Перейти к содержимому

Ҳимояти Маҷлиси сенои Ирланд аз манъи фурӯши маҳсулоти «исроилӣ»

Маҷлиси сенои Ирланд аз қонуни мамнӯияти воридоти маҳсулоти тавлидшуда аз сӯи давлати ишғолгари «Исроил» ва фурӯши онҳо дар саросари ҷаҳон ҳимоят кард.

Маҷлиси сенои Ирланд рӯзи чаҳоршанбе (11.07.2018) ҳимояти худро аз қонуне эълом кард, ки ба мӯҷиби он, воридоти колоҳо ва хадамоти тавлидшуда аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва ҳамчунин фурӯши онҳо дар саросари ҷаҳон мамнӯъ хоҳад буд.

Ба гузориши Алҷазира, ин мамнӯияти эъмолшуда тавассути Ирланд, шомили колоҳои тавлидӣ дар шаҳракҳои саҳюнистнишин низ шуда ва мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ, ин маҳсулот, ғайриқонунӣ шумурда хоҳад шуд.

Ин тарҳ, ки дар Маҷлиси сено бо 25 раъйи мувофиқ дар муқобили 20 раъйи мухолиф ба тасвиб расид, тавассути як сенотури мустақил пешниҳод шуда буд.

Барои табдил шудан ба қонун, лозим аст, ки тарҳи мазкур ба тасвиби Маҷлиси намояндагони Ирланд (порлумон) бирасад.

Қонуни ҷадид, ки тиҷорати колоҳои тавлидшуда дар сарзаминҳои ишғолиро ҷурм ба ҳисоб меоварад, мавриди ҳимояти ҳамаи аҳзоби сиёсии Ирланд, ба ҷуз ҳизби ҳоким, қарор гирифтааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: