Перейти к содержимому

Вокуниши Сафорат Эрон ба иддаоҳои хабаргузории давлатии Тоҷикистон

Дар пайи интишори як мақола дар Хабаргузории давлатии «Ховар» ва талош барои эҷоди тафриқа байни мардуми тоҷик ва Эрон, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, дар пайи интишори мақолае дар Хабаргузории «Ховар» дар тавҳин ба шиаъён ва тафриқа байни мардуми тоҷик ва Эрон, баёнияеро мунташир кард.

Хабаргузории давлатии «Ховар» дар таърихи 20 апрели 2018 дар мусоҳиба ва ҳамчунин дар мақолае дар таърихи 2 июли 2018, таҳти унвони «Оё шиъа шудани наҳзатиён тӯҳмат аст?«, ба тарҳи мавориде дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохтааст.

Дар ҳар ду мавриди мақолот, Сафорати Эрон тайи номаҳое, ҷавобияҳои худро ба дафтари он хабаргузорӣ ирсол дошт ва интизор бар он буд, ки тибқи моддаи 18 «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти давраӣ ва соири расонаҳои ҷамъӣ», нисбат ба нашри посух иқдоми лозим ба амал ояд.

Аз ин рӯ бо таваҷҷӯҳ ба нодида гирифтани қонуни фавқуззикр ва адами дарҷи посух, ин сафорат матни охирин ҷавобияи ирсолиро мунташир кард.

Дар ин баёния омадааст:

«Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мӯътақид аст тарвиҷи ихтилофафканӣ миёни мазоҳиби исломӣ ва нафратпарокании мазҳабӣ алайҳи мазоҳиби дигар чун ташйюъ, ки садҳо милюн пайрав дар ҷаҳони ислом, аъмм аз Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Афғонистон, Ҳинд, Лубнон, Яман, Баҳрайн ва дигар кишварҳо дорад, муғойири ҳамаи мавозини байналмилалӣ ва тавҳини ошкоре ба эътиқодоти бахши муҳимме аз ҷаҳони ислом буда ва бетардид иҷрои хости душманони ислом ба вежа «Исроил» мебошад.

Мутаассифона дар ин мақола талош шуда, ки тасвире бегона ва ғайриқобили қабул аз мазҳаби ташйюъ ироа шавад, ва ин дар ҳоле аст, ки бар асоси воқеиятҳо ва ба тасреҳи мақомоти зирабти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуморе аз мусалмонони Тоҷикистон низ шиъа ҳастанд ва албатта ҳеч иртиботи хоссе бо Эрон надоранд.

Тавҳин ба шиаъён ва бегона талаққӣ кардани онҳо, зойеъ кардани ҳуқуқи шаҳрвандии ин атбоъи Тоҷикистон низ мебошад.

Нафратпарокании мазҳабӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон мавзӯи ҷадиде аст ва тарҳи он дар моҳҳои гузашта ва пас аз изҳороти тафриқаафканона ва иттиҳомоти сафири як кишвари қабилаӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифта, ки он ҳам дар Хабаргузории «Ховар» инъикос ёфт ва ҷойи басе таассуф аст.

Аз ин рӯ, аз Хабаргузории давлатии «Ховар» интизор меравад бо назардошти манофеъ ва масолеҳи Тоҷикистони азиз ва зимни таваҷҷӯҳ ба усули ҳирфаии иттилоърасонӣ, аз бознашри матолиби беарзиши нашриёт ва сойтҳои зарду беҳувият, ки ин арсаи муҳимро ба маҳалли савдо табдил намудаанд, парҳез намуда ва бо ҳушёрӣ дар қиболи дасисаҳои «Исроил» ва ходимони минтақаии он, ба дунболи тарвиҷи гуфтумони ваҳдат ва дӯстӣ миёни тамоми милали мусалмон ба вежа ҳамтаборони ҳамфарҳангу ҳамзабони худ дар минтақа бошад ва дар доми бадхоҳони миллатҳои бародар ва шарифи Эрону Тоҷикистон наяфтад.

Тардиде нест, ки миллати фаҳими Тоҷикистон, ки аз бадви истиқлол дӯстӣ ва муҳаббати эрониёнро чашида ва шоҳиди хадамоти он ба худ буда, бо ин сиёҳнамоиҳо гумроҳ нашуда ва фаромӯш намекунад, ки Эрон бо ибтикороте чун «Ҳафтаи ваҳдат», «Рӯзи ҷаҳонии Қудс», «Гуфтугӯи тамаддунҳо», «Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгароӣ» ва «Амнияти шабакаӣ дар минтақа», мунодии ваҳдати мусалмонон ва муваҳҳидони ҷаҳон буда ва бо тарди ҷангталабон ва мураввиҷони хушунат, ҷаҳониёнро ба гуфтугӯ, сулҳҷӯӣ ва ҳамкорӣ фаро хондааст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: