Перейти к содержимому

Ҷузъиёти ҳамоиши Дортмунд аз забони раиси ситоди баргузории ин ҳамоиш

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сулҳи Тоҷикистон яке аз масоили муҳимми маҳофили сиёсӣ ва расонаии ин рӯзҳои ин кишвар ба ҳисоб меояд. Чанде пеш маросими 21-умин солгарди имзои паймони сулҳ дар Душанбе баргузор шуд. Бо гузашти чанд рӯз аз ин рӯйдодҳои дохили Тоҷикистон, гурӯҳҳое аз мухолифин низ ба раҳбарии ҲНИТ дар садади баргузории маросими бузургдошти 21-умин солгарди имзои созишномаи сулҳ ҳастанд. Ба ҳамин баҳона, ин хабаргузорӣ гуфтугӯе бо Муҳаммадсаъид Ризоӣ, узви Шӯроии олии ҲНИТ ва раиси ситоди баргузории ин ҳамоиш тартиб дода, ки дар идома мехонед:

Тасним: Ангезаҳои ҲНИТ аз баргузории чунин ҳамоише чист? Оё ин сирфан марбут ба солҳои ҳиҷрат (мамнӯияти фаъолият ва хуруҷ аз Тоҷикистон) аст ё дар солҳои пеш аз 2015 ҳам собиқаи баргузории он вуҷуд дошта?

Ризоӣ: Ҳамон тавр, ки шумо ва дигар касоне, ки пайгири масоили Тоҷикистон ҳастанд иттилоъ доранд, рӯзи имзои созишномаи ниҳоии сулҳ, ки Рӯзи ваҳдат низ номида мешавад, раванди бисёр муҳимме дар таърихи баъд аз истиқлоли тоҷикон аст. Истиқлоли Тоҷикистон дар он замон бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ буд. Ба маҳзи фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва бо эъломи истиқлоли Тоҷикистон, иддае аз мақомоти собиқи кумунист бо ин раванд мухолифат карданд ва мушкилоти бисёреро ба вуҷуд оварданд, ки ҳамакнун низ бархе аз онҳо ҷузъи мақомоти феълии кишвар ҳастанд. Хуб, ҷанги дохилӣ эҷод шуд ва ниҳоятан бо саъю талошҳои зиёди опозисиюн ва дигар кишварҳое, ки миёнҷӣ шуданд, созишномаи сулҳ билохира дар 27 июн дар Маскав ба имзо расид ва он рӯз, рӯзи миллӣ эълом шуд.

ҲНИТ ҳам, ки дар он замон ҷузъи Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюн (ИНОТ) буд, яке аз тарафҳои муҳимми саҳим дар ин раванд ба ҳисоб меомад. Аз ин рӯ, барои ҲНИТ ин зарурӣ ва лозим аст, ки ҳар сол аз ин бурҳаи таърихии Тоҷикистон, ки воқеан барои ҳамаи гурӯҳҳо чӣ дар истиқрори сулҳ ва амният ва чӣ дар рушду тараққии иқтисодӣ манфиат дошт, ёд кунад. Аммо ин мавзӯъ имрӯз, ки мебинем тақрибан тамоми бандҳои созишномаи сулҳ аз сӯи давлати Тоҷикистон зери по гузошта шудааст, ин аҳаммият музоъаф аст.

Тасним: Чӣ афрод ва гурӯҳҳое барои ин ҳамоиш даъват шудаанд?

Ризоӣ: Дар ин нишаст ва ҳамоише, ки дар шаҳри Дортмунди кишвари Олмон баргузор мешавад, тамоми тоҷикони бурунмарзӣ даъват шуданд. Аз ҷумла мутахассисон, адибон, ҳуқуқдонҳо ва гурӯҳҳо ва ташкилоти мухталифе, ки хориҷ аз кишвар ҳастанд. Ҳамчунин чеҳраҳои сиёсии мустақил ва коршиносон аз дохилу хориҷи Тоҷикистон, ки ба равандҳои сулҳ алоқаманд ҳастанд. Илова бар ин, мо аъзои собиқи Комиссияи оштии миллиро, ки дар ба имзо расидани созишномаи сулҳ саҳми зиёде доштандро низ барои ин ҳамоиш даъват кардаем. Хабарнигорон ва рӯзноманигорони тоҷик ва ғайритоҷик низ дар ин маросим ҳузур хоҳанд дошт.

Тасним: Кадом гурӯҳҳо то алъон эълом кардаанд, ки дар ин ҳамоиш ширкат мекунанд? Пеш аз ин дар расона матраҳ шуда буд, ки бархе ҷиноҳҳои сиёсӣ ҳамчун Гурӯҳи 24 дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳанд кард.

Ризоӣ: Ҳамон тавр, ки гуфта шуд, ин ҳамоиши тоҷикистониҳои бурунмарзӣ аст ва дар ростои ояндаи равшан ва пешрафти кишвар баргузор мешавад. Бинобар ин, сарфи назар аз мавозеъи мухталиф ва дидгоҳҳои мутафовити сиёсӣ ва ҳатто мазҳабӣ, ҳамаи тоҷиконе, ки хориҷ аз кишвар ҳастанд, дар ин нишаст даъват шуданд. Ҳоло дар миёни онҳо Гурӯҳи 24, ки аз ҷумлаи мухолифини феълӣ аст низ даъват шудаанд ва албатта аз забони сухангӯи ин гурӯҳи сиёсӣ эълом шуд, ки онҳо дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳанд кард. Аммо дигар гурӯҳҳо аз қабили Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷунбиши муҳоҷирин, ки вобаста ба муҳоҷирин ва паноҳандагоне аст, ки дар кишвари Литва қарор дорад ва бисёре аз шахсиятҳои сиёсии мустақил ва хабарнигорон омодагии худро барои ширкат дар ин ҳамоиш эълом кардаанд.

Тасним: Иллати адами ширкати гурӯҳҳо ва аҳзобе ҳамчун Гурӯҳи 24 дар ин ҳамоиш чист? Шароиташро надоранд ё ба далели ихтилофоти сиёсӣ ширкат намекунанд?

Ризоӣ: Воқеият он аст, ки мо вақти онро надоштаем, то перомуни ин мавзӯъ баҳс кунем. Чанде қабл ҳам аз тариқи яке аз шабакаҳои расонаӣ, Гурӯҳи 24 ба иллати бархе ихтилофи назарҳое, ки бо ҲНИТ дорад, мавзеъи худро дар ин замина эълом карда буд. Ҳол танҳо ин иллатро гуфтаанд, ки пеш аз ин низ мавзеъашонро дар адами ҳамкорӣ бо ҲНИТ баён кардаанд ва адами ширкат дар ин ҳамоиш ҳам дар ҳамин росто аст.

Мо ҳам дигар зиёд пайгири иллати асосии ин мавзӯъ нашудем. Ба ҳар ҳол, мо аз ҳамаи гурӯҳҳои тоҷик даъват ва барои онҳо минбари озод муҳайё кардаем. Чаро ки эҳсос мекунем, ниёз аст ҳама перомуни ин раванди муҳимми таърихӣ, чолишҳои имрӯзи Тоҷикистон ва пешрафти кишвар озодона гуфтугӯ кунанд.

Тасним: Ғайр аз тоҷикҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун СММ, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲА) ва ё сафирон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ ҳам даъват шуда? Оё дар ҳамоиш ширкат мекунанд?

Ризоӣ: Бале, барои бархе шахсиятҳо аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз ҷумла СММ ва ташкилоти вобаста ба ҳуқуқи башар дар минтақа (Урупо) даъватнома ирсол шудааст. Аз бархе кишварҳо низ даъват ба амал омада. Мо муддатеро таъйин кардаем, то ин афрод ба даъватномаҳо посух бидиҳанд барои ширкат ё адами ширкат. То кунун ҳам теъдоди зиёде хабар додаанд, ки дар ин ҳамоиш ҳузур хоҳанд ёфт. Иддае дигар ҳам ба иллати ин ки даъватнома бо таъхир ирсол шуд, дархост доштанд, то ба сурати онлойн (аз тариқи видео конфронс) агар имконпазир бошад, фикр ва андешаҳои худро баён кунанд.

Тасним: Пеш аз ин, ҳассосияти шадиди давлати Тоҷикистонро дар ин гуна ҳамоишҳо дидаем. Ба унвони мисол, ҳатто барои ҳузури раҳбари ҲНИТ дар конфронсе дар Эрон, ки иртиботе ҳам бо масоили Тоҷикистон надошт, эътироз ва фишори шадиди давлат ва мақомоти давлатии тоҷикро дидаем. Дар бораи ин ҳамоиш мавзеъи давлат чӣ буда? Оё фишоре ба ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш, ба хусус кишварҳои хориҷии мизбони ин ҳамоиш ҳамчун Олмон, ворид нашудааст?

Ризоӣ: Бале, дар нишасте, ки соли қабл баргузор шуда буд, сухангӯи Маркази таҳқиқоти стратегии риёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, расман ва аланан мухолифати худро бо ин ҳамоиш эълом карда буд. Ҳоло ҳам на ба сурати мустақим, аммо ба воситаи он нигаронӣ ва мухолифати худро тавассути баъзе тарафҳо баён кардаанд. Мо ҳам, ки чанд моҳ пеш аз тасмимамон барои баргузории ин ҳамоиш дар яке аз кишварҳои Шӯравии собиқ, дар Урупои шарқиро эълом карда будем, дидем, ки аз самти давлат дархост шуда буд, ки ин кишварҳо иҷозаи баргузории чунин ҳамоишеро надиҳанд ва гуфта буданд, ки ин амр барои ҳусни таомулоти дутарафа хуб нест. Бале, чунин фишорҳое будааст. Аммо баъид медонам мушобеҳи масъалаи Эрон бошад.

Тасним: Оё аз Эрон ҳам меҳмононе даъват шудаанд барои ин ҳамоиш?

Ризоӣ: Воқеият он аст, ки ман раиси ситоди баргузории ҳамоиш ҳастам, аммо масъули даъват бахши дигаре аст. Аммо иттилоъ доред, ки аз шахсиятҳо ва чеҳраҳои сиёсии мо ба ҷуз бархе паноҳандагоне, ки дар Эрон ҳастанд, дигар касе ҳузур надорад ва бештари онҳо дар Урупо ҳузур доранд. Аммо барои бархе аз онҳое, ки дар Эрон ҳастанд фикр мекунам даъватномае ирсол шуда. Аммо ин ки дақиқан чӣ тоҷикон ва чеҳраҳои эронӣ даъват шудаандро алъон наметавонам ба шумо бигӯям.

Тасним: Яке аз масоиле, ки дар расонаҳо матраҳ мешавад, роҳандозии Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюни (ИНОТ-2) дар ин ҳамоиш аст. Оё ин масъала сиҳҳат дорад ва ҳадафи ҲНИТ чунин масъалае аст?

Ризоӣ: Мо дар ҳошияҳои ин ҳамоиш мизи гирдҳои тахассусӣ дар мавзӯъҳои мухталиф дорем, ки метавонад шомили ин мавзӯъ ҳам шавад. Аммо ба сурати куллӣ дар бораи шаклгирии чунин иттиҳоде, бояд ёдамон бошад, ки дар тазоҳурот ва эътирозоти даҳаи 1990 танҳо ҲНИТ дар гурӯҳи мухолифин набуд. Гурӯҳҳои дигаре ҳамчун Ҳизби демократ, Ҷунбиши Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайра ҳам ҳузур доштанд. Аммо алъон мебинем, ки мутаассифона ҳамаи ҳаҷмаҳо ва тӯҳматҳои давлат ба сӯи ҲНИТ аст ва мехоҳанд наҳзатро ба унвони як ҳизби теруристӣ ва ифротӣ муаррифӣ кунанд. Албатта то кунун муваффақ нашудаанд ва пас аз он низ нахоҳанд шуд. Ба ҳар ҳол имрӯз низ бисёре аз гурӯҳҳои мухолиф ҳамчун ҲНИТ, ки нигарони ояндаи Тоҷикистон ҳастанд, аз аъмоли хилофе, ки сурат мегирад нороҳат буда ва ба он эътироз доранд. Тамоми гурӯҳҳое, ки дар ин ҳамоиш ширкат мекунанд, чунин ҳадаф ва дидгоҳи муштараке барои пешрафт ва барои ояндаи Тоҷикистон доранд. Аз ин рӯ, дар ин нишаст ҳам агар чунин иттиҳоде шакл нагирад, дар нишастҳои баъдӣ ё дигар ҳамоишҳо метавонем шоҳиди ин мавзӯъ бошем, ки баъид нест.

Тасним: Дар интиҳо агар нуктае доред бифармоед.

Ризоӣ: Ба ҳар ҳол, ҳамон тавр, ки пеш аз ин гуфта шуд, ҲНИТ худро бахше аз ин ҳаракат ва иқдоми бузург (сулҳи Тоҷикистон) медонад ва комилан мухолифи мусодира ва суистифода аз он тавассути як тараф ва балки як шахс аст. Бинобар ин, ҲНИТ аз ҳар гурӯҳ ва шахсе, ки дар ин кор саҳме доштааст қадрдонӣ мекунад.

Нуктаи дуввум ҳам дар мавриди иддаоҳои тарафи муқобил барои ифротӣ ва теруристӣ эълом кардани ҲНИТ аст. Ба ҳар ҳол, ҳама дидаанд, ки давлати Тоҷикистон ҳеч мадрак ва мустанаде дар ин бора на ба мардуми Тоҷикистон ва на ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа накардааст. Аз ин рӯ, ба фикри он афтода то дигар гурӯҳҳоро аз ҲНИТ дур кунад ва монеъи шакл гирифтани як иҷмоъ миёни мухолифин шавад. Лекин, мебинем, ки зарфиятҳои ҲНИТ пас аз он ҳама фишору сахтӣ ҳанӯз мавҷуд аст ва ин кор дорад пеш меравад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: