Перейти к содержимому

Гузориши муфассали ҳамоиши Дортмунд-2

Дар таърихи 15 июли соли ҷорӣ (2018) дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоише ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки ба ҷанги шаҳрвандии 5-сола дар Тоҷикистон хотима гузошт, баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш, ба иловаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамчунин оқоён: Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои сиёсии «Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ, Николай Николаев, ҳомии ҳуқуқи башар аз Русия, Сайидюнуси Истаравшанӣ, узви Шӯрои раҳбарии «Анҷумани Озодандешони Тоҷик», Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли сиёсӣ ва мудири масъули сойти «Ислоҳ» ва Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» суханронӣ карданд.

Шарофиддин Гадоев: «“Хиёнатҳое, ки Раҳмонов дар давраи ҷанг карда буд, то имрӯз идома доранд»

Ба гузориши сойти Паём, Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои сиёсӣ ва яке аз асосгузорони «Ҷунбиши мардумии Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» дар суханронии худ изҳор дошт: «Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ҷосуси хадамоти махсус буд

Ӯ гуфт: «Раҳмонро дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо фишори хадамоти махсуси кишварҳои беруна танҳо барои ду сол интихоб карданд ва ин хадамот ба Фронти Халқӣ кафолат доданд, ки ду сол баъд номзади онҳо сари қудрат хоҳад омад. Гадоев мутмаин аст, ки сабаби кушта шудани Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ҳам ҳамин буд, ки ба ҳукумати Раҳмон идома дода шавад

Гадоев гуфт: «Раҳмонов асосгузори ҷанг ва ҳамаи хунрезиҳо буд ва пешвои қотилон ва як иддда ҷинояткорон

Вай афзуд: “Хиёнатҳое, ки Раҳмонов дар давраи ҷанг карда буд, то имрӯз идома доранд. Ӯ нобиғаҳо, ҷавонмардони миллатро кушт. Миллати сарбаланду сарфароз ва донишмандро ба як миллати бечораву дарбадару бечора ва тарсу табдил доданд.”

Николай Николаев: «Русия гурӯҳеро, ки мардум аз он пуштибонӣ мекунад, ҷонибдорӣ хоҳад кард»

Ба гузориши сойти Паём, Николай Николаев, ҳомии ҳуқуқи рус, дар суханронии худ, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар муборизааш барои тағйироти демократӣ дар кишвар пуштибонӣ кард.

Вай гуфт: «Имрӯз бояд атрофи ҳизбе муттаҳид шуд, ки аз манфиати мардум пуштибонӣ мекунад. Чаро ҲНИТ? Ҳизбҳое, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудаанд, бо роҳи дуруст мераванд, онҳо баёнгари манофеи мардум ҳастанд ва ҳукумат аз онҳо метарсад.”

Ӯ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад, ки дар Тоҷикистон диктатура барпо шудааст.

Вай афзуд: “Чаро дар кишваре, ки аксари мардумаш пайравӣ аз ислом мекунанд, ҳизби мӯътадили сиёсӣ мамнӯъ эълон мешавад? Чаро ҲНИТ маҷбур шудааст ҷаласоташро на дар Тоҷикистон, балки дар Олмон баргузор кунад? Мо мӯътақидем, ки усулан ҳамаи гурӯҳҳо бояд аз имконоти баробар бархӯрдор бошанд, аммо мухолифини Эмомалӣ Раҳмон аз ин имкон маҳруманд.”

Тибқи гуфтаи ӯ, Русия гурӯҳеро, ки мардум аз он пуштибонӣ мекунад, ҷонибдорӣ хоҳад кард. ҲНИТ ва дигар аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ шонси ширкат дар интихоботи соли 2020 ва дарёфти пуштибонии Русияро доранд.

Матни баёнияи профессор Эдвард Лемон

Дар ин ҳамоиш, баёнияи Эдвард Лемон, донишманди омрикоӣ қироат шуд. Ба гузориши сойти Паём, матни баёнияи ӯ ба шарҳи зерин аст:

Хонумҳо ва ҷанобон!

Мӯҳтарам роҳбарону фаъолони мухолифин!

Дӯстони азиз!

Ман хушҳолам, ки имрӯз тавонистам фикру назари худро бо шумо матраҳ кунам. Аз ҷаноби Маҳмудҷон Файзмонмонов барои даъват ташаккур мегӯям.

Номи ман Эдвард Лимон аст. Ман профессори улуми сиёсат ва таҳқиқоти байналмилалӣ дар Донишгоҳи Колумбия дар Ню-Йорки Омрико мебошам. Ман аз соли 2010 то соли 2013 дар Тоҷикистон — дар Душанбе ва Ванҷ зиндагӣ кардаам. Баъди боздошти Александр Содиқов дар моҳи июни соли 2014, ман шаш моҳ дар Маскав бо муҳоҷирони тоҷик таҳқиқот гузарондам. Ҳозир, ман китоберо дар бораи вазъияти сиёсии Тоҷикистон навишта истодаам. Ҳоло фикрҳои дар бораи вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро инҷо матраҳ хоҳам кард.

Дар соли 1997, ҳукумати Раҳмон ваъда дода буд, ки қудратро тақсим мекунад. Аммо ба ин ваъдаи худ вафо накард. 21 сол пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, як оилаи диктатор Тоҷикистонро идора мекунад. Ҳеҷ демократияе вуҷуд надорад ва аз озодӣ хабаре нест. Сиёсатшиносон мегӯянд, ки ҳокимияти диктатураҳо бар се сутун сохта шудааст. Аввал машруъият, дуюм коррупсия ва сеюм зӯроварӣ. Режими Раҳмон ҳамаи ин 3 унсурро барои истеҳкоми қудраташ истифода бурдааст.

Якум, ҳукумат таърихро бознависӣ кард, ки дар он Раҳмонро “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” муаррафӣ кард. Нақши ҲНИТ ва мухолифон дар барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣаз таърих ҳазф шуд. Раҳмонро худро замонатдиҳандаи сулҳу субот ва ҳимоятгари кишвар аз нуфузи бегонагон муаррифӣ мекунад. Ҳукумат мегӯяд, сиёсат бад аст ва он боиси зуроварӣ ва бесуботӣ мегардад. Аз нуқтаи назари ҳукумат, як шаҳрванди хуб ва ватандӯст он касе ҳаст, ки худро аз сиёсат дур бикашад. Ҳадаф сохтани шаҳрвандони ором аст, ки вазъиятро ҳамон тавре ҳаст бидуни интиқод қабул кунад.

Дуюм, Эмомалӣ Раҳмон қабзаи оилаи худ бар иқтисодиёти кишварро пурзур кард. Элитаи ҳукмрон миллиардҳо долларро дуздида, ин маблағҳоро дар ҳисобҳои офшорӣ пинҳон кардаанд. Асадулозода ширкатҳои Талко, Ориёнбонк ва Сомон Эйр-ро идора мекунад. Рустам раиси шаҳри Душанбе аст. Ширкати Фароз, ки зери назорати Шамсулулло Соҳибов аст, бозори сӯзишворӣ, конҳои тилло ва дигар авоъи бозорро назорат мекунад. Ин як режими фосид аст. Он шахсоне, ки алайҳи хешу қавмпарастӣ мубориза мебаранд, мисли Хайрулло Мирсаидов, Абубакр Азизхоҷае ва Умаралӣ Қувватов, ё равонаи зиндон мешаванд ё кушта мешаванд. Дар ҳоле ки элитаи ҳукмрон сарватмандтар мешавад, бештарини мардум камтар аз 20 сомонӣ масраф мекунанд, то зинда бимонанд.

Сеюм, ҳукумат ба академикҳо, рӯзноманигорон, аъзои ҲНИТ, «Гурӯҳи 24» ва дигарон, ки садои мустақилли худро баланд мекунанд, фишор меорад. Имрӯз, садҳо фаъоли тоҷик дар зиндон ба сар мебаранд. Фишорҳо алайҳи мухолифин ба сарҳадҳои кишвар маҳдуд намешавад. Ҳукумат кормандони КДАМ-ро ба берун аз кишвар мефиристад, то мухолифини дар табъидбуда дар Русия, Туркия, Юнон, Испания, Украина, Малдавия, Беларус ва Литваро ҳадаф қарор бидиҳанд. Оилаҳои фаъолони сиёсӣ, ки дар Ватан ҳастанд, мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд. Ҳамчунин ҳукумат ИНТЕРПОЛ-ро ба хотири боздошти фаъолони сиёсӣ истифода мекунад. Таблиғот ва сиёҳкунии мухолифин воқеан дар сатҳи байналмилалӣ сурат мегирад. Ман 75 мавриди ҳадаф қарор гирифтани мухолифин дар хориҷ аз кишварро аз соли 2014 то кунун дар китобам сабт кардаам. Ҳадди ақал 20 фаъоли сиёсии табъидшуда рабуда ва маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. фиристод барои бадарға назорат кардан. Ин рақам танҳо бино ба хабарҳое, ки дар ВАО нашр шуд, мебошад. Рақами ҳақиқии рабудашудагони сиёсӣ хеле зиёд аст.

Ҳамон тавре, ки Ленин мегуфт, чӣ бояд кард?

Аввал, мухолифон бояд ривояти ҳукумат аз сулҳу Ваҳдати миллиро ба чолиш бикашад. Шумо набояд аз гуфтани назари худ дар бораи ончи рух дода буд, даст бикашед.

Дуюм, мухолифон бояд бо рад кардани ҳар гуна васоили хушунатомез, ба мухолифат ба барчасби «терроризм» идома диҳанд ва таъкид кунанд, ки чи тавр ҳукумат ба хотири истеҳкоми қудрати худ мутавассил ба хушунат ва зӯроварӣ мешавад.

Сеюм, оппозитсия бояд ҳолатҳои коррупсиёниро таҳқиқ ва кашф кунад. Фасод як ҷиноятест, ки ба шаҳрванд зарба мезанад ва монеъи рушди кишвар мешавад.

Чорум, оппозитсия бояд як ҷабҳаи муттаҳидро ташкил кунад. Шояд байни шумо ихтилофоти фикрӣ вуҷуд дошта бошад, аммо шумо бояд дар масъалаи мубориза бар зидди ноадолитиҳое, ки дар Тоҷикисто рух медиҳад, муттаҳид бошед.

Панҷум, режими диктатории Тоҷикистон ҷаҳонӣ аст. Ин нуқтаи қудрати он аст. Аммо ҳамзамон ин нуқтаи заъфи он ҳам ҳаст. Раҳмон аз ҳисобҳои бонкии худ дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ва истифода аз ИНТЕРПОЛ барои таъқиби мухолифин баҳраманд аст. Мо бояд таомули кишварҳои ғарбиро, ки боиси кумаки режими Раҳмон мешавад, тағйир бидиҳем ва онро ба диққати сиёсатмадорони ғарбӣ бирасонем. Дар чанд моҳи гузашта, мо дар Ню-Йорк, Лондон ва Амстердам конференсияҳои мухталифе баргузор кардем ва баҳсҳое ҷиҳати чӣ бояд кард сурат гирифт. Умедворам, ки битавонам баъзе аз шуморо ба Департаменти ИМА ба наздикӣ даъват кунам ва ончи дар кишваратон мегузарадро ба ҳукумат Амрико матраҳ кунед.

Кишварҳои ғарбӣ чӣ кор карда метавонанд?

Пеш аз ҳама, ин кишварҳо метавонанд ба ИНТЕРПОЛ фишор оваранд, то иҷозат надиҳад, ки аз тарафи режимҳои диктотурӣ суистифода шавад. Конститутсияи ИНТЕРПОЛ ҳар гуна истифода шудани ин ниҳод ҷиҳати таъқиби афроде муттаҳам бо ангезаи сиёсиро манъ кардааст. Мо бояд нишон бидиҳем, ки суистифодаи ИНТЕРПОЛ аз тарафи режимҳои худкама чи тавр зиндагии инсонҳоро аз байн мебарад ва диктаторҳоро кумак мекунад.

Дуюм, ин кишвар метавонанд санксияҳои оқилонаеро ҷорӣ кунанд. Раҳмон, Раҳимзода, Соҳибов, Асадуллозода ва Ятимов бояд дар листи “Global Magnitsky Act” шомил шаванд. Баъд аз ин, ИМА ва дигар кишварҳо метавонанд онҳоро аз ворид шудан ба қаламрави худ манъ кунанд ва дороиҳояшонро боздоранд.

Дар охир, мо бояд қонунҳои Британияи Кабир, ИМА ва Швейтсарияро, ки дикататорҳоро кумак мекунад, то молу дороиҳояшонро пинҳон кунанд, тағйир бидиҳем. Мо бояд нишон диҳем, ки чӣ тавр кишварҳои ғарбӣ ба диктаторон ёрӣ медиҳанд, дар ҳолате, ки мардуми ин кишварҳои диктаторӣ аз фақру ҷаҳл ранҷ мебаранд.

Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон.

Вайсиддин Одинаев: «Иродаи мардум буд, ки ҳамагон силоҳҳои худро яксӯ гузошта ба ҳам сулҳ карданд»

Ба гузориши сойти Паём, Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик дар суханронии онлайни худ, бо таъкид бар ин ки аз шаҳрванди Тоҷикистон буданаш ифтихор мекунад ва устуворона муборизаи худ баҳри ҳуқуқу озодиҳоро идома хоҳад дод, гуфт: «Ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва шиносномаи ин кишварро дорам. Ман худамро ҷинояткор ва хоин намеҳисобам, ҳамеша талоши ман барои ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандиям аст. Ман бо истифода аз механизмҳои ҳуқуқӣ ҳаққи шаҳрвандии худамро талаб мекунам ва ҳеҷ гоҳ касеро накуштаам ва ба касе зарар нарасонидаам. Ба ватанам ҳам хиёнат накардаам ва сабаби рехтани обрӯи кишварам ҳам нашудаам. Баръакс кӯшиши мо ин аст, ки дар арсаи байналмилалӣ кишвари моро бо хубиҳояш бишносанд. Ба амалҳое, ки сабаби сархамии миллат мешавад хотима дода шавад. Ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ моро касе маломат накунад.”

Вай афзуд: «Дар бораи баҳамоӣ ва сулҳи тоҷикон бошад ҳаминро гуфтаниям, ки дар воқеъ истиқрори сулҳи тоҷикон сутуданӣ аст. Зеро он рӯзҳо ҳама тарафҳо тамоми кинаву кудурат ва хашму ғазаби худро як сӯ гузошта, тавонистанд ҳамдигарбахшӣ ва дурандешӣ намоянд. Халъи силоҳ намуда, аз паи зиндагии осоишта шаванд.”

Дар идомаи суханронӣ Вайсиддин Одинаев бо изҳори таассуф гуфт, ки ба ин дастоварди бузурги миллӣ имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар хунукназарона рафтор мешавад.

Ӯ изҳор дошт: “Мутаассиф аз он ҳастам, ки зимоми роҳбарият дар дасти касе аст, ки ин ҳама дурандешӣ ва аз худгузаштагиҳои миллатро суистифода мекунад. Эмомалӣ Раҳмон бо суистифода аз мақомаш ҷонфидоиҳои миллат барои сулҳро нодида гирифт ва онҳое, ки баҳри истиқрори сулҳ ҷонбозиҳо карда буданд, ба ҳошия ронд ва ҳатто ҳамин сулҳро ҳам танҳо моли худ донист.”

Ӯ дар бахше дигар аз суханони худ изҳор дошт: «Як нуктаи дигаре, ки қайд кардан мехоҳам, ин дар бораи суханони чанд рӯз пеши Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфт ӯ ҳеҷ як Созишномаеро имзо накардааст. Ин ҳарфҳо ба андешаи ман ҳамчу як шаҳрванди Тоҷикистон таҳқири мардум аст. Чун сулҳ ба хоҳиши мардум ба миён омад. Иродаи мардум буд, ки ҳамагон силоҳҳои худро яксӯ гузошта ба ҳам сулҳ карданд. Агар иродаи воқеъии мардум намебуд, сулҳ намешуд ва то ба ҳол ҷанг идома меёфт. Мардум шоҳиди ин сулҳ буд ва касоне, ки дар ин созишу ба ҳамоӣ иштирок доштанд, мардум ҳоло фаромуш накардааст

Илҳомҷон Ёқубов: «Манфиати миллатро аз манфиатҳои фардӣ боло донед»

Ба гузориши сойти Паём, раиси «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ», дар суханронии худ, мусибати муҳоҷирати тоҷиконро бадтар аз мусибати солҳои ҷанги шаҳрвандӣ унвон кард.

Вай гуфт: “Пас аз имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ба охир расидани кори комиссияи оштии миллӣ, Тоҷикистон дар вазъияти суботи сиёсӣ ва сулҳи комил қарор дошт. Сулҳ маънои аз як гиребон сар бароварда, ватани азизамонро обод мекунемро дошт ва ба касе ҳуқуқи афзалият дода нашуда буд, ки аз он моли миллат сӯиистифода намояд.”

Ӯ афзуд, миллату мардум пас аз созишномаи сулҳ бовар дошт, ки кишвар ба як кишвари мардумсолор, ҳуқуқбунёд, дорои интихоботҳои озод, матбуоти озод ва қонунмеҳвар табдил хоҳад ёфт.

Ёқубов ёдовар шуд: “Дар ҳақиқат чунин шонси таърихиро ҳукумати имрӯза дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари озоду мардумсолор ва кишваре, ки эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дорад, дар минтақаву ҷаҳон муаррифӣ кунанд.”

Вай бо изҳори таассуф изҳор намуд, ки чунин шонси тилоиро ҳукумат аз даст дод ва бо мурури замон ба кишвари худкома табдил ёфт. Коҳи кӯҳнаро чунон бод карданд, ки чангаш ба осмон печиду ваҳдат ҳам аз байн рафт.

Ёқубов изҳор дошт: “Айни ҳол Тоҷикистон шояд як амнияту оромии нисбии муваққатӣ, ки бо тарсонидани мардуми хеш ба даст омадааст, дошта бошад, вале комилан ваҳдати миллӣ надорад. Зеро кишваре, ваҳдат дорад, ки мардум аз он кишвар намегурезад ва парешонии миллат ба таври равшан намоён намешуд.”

Вай дар бахше дигар аз суханони худ афзуд: «Мо мушкилоти бекорӣ дорем, ки хосси тамоми сокинони кишвар аст, кишвари мо мушкилоти фасоду коррупсионӣ дорад, ки хоси тамоми мардум шудааст, болотар аз ин, кишвар мушкилоти муҳоҷиринро дорад, ки ба як мушкилоти фаромиллӣ табдил ёфтааст. Паёмадҳои муҳоҷирати мардуми тоҷик айни ҳол на камтар аз паёмадҳои бади ҷанги шаҳрвандист. Оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ин буд, ки кудакон ятим монданд, модарон фарзандону шавҳарони худро аз даст доданд, ҳазорҳо маъюбу маҷрӯҳ шуданд ва хонаву дарашон вайрон шуд. Имрӯзҳо мебинем, ки ҳар сол наздик ба ду ҳазор муҳоҷир дар ғарибӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳазорҳо маъбу маҷруҳ ва бемор мешаванд. Кудакон ятиму ҳазорҳо хоҳарон хонавайрон мешаванд. Модарон фарзандони худро аз даст медиҳанд. Магар ин паёмадҳо баъдтар аз паёмади ҷанги шаҳрвандӣ нест? Илова бар ин ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон аз паи сиёсатҳои ноҷо рӯ ба кишварҳои дуру наздик ва хусусан ба Аврупо паноҳанда шудаанд. Агар шароити сиёсиву иҷтимоъии кишвар хуб бошад, магар шаҳрвандон рӯ ба муҳоҷират меоранд? Аз биҳишт касе фирор намекунад.”

Ёқубов изҳор дошт: «Кишвари мо ҳазорҳо маҳбусони сиёсӣ дорад. Кишваре, ки як нафар беш аз 20 солу 25 сол роҳбари давлат мешавад, дар он кишвар на ваҳдат буда метавонаду на иттиҳод. Инро таърих низ исбот кардааст. Зайналобидин бен Алӣ 25 сол дар Тунис роҳбари давлат буд, охири соли 2009, бори панҷум бо касби беш аз 90 фоизи раъйи мардум роҳбари давлат интихоб мешавад. Ин овозҳо гӯё ваҳдати мардумиро ба намоиш гузошта буд, вале мардум ӯро сарнагун карданд. Муаммар Каддофӣ, Башшор Асад, Ҳусни Муборак, Роберт Мугабе, ҳамаи ин нафарҳо беш аз 30 солу 40 сол роҳбарии кишвари худро ба уҳда доштанд ва фикр мекарданд, ки мардум онҳоро дӯст медораду кишвар дар як ваҳдати комил қарор дорад. Аммо ахиран худи мардум онҳоро сарнагун карданд.”

Ба бовари Илҳомҷон Ёқубов, агар ин нафарҳо ваҳдати миллиро дар кишварашон мехостанд ва ваҳдати миллиро аз манфиати шахсиашон болотар медонистанд, ҳаргиз қонуни кишварашонро ба манфиати худ тағйир намедоданд. Дар кишварҳояшон интихоботҳои озоду шаффоф баргузор намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин мекарданд. Ба ҷои ғасби дороиҳои мардум, дар қабзаи худ нигоҳ доштани қудрат ва кӯшиши авлодӣ намудани он, ба миллат умед мебахшиданд, то ҳам аз ҷиҳати кадрӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ рушд кунанд.

Ӯ изҳор дошт: “Агар ин худхоҳон ба қонун эҳтиром медоштанд, зуд-зуд барои бақои худ қонун иваз намекарданд. Яъне шарти ваҳдати миллӣ дар як кишвар ин пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, баргузории интихоботи шаффоф ва итоат аз қонун аст. Агар ин арзишҳо дар ҳар кишваре поймол шавад, дар он ҷо ваҳдат нест ва нахоҳад шуд.”

Ёқубов дар поён хитоб ба мақомоти тоҷик гуфт: «Агар шумо воқеан ваҳдати миллиро мехоҳед, хоҳиши пешрафту шукуфоии миллат ва суботу оромиро доред, пеш аз ҳама эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандонро ба ҷо оред. Бе чуну чаро ҳама зиндониёни сиёсиро озод кунед. Манфиати миллатро аз манфиатҳои фардӣ боло донед.”

Сайидюнуси Истаравшанӣ: «Имзои Созишномаи сулҳ аз сӯи опозисиюни тоҷик, кори комилан дуруст буд»

Ба гузориши сойти Паём, Сайидюнуси Истаравшанӣ, узви Шӯрои раҳбарии «Анҷумани Озодандешони Тоҷик» дар суханронии онлойни худ, болои чаҳор нукта таъкид кард:

«Нуктаи аввал ин аст: оё имзои ин Созишнома аз сӯи опозисиюни точик, кори дуруст буд ё нодуруст? Ба назари ман, кори комилан дуруст буд, ҳам ақлан ва ҳам шаръан. Аммо ақлан ба ин ҷиҳат, ки ҳеч кишваре бо ҷангу хунрезӣ ва кушту куштор байни шаҳрвандон ва фарзандонаш ба ҷое нарасидааст, инро таърих собит кардааст. Дар ҳеч кишваре вақте ҷанг ҳаст, пешрафту тараққӣ ҳам нест. Ва шаръан ҳам имзои Созишномаи сулҳ дуруст буд, чаро ки Худованд мефармояд: “Ассулҳу хайр”. Сулҳу созиш дар ҳар сурат некӯст.

Бинобар ин, мухолифини тоҷик ҳаргиз аз ин кор пушаймон нестанд, балки ифтихор доранд, ки дар авҷи кудрат, омаданд ба хотири барқарории сулҳу созиш дар кишвар ҳозир шуданд барои имзои ин Созишнома.

Пушаймон шояд касоне бошанд, ки имрӯз ошкоро эълон мекунанд, ки мо бо касе чизеро имзо накардаем. Ҳукумати кунунӣ, ҳокими кунунӣ ошкоро мегӯяд, ки ман бо касе, ба зери ягон чизе имзое нагузоштаам, хиҷолат ҳам намекашад. Инҳо қайди ҳама чизро — қайди имзоҳое, ки як замон гузоштанд, қайди тамоми савганду аҳду паймоне, ки баста буданд, заданд.

Ба чизе пойбанд нестанд ва инкор ҳам мекунанд. Онҳо пушаймон ҳастанд, ки имзо кардаанд. Яъне бояд ҳамон замон ҳамаро аз байн мебурданд, аммо нашуд. Мунтазир буданд ва чун фурсати муносиб фароҳам шуд, боз ба ҳамон кори аввалаашон иқдом намуданд, яъне ба саркӯби мухолифин, ки фарзандони ҳамин миллатанд, аз Миррих поён нафаромаданд.

Бинобар ин, дар марҳилаи кунунӣ муборизаи мухолифин фақат барои тараққиву пешрафти кишвар нест, фақат барои барқарории демократияву озодӣ нест, балки илова бар инҳо, барои ҳифзи ин дастовард ҳам ҳаст. Мо нахоҳем гузошт, ки ин сулҳ, ин дастоварди бузург, ба фаромӯшӣ супурда шавад.

Дар марҳалаи кунунӣ ҳамаи нерӯҳои мухолиф, ҳамаи нерӯҳои фаъол бояд даст рӯи даст гузоранд, муттаҳид шаванд ва коре кунанд, ки сарнавишти кишвар ва миллатамон ба дасти як хонавода, як нафар рақам нахӯрад. Ин мусибат аст, бояд ҷилави инро гирифт, ва хоҳем гирифт ва ин имконпазир аст, шуданӣ аст.

Нуктаи дуюм ин аст, ки: ҳокими феълӣ одами арзишмадор нест, пойбанди хеч чизе, ки як замон ваъда карда буд, нест. Ин одам савганд ёд карда буд, ки бояд ҳама чиз фаромӯш шавад, касе, ки он давраро ба ёд меорад ё эҳё мекунад, хоин аст. Аммо имрӯз ошкоро ҳамон корҳои солҳои 90-умро такрор мекунад, воқеиятҳоро таҳриф мекунад, тамоми бадбахтиҳоро ба гардани мухолифин бор мекунад. Ин таҳрифи таърих аст, бояд ҷилави инро бигирем.

Мо вазифа дорем, аслан воҷиб аст, ки имрӯз бо арқом, омор, асноду мадорик ҷилави ин таҳрифи таърихро бигирем. Ба самъу назари мардум бирасонем, ки сабабгори тамоми бадбахтиҳо ҳамин одам аст, ҳамин гурӯҳе, ки имрӯз зимоми идораи умури кишвар дар дастони онҳост. Вагарна мухолифин чӣ кор карданд? Мухолифин тазоҳурот карданд, ки кишварашон мустақил бошад, озод бошанд, ҳукумат даст ба даст шавад, аммо онҳоро саркӯб карданд, водорашон карданд, ки муҳоҷират кунанд, ҷангро бо кӯмаки баъзе аз кишварҳои ҳамсоя бар онҳо таҳмил карданд.

Ва имрӯз мебинед, ки ин воқеиятҳоро таҳриф мекунанд, ҳама чизро ба гардани опозисиюн бор мекунанд. Ҷилави инро бояд гирифт. Бояд собит кунем, ки сабабгори тамоми бадбахтиҳо Фронти халқӣ аст. Инҳо бояд гуфта шаванд, сукут дар ин мавқеъ хиёнат аст.

Нуқтаи сеюм ин аст, ки: баъзеҳо мегӯянд, ки на роҳи ҳукумат дуруст аст, на роҳи опозисиюни феълӣ ва бояд роҳи севвумро интихоб кунем. Хуб, роҳи давлату ҳукумат нодуруст аст, инро ҳама қабул дорем, касе шакке надорад, аммо чаро роҳи опозисиюнро зери суол барем? Кучояш иштибоҳ буд?

Шумо роҳи севвум, чоруму панҷумро ироа кунед, шумо дар ироаи назар, ироаи роҳ ихтиёр доред, аммо беҷиҳат касеро зери суол набаред. Табиист, ки касе кор мекунад, иштибоҳ мекунад. Аслан, иштибоҳро касе намекунад, ки ҳеч коре накунад. Аммо оё метавон гуфт, ки роҳи опозисион аз ибтидо иштибоҳ буд? На! Тоҷикистон кишваре аст бо аксарияти мусалмон. Чаро бояд ҷилави аҳзобу гурӯҳҳои динӣ гирифта шавад, ҳамон тавр ки мегӯед? Шумо ё бо ҷомеа шинос нестед ё бо мардум.

Бинобар ин, роҳи опозисион дар соли 90-ум дуруст буд, ки исломиҳо омаданд бо аҳзобу гурӯҳҳои мухталиф бо гароишҳову дидгоҳҳои мутанаввеъ бо ҳам шуданд, гирди ҳам омаданд, мутаҳҳид шуданд ва ин дуруст буд. Аслан дар ҷомеаи Точикистон ҳамин равиш дуруст аст, на ин ки тарафе бошад ва дигарон ҳазф шаванд. Алъон ҳокими феълӣ кораш ҳамин аст, мехоҳад дар киштӣ фақат худаш бошад.

Такрор мекунам, инсон дар ироаи роҳу роҳи ҳаллу изҳори назар озод аст, ҳама озоданд, аммо бе ҷиҳат зери суол бурдан кори дуруст нест. Агар воқеан ба ин миллат дилатон месӯзад, мехоҳед хихмат кунед, дар канори опозисиюн қарор бигиред, пешниҳодҳои худро ироа бикунед, на ин ки як дукон боз кунед ва он гоҳ сабаби иншиқоқу тафриқа гардед. Ин кори дуруст нест.

Нуқта охирин ин аст, ки: дар ин миён афроде ҳам ҳастанд, ки ғаразу маразе надоранд, аммо корашон нохоста афкандани ноумедӣ байни мардум, хусусан мухолифон аст, ин ки онҳо дар хориҷанд, аз дасташон коре барнамеояд, фаъолият аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷое намерасад ва ғайра…

Ин ноумедӣ коштан аст, ки дуруст нест. Билохира, мутаваҷҷех нестанд, ки ҳар коре бояд аз як нуқта шурӯъ шавад, аз осмон чизе фуруд намеояд. Ба таърих нигоҳ кунед, ҳар мубориза, ҳар мувафаққият аз ҷое шурӯъ шудааст. Вақте шурӯъ шудааст, хеле замон бурдааст. Ин хел нест, ки дар якдафъа ҳама чиз фароҳам шаваду ҳама мушоҳида кунанд. На, балки як равандеро бояд пушти сар гузошт. Бигзор замонбар бошад, ишколе надорад. На ин ки ҳама тамошобину мунтазир бошем, ки «моидаи осмонӣ» фуруд ояд.

Бояд фаъолият кунем, ноумед нашавем ва ин бешубҳа самара хоҳад дошт. Сониян, опозисиюн дар дохили Тоҷикистон ҳузур дорад. Инро ҳатман дар оянда хоҳед дид

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: