Перейти к содержимому

Инсони комил (26)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии мактаби ирфон (5)

«Ман»-и воқеии инсон

Нуктае дар ин ҷо ҳаст, ки дар фалсафаи ҷадид ҳам ба сурати дигаре матраҳ аст, ва он ин ки: “ман”-и воқеии инсон кист ва чист? Фалосифа назари хоссе доранд. Назарашон ин аст, ки “ман”-и ҳар кас ҳамон равону руҳи ӯст; ҳамон аст, ки инсон онро ташхис медиҳад. “Ман”-ро, ки инсон эҳсос мекунад, яъне ҳамон руҳи ӯ. Вақте ба инсон мегӯянд, “ман” кист?, мегӯяд “ман” яъне руҳам.

Равоншиносии имрӯз лоақал ба ин ҳадд аз матлаб расидааст, ки миқдоре аз худатро, ки ту эҳсос мекунӣ, як қисмат аз “ман”-и туст. Қисмати бештар аз “ман”-и ту, “ман”-и ноогоҳи туст, ки ту худат аз вуҷуди ӯ огоҳ нестӣ, яъне дар шуъури зоҳири ту вуҷуд надорад. Урафо дар ин ҷо эъҷоз кардаанд ва чанд дараҷа аз равонковҳои имрӯз ҳам дақиқтар рафтаанд ва сареҳан бо фалосифа мухолифат карда, гуфтаанд: фалосифа иштибоҳ кардаанд, ки гуфтаанд: “ман”-и инсон ҳамон руҳи инсон аст; “ман” хеле дақиқтар ва амиқтар аст аз он чи ки фалосифа онро руҳи инсон медонанд. Ба қавли Шабистарӣ:

Ману ту бартар аз ҷону тан омад,

Ки ҷону тан зи аҷзои ман омад.

Албатта, онҳо мегӯянд, ҳар кас ба “ман”-и ҳақиқии худаш он вақт даст меёбад ва “ман”-и худро он вақт кашф мекунад, ки Худоро кашф карда бошад. Шуҳуди “ман”-и худ, аз шуҳуди Худо ҳеч вақт ҷудо нест. Ва ин матлаб дар Қуръон аст:

وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ أُوْلَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ

«Ва мисли касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд ва Худо низ ононро дучори худфаромӯшӣ кард, онон ҳамон нофармононанд.» (Сураи Ҳашр, ояти 19), ки достонаш муфассал аст.

Урафо шадидан таваҷҷӯҳ доранд, ки “ман”-и инсон хеле амиқтар аз он ҳадде аст, ки фалосифа дарк кардаанд. Муҳйиддини Арабӣ (1) фалосифае назири Бӯалиро сахт таҳқир мекунад… Сухани Шабистарӣ ҳам айни сухани Муҳйиддин аст. Муллои Румӣ дар якҷо аҷиб ин матлабро баён кардааст, мегӯяд:

Эй ту дар бегор худро бохта,

Дигаронро ту зи худ нашнохта.

Эй касе, ки худ (яъне ҳамон “ман”)-ро бохтаӣ! Ин таъбир ҳам аз Қуръон аст:

قُلْ إِنَّ الْخَاسِرِينَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ

(Сураи Зумар, ояти 15) Қуръон мегӯяд, ки бузургтарин бохтанҳо ва бузургтарин бохтан дар қиморҳо ин аст, ки инсон “худ”-ро бибозад:

Эй ту дар бегор худро бохта,

Дигаронро ту зи худ нашнохта.

Ту ба ҳар сурат, ки ойӣ, бистӣ,

Ки «манам ин», валлаҳ он ту нестӣ.

Баъд далел меоварад, мегӯяд:

Як замон танҳо бимонӣ ту зи халқ,

Дар ғаму андеша монӣ то ба ҳалқ.

Оё замоне, ки хилват бароят рух диҳад, ки иҷборан дар хилват биравӣ ва ё ихтиёран аз мардум ҷудо шавӣ, аз танҳоӣ ваҳшат мекунӣ ё намекунӣ? Кадом як аз мо ҳастем, ки даҳ шабонарӯз дар якҷо танҳо бошем ва ҳавсалаамон сар наравад? Ҳабси таксиллулӣ болотарини ҳабсҳост, чун одам танҳо мемонад. Агар худатро ёфта будӣ ва худатро дарк карда будӣ, чунин ҳолате пайдо намекардӣ.

Ин ту кай бошӣ? Ки ту он авҳадӣ,

Ки хушу зебову сармасти х(в)адӣ.

Агар ту худатро кашф карда будӣ, вақте дар хилват бо худат будӣ, ниёзе ба ҳеч чиз надоштӣ. Ин ки дар хилват ваҳшат мекунӣ, барои ин аст, ки бо худат ҳам нестӣ, худатро ҳам гум кардаӣ, худатро бохтаӣ.

Ин аст, ки руҳ ва ҳақиқати ибодат, ки таваҷҷӯҳ ба Худост, бозёфтани худи воқеӣ аст. Инсон худи ҳақиқиашро дар ибодат ва дар таваҷҷӯҳ ба зоти Ҳақ пайдо мекунад ва меёбад.

Бинобар ин, урафо то ин ҳадд ин масъаларо кашфу дарк кардаанд. Вале дар айни ҳол, мо дар масъалаи ҷиҳод бо нафс, таваҷҷӯҳи мактаби ирфон ба масъалаи каромату иззату шарофати мақоми олии нафсро — ки набояд лаккадор шавад ва асосан бо такя ба он аст, ки инсон ба мақомоти олӣ мерасад – хеле-хеле кам мебинем, он қадр кам мебинем, ки бояд бигӯем нест. Яъне агар онро бо дастурҳое, ки дар мутуни ислом омадааст муқоиса кунем, мебинем бо ин ки урафо ҳама чизро аз дастурҳои ислом илҳом гирифтаанд, ин илҳомро камтар гирифтаанд ва шояд сирраш ин буда, ки камтар нуктаи ин матлабро дарк кардаанд.

* * *

Иззати нафс дар Қуръон ва ҳадис

Дар ислом, бо ҳамаи инҳо, ки:

وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَى

(«Ва нафси худро аз ҳавас боздошт.» (Сураи Нозиъот, ояти 40) ҳаст,

إِنَّ النَّفْسَ لأَمَّارَةٌ بِالسُّوءِ

(«Нафс қатъан ба бадӣ фармон медиҳад…» (Сураи Юсуф, ояти 53) ҳаст,

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا

(«Ҳар кас онро (нафсро) пок гардонид, қатъан растгор шуд. Ва ҳар ки олудааш сохт, қатъан дарбохт.» (Сураи Шамс, оятҳои 9-10) ҳаст,

موتوا قبل أن تموتوا

Бимиред қабл аз он ки бимиред.» (ҳадис)) ҳаст, дар айни ҳол, рӯи иззати нафс ҳам такя шудааст. Қуръон мефармояд:

وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ

Ва иззат аз они Худо ва аз они паёмбари ӯ ва аз они мӯъминон аст…» (Сураи Мунофиқун, ояти 8). Намегӯяд, иззати нафс худпарастӣ аст. Пайғамбар фармуд:

اطلبوا الحوائج بعزّة الأنفس

Башар ба башар ҳоҷат пайдо мекунад. Фармуд: агар ҳоҷате доред, ҳеч вақт пеши касе бо зиллат ҳоҷат нахоҳед, бо иззати нафс бихоҳед. Яъне, иззати худатонро лаккадор накунед, нагӯед аз назари ҷиҳоди нафс ва мубориза бо ҳавои нафс беҳтар аст, ки ба шакли як гадо аз касе чизе бихоҳам. На! Ислом иҷоза намедиҳад. Агар ҳоҷате пеши касе дорӣ, бо иззати нафс ҳоҷати худро аз ӯ бихоҳ ва бигир.

Бибинед, Алӣ (а) дар майдони ҷанг чӣ мегӯяд. Ин ҷо сӯҳбат аз иззати нафс ва шарофат аст, мефармояд:

فالموت في حياتكم مقهورين والحياة في موتكم قاهرين

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 51)

Тани мурдаву гиряи дӯстон,

Беҳ аз зиндаву хандаи душманон.

Маро ор ояд аз ин зиндагӣ,

Ки солор бошам, кунам бандагӣ.

Имом Ҳусайн (а) мефармояд:

موت في عزّ خير من حياة في ذلّ

«Мурдан дар сояи иззат, беҳтар аст аз зиндагӣ бо зиллат.» Имом Ҳусайн (а) намегӯяд, ҷиҳод бо нафс ҳукм мекунад, ки мо тан ба ҳукми Язид ва Ибни Зиёд бидиҳем, чун бештар бо нафси худамон муҷоҳида кардаем!

ألا وإن الدعيّ بن الدعيّ قد ركز بين اثنتين بين السلّة والذلّة وهيهات منّا الذلّة يأبى الله ذلك لنا ورسوله والمؤمنون وحجور طابت وطهرت

«Писари Зиёд, ин нокас писари нокас, аз ман хостааст, ки яке аз ин дуро баргузинам: ё тан ба зиллат бидиҳам ва ё шамшер. Ва ҳайҳот минназ зилла! Мо куҷо ва тан ба зиллат додан куҷо! Худо розӣ намешавад тан ба зиллат бидиҳем…» (Луҳуф, с.85) Мехост бифармояд, на ин ки эҳсосоти шахсии ман аст; мактаби ман ба ман иҷоза намедиҳад: «Худои ман ба ман иҷоза намедиҳад, пайғамбари ман ба ман иҷоза намедиҳад«, тарбияти ман ба ман иҷоза намедиҳад, ман дар домани Алӣ (а) ва дар домани Заҳро (а) бузург шудаам, аз пистони Заҳро шир хӯрдаам. Он пистоне, ки ба ман шир дода, ба ман иҷоза намедиҳад, яъне гӯӣ модарам ин ҷо ҳозир аст ва ба ман мегӯяд: Ҳусайн! Ту аз пистони ман шир хӯрдаӣ. Он, ки аз пистони ман шир хӯрда тан ба зиллат намедиҳад. Имом Ҳусайн нафармуд, мо меравем тан ба зиллати Ибни Зиёд медиҳем, бигузор ҳар коре мехоҳад бикунад, магар ғайр аз ин аст, ки ба мо иҳонату тавҳин мекунад ва фуҳш медиҳад? Ҳар чи ӯ бештар аз ин корҳо бикунад, бештар ҷиҳоди бо нафс кардаем! Абадан, чунин чизе нест:

لا والله لا أعطيكم بيدي إعطاء الذليل ولا أفرّ فرار العبيد

«Ман ҳаргиз дасти зиллат ба шумо намедиҳам ва монанди бандагон фирор намекунам.» (Иршод, с.235) Ё ба нақли дигаре:

ولا أقرّ إقرار العبيد

«Монанди бардагон иқрору эътироф намекунам ва тан ба зиллат намедиҳам.» Аз ин навъ таъбирот дар Қуръон ва ҳадис ва дар калимоти имомони атҳор (а) махсусан дар калимоти Имом Ҳусайн (а) хеле зиёд аст.

* * *

Тавсияе ба ҷавонон

Ман матлаберо дар масҷиди Ҷовид гуфтам, ки барои тавзеҳ боз дар ин ҷо такрор мекунам. Дар яке аз он ҷаласот дар бораи ин ҷумлае, ки ахиран ба номи Имом Ҳусайн (а) маъруф шуда, ки:

إنّ الحياة عقيدة وجهاد

— арз кардам, ки дар ҳеч мадраке аз мадорики исломӣ чунин ҷумлае аз Имом Ҳусайн (а) нақл нашудааст, бинобар ин санад надорад. Ин ҷумла маънояш ҳам дуруст нест ва бо мантиқи Имом Ҳусайн ҷур дарнамеояд. Мантиқи ислом ин нест, ки зиндагӣ ин аст, ки инсон як ақидае дошта бошад ва дар роҳи ақидааш ҷиҳод кунад. Дар ислом сӯҳбати ақида нест, сӯҳбати “ҳақ” аст. Зиндагӣ ин аст, ки инсон ҳақро пайдо кунад ва дар роҳи ҳақ ҷиҳод кунад. Ин масъала, ки дар роҳи ақида бояд ҷиҳод кард, як фикри фарангӣ аст, ки баъдҳо дар миёни мусалмонон ба сурати ин шеър омадааст:

قف دون رأيك في الحياة مجاهدا

إنّ الحياة عقيدة وجهاد

Ман мехоҳам ин матлабро арз кунам — чун дидам чанд нафар аз ҷавонон дилашон мехоҳад, ки ин ҷумла аз Имом Ҳусайн бошад ва хушашон наомадааст, ки ман гуфтам ин ҷумла аз Имом Ҳусайн нест — ки мо барои насли ҷавон ин эҳтиромро нисбат ба насли гузашта қоил ҳастем, ки ононро ҳақиқатҷӯ медонем, на мутаассиб дар ақидае, ки — ҳарчанд бидуни далел — пайдо кардааст. Аввалан, агар бино шавад насли ҷавон ин тавр бошад, ки агар як чизе дар каллааш рафт, нашавад онро берун овард, ва агар бидуни ҳеч далелу мантиқе чизеро гуфт, нашавад бо ӯ дар бораи ақидааш ҳарф зад, ин насл ҳам монанди насли куҳан мешавад; мунтаҳо шумо аз ин ҷумла хушат омада ва ӯ аз ҷумлаи дигаре хушаш омада; ӯ бе далел ба ақидаи худаш часбида, шумо ҳам бе далел ба ақидаи худат часбидаӣ.

Сониян, шумо аҷолатан аз забони дӯсти худатон мешунавед, ки ин ҷумла на мантиқан бо ислом татбиқ мекунад ва на дар ҳеч китобе мадраку санаде дорад. Ҳол фарз кунем як одаме аз мухолифон ва душманони шумо, як одами ғайримусалмон, ки инсони вориде бошад, ба шумо, ки доиман мегӯед ҷумлаи:

إنّ الحياة عقيدة وجهاد

-ро Имом Ҳусайн гуфтааст, бигӯяд: ҳар чи, ки Имом Ҳусайн гуфтааст, лобуд мадраку санаде дар китобе дорад, Имом Ҳусайн дар куҷо ин суханро гуфтааст? Шумо, ки пайдо намекунед, баъд меойед суроғи ман, мегӯед: ин ҷумлаи:

إنّ الحياة عقيدة وجهاد

дар куҷост? Зуд ба ман нишон бидеҳ, мехоҳам мадракашро ба як одами мухолифе, ки бо ӯ мубоҳиса кардаам, нишон диҳам. Он вақт ман ба шумо мегӯям: ин ҷумла дар ҳеч китобе вуҷуд надорад. Ба ман хоҳед гуфт: пас чаро то ба ҳол ба ман нагуфтед? Шумо, ки ҳамеша медидӣ мо ин ҳарфҳоро мезанем, чаро як бор ба мо нагуфтӣ ин ҷумла аз калимоти Имом Ҳусайн нест, ки мо ин иштибоҳро накунем? Ҳамон вақт, мисли шумое ба мисли мане ҳамла хоҳед кард, ки шумо чаро ин қадр сукут кардед, нагуфтед ва нагуфтед, то вақте, ки мо дар муқобили душман гирифтор шудем ва маҳкумаш шудем? Ҳоло дорӣ ба мо мегӯӣ, ки чунин ҷумлае нест?!

Солисан, агар шумо аз ҷанбаи ҳамосӣ шефтаи ин ҷумла ҳастед, Имом Ҳусайн (а) ҷумлаҳои сад дараҷа болотар аз ин ҷумла дорад. Оё

إنّ الحياة عقيدة وجهاد

болотар аст ё ҳамин ҷумлае, ки хондам:

موت في عزّ خير من حياة في ذلّ

Кадом як беҳтар аст? Оё он ҷумла беҳтар аст ё ҷумлаи рӯзи Ошурои Имом Ҳусайн (а), ки фармуд:

الموت أولى من ركوب العار

والعار أولى من دخول النار

Оё он ҷумла болотар аст ё ҳамон ҷумлаи дигари рӯзи Ошурои Имом Ҳусайн (а), ки фармуд:

ألا وإن الدعيّ بن الدعيّ قد ركز بين اثنتين بين السلّة والذلّة وهيهات منّا الذلّة يأبى الله ذلك لنا ورسوله والمؤمنون وحجور طابت وطهرت

Оё он ҷумла болотар аст ё ҷумлае, ки дар хутбааш фармуд:

من كان باذلا فينا مهجته وموطّنا على لقاء الله نفسه فليرحل معنا فإنّي راحل مصبحا ان شاء الله تعالى

ва даҳҳо ҷумлаи дигар?

Мо, ки дар фақри шиор нестем. Агар мо мардуме будем, ки дар фақри ин ҷур шиорҳо будем, яъне шиорҳои зиндаи ҳамосӣ надоштем, агар мегуфтанд ҷумлае аз Имом Ҳусайн аст, мегуфтем ҳол, ки мо аз худамон чизе надорем, як ҷумлаи дигарро – Алаёзу биллоҳ! — ба номи Имом Ҳусайн мегӯем. Мо ҳеч дучори фақри шиор нестем. Он қадр аз худи Имом Ҳусайн, аз падари Имом Ҳусайн, аз бародари Имом Ҳусайн, аз модари Имом Ҳусайн, аз фарзандони Имом Ҳусайн шиорҳои зинда дорем, ки дунё бояд биёяд аз мо қарз кунад. Мо чаро биравем шиори мардум, он ҳам шиори нодурусти мардумро қарз кунем?! Шоиста нест насли ҷавон таъассуб биварзад.

Боз ҳам мегӯям: агар воқеан касе ин ҷумларо пайдо кард, ман қавл медиҳам, ки болои ҳамин минбар биёям ва бигӯям, ки ман иштибоҳ кардам. Вале мо бояд мустанад ҳарф бизанем, на ҳамин тавр ғайримустанад як чизеро бигӯем. Боз дар ин заминаҳо матолиби зиёде дорем, ки чун вақт гузашт, ночорам ароизи худамро дар ҳамин ҷо хотима бидиҳам.

Пас, ин ҳам худаш як нақди дигаре бо маҳаки ислом буд, ки дар адабиёти сӯфиёнаи мо, дар масъалаи ҷиҳоди нафс ончунон пеш рафтаанд, ки зимнан иззату каромати нафс ҳам поймол шудааст ва вақте бо меъёри ислом бисанҷем, бояд ин қисматро ислоҳ кунем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Муҳйиддини Арабӣ — чунонки қаблан гуфтем — падари ирфони исломӣ аст ва тамоми урафое, ки аз қарни ҳафтум ба баъд омадаанд ва ирфони назарӣ доштаанд, чӣ онҳое, ки ба забони форсӣ гуфтаанд (аз қабили Мавлавӣ) ва чӣ онҳое, ки ба забони арабӣ гуфтаанд, шогирдҳои мактаби ӯ ҳастанд. Ирфон аз назари фикрӣ аз замони ӯ хеле тавсиъа пайдо кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: