Инсони комил (24)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии мактаби ирфон (3)

فَأَمَّا مَن طَغَى. وَآثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا. فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَى. وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَى. فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَى

(Сураи Нозиъот, оятҳои 37-41)

Яке аз масоили муҳим дар мавриди инсони комил дар мактаби ирфон, масъалаи робитаи инсон бо нафси худаш аст. Албатта ин масъала дар айни ҳол як масъалаи исломӣ ҳам ҳаст. Яъне мо, ҳам дар забони урафо ва аҳли тасаввуф ва ҳам дар таълимоти олии исломӣ, масъалаи мубориза бо худхоҳӣ ва худпарастӣ ва пайравӣ аз ҳавои нафсро мебинем… Мо дар ин ҷаласа мехоҳем дар атрофи ин матлаб тавзеҳ диҳем.

Дар он чи, ки тазкияи нафс номида мешавад, бо “худ” — ки дар арабӣ ба он “нафс” гуфта мешавад — мубориза мешавад. Мегӯянд: ҷиҳод бо нафс. Ҳатто нафс ба унвони як душмани дарунӣ барои инсон талаққӣ мешавад, чунонки Саъдӣ мегӯяд:

Ту бо душмани нафс ҳамхонаӣ,

Чӣ дар банди пайкори бегонаӣ.

Ин таъбир иқтибос аз каломи муқаддаси набавӣ аст, ки фармуд:

أعدى عدوّك نفسُك التي بين حنبيك

«Хатарноктарини душманони ту, ҳамон нафси худат аст, ки дар миёни ду паҳлӯят қарор гирифтааст.» Саъдӣ дар Гулистон мегӯяд: аз орифе маънии ин ҳадисро пурсиданд, ки чаро Пайғамбар фармуд:

أعدى عدوّك نفسُك

Нафси худат аз ҳамаи душманҳо бо ту душмантар ва аз ҳама нисбат ба ту хатарноктар аст? Он марди ориф ин тавр ҷавоб дод: барои ин ки агар ту ба ҳар душмане некӣ кунӣ ва он чи мехоҳад ба ӯ бидиҳӣ, бо ту дӯст гардад, илло нафс, ки ҳар чи бештар хостаҳояшро ба ӯ бидиҳӣ, бо ту душмантар мегардад.

Пас, ба чашми як душман ба нафс нигоҳ кардаанд ва ин нафс ҳамон “худ” аст…

Ҳол мехоҳем ин матлабро бишкофем, бибинем, ки ин “худ” ё худхоҳие, ки гуфта мешавад, бад аст чист?

* * *

Дараҷаи аввали худхоҳӣ

Як дараҷа аз худхоҳӣ ин аст, ки инсон худмеҳвар бошад, ба ин маъно, ки фақат барои худаш кор мекунад ва тамоми корҳо ва ҳаракоташ барои худаш аст; аз субҳ, ки ҳаракат мекунад то шаб, ки мехобад, тамоми талошҳояш барои зиндагии худаш аст, барои шикамаш аст, ки сер шавад, барои танаш аст, ки пӯшида шавад ва барои масканаш аст, ки дар ҷое сукно гузинад. Фаъолият дар ин ҳадд чӣ тавр аст? Оё ин, зидди ахлоқ аст, ки инсон барои худаш дар ин ҳадд фаъолият кунад? Бояд гуфт, ин гуна фаъолият ахлоқ нест, яъне як арзиши инсонӣ нест, вале дар айни ҳол зидди ахлоқ ва ё як беморӣ ҳам нест.

Дар ин ҷо тавзеҳе дар бораи ахлоқ ва зидди ахлоқ арз мекунам. Қуръон барои инсон як мақоми фавқи ҳайвонӣ қоил аст, ва як мақоми ҳамдараҷа бо ҳайвон, ва як мақоми поинтар аз ҳайвон. Яъне, инсон гоҳе дар ҳайвоният бо ҳайвон ҳамдараҷа мешавад, гоҳе арзише болотар аз ҳайвон — ва ҳатто болотар аз малаку фаришта — пайдо мекунад ва гоҳе арзиши манфӣ пайдо мекунад ва зери сифр қарор мегирад, яъне аз ҳайвон ҳам пасттар мешавад. Корҳои инсон ҳам се қисм аст:

1) Ахлоқ, яъне болотар аз ҳадди ҳайвон;

2) Зидди ахлоқ, яъне поинтар аз ҳайвон;

3) «На ахлоқ”, яъне ахлоқ нест, вале зидди ахлоқ ҳам нест. “На ахлоқ ва на зидди ахлоқ” яъне як кори оддӣ дар ҳадди ҳайвон.

Ҳол, агар шумо як одамеро дар дунё пайдо кунед — ва ин тавр одамҳо зиёд ҳастанд — ки дуруст хислати кабӯтар ва ё гӯсфандро дорад, яъне фақат дар фикри худаш асту бас, аз субҳ, ки баланд мешавад, ҳамаи фаъолияташ барои ин аст, ки шиками худро сер кунад ва шаб ҳам бихобад, чунин одаме дар ҳадди ҳайвон аст. Кори ӯ дар ин ҳадд, ахлоқ нест, вале зидди ахлоқ ҳам нест.

* * *

Дараҷаи дуввуми худхоҳӣ

Аммо як вақт дар масъалаи “худ”, масъала ин нест, ки инсон ба фикри зиндагии худ аст; (балки) масъала ин аст, ки дучори навъе бемории равонӣ аст ва дар воқеъ он мақоми инсонияш дар хидмати ҳайвонияташ қарор мегирад. Баъд мебинед “ба худкаш” (1) мешавад, на фақат ба андозае, ки бихоҳад зиндагӣ кунад, балки ҳадафаш бештар ҷамъ кардан аст. Кабӯтар дона ҷамъ мекунад барои ин ки сер шавад ва ин як амри табиӣ ва оддӣ аст. Асб мечарад барои ин ки сер шавад, ин ҳам як амри оддӣ аст. Агар як башар бихоҳад дар ин ҳадд бошад оддӣ аст, яъне як ҳайвон аст. Аммо як вақт башар гирифтори озу ҳирс мешавад. Ин ҷо дигар сӯҳбат ин нест, ки мехоҳад барои зиндагии худ фаъолият кунад, балки фақат барои ин ки ҷамъ кунад фаъолият мекунад ва ҳар чи ҳам ҷамъ мекунад, боз мехоҳад бештару бештар ҷамъ кунад ва ҷамъ кардани ӯ ҳадде надорад. Исми ин ҳолат “оз” аст. Чунин одаме он ҷо, ки мехоҳад бидиҳад, бибахшад ва ё эҳсон кунад, дучори “бухл” аст (ин бемории дигаре аст), дучори “имсок” аст ва ба таъбири Пайғамбари Акрам “шуҳҳун мутоъ” (2) дорад, як ҳолати равонӣ дорад, ки он ҳолати равонӣ ҳоким бар ӯст, на фикру ақлу иродааш. Пул ба ҷонаш часбида ва ҳеч ҳисобу китобу ақлу мантиқе дар кор нест, ва илло агар ақлу мантиқ дар кор бошад, мефаҳмад, ки ин ҷо ҷои харҷ кардан аст, яъне хайру маслиҳату манфиату хушӣ ва саодаташ, дар харҷ кардан аст, вале бухл ба ӯ иҷоза намедиҳад. Ҳолати ҳирсу оз, зидди ахлоқ аст. Яъне поинтар аз ахлоқ аст ва беморӣ аст.

* * *

Дараҷаи севвуми худхоҳӣ

Инсон, ҳолатҳои дигаре низ дорад. Бемории нафси инсон фақат ин нест, ки дучори ҳирсу оз мешавад, дучори бухл мешавад, балки инсон гоҳе як навъ бемориҳои печидае пайдо мекунад, ки аз бемориҳои тан печидатар ва мушкилтаранд; бемориҳое, ки асосан бо мантиқу ақл созгор нестанд ва фақат бо руҳи ҳамон бемор созгоранд, ҳамон чизҳое, ки имрӯз «уқдаҳои равонӣ» меноманд мисли ҳолати “ҳасад”. Ҳолати ҳасад дар инсон як ҳолати зидди мантиқ аст. Яъне, инсон ҳолате пайдо мекунад, ки фаромӯш мекунад дар фикри саодати худаш бошад, фақат дар фикри бадбахтии дигаре аст. Орзуяш ин нест, ки худаш хушбахт шавад. Агар ҳам орзу дорад, ки худаш хушбахт шавад, даҳ баробари орзуяш ин аст, ки дигаре бадбахт шавад. Ин дигар бо чӣ мантиқе ҷур дармеояд?! Дар ҳеч ҳайвоне чунин ҳолате нест, ки орзуи он ҳайвон бадбахтии ҳайвони дигаре бошад. Ҳайвон дар фикри шиками худаш асту бас, вале дар инсон чунин ҳолате пайдо мешавад.

Гоҳе дар инсон ҳолати такаббур пайдо мешавад ва гоҳе дар ӯ бархе уқдаҳои равонӣ пайдо мешавад, ки дар ботини нафси инсон махфӣ шудааст ва худаш ҳам аз он бехабар аст. Инҳо мушкилоте аст, ки нафси инсон барои инсон ба вуҷуд меоварад.

* * *

Тасвил

Гоҳе нафси инсон, инсонро фиреб медиҳад. Яъне, худи одам худи одамро фиреб медиҳад. Ин дигар чӣ ҳисобе аст, ки инсон аз даруни худаш фиреб бихӯрад?! Дар Қуръон мефармояд:

بَلْ سَوَّلَتْ لَكُمْ أَنفُسُكُمْ

«Балки нафси шумо амреро бар шумо тасвил кардааст (оростааст)…» (Сураи Юсуф, ояти 83) «Тасвил” як таъбири равоншиносонаи бисёр дақиқе аст, ки дар Қуръон омадааст ва ба ин маънӣ аст, ки инсон гоҳе худаш аз даруни худаш фиреб мехӯрад. Агар нафси инсон чизеро мехоҳад, ончунон онро барои инсон ҷилва медиҳад ва ончунон онро ороишу зинат мекунад ва ончунон ба дурӯғ ба он нақшу нигор мебандад, ки инсон хаёл мекунад як чизе аст, вале ҳамон даруни худи инсон аст, ки ин корро карда, барои ин ки инсон худашро фиреб диҳад. Таъбири “тасвил” таъбири аҷибе аст. Имрӯз, ки равоншиносӣ хеле пешрафт ва тараққӣ карда, амиқан ва дақиқан ба ин нукот расидаанд. Ҳатто ба ин нукта расидаанд, ки гоҳе инсон девона мешавад ва ин девонагӣ ҳеч иллати асабӣ ва ҷисмӣ надорад ва фақат иллати дохилӣ ва равонӣ дорад. Масалан, вақте таҳаммули мусибатҳо хеле сахту душвор мешавад, равони инсон барои ин ки худашро аз шарри ин ғуссаҳо роҳат кунад, ақлро мураххас мекунад. Ба қавли шоир:

Зи ҳушёрони олам ҳар киро дидам ғаме дорад,

Дило, девона шав, девонагӣ ҳам оламе дорад.

Ва ин як асли равоншиносӣ аст.

Ба ҳар ҳол, масъалаи кайду макри нафс (макойиди нафс) — на макри нафси инсон бо дигаре, балки макри нафси инсон бо худи инсон — як масъалаи бисёр муҳимме аст ва дар ирфон ба ин нукот хуб таваҷҷӯҳ шудааст. Ин ду қисмати охир, (3) ки инсонро вориди зидди ахлоқ намуда, бемор мекунад ва аз ҳайвон ҳам пасттар мекунад, дар ирфон дар ҳадди аъло хуб баён шудаанд ва ҳатто нукоте гуфта шудааст, ки воқеан ҳайратовар аст. Яъне инсон таъаҷҷуб мекунад, ки чӣ гуна ин афрод дар шашсад сол, ҳафтсад сол ва ё ҳазор сол пеш, ин нукоти бисёр дақиқи равониро гуфтаанд, ки имрӯз дар қарни бистум, равоншиносӣ ба умқи ин нукот пай мебарад. Албатта — ҳамон тавр, ки гуфтам — ҳамаи ин матолиб мисли ҳамон масъалаи “тасвил” аз Қуръон илҳом гирифта шудааст, мунтаҳо чун инҳо афроди боистеъдоде ҳастанд, аз як сарриштае, ки Қуръон ба даст медиҳад, хуб метавонанд дунболаи риштаро бигиранд ва матлабро пайдо кунанд. Масалан, дар заминаи ҳамин “тасвил”, матлаберо аз Мавлавӣ барои шумо бигӯям.

* * *

Уқдаҳои равонии махфӣ

Имрӯз ин матлаб собит шудааст, ки гоҳе дар шуъури ботини инсон шароратҳое русуб мекунад, ки чун дар берун нест ва русуб карда ва дар таҳи ҳавз аст, инсон худаш аз вуҷуди онҳо огоҳ нест ва фақат дар шароити хоссе, ки муҳаррикоте пайдо мешавад, инсон якмартиба мебинад, ки аз он умқи умқи руҳаш ин русубот боло меояд, ки одам худаш таъаҷҷуб мекунад ва бовар намекунад, ки дар дарунаш чунин чизҳое вуҷуд дошта бошад. Гоҳе инсон, худаш ба худаш имон пайдо мекунад: вақте ба худаш нигоҳ мекунад, мебинад дар қалбаш ҳеч гуна кудурате нест, кина ва ҳасаде нисбат ба касе надорад, такаббуру уҷбе надорад, ва воқеан ҳеч як аз инҳоро дар худаш намебинад. Вале як мавқеъ — ба таъбири Қуръон — “имтиҳон” пеш меояд ва дар имтиҳон якмартиба инсон мебинад, ки такаббурҳо ва уҷбҳое аз дарунаш берун омад, ҳасадҳо ва кинаҳо ва ҳиқдҳое аз дарунаш берун омад, ки он сараш нопайдост. Мавлавӣ мегӯяд:

Нафсат аждарҳост, ӯ кай мурдааст?

Аз ғаму беолатӣ афсурдааст.

Нафси инсон, ҳолати мори афъиро дорад. Мори афъӣ дар зимистон ҳолати яхзадагӣ ва карахӣ пайдо мекунад ва агар инсон ба он даст ҳам бизанад, такон намехӯрад ва агар баччае бо он бозӣ кунад, ӯро неш намезанад ва инсон хаёл мекунад, ки ин мор ба хубӣ ром шудааст. Аммо вақте офтоби гарме ба ин мор битобад, якмартиба иваз мешавад ва чизи дигаре мешавад, ки Мавлоно роҷеъ ба он моргир, ки аждаҳоеро аз кӯҳ овард, достони муфассале овардааст, ки дар охирҳои он ҳамин байтро мегӯяд:

Нафсат аждарҳост, ӯ кай мурдааст?

Аз ғаму беолатӣ афсурдааст.

Хаёл накун, ки нафсат мурдааст, ӯ аждаҳои яхзада аст. Агар ҳарорат ба он битобад, он вақт мефаҳмӣ чӣ хабар аст!

Мавлавӣ дар ҷои дигаре роҷеъ ба майлҳои пинҳону хуфта дар инсон ташбеҳе мекунад, ки равонковҳоро ба ҳайрат меандозад. Мегӯяд:

Майлҳо ҳамчун сагони хуфтаанд,

Андар эшон хайру шарр бинҳуфтаанд.

Чунки қудрат нест, хуфтанд ин рада,

Ҳамчу ҳезум пораҳову танзада.

Гоҳе дидаед теъдоде саг дар ҷое хобидаанд ва сарҳояшонро рӯи дастҳояшон гузоштаанд ва чашмҳояшонро рӯи ҳам гузошта ва ором гирифтаанд, ба тавре, ки инсон хаёл мекунад инҳо теъдоде барра ва гӯсфанд ҳастанд.

То ки мурдоре дарояд дар миён,

Нафхи сури ҳирс кӯбад бар сагон.

Чун дар кӯча харе мурдор шуд,

Сад саги хуфта бад-он бедор шуд.

Аммо агар дар ин байн як лошаи мурдор пайдо шавад, ҳаминҳое, ки ин тавр хобидаанд ва мисли гӯсфанд сарҳоро рӯи дастҳо гузоштаанд, якмартиба аз ҷо ҳаракат мекунанд ва чашмҳояшон аз қолаб берун мезанад ва садои хур-хур аз ҳалқи инҳо берун меояд ва ҳар кадом аз мӯҳояшон мисли як дандон мешавад.

Ҳирсҳои рафта андар катми ғайб,

Тохтан овард, сар барзад зи ҷайб.

Мӯ ба мӯйи ҳар саге дандон шуда,

В-аз барои ҳила дум ҷунбон шуда.

То ин ҷо масал аст, баъд мегӯяд:

Сад чунин саг андар ин тан хуфтаанд,

Чун шикоре нестшон, бинҳуфтаанд.

Чӣ ҳақиқати бузурге ва чӣ нуктаи дақиқу борике аст!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Яъне ҳама чизро барои худ мехоҳад.

(2) Таъбир “шуҳҳ” аз Қуръон аст: «Ва ман йуқа шуҳҳи нафсиҳӣ.» (Ҳашр/9)

(3) Зоҳиран мақсуд дараҷаи севвуми худхоҳӣ ва масъалаи “тасвил” аст, ки тавзеҳ дода шуд.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: