Шарҳи Маснавӣ (298)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (41)

* * *

Махласи моҷарои араб ва ҷуфти ӯ (1)

* * *

Моҷарои марду занро махласе,

Бозмеҷӯяд даруни мухлисе.

Шахси боихлосу покдил поёни достони он зану мардро ҷустуҷӯ мекунад ва ҷӯёи фаҳми мақосиди он аст.

Махлас: роҳи халосӣ, хулосаи калом, поёни сухан. Мухлис: боихлос, поку беолиш.

Моҷарои марду зан афтод нақл,

Он мисоли нафси худ медону ақл.

Моҷарои марду зани аъробиро бар мисоли нафсу ақли худ қаламдод кун.

Ин зану марде, ки нафс асту хирад,

Нек боистаст баҳри неку бад.

Манзури мо аз ин зану мард, нафсу ақл аст, ки вуҷуди он ду барои афроди хубу бад лозим ва зарурӣ аст.

В-ин ду боиста дар ин хокисаро

Рӯзу шаб дар ҷангу андар моҷаро.

Вуҷуди ин ду, барои ин ҷаҳони моддӣ, лозим ва зарурӣ аст. Ва ин ду, рӯзу шаб дар ин ҷаҳон, дар ҳоли ситезу чуну чаро ҳастанд.

Хокисаро: ҷаҳони моддӣ, замин.

Зан ҳамехоҳад ҳавиҷи хонгоҳ,

Яъне оби рӯву нону хону ҷоҳ.

Зан, ки ҳамоно нафси одамӣ аст, ҳамвора дар ҷустуҷӯи эҳтиёҷоти хонагӣ аз қабили обу нону ҷоҳу мубоҳоту ифтихор аст.

Ҳавиҷ: мояҳтоҷи манзил.

Нафс ҳамчун зан пайи чорагарӣ

Гоҳ хокӣ, гоҳ ҷӯяд сарварӣ.

Нафс ҳамонанди зан, ҳамвора ҷӯёи чорагарӣ аст. Яъне, барои расидан ба мақсудаш, гоҳ худро хоксору фурӯтан мекунад, ва гоҳ ҷӯёи баландмартибагӣ мешавад.

Ақл худ з-ин фикрҳо огоҳ нест,

Дар димоғаш ҷуз ғами Аллоҳ нест.

Вале ақл, неку бадро ба гунае дигар бозмешиносад, зеро дар фикру зеҳни ӯ ба ҷуз такопӯ ба сӯи пешгоҳи илоҳӣ, ғами дигаре нест.

Нукта: Нафсу ақл барои бақои ҳаёт, лозим аст ва ҳар фарде ба он ду ниёзманд аст. Нафс ҷӯёи маъоши моддӣ аст ва ақл дунболи ниёзҳои маънавӣ. Бинобар ин, камоли матлуб, дар ҳадди эътидол миёни он дуст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.777)

Гарчи сирри қисса ин дон асту дом.

Сурати қисса шунав акнун тамом.

Агарчи рози ин қисса баёни равобити ақлу нафс аст, ки ҳамчун дона ва дом аст, ки ба якдигар марбутанд, вале акнун ту сурати зоҳирии достонро ба таври комил бишнав, зеро сурату маъно, лозиму малзуми ҳам ҳастанд.

Гар баёни маънавӣ кофӣ шудӣ,

Халқи олам ботилу ъотил будӣ.

Агар баёни маънавӣ кофӣ мешуд, яъне агар имону ирфону эътиқод танҳо барои мӯъмин шудан кифоят мекард, мардуми ҷаҳон ъотилу ботил мешуданд, яъне касе дар ҷиҳати ибодоту тоъоту аъмоли ҳасана намекӯшид. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1002) Ба ҳар ҳол, ҳам сурат лозим аст ва ҳам маъно.

Гар муҳаббат фикрату маънистӣ,

Сурати рӯза-в намозат нестӣ.

Масалан, агар муҳаббати Худо фақат иборат буд аз фикру маъно, дигар намозу рӯзаи ту сурат пайдо намекард ва лозим намешуд, ки ба ибодати зоҳирӣ таваҷҷӯҳ кунӣ.

Нукта: Мавлоно, бо ин ки маъноро ҳамеша асл медонад, вале шаклу қолабро низ лозим мешумурад. Ба ҳамин лиҳоз, дар асолат бахшидан ба маъно, суратро ҳаргиз қурбонӣ намекунад. Дар китоби шарифи «Фиҳӣ мо фиҳӣ«, дар зарурати сурату шакли зоҳирии намоз мегӯяд: «Донаи қайсӣ (навъе зардолуи хуштаъму дурушт)-ро агар мағзашро танҳо бикорӣ, чизе нарӯяд. Чун бо пӯст ба ҳам бикорӣ, бирӯяд. Пас, донистем, ки сурат низ дар кор аст ва намоз низ дар ботин аст:

لا صلوة الاّ بحضور القلب

(«Намози бидуни ҳузури қалб, намоз нест»), аммо лобуд аст, ки ба сурат орӣ ва рукӯъу суҷуд кунӣ. Ба зоҳир, онгаҳ баҳраманд шавӣ ва ба мақсуд расӣ.» (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.143)

Ҳадяҳои дӯстон бо ҳамдигар

Нест андар дӯстӣ илло сувар.

Масалан, ҳадяҳо ва армуғонҳое, ки дӯстон ба якдигар медиҳанд, пояи дӯстӣ нест, балки он пешкашҳо ҷанбаи зоҳирӣ ва сурӣ доранд, вале бар дӯстиҳои дарунӣ далолат дорад.

То гувоҳӣ дода бошад ҳадяҳо

Бар муҳаббатҳои музмар дар хафо.

То ин ки он армуғонҳои зоҳирӣ гувоҳӣ диҳад бар меҳрубониҳои нуҳуфта дар даруни одамиён.

Музмар: пӯшида ва пинҳон. Хафо: пинҳонӣ ва пӯшидагӣ.

З-он ки эҳсонҳои зоҳир шоҳиданд

Бар муҳаббатҳои сирр, эй арҷманд!

Зеро, ки эй марди бузургвор, эҳсонҳо ва некӯкориҳои зоҳирӣ далел бар муҳаббатҳои дарунӣ аст.

Нукта: Дар ин ҷо Мавлоно натиҷа мегирад, ки таколифи шаръӣ (мисли намозу рӯзаву ҳаҷҷу закоту ғайра…) аз он рӯ фарз шуда, то адои таклиф далолат кунад бар сиҳҳати ақида; зеро ҳар амале нишондиҳандаи нияту андеша аст. Чунонки вақте мардум нисбат ба ҳам муҳаббат мекунанд ва ҳадя медиҳанд, нишондиҳандаи навъе инфиъоли дарунӣ аст, ки дар онон нисбат ба якдигар падид омадааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.778)

Шоҳидат гаҳ рост бошад, гаҳ дурӯғ,

Маст гоҳе аз маю гоҳе зи дӯғ.

Гувоҳи ту гоҳе рост дармеояд ва гоҳе дурӯғ, яъне аъмоли зоҳират гоҳе холис аст, ва гоҳ риёву дурӯғин. Чунонки мумкин аст фарде бар асари нӯшидани дӯғ маст шавад, яъне тазоҳур ба мастӣ кунад. Вале агар аз бодаи ҳақиқӣ нӯшида бошад, дар мастии худ содиқ аст.

Нукта: Хӯрдани дӯғ, дар одамӣ эҷоди сустӣ мекунад, шароб низ ҳолати саргиҷагӣ ва мастӣ меоварад, вале, ин куҷову он куҷо!

Дӯғ хӯрда мастие пайдо кунад,

Ҳоюҳую саргарониҳо кунад.

Масалан, касе, ки аҳли тазоҳур бошад, дӯғ ҳам, ки бинӯшад, худро ба мастӣ мезанад ва ҳоюҳую доду фарёд роҳ меандозад ва монанди мастони воқеӣ тазоҳур ба мастӣ мекунад, дар ҳоле ки заррае аз мастӣ дар ӯ нест.

Саргаронӣ: мастӣ.

Он муроъӣ дар сиёму дар салост,

То гумон ояд, ки ӯ масти валост.

Мисоли дигар: он риёкоре, ки мудом худро дар ҳоли намозу рӯза нишон медиҳад, ин риёро барои ин анҷом медиҳад, то дигаронро ба ин гумон афканад, ки ӯ масти бодаи муҳаббату дӯстии илоҳӣ аст.

Муроъӣ: риёкор.

Ҳосил афъоли бурунӣ дигар аст,

То нишон бошад, бар он чӣ музмар аст.

Хулосаи калом, афъоли берунӣ ва зоҳирӣ, навъи дигар аст, яъне ин аъмол ғайр аз аҳволи дарунӣ аст. Афъоли зоҳирӣ барои ин вазъ шуда, ки бар аҳволи дарун далолат кунад, вале гоҳ нишонаҳои зоҳир, дар далолат бар ботин, содиқу рост намеоянд. Аз ин рӯ, Мавлоно дар абёти баъдӣ, аз даргоҳи илоҳӣ мехоҳад, ки бинише ато фармояд, ки битавон нишонаҳои ростро аз норост бозшинохт. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.779)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: