Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (299)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (42)

* * *

Махласи моҷарои араб ва ҷуфти ӯ (2)

* * *

Ё Раб, ин тамйиз деҳ моро ба хост,

То шиносем он нишони каж зи рост.

Парвардигоро! Ба мо чунон қувваи ташхисе арзонӣ дор, ки битавонем кажиро аз ростӣ бозшиносем.

Нукта: Дар ин чанд байт, Мавлоно ба як ишколу эроди муқаддар посух додааст, зеро мумкин аст касе бигӯяд: ҳамеша сурату зоҳир наметавонад далел бар нияти поку андешаи рост бошад ва эй басо риёкорону дурӯён низ сурати аъмолу зоҳири тоъоту ибодотро анҷом медиҳанд, дар ҳоле, ки матруди даргоҳи ҳазрати Ҳақ Таъоло ҳастанд. Аз ин рӯ, Мавлоно ин мушкилро матраҳ мекунад ва аз Худо мехоҳад, ки дар ин маворид чунон шинохте ба одамиён бахшад, ки покдилро аз риёкор бозшиносанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.779-780)

Мазмуни байти фавқ ишора дорад ба ҳадиси:

اللهم أرنا الأشياء كما هي

«Худовандо! Ашёро он гуна ки ҳаст, ба мо бинумо!«

Ҳиссро тамйиз донӣ, чун шавад?

Он ки ҳис «янзур бинуриллаҳ» бувад.

Аз он ҷо, ки ҳамеша алоими зоҳирӣ ва нишонаҳои хориҷӣ, дар нишон додан бар мадлул содиқу рост нестанд, медонӣ бояд чӣ кард? Ба сухани дигар, агар ҳавосси одамӣ натавонад ин умурро ташхис диҳад, чора чист? Чунончи ҳавосси одамӣ бо нури маърифати Худованд равшанӣ ёбад, мусалламан шинохту маърифате комил ҳосил мешавад.

Нукта: Эҳсосу зеҳни одамӣ маъмулан ба авҳому ағрозу хаёлоти воҳӣ олудааст, аз ин рӯ наметавонад кизбу норостиро аз сидқу ростӣ бозшиносад ва бад-ин ҷиҳат ҳамвора дар жарфои чоҳи пешдовариҳои нораво маҳбус аст, магар вақте ки сина аз ғубори кина бизудояд, ва он гоҳ метавонад ба бузургтарин розҳои ҳақиқат бирасад. (Ҳамон манбаъ, с.780)

Зимнан, дар мисроъи дуввум ишорат аст ба ҳадиси:

اتقوا فراسة المؤمن فإنه ينظر بنور الله

«Битарсед аз зиракии мӯъмин, ки ӯ бо нури Худо мебинад.» Яъне ӯ равшанбин аст ва бо назари ботинӣ ба ҳама чиз менигарад. (Машориқуд-дарорӣ, с.550)

В-ар асар набвад, сабаб ҳам музҳир аст,

Ҳамчу хеше, к-аз маҳаббат мухбир аст.

Агар асар дар миён набошад, аз сабаб (муассир) низ метавон ба чизе огоҳ шуд; чунонки масалан аз робитаи хешовандии ду ё чанд нафар, метавон ба робитаи отифӣ ва дӯстонаи онон пай бурд.

Музҳир: зоҳиркунанда. Мухбир: хабардиҳанда.

Нукта: Манзури байт ин аст, ки: тоъоту ибодот асари ишқи банда ба ҳазрати Ҳақ аст, ва маърифати банда ба Ҳақ сабаби ишқи ӯ ба Ҳақ аст. Пас, ҳар маърифати бештар, ишқи бештар меангезад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.780)

Чунки нуруллоҳ дарояд дар машом

Мар асарро ё сабабҳоро ғулом.

Ҳамин ки нури маърифати илоҳӣ дар машомми ҷон ворид шавад, инсон барои шинохти умур дигар ба асару сабаб ниёзе надорад.

Машом: қувваи шомма ва бӯкунанда.

Нукта: Истидлол аз асар ба муассир ва аз сабаб ба мусаббиб, тариқи ақли ҷузъӣ аст ва аҳли кашф аз муассир ба асар раванд ва аз мусаббиб ба сабаб. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.195) Бинобар ин, бо вуҷуди нури илоҳӣ, ниёзе ба илалу асбобу эҳтиҷоҷоти ақлӣ ва ҷадалӣ нест.

Ё маҳаббат дар дарун шӯъла занад,

Зафт гардад в-аз асар фориғ кунад.

Ё ин ки дар дарунаш шӯълаи муҳаббати илоҳӣ забона кашад ва тадриҷан бузург гардад ва нерӯ бигирад ва он шахсро аз асар бениёзу фориғ кунад.

Зафт: дурушт.

Нукта: Роҳи дигари тамйизу ташхиси ҳақ аз ботил, оташи ишқ аст, ки бар дилҳо меафтад ва риштаҳои илалу асбоб ва занҷираи илалу маълулҳоро аз ҳам мегсалад ва одамиро аз истидлолу эҳтиҷоҷ фориғу осуда мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.781)

Никелсун бо он ки дар нусхаи худ «бо муҳаббат» оварда, вале «ё муҳаббат»-ро мустанадтар мешумурад. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.375)

Ҳоҷаташ набвад пайи эъломи меҳр,

Чун маҳаббат нури худ зад бар сипеҳр.

Ӯ дигар ниёзе надорад, ки нуру муҳаббати хешро эълом кунад, зеро ишқи илоҳӣ партави худро бар афлоку сипеҳри гардун густардааст.

Ҳаст тафсилот то гардад тамом,

Ин сухан лекин биҷӯ ту, вассалом.

Дар ин бора тафсилоте лозим аст, то ин сухан ба камолу тамом расад, вале ин тафсилотро ту бояд аз аҳлаш бихоҳӣ, вассалом!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: