Сафар Абдуллоҳ: «Замоне, ки бо забони форсӣ душманӣ мешавад, хуни дил мехӯрем»

Дуктур Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, бо баёни ин ки «тамаддуни ҷаҳониро бидуни забони форсӣ наметавон тасаввур кард» гуфт: «Замоне, ки бо фарҳанги эронӣ ва забони форсӣ душманӣ мешавад, хуни дил мехӯрем.»

Ба гузориши хабаргузории Исно, дар таърихи 5 июли соли ҷорӣ дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, панҷумин Кунграи байналмилалии «Урси Бедил» бо ҳузури Бедилшиносон, пажӯҳишгарон ва устодони забон ва адабиёт аз кишварҳои мухталиф бо меҳвари «Таҳлил ва таъвили осори Абулмаъонӣ Бедили Деҳлавӣ» ва «Бозшиносӣ ва муаррифии мероси форсӣ» баргузор шуд.

Дуктур Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷик ва раиси Бунёди Анҷумани забони форсии Қазоқистон, дар ин маросим дар бораи мероси фарҳангии забони форсӣ хотирнишон кард: «Ба забони форсӣ ифтихор мекунам, зеро тамаддуни ҷаҳониро бидуни ин мероси бузург наметавон тасаввур кард

Вай афзуд: «Бедил шоири бузурге аст, ки хеле кам аз он истифода кардаем. Ҳеҷ шеъре дар ҷаҳон ба пойи шеъри форсӣ намерасад. Инро фақат ба хотири ин ки ба забони форсӣ сӯҳбат мекунем намегӯям ва иддаое бар он надорам. Ин чизе аст, ки кишварҳои хориҷӣ ба он изъон доранд. Замоне, ки душманӣ бо фарҳанги эронӣ ва забони форсӣ мешавад, хуни дил мехӯрем. Мо барои Бедил коре анҷом надодаем ва ин нуқтаи оғози мост. Умедворам рӯзе ҷаҳон Бедилро бишносад

Дуктур Сафар Абдуллоҳ, соли қабл низ дар ҷаҳорумин Кунграи байналмилалии «Урси Бедил» суханронӣ дошт. Ба гузориши сойти «Бунёди Бедили Деҳлавӣ«, вай дар ихтитомияи ин маросим гуфт: «Замоне Ҳинд яке аз муҳимтарин марокизи забон ва адабиёти форсӣ буд ва бисёре аз шоирони форсизабон ба он сарзамин кӯч карданд ва имрӯз пас аз солиёни сол, алоқамандон ба забони форсии шибҳиқорра ва дигар сарзаминҳо бо номи муаззами Бедил гирд омаданд. Дар воқеъ Бедил кӯҳи азими забон ва адабиёти форсӣ ва фарҳанги эронӣ аст, ки мутаассифона мо хеле сатҳӣ аз ин бузургвор ошноӣ дорем

Вай афзуд: «Ман мақолае дорам дар бораи хадамоти устоди бузург Садруддин Айнӣ, ки яке аз аввалин Бедилшиносон дар он сӯи марзҳо буд ва дар ёддоштҳои ӯ ва дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ва рисолаи «Устод Мирзо Абдулқодири Бедил» дар бораи Бедил таҳқиқи ҷомеъ шудааст, ба ҳамин далел донишгоҳи маъруфи Санкт-Петербург барои ин кор унвони дуктурӣ ба эшон дода буд

Дуктур Сафар Абдуллоҳ дар идома хотирнишон кард: «Устод Айнӣ дар ёддоштҳо ва «Мактаби кӯҳна» ёдовар мешавад, ки баъд аз Қуръон нахустин китобе, ки мехонданд, девони Ҳофиз буд ва баъд аз девони Ҳофиз ҳатман ба мутолеаи Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ мепардохтанд. Дар рӯзгоре, ки дар Эрон адабиёт ба сабки хуросонӣ бозмегашт, ки ба он «адабиёти давраи бозгашт» мегуфтанд, дар Осиёи Миёна бештари мардум пайрави сабки Бедил буданд ва Бедили Деҳлавиро сармашқи кори худ медонистанд

Ин устоди забон ва адаби форсӣ ва узви барҷастаи Фарҳангистон забон ва адаб афзуд: «Вақте дар бораи Ҳиндустон ва дар бораи адабиёти форсии Ҳинд меандешам, ба ғайр аз чеҳраҳои бузурге, ки ҳамаи мо мешиносем, он қадр нозуккориҳое дар ғазал хусусан ғазал дар сабки ҳиндӣ шудааст, ки мо мутаассифона ҳанӯз мутолеа накардаем ва наомӯхтаем, ба хусус дар мавриди Бедили Деҳлавӣ

Вай афзуд: «Ман хеле хушҳолам, ки имрӯз дар Эрон талошҳое барои дарки маъонӣ ва фаҳми ашъори Бедил анҷом шудааст, ки аз масъулони «Бунёди Бедил» бисёр сипосгузорам. Агар имрӯз мо фикр кунем, ки чӣ мавзӯе морро бо шибҳиқорраи Ҳинд пайванд медиҳад, мероси гаронқадри забони форсӣ аст

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: