Перейти к содержимому

Режими саудӣ яке дигар аз руҳониҳои боризи ин кишварро боздошт ва зиндонӣ кард

Режими саудӣ дар идомаи саркӯб дар ин кишвар, яке дигар аз уламои мунтақидро ҳамроҳ бо се писараш боздошт ва равонаи зиндон кард.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, режими саудӣ рӯзи панҷшанбе Шайх Сафар Алҳаволӣ, яке аз уламои ин кишварро ҳамроҳ бо се писараш дастгир кард.

Бар асоси ин гузориш, сафҳаи «Муътақлир-раъй» (Зиндониёни сиёсӣ) дар Твиттер бо эъломи ин хабар навишт, ки дастгирии Шайх Алҳаволӣ чанд рӯз баъд аз интишори китоби «Мусалмонон ва тамаддуни ғарбӣ«, ки тавассути вай таълиф шудааст, сурат гирифт.

Шайх Алҳаволӣ дар ин китоб аз режими саудӣ ва хонадони ҳокими Оли Сауд ва Муҳаммад бен Зоид, валиаҳди Абӯзабӣ интиқод кардааст.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои режими саудӣ ба манзили Шайх Алҳаволӣ юриш бурда ва ӯро ҳамроҳ бо се писараш дастгир ва зимни эҷоди руъбу ваҳшат дар байни сокинони ин манзил, телефонҳои ҳамроҳ ва таҷҳизоти электруникии мавҷудро мусодира карданд.

Шайх Алҳаволӣ дар ин китоби 3000-сафҳаии худ, навиштааст, ки хонадони ҳоким дар Арабистон пулҳои ин кишварро барои пружаҳое, ки аслан вуҷуд надорад, харҷ мекунанд.

Вай ҳамчунин дар ин китоб аз наздикии Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, ба режими саҳюнистӣ интиқод ва ин наздикиро хиёнат тавсиф кардааст.

Гуфтанист, баъд аз интисоби Муҳаммад бен Салмон ба симати валиаҳди Арабистон, даҳҳо нафар аз туҷҷор, руҳониюн, шоҳзодагон, фаъолони ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон ва уламои ин кишвар дастгир ва равонаи зиндон шудаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: