Шарҳи Маснавӣ (296)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (39)

* * *

Дар маънии он ки «Мараҷал-баҳрайни ялтақиёни байнаҳумо барзахун ло ябғиён» (4)

* * *

Нуктаи дигар ту бишнав, эй рафиқ!

Ҳамчу ҷон ӯ сахт пайдову дақиқ.

Эй рафиқ! Нуктаи дигареро бишнав, ки он нукта монанди ҷон, ниҳону бисёр дақиқ аст.

Дар мақоме ҳаст ҳам, ин заҳри мор,

Аз тасорифи худойӣ хушгувор.

Он нукта ин аст, ки дар мақоме ва мартибае, амре ҳаром ва кушанда аст монанди заҳру самм. Вале ҳамин амр, бар асари тасарруфоти илоҳӣ, ба шаҳде гуворо мубаддал мегардад.

Тасориф: ҷамъи тасриф, ба маънии гардонидан ва табдил аст.

Нукта: Дар ин нукта, тафовути ҳоли соликони ноқис ва мунтаҳиёни комил баён шудааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.770)

Дар мақоме заҳру дар ҷойе даво,

Дар мақоме куфру дар ҷойе раво.

Ин амр, дар мақоме ба манзилаи заҳри мор аст ва дар мақоме дигар монанди дору ва шифост. Дар мақоме, куфру хатост ва дар мақоме дигар ҷоизу раво.

Нукта: Пас, ҳоли солик бо мунтаҳӣ (орифи комил) фарқ дорад ва набояд қиёси маъалфориқ кард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.771)

Гарчи он ҷо ӯ газанди ҷон бувад,

Чун бад-ин ҷо даррасад, дармон бувад.

Агарчи дар он мақом яъне дар вуҷуди мубтадӣ, амре, мумкин аст монанди заҳри мор ҷонгазо бошад, вале ҳамин амр вақте дар нисбат бо солики мунтаҳӣ (комил) қарор бигирад, ҷанбаи дармон пайдо мекунад.

Об дар ғӯра туруш бошад, валек

Чун ба ангурӣ расад, ширину нек.

Ба унвони мисол, оби ғӯра то замоне, ки ангур нашуда, турш аст, вале ҳамин ки ғӯра ба ангур мубаддал шуд, ширину гуворо мегардад.

Боз дар хум ӯ шавад талху ҳаром,

Дар мақоми сиркагӣ неъмал-адом.

Он ғӯра, ки дар ҳолати ангурӣ ширину ҳалол шуда буд, вақте ки дохили хум рехта шавад, дубора талху ҳаром мегардад. Аммо ҳамон моддаи ширин вақте тахмир шавад, ба сирка мубаддал мегардад ва дар ин ҳолат, нонхуриши латифе мешавад.

Нукта: Бинобар ин, ҳар чиз дар ҳар мартиба ва мақоме, ҳукмаш фарқ мекунад. Мавлоно дар абёти фавқ, миёни инсони комил ва инсони ноқис тамоюз қоил аст. Мумкин аст амре бар фарди комил ва ба мақсад расида, раво бошад, вале ҳамон амал барои шахсе, ки ҳанӯз дар ибтидои роҳ аст, нораво ва ҳаром маҳсуб гардад. Чунонки рақсу самоъ дар инсони комил боиси таҳзиби нафс мешавад, вале дар инсони ноқис мӯҷиби гумроҳӣ ва залол. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.771)

Дар абёти фасли баъдӣ, ин маъно баст дода шудааст.

* * *

Дар маънии он ки он чӣ валӣ кунад, муридро нашояд густохӣ кардан ва ҳамон феъл кардан, ки ҳалво табибро зиён надорад, аммо беморонро зиён дорад ва сармову барф ангури расидаро зиён надорад, аммо ғӯраро зиён дорад, ки дар раҳ аст, ки «лияғфира лакаллоҳу мо тақаддама мин занбика ва мо таъаххар» (1)

* * *

Мавлоно дар ин фасл, мазмуни абёти пешинро баст додааст.

Гар валӣ заҳре хурад, нӯше шавад

В-ар хурад толиб, сияҳҳуше шавад.

Фаразан, агар як валӣ ё як инсони комил заҳре бихӯрад, он заҳр барояш дар ҳукми ангубин ва шаҳд аст, вале агар муриди мубтадӣ он заҳрро бихӯрад, дилаш тира мешавад ва ҳушу фикраш табоҳ мегардад.

Нукта: Дар матлаъи баҳс, бахше аз ояти 2 сураи Фатҳ омадааст:

لِيَغْفِرَ لَكَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ

«То бибахшоем гуноҳи пешину пасини туро…»

«Рабби ҳиб лӣ» аз Сулаймон омадаст,

Ки мадеҳ ғайри маро ин мулку даст.

Ин дархост, ки: «Худоё! Мулки азиме ба ман арзонӣ фармо!» танҳо зебандаи мақоми ҳазрати Сулаймон (а) аст, ки аз Худо дархост намуд: «Парвардигоро! Маро салтанате бахш ва аз паси ман ба касе ин қудрату салтанатро мадеҳ!»

Нукта: Ишора аст ба ояти 35 сураи Сод:

قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِي وَهَبْ لِي مُلْكًا لَّا يَنبَغِي لِأَحَدٍ مِّنْ بَعْدِي إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ

«Сулаймон гуфт: Парвардигоро! Маро бибахшой ва мулке деҳ, ки зебандаи касе аз паси ман набошад, ки туӣ бисёр бахшанда!»

Ҳазрати Сулаймон (а) фарзанди Довуд (а), яке аз паёмбарони илоҳӣ аст. Номи ӯ 17 бор дар Қуръони Карим ёд шудааст. Албатта, дар «Аҳди қадим» барои Сулаймон (а) мақоми нубувват қоил нашуда, балки фақат ӯро подшоҳ донистааст. (Аъломи Қуръон, с.369)

Сӯфиён Сулаймон (а)-ро мазҳари исми Раҳмон донистаанд, ба ҷиҳати шумул ва густардагии ҳукумати Сулаймон (а). Зеро ҳамон тавр, ки сифати раҳмонияти Ҳақ Таъоло шомили ҳамаи мавҷудот мешавад, ҳукумати Сулаймон (а) низ бар ҳамаи олам буд; оламҳои боло ва пойин дар тасарруфи вилояти ӯ қарор дошт. Аз ин рӯ, Ибни Арабӣ фасси 16-уми «Фусусул-ҳикам«-ро ба номи ӯ ихтисос додааст.

Тибқи ояти фавқ, Сулаймон (а) аз Ҳақ Таъоло чунон ҳукумате мехост, ки пас аз вай касе дар хӯри он набошад. Бархе ин дархостро нишони бухл гирифтаанд, дар ҳоле ки паёмбарон аз ҳар гуна сифоти нораво муназзаҳ ҳастанд. Вале Мавлоно ин матлабро чунин тафсир мекунад, ки Сулаймон (а) ба камол расида буд ва ҳеч навъ молу ҷоҳе ӯро гумроҳ намекард, ва ҳар кас, ки ҳамчун Сулаймон (а) руҳи бузург дошта бошад, чунин аст, вале онон, ки аз авсофи сулаймонӣ маҳруманд, дар хӯри ин мақом намешаванд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.771)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: