва бибинем, ки Қуръон то чӣ андоза ба табиат таваҷҷӯҳ дорад ва ирфон то чӣ андоза ба табиат таваҷҷӯҳ дорад, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Қуръон беш аз ирфон ба табиат таваҷҷӯҳ дорад, бидуни он ки Қуръон масъалаи таваҷҷӯҳ ба ботини нафс ва руҷӯъ ба онро ба шакле инкор карда бошад.

Бинобар ин, инсони комили Қуръон, дар канори ақлгароӣ ва дар канори дилгароӣ, ҷомеагаро ва табиатгаро ҳам ҳаст. Ҳол арзиши ҳар кадом аз инҳо чӣ қадр аст, матлабе аст, ки вақте симои инсони комили исломро бароятон зикр мекунам, шояд муваффақ шавам ин қисматро ҳам баён кунам. Вале ба ҳар ҳол инсони комили Қуръон, инсони ақлгаро ва дилгаро ва табиатгаро ва ҷомеагарост.

* * *

Тарки худӣ

Масъалае дар охири ҷаласаи гузашта унвон кардам, ки боз дар ин ҷаласа дар охири баҳсам ба ин матлаб расидам. Ин баҳс муқаддамоте дорад, ки агар он муқаддамотро зикр накунам, аслан ҳечу пуч аст. Фақат заминаи баҳсро бароятон арз мекунам. Он масъала, “тарки худӣ” аст.

Ирфон дилро мӯҳтарам мешуморад, вале чизеро, ки ба номи “нафс” дар Қуръон омадааст, хор мешуморад. Қисмате аз даъвати ирфон ба тарки худӣ ва рафтан аз худ ва нафйи худ ва нафйи худбинӣ аст. Ин матлаб фи ҳадди зотиҳи (ба худии худ) матлаби дурусте аст ва мантиқи ислом ҳам онро таъйид мекунад. Мо дар ҷаласаи оянда ба ҳавлу қувваи илоҳӣ, ҳам баёни ирфон ва ҳам баёни исломро дар мавриди нафйи “худ” (нафс) зикр мекунем.

Мо дар ислом бо ду “худ” ва ҳатто бо ду нафс бархӯрд мекунем. Ислом дар айни ин ки як “худ”-ро нафй мекунад ва онро хурд мекунад, “худ”-и дигарро дар инсон зинда мекунад ва ин матлаб, хеле дақиқ аст. Медонед ин масъала мисли чист? Мисли ин аст, ки як дӯст ва як душман дар канори якдигар истода бошанд ва дӯст дар хатар бошад. Агар дӯстро бизанем, тамоми ҳадафамон аз байн рафтааст. Масалан, баччае болои дарахте биравад барои ин ки мевае бичинад. Иттифоқан як мори бисёр хатарнок дар болои дарахт зоҳир шуда, паҳлӯи он бачча биравад. Ин ҷо як сайёди бисёр моҳире лозим аст, ки сари он морро нишонагирӣ кунад ва он морро бизанад, вале тир ба он бачча ҳам нахӯрад. Агар сайёд як зарра иштибоҳ кунад, тир ҳадар рафтааст. Агар каме ин тараф ё он тараф бизанад, тир ҳадар рафта, на ба мор хӯрда на ба бачча, ва ё ин ки ба бачча хӯрда ва ба ҷои ин ки морро бикушад, баччаро куштааст. Сайёд бояд нишонагириаш он қадр дақиқ бошад, ки морро бизанад бидуни ин ки ба бачча осебе бирасад. Ва назири ин масъала замоне аст, ки дӯсту душмане бо якдигар галовез мешаванд ва ҳар як мехоҳад дигареро бикушад. Шумо бояд тир ё шамшератонро ончунон бизанед, ки душманро бикушед ва ба дӯстатон исобат накунад.

Ин ду “худ” дар одамӣ ончунон ба якдигар пайваста ҳастанд, ки як шикорчии фавқулъода моҳире мехоҳад, ки як “худ”-ро, ки даноат ва пастӣ аст дарҳам бишканад ва як “худ”-и дигарро, ки тамоми арзишҳои инсонӣ ба он “худ” вобаста аст, аз осеб масун бидорад.

Мӯъҷизаи ислом ин аст, ки ин ду “худ”-ро ончунон дақиқ ташхис додааст, ки ҳеч иштибоҳ намешавад. Дар ирфон гоҳе мебинем ин ташхис ҳаст. Вале гоҳе мебинем ба ҷои ин ки “худ”-и душманро нишонагирӣ карда ва зада бошанд, “худ”-и дӯстро задаанд. Яъне ба ҷои ин ки нафс қурбонӣ шуда бошад, ҳамон чизе, ки худи урафо онро “дил” ё “инсон” меноманд, қурбонӣ шудааст. Ин масъала нуктаи бисёр дақиқе аст, ки иншоаллоҳ дар ҷаласаи баъд дар атрофи он тавзеҳ медиҳам.

ولا حول ولا قوة الاّ بالله العليّ العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ман махсусан дар боби мактаби ирфон бештар баҳсамро идома медиҳам, зеро — чунонки арз кардам — мактаби ирфон бештар бо руҳҳои мо тамос доштааст, вале мактаби фалосифа моли худашон ва китобҳояшон буда ва байни мардум наомадааст. Мактаби ирфон ба воситаи завқу шӯру ҳарорате, ки дар он аст ва ҷазаба ва зебоӣ ва ҷамоле, ки дорад, дар тамоми хонаҳо нуфуз дорад. Мавлавӣ дар ҳамаи хонаҳо нуфуз дорад, Саъдӣ ва Ҳофиз дар ҳамаи хонаҳо нуфуз доранд. Ва аз ин рӯ ин мактаб бисёр хидмат карда ва аҳёнан агар инҳироф ва лағзише ҳам дар калимоти баъзе аз урафо бошад — ки ҳаст — он ҳам ба навбаи худ асари зиёде дорад. Аз ин ҷиҳат аст, ки ман баҳси худро дар бораи мактаби ирфон нисбат ба мактаби фалсафа бештар баст медиҳам.

(2) Пайдоиши ин китоб ҳам аҷиб аст. Суолҳое аз Хуросон дар масоили ирфонӣ аз ӯ мекунанд ва ӯ ин суолҳоро дар як ҷаласа ҷавоб медиҳад. Албатта худаш мегӯяд, ки баъд онҳоро баст додааст ва як шоҳкор ба вуҷуд меоварад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: