Магар дар Дортмунд чӣ хабар аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Он чи қарор аст фардо (рӯзи якшанбе, 15 июл) дар Дортмунди Олмон шоҳидаш бошем, ҳамоише аст, ки ҲНИТ ба муносибати солгарди имзои созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон баргузор мекунад; дуруст мисли нишасте, ки соли қабл ба ҳамин муносибат баргузор карда буд. Тамоми достон ҳамин аст. На аз таъсиси эътилофе дар он рӯнамоӣ хоҳад шуд ва на ИНОТ-2.

Аммо аҷиб он, ки як ҳафта аст мошини таблиғотии ҳукумат ин шойеъаро дар расонаҳои мухталифи вобаста ба худ дар ҳоли парокандан аст, ки гӯӣ ҲНИТ ва чанд гурӯҳи мухолиф, дар ин ҳамоиш, дар садади таъсис ва эълони як эътилофи бузург (ИНОТ-2) ҳастанд, ки ахираш, дар Хабаргузории «Ховар» таҳти унвони «Иттиҳоди наҳзатиҳо бар зидди Тоҷикистон равона шудааст» интишор ёфта.

Албатта, таъсиси эътилофи бузурги мухолифон, дар барномаи кори опозисиюн дар оянда ҳаст, дар ин ҳеч шакке нест (ва дар поёни ин ёддошт низ яке ҷумла дар ин хусус мегӯям), аммо феълан ҳеч тараф — на ҲНИТ, на Анҷумани Озодандешони Тоҷик, на Гурӯҳи 24, на Ҷунбиши ислоҳот, на Ҷунбиши муҳоҷирон ва на ҳеч як аз гурӯҳҳои мухолиф – ин авохир изҳор надоштаанд, ки қарор аст ин эътилоф дар Дортмунд, яъне дар ҳамоиши фардо, таъсис ва эълон хоҳад шуд.

Ба назарам, ин шойеъапароканӣ худаш навъе бозӣ ва найранг аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ аст. Яъне, як чизеро аз пеши худаш мебофад ва он гоҳ онро ба мухолифон нисбат медиҳад ва сипас «ҳушдор» медиҳад, ки набояд касе ба ин эътилоф бипайвандад ва баъд, ки ҳеч иттифоқе науфтод, ҷору ҷанҷол роҳ хоҳад андохт, ки бибинед, гурӯҳҳои мухолиф бо ҳам ҳамоҳанг нестанд ва эътилофе сурат нагирифт!, то ба гумони худаш, базри ноумедӣ дар дилҳо бикорад.

Бибинед, дар ҳамин гузориши ахири «Ховар» чӣ менависад:

«Наҳзатиҳо кӯшиш доранд, ки созмонҳои дигари ифротӣ, мисли «Гурӯҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик», ҳамчунин ташкилоти Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро низ ба ҳайати иттиҳодашон шомил созанд. Вале чунин нахоҳад шуд, зеро ҳар кадоми ин созмонҳои ифротӣ, ки мақсадҳои ғаразнок доранду ҷоҳталабу худхоҳанд, мутеъ ва дастнигари наҳзатиҳо будан намехоҳанд. Ин дафъа ягон муҳоҷири тоҷик ва умуман ягон одами солимақл ба наҳзатиҳо бовар нахоҳад кард ва ба иттиҳоди зиддимиллию ифротии онҳо, ки вобастаи неруҳои бадхоҳи хориҷист ва танҳо ба харобкорию сӯзандагӣ қодир мебошад, ҳамроҳ нахоҳад шуд…»

Яъне, ҳанӯз ҳеч иттифоқе рух надода, аммо бо қотеияти тамом навиштааст: «Вале чунин нахоҳад шуд«! Хуб, чаро? Натиҷаро аз ҳамин ҳоло эълом кардааст: «Зеро ҳар кадоми ин созмонҳои ифротӣ мутеъ ва дастнигари наҳзатиҳо будан намехоҳанд«.

Ин, дақиқан ҳамон ҷору ҷанҷоле аст, ки мехоҳанд пас аз баргузории ҳамоиш роҳ биандозанд, аммо ҳоло нохоста рӯи коғаз овардаанд.

Ин тарфанд ҷавоб нахоҳад дод.

* * *

Ҳоло иҷоза бидиҳед, яке ду ҷумла дар бораи асли таъсиси эътилоф бигӯям. Эътилоф чизе нест, ки бо аҷала ва бидуни барномарезии дақиқ роҳандозӣ ва якшаба эълом шавад. Ҳаргиз! Гурӯҳҳо ва афроди мухолиф — аъамм аз ҲНИТ, Анҷуман, ду ҷунбиш ва ғайра – наздик ба як сол аст, ки рӯи таъсиси ин эътилоф кор мекунанд, ду бор ҷаласаи бузург ташкил ва дар ин мавзӯъ табодули назар сурат гирифт, ва аз ҳар гурӯҳе намояндагоне таъйин шудаанд, ки рӯи барнома ва кайфият ва фаъолияти он кор мекунанд.

Феълан, ин ройзаниҳо идома доранд; ҳам миёни худи ин гурӯҳҳо, ва ҳам бо афроде дар дохили кишвар. Ва ҳангоме ки ҳама чиз ба истилоҳ, пухт ва дақиқ шуд, он вақт ин эътилоф расман эъломи мавҷудият хоҳад кард ва тибқи як тарҳу барномаи дақиқ ба фаъолияти худ шурӯъ хоҳад намуд.

Бинобар ин, аз ҳукуматиҳо хоста мешавад, лутфан аз ин бозиҳо накунанд! Ҷавоб нахоҳад дод.

Реклама


Рубрики:Дидгоҳ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: