Инсони комил (25)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии мактаби ирфон (4)

Ҷиҳод бо нафс дар Қуръон ва ҳадис

То ин ҷо, матолиб сад дар сад дурусту бисёр амиқу дақиқ аст ва шавоҳиди қуръонӣ ва ҳадисии бисёре ин матолибро таъйид мекунад, ки агар бихоҳам онҳоро бароятон зикр кунам, хеле муфассал мешавад. Ба таври иҷмол арз мекунам, ки ҳеч шакке дар ин матлаб нест, ки инсон, гузашта аз он «худ»-и ибтидоии ҳайвонии худмеҳварӣ, ки фақат дар фикри худаш аст ва аз ҷанбаи мусбат ё манфӣ дар фикри дигарон нест, ки ин як ҳолати оддӣ аст, ҳолати озу ҳирс дорад, ки як бемории аҷиб аст ва ҳамчунин дучори бемориҳои махфӣ ва уқдаҳои руҳӣ ва равонӣ мешавад. Инҳо ҳама дар ҷои худ дуруст аст, ҳол натиҷа чист? Натиҷа ин аст, ки нафсро, он ҷо, ки ба сурати озу ҳирс дармеояд ва он ҷо, ки он майлҳо ба сурати сагҳои хуфтае дар даруни инсон махфӣ мешаванд ва он ҷо, ки нафси инсон ҳолати он афъиро пайдо мекунад, бояд аз байн бурд ва ҷиҳод бо нафс кард. Яъне бояд бо нафси «амморатун биссуъ» (фармондиҳанда ба бадӣ), ки ин таъбир ҳам аз Қуръон аст, ин нафсе, ки ба шиддат фармон ба бадӣ медиҳад, мубориза кард. Он ҳадди аввал, ки мехоҳад як луқма нон бихӯрад, фармон ба бадӣ нест. Он ғариза, табиӣ аст ва хуб ҳам ҳаст. Вале вақте ба сурати озу ҳирс ва бухлу ҳасад ва кинаву уқда ва хашму ғазаб ва амсоли инҳо дармеояд, он вақт аст, ки ин нафс “амморатун биссуъ” (фармондиҳанда ба бадӣ) мешавад. Қуръон ҳам мегӯяд, бо нафси амморатун биссуъ бояд мубориза кард:

فَأَمَّا مَن طَغَى. وَآثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا. فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَى. وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَى. فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَى

«Аммо ҳар ки туғён кард ва зиндагии пасти дунёро баргузид, пас ҷойгоҳи ӯ ҳамон оташ аст. Ва аммо касе, ки аз истодан дар баробари парвардигораш ҳаросид ва нафси худро аз ҳавас боздошт, пас ҷойгоҳи ӯ ҳамон биҳишт аст.» (Сураи Нозиъот, оятҳои 37-41)

Қуръон тасреҳ мекунад, ки бояд ҷилави нафсро гирифт ва бояд онро аз ин ки дунболи ҳавои худаш биравад, наҳй кард. Дар ҷои дигар мефармояд:

أَفَرَأَيْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلَهَهُ هَوَاهُ

«Оё дидӣ он касеро, ки маъбудаш ҳамон ҳавои нафсаш аст?» (Сураи Ҷосия, ояти 23) Дар ҷои дигар, аз забони Юсуфи Сиддиқ нақл мекунад:

وَمَا أُبَرِّئُ نَفْسِي إِنَّ النَّفْسَ لأَمَّارَةٌ بِالسُّوءِ

«Ман ҳаргиз нафси худамро табриа намекунам; чаро ки нафс қатъан ба бадӣ амр мекунад…» (Сураи Юсуф, ояти 53) Бибинед, Юсуф чӣ мегӯяд. Юсуфе, ки аз худаш мутмаин аст, дар айни ҳол мегӯяд:

إِنَّ النَّفْسَ لأَمَّارَةٌ بِالسُّوءِ

Мехоҳад бигӯяд, дастгоҳи нафси инсон он қадр печида ва печида аст, ки гоҳе мумкин аст дар он лояи даҳумаш чизе бошад, ки инсон худаш нафаҳмад, ва аз ин рӯ мегӯяд: ман ҳаргиз нафси худамро табриа намекунам, ва хислати мӯъмин ин аст, ки ҳеч гоҳ ба нафси худ аз назари шарорат накардан эътимод намекунад.

Бинобар ин, ислом ҳам ҷиҳод бо нафсро таъйид мекунад ва аслан калимаи “ҷиҳоди нафс” аз худи ислом аст. Калимаи “ҷиҳод бо нафс” он ҷо матраҳ шуд, ки гурӯҳе аз саҳоба аз ғазвае муроҷеат карданд ва ба таври дастаҷамъӣ хидмати ҳазрат (с) расиданд. Бибинед Пайғамбар чӣ қадр фурсатшинос аст ва медонад дар куҷо чӣ суханеро бигӯяд. Мардуме сарбозу ғозӣ (яъне, ҷангҷӯ) аз ҷанг баргаштаанд, Пайғамбар мехоҳад ба онҳо офарин бигӯяд, ҳамин ҷо бузургтарин дарси ахлоқро ба онҳо медиҳад, мефармояд:

مرحبا بقوم قضوا الجهاد الأصغر وبقي عليهم الجهاد الأكبر

«Офарин! Офарин бар мардуме, ки аз набарди кучак бозгаштаанд ва набарди бузург бар онҳо боқӣ мондааст.» Арз карданд:

يا رسول الله، وما الجهاد الأكبر

«Набарди бузург чист?» Фармуд:

جهاد النفس

«Муҷоҳидаи бо нафси аммора«, ки аз ҷиҳод бо инсони дигар бузургтар аст. Пас, ҷиҳод бо нафсро ҳам ислом гуфтааст. То ин ҷо матолиби мактаби ирфон дар ин бора дуруст аст.

Вале мо дар ин мактаб — ки исмашро мактаби ирфону тасаввуф мегузорем — дар марҳилаи ҷиҳод бо нафс ва мубориза бо худхоҳӣ ва худпарастӣ ва дарҳам кӯбидани “худ”, гоҳе ба ҷое мерасем, ки ислом онро таъйид намекунад. Албатта мегӯям “гоҳе”, намехоҳам бигӯям ҳатто акобир ҳам ин иштибоҳро мекардаанд, вале ин иштибоҳ дар калимоти аҳли ин мактаб зиёд аст.

Яке аз мароҳил, риёзатҳои шоққа аст. Ба ин ҷо, ки мерасад, ислом дар муқобили он меистад, мегӯяд баданат бар ту ҳақ дорад. Асҳобе аз Пайғамбар буданд, ки мехостанд худашонро дар ин риёзатҳои шоққ ворид кунанд. Пайғамбар ба шиддат бо онҳо мубориза кард. Дар айни ҳол гоҳе дида мешавад афроде тан ба риёзатҳои шоққае медиҳанд, ки ислом дар он ҳадд, ин риёзатҳоро таъйид намекунад. Ин як ишкол, ки хеле муҳим нест.

Муҷоҳидаи бо нафс ду гуна аст: гоҳе муҷоҳидаи бо нафс ба шакли риёзат аст. Яъне хеле ба тан сахтӣ медиҳанд; ғизо хеле кам мехӯранд ва хобро хеле тақлил медиҳанд. Бадани инсон ҳам ҳолате дорад, ки ҳар тавр, ки инсон онро парвариш диҳад, қабул мекунад. Мумкин аст касе дар асари муморисати зиёд, коре кунад, ки дар шабонарӯз воқеан битавонад бо чанд мағзи бодом ба сар бибарад ва ҳамаи хобаш дар шабонарӯз ба як рубъ соат тақлил пайдо кунад. Яъне ин танро дар ҳолати заҷр қарор диҳад, ки ин кор бештар дар байни ҳиндиҳо маъмул аст ва дар миёни мусалмонон камтар ёфт мешавад, чун мантиқи ислом иҷоза намедиҳад, ки ин кор роиҷ шавад.

Вале қисми дигари ҷиҳод бо нафс, муборизаи бо тан нест, мубориза бо худи нафс ва бо равон аст, яъне бар хилофи майли нафс рафтор кардан аст, ки ин ҳам то ҳадде дуруст аст. Вале дар ҳамин ҷо гоҳе чизҳое мебинем, ки бо мантиқи ислом ҷур дарнамеояд, яъне инсони комили ислом ин тавр нест. Ҳол инҳоро як-як барои шумо арз мекунам.

* * *

Равиши маломатӣ

Яке аз онҳо, равише аст, ки дар миёни баъзе аз мутасаввифон маъмул будааст, вале каму беш дар миёни ҳама асар гузоштааст, ки онро “равиши маломатӣ” ё “равиши маломатиён” меноманд. Равиши маломатӣ нуқтаи муқобили равиши риёкорӣ аст. Одами риёкор ботинаш бад аст, вале тазоҳур ба хубӣ мекунад, вале одами маломатӣ як одами хуб аст, ки барои ин ки мардум ба ӯ ақида пайдо накунанд, тазоҳур ба бадӣ мекунад, масалан шароб намехӯрад, вале тазоҳур ба шаробхорӣ мекунад, зино намекунад, вале ба гунае рафтор мекунад, ки мардум ӯро як одами фосиди зинокор бидонанд. Чаро? Мегӯяд: ман ин корро мекунам барои ин ки нафсро бикушам, барои ин ки нафс бимирад. Воқеан ҳам ин корҳо муборизаи шадиде бо нафс аст, чун нафс дилаш мехоҳад дар миёни мардум обрӯ ва виҷҳа дошта бошад ва мардум ба ӯ эътиқод дошта бошанд, вале ӯ амдан коре мекунад, ки мардум ба ӯ эътиқод надошта бошанд: дузд набуд, вале тазоҳур ба дуздӣ мекард; басо буд моли мардумро ба ҷое мебурд, ки ӯро бигиранд ва кутак бизананд, ва агар намефаҳмиданд, дубора он молро сари ҷояш мегузошт; шишаи машрубро бо худаш ҳамл мекард, дар ҳоле, ки шаробхор набуд.

Оё ин корҳо бо мантиқи ислом вифқ медиҳад? На. Ислом мегӯяд, ъирзи (обрӯ, номус) мӯъмин дар ихтиёри худаш нест. Мӯъмин ҳақ надорад коре кунад, ки шарафу эҳтирому ъирзи худро дар миёни мардум бирезад. Ислом мегӯяд: риёкорӣ накун, тазоҳур ба хубӣ накун, вале тазоҳури дурӯғин ба бадӣ ҳам накун. Ҳам он, дурӯғи амалӣ аст ва ҳам ин. На он дурӯғро бигӯ ва на ин дурӯғро.

Яке аз иллатҳои ин ки дар адабиёти ирфонӣ, маъонии баланди муқаддаси маънавиро дар либоси алфози фисқу фуҷуре баён кардаанд ва аз забони шоҳиду маъшуқу маю най сухан гуфтаанд, ин аст, ки мехостаанд ба чизе, ки худашон аҳли он набудаанд тазоҳур кунанд. Ҳатто дар Ҳофиз ҳам ин матлаб зиёд дида мешавад, гӯ ин ки худаш мегӯяд, ки ман маломатӣ нестам ва риёкор ҳам нестам:

Дило, далолати хайрат кунам ба роҳи наҷот,

Макун ба фисқ мубоҳоту зуҳд ҳам мафурӯш. (1)

Равиши маломатӣ як навъ муҷоҳидаи сӯфиёна бо нафс аст, ки ислом онро намепазирад. Албатта боз ҳам таъкид мекунам, ки ин равиш дар миёни ҳамаи мутасаввифа набудааст. Дар миёни бисёре аз мутасаввифа аз қабили Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ҳифзи одоби шариат хеле қавӣ будааст, вале дар миёни гурӯҳе ин матлаб будааст. Мегӯянд, дар миёни мутасаввифаи Хуросон, маломатиён зиёд будаанд. Ба ҳар ҳол, ислом дар ҷиҳоди бо нафс, равиши маломатиро иҷоза намедиҳад.

* * *

Тасаввуф ва иззати нафс

Гоҳе дар мактаби тасаввуф, дар ҳамин ҷиҳоди бо нафс, тан ба даноат ва пастӣ медиҳанд барои ин ки нафсро рому залил карда, аз фармон додан боздоранд. Чӣ тавр? Масалан, шахсе дар ҷое метавонад аз ҳайсияти худаш дифоъ кунад, вале дифоъ намекунад. Чизе, ки мо исмашро “иззати мӯъмин” мегузорем, дар баъзе аз мактабҳои тасаввуф маънӣ надорад.

Дар миёни бисёре аз ин макотиб дар маросиме, ки солик бояд ба шайху устоди худ хидмат кунад, он устод ба солик фармон медиҳад, ки корҳоеро, ки хеле пасту данӣ аст анҷом диҳад. Масалан, ин солик ҳатман бояд муддате саргинҳои ҳайвонотро ҷамъ кунад, канносӣ кунад ва ё корҳое бадтар аз инҳоро анҷом диҳад, барои ин ки нафсаш кушта шавад, ки ислом инҳоро иҷоза намедиҳад.

Иброҳими Адҳам, ки аз машойихи тасаввуф аст мегӯяд: (2) ман дар умрам ҳеч вақт ба андозаи се мавзеъ хушҳол нашудам:

Яке он ки: вақте мариз будам ва дар масҷиде афтода будам ва наметавонистам баланд шавам, ходими масҷид омад ва гадоҳо ва фақирҳоро, ки хобида буданд, баланд кард. Ба ман ҳам, ки расид, бо итоб гуфт: баланд шав! Ва чанд лагад бо пояш ба ман зад, ва ман ҳам наметавонистам баланд шавам. Ҳама рафтанд ва ман танҳо будам. Баъд ходим поямро гирифт ва маро мисли як лоша аз масҷид берун андохт. Хеле хушҳол шудам, чун дидам ин нафс дар ин ҷо дорад ҳисобӣ кӯбида ва залилу хор мешавад.

Мавриди дуввум ин ки: як вақт ҳамроҳи иддаи зиёде савори киштӣ будем. Далқаке дар ин киштӣ буд, ки барои саргармии аҳли киштӣ, далқакбозӣ мекард ва қисса мегуфт ва мардумро механдонд. Аз ҷумла гуфт: дар фалон ҷо ба ҷанги куффор рафта будем ва чунину чунон мекардем ва баъд як кофири касифе дар он ҷо буд ва ман рафтам ва риши ӯро гирифтам ва кашидам.

Он далқак дар маҷлис нигоҳ кард, чун одаме мехост, ки ӯро ба истилоҳ, сужаи худаш қарор диҳад, аз ман пасттар касеро пайдо накард, омад риши маро гирифт ва кашид ва мардум хандиданд. Ин ҷо ҳам хеле хушҳол шудам, чун дидам ҳисобӣ нафс дорад кӯбида мешавад.

Мавриди севвум ҳам ин ки: рӯзе дар зимистон дар ҷое будам. Аз ҷои худ берун ва дар зери офтоб омадам. Ба пӯстинам нигоҳ кардам, дидам он қадр шапуш дошт, ки нафаҳмидам пашми он зиёдтар аст ё шапуш. Ин ҳам яке аз он мақомоте буд, ки хеле хушҳол шудам.

Бале, инҳо муборизаи бо нафс аст, ҷиҳод бо нафс аст, аммо ҷиҳод бо нафсе аст, ки ислом онро иҷоза намедиҳад. Асосан, ислом ба ҳеч ваҷҳ чунин муҷоҳидаи бо нафсро, ки инсон тан ба хорӣ бидиҳад ва он далқак бихоҳад мардумро бихандонад, яъне як кори баттолӣ бикунад — ки асли кораш хилоф аст ва тавҳин кардани ӯ ба ман хилофи дигар аст — қабул надорад. Оё ӯ биёяд ришамро бо даст бигирад ва маро ин тарафу он тараф бикашад ва ман ҳеч чиз нагӯям ва таслими ӯ шавам барои ин ки ҷиҳод бо нафс аст?! Ислом мегӯяд, нафси мӯъмин, азизу мӯҳтарам аст; мӯъмин бояд аз шарофати худ дифоъ кунад. Тибқи мантиқи ислом, бар Иброҳими Адҳам воҷиб буда, ки дар он ҷо дар муқобили он далқак биистад ва бигӯяд: фузулӣ мавқуф! Дур шав!

Дигаре мегӯяд: шабе як нафар маро барои ифторӣ ба хонааш даъват кард. Вақте ба дари хонааш рафтам, роҳам надод. Як шаби дигар маро даъват кард, вале боз ҳам маро роҳ надод ва бори дигар ин матлаб такрор шуд. Охири кор гуфт: воқеан таъаҷҷуб мекунам, ман се дафъа туро даъват кардам ва ҳар се дафъа роҳат надодам, вале дар айни ҳол ҳар вақт туро даъват мекунам, боз меоӣ, аҷаб одаме ҳастӣ! Гуфтам: саг ҳам, ки ҳамин тавр аст. Сагро агар даҳ дафъа ҳам садояш кунӣ ва баъд биронӣ, дубора бармегардад.

Вале ислом иҷоза намедиҳад, ки инсон то ин ҳадд нафси худро хору таҳқир кунад ва ба он тавҳин кунад. Чаро? Рози матлаб ин ҷост:

Мо дар ислом аз як тараф ба ҷое мерасем, ки вақте сӯҳбати нафс пеш меояд, мегӯянд бояд бо ин нафс муҷоҳида ва мубориза кард ва онро миронд ва нафси амморатун биссуъ чунину чунон аст. Аз тарафи дигар, дар ислом ба ҷои дигаре мерасем, мебинем ба ҳамин андоза — ва балки беш аз ин андоза — сӯҳбат аз иззати нафс ва қуввати нафс ва каромати нафс аст; сӯҳбат аз ин аст, ки нафси мӯъмин азиз аст, нафси мӯъмин мӯҳтарам аст ва ҳатто ҳамаи ахлоқи исломӣ бар асоси таваҷҷӯҳ додани инсон ба каромат ва шарофати нафсаш аст, мегӯяд: шарофати нафси худатро лаккадор накун! Чӣ тавр мешавад, ки ислом аз як тараф мегӯяд, муҷоҳидаи бо нафс кун, ва аз тарафи дигар мегӯяд, шарофати нафси худро лаккадор накун? Магар ду нафс вуҷуд дорад, ки бояд бо як нафс муҷоҳида кард ва нафси дигарро мӯҳтарам шумурд?

Ҷавоб ин аст, ки: ду нафс ба маънои ин ки ду шахс бошад вуҷуд надорад. Як нафс вуҷуд дорад, вале як нафс аст, ки ҳам дараҷаи олӣ дорад ва ҳам дараҷаи донӣ ва паст. Нафс дар дараҷаи олии худаш шариф аст ва вақте дар дараҷаи донии худ пояшро аз гилемаш дарозтар мекунад, на ин ки бигӯем паст аст, аммо бояд ҷилави ӯро гирифт.

Ин матлаб аст, ки дар забони урафо, ба он, чунонки бояд, таваҷҷӯҳ нашудааст ва аз ин рӯ он ҷо, ки масъалаи ҷиҳод бо нафс дар калимоти онҳо матраҳ аст, зимнан ҷиҳод бо он нафси шарифа ҳам шудааст, на ин ки фақат ҷиҳод бо нафси аммора шуда бошад. Яъне ба ин матлаб, ки чунин «худ»-е дар кор аст, камтар таваҷҷӯҳ шудааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Манзури ӯ аз “ба фисқ мубоҳот кардан” ҳамонҳое ҳастанд, ки ин корҳоро мекунанд, вале шояд аз баъзе аз калимоти худи Ҳофиз ҳам бишавад ин матлабро фаҳмид.

Устод Мутаҳҳарӣ дар ҳавошии худ бар Девони Ҳофиз чанд байт аз абётеро, ки далел бар маломатӣ будани Ҳофиз гирифта шудааст, мушаххас кардаанд, монанди ин абёт:

Гар муриди роҳи ишқӣ, фикри бадномӣ макун,

Шайхи Санъон хирқа раҳни хонаи хаммор дошт.

Вақти он ширин қаландар хуш, ки дар атворм сайр

Зикри тасбеҳи малак дар ҳалқаи зуннор дошт.

Ва ё ин байт:

Он, ки ҷуз Каъба мақомаш набуд аз ёди лабат,

Бар дари майкада, дидам, ки муқим афтодаст.

(2) Нақли ман дар ин ҷо аз Ибни Абилҳадид аст. Иброҳими Адҳам, аввал шоҳзода буд, баъд фирор кард ва дар ҳоли танҳоӣ зиндагӣ кард ва машғули сулуку муҷоҳидаи бо нафс шуд.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: