Перейти к содержимому

Ду омили муваффақияти опозисиюни тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин ҳикоят маъруф аст, ки занбӯри асале дар атрофи оташи барафрӯхтаи намрудиён барои Иброҳим (а) парвоз мекард. Ҳазрати Иброҳим (а) аз ӯ пурсид: занбӯр! Дар атрофи оташ чӣ мекунӣ? Оё наметарсӣ, ки сӯхта шавӣ?! Занбӯр гуфт: эй Иброҳим! Омадаам, то оташро хомӯш кунам! Иброҳим (а) бо ханда гуфт: ту магар намедонӣ, ки оби даҳони кучаки ту ҳеч таъсире бар ин оташ надорад?! Занбӯр гуфт: чаро механдӣ, эй Иброҳим? Ман ба хомӯш шудан ё нашудани оташ намеандешам, балки ба ин меандешам, ки агар рӯзе аз ман бипурсанд, ки замоне, ки Иброҳим (а) дар оташ буд, ту чӣ мекардӣ, битавонам бигӯям, ман низ дар хомӯш кардани оташ саҳим будам! Ман ба таклифам амал мекунам, эй Иброҳим!

Ин ҳикояти кӯтоҳ, ки феълан коре надорам оё мустанад аст ё нест, балки бароям мазмуни он муҳим аст, бисёр дарсомӯз аст ва барои инсоне, ки ҳадафе дорад, омили комёбӣ ва муваффақиятро нишон медиҳад.

Чи басо гумон мекунем, омили муваффақият идда ва удда (яъне теъдод ва васоил) аст, яъне аввалан, бояд шуморамон зиёд бошад, ва сониян, муҷаҳҳаз ба васоилу абзоре бошем, ки кӯмакамон мекунад. Аммо, бо ин ки наметавон нақши идда ва уддаро дар расидан ба ҳадаф инкор кард, вале дар ин миён, ду омил ҳаст, ки дар расидан ба ҳадаф ва муваффақият, ба маротиб бештар аз идда ва удда нақш дорад ва таъсиргузор аст. Ва ин ду омил чизе нест ҷуз «ихлос» ва «амал ба таклиф».

Ҳоло, ин дуро каме шарҳу тавзеҳ бидиҳам:

1) Ихлос — ки ҳам дар фарҳанги динӣ ва ҳам дар ғайри он, ба унвони як хислати писандида дониста мешавад – ин аст, ки нияти инсон дар коре, ки анҷом медиҳад, аз ҳар гуна худхоҳӣ пок бошад. Масалан, дар фарҳанги динӣ, ихлос иборат аз ин аст, ки тоъоту ибодоте, ки банда анҷом медиҳад, фақат барои Худо ва аз барои ба даст овардани ризо ва хушнудии ӯ бошад, на чизе дигар. Вақте мехоҳӣ фақиреро кӯмак кунӣ ё бемористон ва ё мактабе бисозӣ, қасду нияти ту аз ин корҳо риё ва ҳусули қадру манзилат ва касби обрӯ дар назди мардум набошад, балки фақат барои Худо ин корҳоро анҷом бидиҳӣ. Ин аст маънои ихлос. Албатта, на танҳо дар фарҳанги динӣ, балки дар ҳар фарҳанге, инсоне, ки қасдаш аз як кори хайр, риёкорӣ ва касби обрӯ ва эътибор назди мардум бошад, накӯҳида ва мазмум аст.

Опозисиюни тоҷик дар як марҳилаи бисёр ҳассосе қарор дорад; марҳилае, ки беш аз ҳар чизи дигар, ниёз ба ихлоси афроде ҳаст, ки худро опозисиюн мешуморанд. Дар ин марҳила, худхоҳиҳо, ман-маниҳо ва ман бошаму ту набошиҳо, ҳама, ҳикоят аз ихлос надоштани гӯяндагонаш мекунад. Ва нишон медиҳад, ки қасду нияти мо, пеш бурдани аҳдофи опозисиюн набудааст, балки қасдамон чизе дигар будааст. То ихлос дар корамон набошад, ба ҳеч ҷое нахоҳем расид.

2) Ва аммо «амал ба таклиф», ҳамон аст, ки дар забони занбӯри асал дар ин ҳикоят омада, ки: «Агар рӯзе аз ман бипурсанд, ки замоне, ки Иброҳим (а) дар оташ буд, ту чӣ мекардӣ, битавонам бигӯям, ман низ дар хомӯш кардани оташ саҳим будам!»

Муҳим нест саҳми ту чӣ қадр аст, зиёд аст ё кам, ин муҳим нест, балки он чи аҳаммият дорад ин аст, ки ту ба андозаи тавони худат, саҳме гузошта бошӣ, тамошобин набошӣ.

Шароите, ки имрӯз дар кишвари мо ҳоким аст, шароити бисёр ногувор аст, ба ҳадде, ки тағйири ин шароит бисёр душвор аст, аз ҳамин рӯст, ки баъзеҳо ноумед шуда, даст рӯи даст гузошта ва тарҷеҳ медиҳанд, бо он шароит бисозанд.

Ба сухани дигар, дар инчунин шароите, аз дасти як нависанда ва ё як шоир (масалан) бармеояд, ки бо нигориши як матлаб ва сурудани як шеър, коре дар ростои тағйири вазъ анҷом бидиҳад, вале чун фикр мекунад, ки бо кори ночизи ӯ, вазъ чандон тағйир нахоҳад кард, аз ин рӯ тарҷеҳ медиҳад, беҳтар аст даст ба кор нашавад.

Асосан, мушкили мо ин аст, ки фикр мекунем, танҳо замоне бояд даст ба кор шуд, ки бидонем, оё корамон натиҷа хоҳад дошт ё на? Агар дурнамое барои корамон набинем, тарҷеҳ медиҳем даст ба кор нашавем. Дар ҳоле, ки ин дуруст нест. Бояд мисли он занбӯр буд, ки коре ба натиҷа надорад, балки тамоми ҳамму ғаммаш ин аст, ки саҳми худро дар хомӯш шудани оташ бигузорад.

Агар нухбаҳои ҷомеа ҳамон кори ночизе, ки аз дасташон бармеояд анҷом бидиҳанд, ин қатраҳо “ҷамъ гардад в-он гаҳе дарё шавад”. Ва аз сӯи дигар, қарор нест натиҷаи кори худро худамон ба чашмонамон бибинем, балки дар муфид будани як кор, ҳамин кофӣ аст, ки дар дарозмуддат натиҷа бидиҳад ва фарзандонамон меваҳои онро бичинанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: