Шарҳи Маснавӣ (297)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (40)

* * *

Дар маънии он ки он чӣ валӣ кунад, муридро нашояд густохӣ кардан ва ҳамон феъл кардан, ки ҳалво табибро зиён надорад, аммо беморонро зиён дорад ва сармову барф ангури расидаро зиён надорад, аммо ғӯраро зиён дорад, ки дар раҳ аст, ки «лияғфира лакаллоҳу мо тақаддама мин занбика ва мо таъаххар» (2)

* * *

«Ту макун бо ғайри ман ин лутфу ҷуд»,

Ин ҳасадро монад, аммо он набуд.

Ҳазрати Сулаймон (а) гуфт: «Худовандо! Ин лутфу бахшишро ба ҷуз ман, дар ҳаққи касе макун.» Ин сухан мушобеҳ ва ҳамонанди ҳасад аст, вале аз рӯи бухлу ҳасодат нест.

Нуктаи «ло янбағӣ» мехон ба ҷон,

Сирри «мин баъдӣ» зи бухли ӯ мадон.

Нуктаи «ло янбағӣ»-ро бо ҷону дил бихон ва асрори «мин баъдӣ»-ро аз рӯи бухлу ҳасодат махон.

Нукта: Ду калимаи «ло янбағӣ» (сазовор нест, зебанда набошад) ва «мин баъдӣ» (баъд аз ман), ишора аст ба ояти 35 сураи Сод:

قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِي وَهَبْ لِي مُلْكًا لَّا يَنبَغِي لِأَحَدٍ مِّنْ بَعْدِي إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ

«Сулаймон гуфт: Парвардигоро! Маро бибахшой ва мулке деҳ, ки зебандаи касе баъд аз ман набошад, ки туӣ бисёр бахшанда!»

Балки андар мулк дид ӯ сад хатар,

Мӯ ба мӯ мулки ҷаҳон буд бими сар.

Балки ҳазрати Сулаймон (а) дар салтанат сад навъ хатар дид ва дар саросари подшоҳии ҷаҳон эҳсоси хатару ҳалокат дошт.

Бими сар бо бими сир бо бими дин,

Имтиҳоне нест моро мисли ин.

Дар салтанати зоҳирӣ, бими ҳалокати ҷону тану дин аст, ва ҳамонанди салтанату давлат мо имтиҳоне душвор надорем.

Бими сар: хатари барбод рафтани сар ва кушта шудан. Бими сирр: тарс аз иштиғоли дил ба умури дунё ва табоҳ шудани ботин. Бими дин: нигаронӣ аз амали хилофи шариат.

Пас сулаймонҳиммате бояд, ки ӯ

Бигзарад з-ин садҳазорон рангу бӯ.

Пас, бояд ҳиммате ҳамонанди ҳиммати ҳазрати Сулаймон (а) дошт ва муғруру мафтуни салтанати дунявӣ нагашт ва аз садҳо ҳазор ҷозиба ва кашиши сурӣ гузашт ва бад-онҳо дил набаст. (Зеро сабр бар неъмат, басе душвортар аз сабр бар ниқмат аст.) (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.774)

Бо чунон қувват, ки ӯро буд, ҳам

Мавҷи он мулкаш фурӯ мебаст дам.

Бо он ҳама ҳиммату қудрате, ки Сулаймон (а) дошт, вале мавҷи салтанати дунявӣ даҳони ӯро баст ва бар дилаш асар гузошт.

Нукта: Ишора аст ба ояти 31 ва 32 сураи Сод:

إِذْ عُرِضَ عَلَيْهِ بِالْعَشِيِّ الصَّافِنَاتُ الْجِيَادُ. فَقَالَ إِنِّي أَحْبَبْتُ حُبَّ الْخَيْرِ عَن ذِكْرِ رَبِّي حَتَّى تَوَارَتْ بِالْحِجَابِ

«Он гоҳ ки асбон бар Сулаймон арза шуданд, аз фарти алоқа ба тамошои аспон, аз намоз бозмонд ва худро накӯҳиш кард ва гуфт: алоқаи асбонро бар ёди Худо тарҷеҳ додам, то он ки хуршед ғуруб кард

Бархе аз имомия дар тафсири ин матлаб мегӯянд: «Фазилати намози аввали вақт аз ӯ фавт шуд, на нафси намоз.» (Маҷмаъул-баён, ҷ.8, с.475)

Ҷубоӣ низ гӯяд: намози воҷибаш қазо нашуд, балки намози нофилааш аз даст рафт. Замахшарӣ «таворат бил-ҳиҷоб»-ро маҷозан ба маънии ғуруби хуршед медонад (Кашшоф, ҷ.4, с.93), ҳарчанд ки замири «таворат»-ро ба «шамс» (хуршед) бозмегардонанд, дар ҳоле ки марҷаъи замир лафзан вуҷуд надорад; аз ин рӯ, бархе онро ба «ассофинотул-ҷиёд» бозмегардонанд ва мегӯянд, Сулаймон то он лаҳза, ки асбон дар баробари чашмонаш мерафтанд ва нопадид мешуданд, ба онҳо нигоҳ мекард. Аллоҳу аълам! (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.774)

Чун бар ӯ биншаст з-ин андӯҳ гард,

Бар ҳама шоҳони олам раҳм кард.

Чун аз ин андӯҳ ҳазрати Сулаймон (а) ғуссадор шуд, пас нисбат ба ҳамаи шоҳони ҷаҳон раҳм кард.

Пас шафоат карду гуфт: ин мулкро

Бо камоле деҳ, ки додӣ мар маро.

Сулаймон (а) шафеъ шуд ва гуфт: Худовандо! Ин мулку парчамро ба касе деҳ, ки ба ӯ камолу исмат додаӣ, ҳамон гуна ки бар ман ато кардӣ.

Ҳар киро бидҳиву бикнӣ он карам,

Ӯ Сулаймон асту он кас ҳам манам.

Камолу адолатро ба ҳар кас бидиҳӣ, ӯ Сулаймони замони хеш аст, ва он шахс дар ҳақиқат худи ман ҳастам ва ҷуз ман каси дигаре нест.

Ӯ набошад «баъдӣ», ӯ бошад «маъӣ»,

Худ «маъӣ» чӣ бвад? Манам бе муддаъӣ.

Он шахс, пас аз ман намеояд, балки ӯ худи ман ҳастам, гарчи бар ҳасби замон, пас аз ман биёяд, вале ба эътибори мақому мартиба, худи манам.

Нукта: Урафо ақида доранд, ки ҳар як аз анбиё дорои авсофе ҳастанд, ки ҳар гоҳ яке аз авлиё ба авсофи яке аз онҳо дарояд, дар ҳақиқат мазҳари ҳамон набӣ аст; чунон ки Мавлоно дар Маснавӣ дар чанд ҷое ба ин матлаб ишора кардааст.

Бинобар ин, дар миёни авлиё, бархе бар қадами Одам (а)-анд ва бархе бар қадами Шис (а) ва бархе бар қадами Иброҳим (а) ва Исо (а) ва Муҳаммад (а). Ва дар ҳеч давре аз адвор, замин аз қутб ва валӣ ва ҳуҷҷати Ҳақ холӣ намешавад. Ҳамвора дар ҳар давре, касоне ҳастанд, ки маъонии ғайбӣ ва навъӣ ва авсофи куллии анбиёро дар худ таҳаққуқ мебахшанд ва ба истилоҳ, бар қадами онҳо мешаванд ва айни ҳақиқати онон мегарданд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.192-193)

Шарҳи ин фарз аст гуфтан, лек ман

Бозмегардам ба қиссай марду зан.

Агарчи шарҳи ин матлаб, зарурӣ балки воҷиб аст, яъне бояд маънии «маъийят» ва «ҳақиқати навъияи авлиё»-ро тавзеҳ диҳам, вале ман изтироран дубора дунболаи достони он марду зани аъробиро бозгӯ мекунам. (Абёти фавқ низ дар идомаи табйин ва шарҳи тафовут миёни солики мубтадӣ ва солики мунтаҳӣ аст.)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: